Главная / Биология / ПАРРАНДАҲОИ ТОҶИКИСТОН

ПАРРАНДАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Мувофиқи маълумотхои орнитологи машҳури тоҷик, академик Абдусаломов И.А. Тоҷикистон аз паррандаҳои гуногун бой аст. Масалан, дар нимбиёбонҳои Тоҷикистон ҳар сол садҳо намуди паррандагонро дидан мумкин аст, ки баъзеи онҳо муқимӣ буда, лигарашон мавсимй ё роҳгузару кӯчманчӣ мебошанд. Хусусан, кабки биёбони, сӯфитургайи пӯпидор, ҷуғз, гунҷишкҳо, магасхӯрак бешгар вомехӯранд.

Дар обанбору кӯлу дарёҳои Тоҷикистон шабонапар, лаклаки сиёҳ, қози хиндӣ, мурғобии сурх, мурғобии паҳннӯл, мурғобии сафед, кашқалдоқ мурғобӣ, қассобак, моҳихӯрак, гунҷишки обии сафедшикам, дурроҷи ало, гунҷишки ҷигарранги обӣ ва ғайра ҳастанд.

Расми 36. Паррандаҳои Тоҷикистон. 1. Бургут. 2. Фароштурук; 3. Еуми гӯшдароз, 4. Филин; 5. Бедона; 6. Уқоби лошахӯр; 7. Кабк; 8. Каргаси ришдор: 9 Зоч; 10. Шоҳин: 11 Мурғи туғдор: 12. Гунчишк. 13. Аккаи ало; 14. Зоғ
Расми 36. Паррандаҳои Тоҷикистон.
1. Бургут. 2. Фароштурук; 3. Еуми гӯшдароз, 4. Филин; 5. Бедона; 6. Уқоби лошахӯр;
7. Кабк; 8. Каргаси ришдор: 9 Зоч; 10. Шоҳин: 11 Мурғи туғдор: 12. Гунчишк. 13. Аккаи ало; 14. Зоғ

Дар махалҳои ахолинишин ва водиҳои кӯҳсори Тоҷикистон бештар ба сӯфитургайи пӯпидор, гунҷишкхо, саъба, фотимачумчуқ, мусича, аккаи ало, эзорсурхак, тутпухтак, майна, гунҷкшкхои испанӣ саҳроӣ, фаропггурук, булбул вохӯрдан мумкин аст.

Дар дашгу доманаи кӯҳҳои Тоҷикистон куркурикарок, зоғи кабуд, гунҷишки даштӣ, гунҷишки ало, сӯфитургайи саҳроӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ҷангалу даштҳои кӯҳӣ бошад кабк, ҳаркафтар, ҷуғз, шоҳин, аккаи сиёҳ. алошақшақа, зардак, папппахӯрак (гунчишки ҳиндӣ), булбул, фотимачумчуқи калон вомехӯранд.

 

Паррандаҳои Тоҷикистон. 15. Тутпухтак; 16. Мурғи ҳилол: 17. Магасхураки биҳиштй: 18. Дуғдоғ; 19. Мусича; 20. Ҳудҳуд; 21. Достнӯл; 22. Қози ҳиндй; 23. Эзорсурхаки сиех,; 24. Булбул; 25. Майна. 26. Уҳоби даштӣ
Паррандаҳои Тоҷикистон.
15. Тутпухтак; 16. Мурғи ҳилол: 17. Магасхураки биҳиштй: 18. Дуғдоғ; 19. Мусича;
20. Ҳудҳуд; 21. Достнӯл; 22. Қози ҳиндй; 23. Эзорсурхаки сиех,; 24. Булбул; 25. Майна.  26. Уҳоби даштӣ

Тоҷикистон дар роҳи ҳаракати паррандагон ба сӯйи мамлакатҳои гарм зоқеъ гаштааст. Бинобар ин ҳар гирамоҳ дар ин ҷо паррандагони гуногунро дидан мумкин аст. Зимистони сарзамини мо гарм ояд, бисёре аз паррандаҳои роҳгузар якчанд вақт дар ин ҷо монда, баъд ба тарафи шимол мераванд (сочҳо ва сӯфитурғайҳо ва ғайрахо).

Паррандаҳои Тоҷикистои. 27 Уцоби морхӯр; 28. Заргулдор; 29 Дурроҷ.
27 Уцоби морхӯр; 28. Заргулдор; 29 Дурроҷ.

Иқлими мусоиди водию дараҳои Тоҷикистон ва фаровонии хӯрок боиси зиёд шудани паррандаҳои муқимӣ гаштааст. Ҳоло намудҳои онҳо аз 40 зиёд аст. Онҳо имкон доранд, ки аз баландкӯҳҳо ба дараю водиҳо ва саҳроҳо фаромада? зимистонро гузаронанд.
Дар ҷумҳурии мо тазарв, кабк, мурғи ҳилол, дуғдоғ, мурғобӣ, қози хокистаррангро на барои гӯшташон, балки барои дилхушӣ, ҳаловат бурдан зинда шикор мекунанда. Кабк, бедона, ҷӯр, тӯтй, булбулро барои зебоӣ ва овози форам доштан дар қафас нигоҳ медоранд. Қисме аз паррандагонро барои шикор (уқоб) баъзеашонро барои бозӣ (кабк, бедона, хурӯс) нигоҳ медоранд, ки ба ин кор хеҷ роҳ додан лозим нест.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …