Главная / Биология / Аҳамияти паррандаҳо ва муҳофизати онҳо

Аҳамияти паррандаҳо ва муҳофизати онҳо

95 фоизи паррандагон фоидаовар буда, танҳо 5 фоизи онҳо ба инсон зарароваранд. Аз ин ҷиҳат паррандаҳо ҳам як манбаи боигарии табиии Ватанамон ба шумор рафта дар зери назорату муҳофизат мебошанд.

Паррандагони ҳашаротхӯр ҳашароти зараррасон ва тухму кирминаи онҳоро нобуд карда, ба хосилнокии растаниҳо ёрӣ мерасонацд. Мисол. Эзорсурхак, соч, фотимачумҷуқ, магасхӯрак, булбул, сихдум, фароштурук, сангобдавак ёрдамчиёни мо мебошанд. Як насли ҷӯҷаҳои соч дар ду хафта қариб 8 ҳазор гамбуски саврй ва кирмчаҳои онро, ки ба решаи ниҳолу дарахтон зарар мерасонанд, нобуд мекунанд. Шӯрнӯл дар як рӯз то 500 кирмчаи қунгузи сиёҳи зарарнокро мехӯрад. Умуман дар Тоҷикистон паррандаҳон фоидаовар бисёранд. аз ҷумла лаклаки сиёҳ ба «Китоби сурх»-и Тоҷикистон дохил карда шудааст.

parandahoi-xonagiЯк оилаи фотимачумчуқ дар як рӯз зиёда аз 350 кирмча, гамбуск ва тӯкумшуллукхоро нобуд мекунад. Куку дар як соат то 100 кирмаки мӯякдор (мурро), ки паррандагони дигар аз хӯрданаш хазар мекунанд, нобуд мекунад. Эзорсурхак бошад, дар як шабонарӯз ба чӯҷахояш то 300 маротиба хӯрок меорад, ки он ҳашарот аст. Паррандагони тезчанголи рӯзона (уқоб) ва шабгард (ҷуғз) бисёр хояндаҳои майда. зараррасонҳои киштзорро мехӯранд. Масалан, як ҷуғз дар як шаб то 22 мушро дошта мехурад. Чарх ном парранда соле 1000-1200 мушҳоро нобуд мекунад. Барои хамин ҳам шикори паррандаҳои тезчангол дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ манъ карда шуда буд.

Аз паррандагони ёбоӣ (мисол аз лонаи гага) пару пати мулоим мегиранд. Паррандаҳо ғайр аз ин боз аҳамияти зебоӣ ҳам доранд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд ғамхору дӯстдори паррандагони табиати худ бошад. Калонсолон нагузоранд, ки бачаҳо лонаи паррандаҳоро вайрон карда, тухмашонро шикананд, камонгӯлаку санзанӣ кунанд, онҳоро шикор намоянд. Баръакс, барои онҳо лона созанд, хӯрок тайёр намуда, дар вақтхои зарурӣ (зимистони қаҳратун) ба донхӯракҳои онҳо резанд.

Паррандапарварӣ соҳаи хеле фоиданоки хоҷагии кишоварзӣ мебошад. Аз ҷумла мурғ нисбат ба дигар ҳайвоноти хонагӣ тез ба воя расида. ба миқдори зиёд тухму гӯшт медиҳад.

Мурғиарварй соҳаи кадимаи хоҷагидорӣ ба шумор меравад. Мурғҳои хонагӣ аз мурғҳои ваҳшии буттагарди Бирма, Хитой, Ҳиндустон 5 ҳазор сол пеш пайдо шудаанд. Онҳо лонаашонро дар рӯйи замин сохта, тухм гузошта. пахш мекунанд. Чӯчаҳои аз тухм баромада, мустақилона хӯрокро нӯл зада мехӯранд.

Аз он дам то ҳол селексионерҳо табиатан мурғҳоро тағйир дода, зотҳои нави ба шароит, мувофиқу сертухм ва сергӯштро ба вуҷуд оварданд. Вазни мурғони вахшии буттагард 600-700 гр буда, дар як сол 15-20 тухм мемонд, мурғҳои хонагӣ бошанд, 2-5 кг вазн дошта, то 320 дона тухм медиханд (ба расми 38 нигаред).

Мурғи марҷон гӯшти сафеди лазиз дорад. Ҳаҷмаш калон, пойҳояш бақувват мебошад. Болҳои кӯтоҳ, сару гардани бепар, обилаи гӯштии болои нӯл дорад. Аҷдоди аввалаи онҳо дар Америкаи Ҷанубӣ буда, баъд аз кашфи китъаи Америка бори аввал ба Аврупо оварданд. Чӯҷаҳои он ба хунукию рутубат тоқат

надоранд. Дар айии ҳол зоти кавказии мурғи марҷон бештар дар хоҷагиҳои шахсии Дарвоз парвариш меёбанд, ки то 12 кг гӯшт медиҳанд.

Дар Хучанд, ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов, Файзобод, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Чиптӯра. Кофарниҳон, ва дар даҳҳо шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 10-12 сол пештар фабрикаҳои паррандапарварии механиконидашуда буданд, ки аҳолиро бо тухму гӯшти парранда таъмин мекарданд.

Мурғобӣ ба хочагӣ фондаи калон оварда, аз он гӯшт, тухм, пару пат мегиранл. Мурғобӣ паррандаи оббоз аст. Бинобар ин вайро дар ҳавзхои махсус парвариш мекунанд. Вай растаниҳои обй ва кирмаки ҳашароги обиро хӯрда, тез калон мешавад ва дар синни 2-моҳагиаш 2 кг вазн дорад. Мурғобии хонагӣ инстинкти (олати) парвозро гум кардааст.

Мурғи курк то 20 дона тухмро пахш карда, чӯча мебарорад. Дар инкубаторхо бошад, ҳазорхо дона тухм дар зери таъсирн ҳарорати +37.50 гармӣ дар муддати 21 рӯз чӯҷа мебароранд.

Дар Тоҷикистон фермаҳои махсуси бедонапарварӣ низ мавҷуд буданд.

Савол ва супоришҳо:

  1. Дар дафтаратон паррандаҳои Тоҷикистонро ба нақша дароред.
  2. Оид ба аҳамияту зарари паррандаҳо ва мухофизати онҳо мисолҳо оваред.
  3. Оид ба тараққиёти паррандапарварӣ — қоз, мурғ, мурғи марҷон, мурғобӣ, бройлер ва дигар паррандаҳо мисол оред.
  4. Дар бораи паррандаҳои мавсимӣ ва муқимии Тоҷикистом чиҳоро медонед?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …