Главная / Биология / Парандагони Теғаисинадор ё ин ки кабксина

Парандагони Теғаисинадор ё ин ки кабксина

Ин қатор қариб 95%-и ҳамаи Намудҳои паррандагонро дар бар мегирад, ки аксарияти онҳо парвозкунанда буда қариб 8 ҳазор намудро ташкил мекунанд. Ҳамаи намояндагони ин болоқатор ахамияти хоҷагӣ, саноатӣ, зебоӣ доранд. Яъне аз онҳо тухм, пару пату гӯшт истеҳсол мекунанд. Ғайр аз ин аксарияти паррандаҳо ҳашаротро нобуд мекунанд, онҳо ранги зебо ва овози форам низ доранд. Зарари онҳо, дар он аст, ки бо пару пати худ кайку канаю птабушкҳоро паҳн мекунанд, хӯитаҳои сердони ғаллалона ва моҳию обхокиҳои фоиданокро мехӯранд ва ба замин тутрез менамоянд. Аз ҷиҳати тақсимот ба якчанд қатор ҷудо мешавад.

лаклак

Қаторӣ лаклакҳо. Лаклакҳо аз ҷиҳати ҳаҷм гуногун буда, гардану пойи дароз доранд. Қисми дарози соки пояшон луч аст. Пояшон 4 панҷа дорад, ки якеаш дар ақиб ва 3-тояш дар пеш буда, байнашон парда дорад, Нӯлашон дароз аст. Онҳо аз тухм баромадаи луч мебошанд. Лаклакҳо ба ғайр аз Арктика ва Антарктида дар дигар ҷойҳои кураи замин паҳн шудаанд. Намояндаи онҳо лаклаки сафед, лаклаки сиёҳ ва ғайраҳо мебошанд, ки дар ботлоқҳои қисми аврупоӣ, Кавказ ва Осиёи Миёна вомехӯранд.

Қатори қозхо.
Қатори қозхо.

Қатори қозхо. Қозҳо паррандаҳои обӣ буда, хаҷми калон, гардани дароз, пойи кӯтоҳи панҷахояш пардадор доранд. Дар орнитофауна (олами паррандаҳо) то ҳол 200 намуди онҳо маълумавд, ки дар ҳамаи қитьаҳо паҳн шудаанд. Дар охири бадан — зери парҳо ғадуди равғании нағз инкишофёфта доранд. Дар як сол 1 маротиба афзоиш мекунанд. Баъзе Намудҳои он хонагӣ карда шудаанд. Онҳо хӯрокашонро аз муҳити обу ботлоқ ёфта мехӯранд. Қозҳо аз 3 то 8 тухм гузошта, аз 28 то 40 рӯз онҳоро пахш карда, чӯҷа мебароранд.

Қатори паррандаҳои даррандаи рӯзона. Намояндаҳояш нӯли хамидаи чангакӣ, чанголҳои ҳамидаи вазифанокшуда, халқи васеъ, мағзи сари нисбатан калон доранд. Яке аз зерқаторҳои он каргаси америкоӣ аст, ки вай даррандаи рӯзона буда, узви ҳиссиёташ хуб, садопардаҳояш суст инкишоф ёфтааст. Зерқаторҳои дигараш уқоб, шоҳин ва қарчигайҳо аст, ки Намудҳои онҳо дар дашту кӯҳҳо зиндагӣ мекунанд ва бештар ҳашароту обхокӣ, хазандаю парранда ва ширхӯрҳои хурдро шикор мекунанд. Онҳо бештар 2-4 тухм гузошта, 1 моҳ онҳоро пахш менамоянд.

Қатори мурғҳо. Намояндахои ин қатор паррандаҳои васеъ паҳншудаи рӯизаминию дарахтӣ буда, чор панҷаи нағз инкишофёфта доранд, ки бо онҳо хокро мекобанд. Тухмгузорӣ ва нигоҳубини чӯҷаҳо ба ихтиёри мокиён аст. Азбаски Намудҳои он хонагӣ карда шудааст, бештар аҳамияти хоҷагӣ дорад. Зотҳои мурғхо хеле бисёр аст, аз ҷумла: мурғи марҷон, товус, мурғи банкивӣ, мурғи ҳилол, кабк, бедона ва ғайраҳо.

турна
Сурати турна

Қатори турнаҳо ё ин ки кулангҳо паррандаҳои калони хушкигард буда, думи кӯтоҳу гардани дароз доранд. Онҳо дар ботлоқу дашгҳо вомехӯранд. Масалан, турнаи хокистарранг аз тундра то минтақаи кӯҳсорҳои Осиёи Мнёна паҳн шудааст, ки дар зери буттаҳо 2-3 тухм мегузорад. Хӯрокаш қурбоққа, хазанда, хояндаҳо ва решаю тухми ғалладона мебошад. Ватани асосии онҳо Осиёи Ҷанубй ва Африка аст. Онҳо зимистон ба ҷойхои гарм кӯч мебандаад.

Савол ва сулоришҳо:

  1. Оид ба пайдоиш ва инкишофи тадриҷии паррандаҳо нақл кунед.
  2. Дар бобати болоқатори паррандаҳои бетеғасинагиҳо (ҳамворсинагон) маълумот диҳед.
  3.  Дар бораи болоқатори пингвинҳо ва болоқатори теғасинадорон ва қатори гагараҳо маълумот диҳед
  4. Оид ба қатори мурғи туфон (найчабиниқо), лаклакҳо, фламинго (мурғи сақо). қозҳо, мурғҳо ва турнаҳо, қатори паррандаҳои даррандаи рӯзона маълумот диҳед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …