Главная / Илм / НИШОНАҲОИ ПАПКАҲО ВА ПРОГРАММАҲО ДАР WINDOWS

НИШОНАҲОИ ПАПКАҲО ВА ПРОГРАММАҲО ДАР WINDOWS

Ҳамаи папкаҳои Windows-ро ба ду гурўҳ ҷудо кардан мум- кин аст:

  1. папкаҳои махсуси Мизи корӣ;
  2.  папкаҳои системавӣ, программавӣ ва хусусии истифодабарандагони МЭҲ.

Дар экран ба ҳар кадоми онҳо нишонае вобаста карда шудааст. Ба папкаҳои гурўҳи якум – папкаҳои Мой компьютер (Компютери ман), Портфель (Портфел), Корзина (Сабад), Мои документы (Ҳуҷҷатҳои ман), Сетевое окружение (Муҳити шабакавӣ) ва аз қабили инҳо дохил мешаванд.

Нишонаҳои ин папкаҳо аз ҳамдигар фарқи ҷиддӣ доранд (Расми 3). Ба ғайр аз ин папкаҳо, дар Windows боз папкаҳои Рабочий стол (Мизи корӣ) ва Главное меню (Менюи асосӣ) амал мекунанд, ки барои онҳо нишонаи махсус муайян карда нашудааст.

Шакли папкаҳои гурўҳи дуюм якхела аст (Расми 4). Ба папкаҳои системавӣ ҳамаи папкаҳои файлҳои системаҳои оператсионӣ дохил мешаванд. Масалан, папкаи Windows ҳамаи файлҳои системаи оператсионии Windows-ро дар бар гирифтааст.

Ба папкаҳои программавӣ папкаҳои программаҳои амалӣ дохил мешаванд, ки ба воситаи онҳо ин ё он ҳуҷҷат тайёр карда мешавад. Папкаи Excel, ки ҳамаи файлҳои программаи амалии таблитсаи электронии Excel-ро дар бар гирифтааст,

Расми 3. Нишонаҳои папкаҳои махсус Расми 4. Нишонаҳои папкаҳои гурўҳи дуюм аз қабили чунин папкаҳо ба ҳисоб меравад.

Ба папкаҳои хусусӣ, ҳамаи папкаҳои истифодабаранда- гони компютер дохил мешаванд. Дар чунин папкаҳо истифодабарандагони МЭҲ файлҳои худро ҷойгир менамоянд, ки онҳоро ба воситаи ягон программаи амалӣ тайёр намудаанд.

Ҳангоми кушодани папкаи дилхоҳ дар экран равзанаи он пайдо мешавад, ки дар дохили он ягон миқдори муайяни нишонаҳо мавҷуд аст. Ҳар як нишона, дар навбати худ, боз ба ягон папкаи дигар (зерпапка) ё программае дахл дорад.

Нишонаҳои программаҳо ба мисли худи программаҳо хеле гуногунанд. Ҳамаи нишонаҳои программаҳоро низ шартан ба ду намуд ҷудо мекунанд:

  • 1) программаҳое, ки бевосита дар муҳити системаи Windows кор мекунанд ва онҳо маҳз барои ҳамин система сохта шудаанд;
  • 2) программаҳое, ки то пайдошавии системаи Windows сохта шудаанд.

Ба программаҳои намуди якум программаҳои амалии Excel, Word, Paint ва ғайра марбутанд. Ба программаҳои намуди дуюм бошанд, программаҳо аз қабили Lotus 1-2-3, Superсalc, Chiwriter, Лексикон ва ғайра дохил мешаванд (Расми 5).

Чи тавре ки аз расм айён аст, ҳар як Windows-программа (Winword, Msаccess, Powerpnt, Excel ва дигарҳо) нишонаи ба Lotus 1-2-3 Superсalc Расми 5. Нишонаҳои программаҳо ва ярликҳои онҳо худ хосро соҳиб мебошад. Нишонаҳои ҳуҷҷатҳое, ки бо ёрии ин программаҳо сохта мешаванд, бо нишонаҳои ин программаҳо ҳамранганд. Ярликҳои ин программаҳо низ ба нишонаҳояшон монанд мебошанд. Нишонаҳои Dos программаҳо (Lotus1-2-3, Superсalc ва ғайра) ба ҳамдигар монанд буда, аз нишонаҳои Windows-программаҳо ба куллӣ фарқ мекунанд.

Саволҳо:

  1. Чанд гурўҳи папкаҳо дар Windows истифода бурда мешаванд?
  2. Шакли нишонаҳои папкаҳои Windows дар бораи чӣ маълумот медиҳанд?
  3. Папкаҳои программавӣ чӣ гуна папкаҳоянд?
  4. Оё дар дохили папка дигар папкаҳоро ҷойгир кардан мумкин аст?
  5. Нишонаҳои программаҳои MS DOS аз Windows чӣ фарқ доранд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Нишонаи папкаи Мой компьютер-ро кушоед ва: дар равзанаи папкаи Мой компьютер нишонаи папкаи диски С: -ро ҷудо намоед ва баъд онро фаъол гардонед;

дар равзанаи папкаи диски С: нишонаи папкаи Windows-ро фаъол гардонед;

бинед, ки дар дохили равзанаи пакаи Windows нишонаи чанд папка ва файлҳои алоҳида мавҷуданд;

бо навбат равзанаҳои папкаҳоро пўшед.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …