Главная / Маданият ва санъат / Панҷ ҷумла барои дунё ва панҷ ҷумла барои охират

Панҷ ҷумла барои дунё ва панҷ ҷумла барои охират

Аз Ҳазрати Бурайда (раз) ривоят шудааст, ки: Расулуллоҳ (с) фармуд:

– Ҳар касе даҳ калимаи зеринро ҳангоми фаҷр (пеш ва ё баъд аз намози бомдод) бихонад, Худованд дар ҳақаш кофӣ ва гӯяндаи ин калимотро аҷру подош медиҳад. Аввалин панҷ калима вобаста ба дунё ва панҷ калимаи дигар вобаста ба охират мебошад:

ray-i-ad

Ҳасбияллоҳу ли динӣ.
Тарҷума: Худованд барои дини ман кифояткунанда аст.
Ҳасбияллоҳу лимо аҳамманӣ.
Тарҷума: Худованд барои афкори ман кифояткунанда аст.
Ҳасбияллоҳу ли ман бағо алайя.
Тарҷума: Худованд барои ман аз ҳар он шахсе, ки бар ман зулму ситам бикунад, кифояткунанда аст.
Ҳасбияллоҳу ли ман ҳасаданӣ.
Тарҷума: Худованд барои ман аз он шахсе, ки бар ман ҳасад меварзад, кифояткунанда аст.
Ҳасбияллоҳу ли ман коданӣ биссуъ.
Тарҷума: Худованд барои ман аз ҳар он шахсе, ки маро ба бадӣ фиреб бидиҳад, кифояткунанда аст.
Ҳасбияллоҳу инда-л-мавт.
Тарҷума: Худованд барои ман ҳангоми мавт кифояткунанда аст.
Ҳасбияллоҳу инда-л-масъалати фӣ-л-қабр.
Тарҷума: Худованд барои ман ҳангоми пурсиш ва посух дар қабр кифояткунанда аст.
Ҳасбияллоҳу инда-л-мизон.
Тарҷума: Худованд барои ман ҳангоми вазни аъмол кифояткунанда аст.
Ҳасбияллоҳу инда-с-Сирот.
Тарҷума: Худованд барои ман дар назди пули Сирот кифояткунанда аст.
Ҳасбияллоҳу ло илоҳа илло Ҳува алайҳи тавакалту ва илайҳи униб.
Тарҷума: Худованд барои ман кифояткунанда аст, ғайри Ӯ маъбуде нест. Бар Ӯ таваккал намудам ва бозгаштам ба сӯйи Ӯ мебошад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …