Главная / Гуногун / Панисломия ва пантуркия

Панисломия ва пантуркия

Ҷанги триполитанӣ ва ҷангҳои балканӣ тахайюлоти ҷавонтуркҳоро низ шикаст дод ва онҳо маҷбур шуданд, ки дар масъалаи миллӣ сиёсати худро аз нав дида бароянд. Барҳамхӯрии ҳукмронии туркҳо дар Балкан ба муборизаи миллию озодихоҳии халқҳое, ки ҳанӯз дар ҳайати ин империя буданд, таъсир расонид ва махсусан ба халқҳои араб. Ҷавонтуркҳо дар чунин шароит барои дар ягонагӣ нигоҳ доштани империя ба мақоми дини ислом диққаги калон медодагӣ шуданд. Барои ҳамин онҳо ғояи панисломии Абдулҳамидро фаъолона тарғиб мекарданд.

pantyurkizm

Асоси дигари идеологии сиёсати миллии ҷавонтуркҳо пантуркия гардид. Ин ғоя дар асоси миллатгароии ҷавони турки тавлид ёфтааст. Яке аз асосгузорон ва ифодакунандагони асосии ин ғоя файласуф Зиё Гиёкалп (1876-1924) буд. Бар хилофи панисломия ӯ зарурати тақсими ҳокимиятро ба дунявӣ ва рӯҳонӣ ва дар асоси тамаддуни европавӣ тараққӣ додани миллати туркро асоснок кард. Ӯ мегуфт, ки яке аз чораҳои асосии дар ин роҳ ба муваффақият ноил шудан дар як давлат муттаҳид кардани туркзабонҳо мебошад. Ин ғояҳо махсусан дар байни ҷавонтуркҳо обрӯи баланд пайдо намуданд. Қисми нисбатан миллатгарони намояндагони онҳо ғояҳои Гиёкалпро ривоҷ дода, ба таълимоти пантуркӣ табдил доданд. Ин ҷавонтуркҳо талаб мекарданд, ки ҳамаи туркзабонҳо таҳти ҳокимияти султони Туркия муттаҳид карда шаванд ва бо роҳи зӯрӣ турк кунонидани ақаллиятҳои миллӣ ва бо ҳамин роҳ нест кардани онҳоро даъват менамуданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …