Главная / Илм / ПАНЕЛИ АСБОБҲОИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОҲБАЛАД»

ПАНЕЛИ АСБОБҲОИ РАВЗАНАИ ПРОГРАММАИ «РОҲБАЛАД»

Дар банди Вид-и менюи равзанаи программаи Роҳбалад ҳамчунин сатри Панели инструментов (Панели асбобҳо) пешбинӣ карда шудааст (Расми 35). Дар ҳолати фаъол гардонидани ин сатр дар равзанаи Роҳбалад панеле илова карда мешавад, ки онро Панели асбобҳо меноманд (Расми 35). Панели асбобҳо аз пайдарпайии якчанд тугмаҳо иборат аст.

panel-instrumentovБарои фаҳмидани таъиноти ин тугмаҳо кифоя аст, ки нишондиҳандаи мушро ба болои онҳо гузошта, каме интизор шавем.

Таъиноти тугмаҳои панели асбобҳо чунин аст:

  •  ба қафо: барои фаъолгардонии пайдарпайии нишонаҳои папкаҳо ва зерпапкаҳои интихобкардашуда аз охир;
  •  ба пеш: барои фаъолгардонии такрории пайдарпайии нишонаҳои папкаҳо ва зерпапкаҳои интихобкардашуда аз аввал;
  •  барои аз зерпапка ба папкаи волидайнӣ гузаштан;
  •  барои объекти интихобкардашударо ба буфер равон кардан;
  •  барои нусхаи объекти интихобкардашударо ба буфер равон кардан;
  •  барои объекти дар буфер маҳфузбударо ба папкаи ин тихобкардашуда гузоштан;
  •  барои амали иҷрокардашударо бекор кардан;
  •  барои объектҳои интихобкардашударо нобуд кардан;
  •  барои иваз кардани хосиятҳои объектҳои интихобкарда шуда;
  •  барои гузаштан аз як шакл ба шакли дигари инъикоси нишонаҳои объектҳои папкаи интихобкардашуда.

Саволҳо:

  1. Панели асбобҳои равзанаи программаи хидматии Роҳбалад дар кадом қисми равзана ҷойгир шудааст?
  2. Панели асбобҳои Роҳбалад кадом асбобҳоро дар бар гирифтааст?
  3. Бо кадом усул таъиноти асбобҳои Панели асбобҳои программаи Роҳбаладро фаҳмидан мумкин аст?
  4. Оё Панели асбобҳои программаи Роҳбаладро муваққатан аз равзана бардоштан мумкин аст? Агар мумкин бошад, пас чӣ тавр?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва расмҳои асбобҳои панел ва таъиноти онҳоро дар дафтаратон сабт намоед.
  2. Равзанаи папкаи Роҳбаладро кушоед ва ҳар як асбоби Панели асбобҳои онро муоина намуда гўед, ки онҳо барои иҷрои кадом амалиёт пешбинӣ карда шудаанд.
  3. Аз имкониятҳои Панели асбобҳои равзанаи Роҳбалад истифода бурда, равзанаҳои папкаи хусусии худ ва зерпапкаҳои онро кушоед, аз зерпапкаҳо ба папкаҳои волидайнӣ гузаред, баъзе аз объектҳои папкаатонро нест намоед ва нусхаи баъзеашонро ба буфер равон карда баъд ба дохили ягон зерпапка гузоред.
  4. Кўшиш намоед, ки супоришҳои дар дарси гузашта бо ёрии командаҳои менюи равзана иҷро намудаатонро бо ёрии асбобҳои Панели асбобҳо низ иҷро намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …