Главная / Гуногун / Панди Ҷаббор Рассулов

Панди Ҷаббор Рассулов

Ин воқеа дар замоне рух дода, ки орд фаровон, нон арзон ва нарх дастрас буд. Ҳар оила медонист, ки дар давоми моҳ аз мағозаи деҳа меъёри орди барои таъмини зиндагию рӯзгори худ кофиро дастрас кунад. Ин фаровонӣ табиист, ки мардумро нозпарвар ҳам карда буд. Баъзеҳо пурталабу шартакигӯ шуда, гузаштаро аз саҳфаи хотираҳо хат зада буданду ба оянда бепарво. Ба ин воқеа чил сол пеш тасодуфан шоҳид гашта будам. Тафсилоти он воқеа чунин аст. Бегоҳии баҳорони соли 1978 аз мактаб бармегаштам.

jabbor-rasulovЧун одат ба мағозаи деҳаи ҳамсояи дар сари роҳ воқеъ як сари қадам медаромадам. Мағозачӣ Ҳикматулло Абдуллоев доимо дар хизмат буд. Он солҳо мағозаи деҳаҳо ва майдончаи назди нуқтаи танзими барқро одамони аз кори ҳаррӯза баргарданда ба таъбири ҳамсабақам Ҷӯрақул “сӯгалмазор”ном гузошта буданд. Мардум баъди кор дар ин ҷойҳо бо мӯйсафедону нафақагирон ва бо ягон-ягон бекорчӣ вохӯрда, аз воқеаҳои давоми рӯзи деҳа бохабар мешуданд, барои фарзандону наберагон шириние харида ва ё камбудии дар рӯзгор доштаашонро буд карда, ба хонаашон мерафтанд. Дар ин “сӯгалмазор” аксар маврид мӯйсафедони интизори азони намоз ба таъбири худашон “бо политинформатсия” машғул шуда, якдигарро аз навигариҳои дидаю шунидаашон шинос мекарданд.

Нав бо ҳозирин вохӯрда, ба пештахтаи мағоза наздик шуда будам, ки аз дар котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон-роҳбари аввали республика (он вақт касе ҷумҳурӣ намегуфт) Ҷаббор Расулов ва котиби якуми кумитаи районии (он замон ноҳия намегуфтанд) Ӯроқ Аловиддинов ворид шуданд.Онҳоро дида, ҳама ба истиқболашон шитофта ҳалқа гирифтанд. Роҳбарони ҷумҳурию ноҳия бо ҳар яке дастӣ вохӯрда, аҳволпурсии маъмулӣ карданд ва сарвари ҷумҳурӣ мағозачиро наздаш хонд. Барои эҳтироми роҳбарон ва мӯйсафедон худро канор гирифта, андаке дуртар аз онҳо дар паси қатораҳои маводи мағоза истодам. Ҷаббор Расулов ба фурӯшанда рӯ овард: -Гӯгирд доред? -Ҳаст, муаллим, – мағозачӣ бо чолокӣ қуттии калони пургӯгирдро нишон дод. Он солҳо мухотаби эҳтиромии “муаллим” хеле маъмул буд ва аксар роҳбаронро бо ин калима эъзоз ва бо он ба онҳо муроҷиат мекарданд. -Керосин чӣ? -Дирӯз овардем. -Собун, қанди сафед? -Ҳаст, муаллим. -Вазъи орд чӣ хел? -Мерасад, муаллим.

Роҳбари ҷумҳурӣ номгӯи маводи талаботи ҳаррӯзаи рӯзгорро ба забон мегирифту мағозачӣ онҳоро нишон медод ва ё дар бораи дар куҷо будани онҳо маълумот пешкаш менамуд. Баъди муколама бо фурӯшанда Ҷаббор Расулов ба ҳозирин рӯ овард: -Аз чӣ танқисӣ мекашед? Оё магазинчӣ рост мегӯяд? Мӯйсафедон як ба ҳамдигар нигоҳ карданду бобои Солеҳ, ки дар ҳар маҷлис музокирачӣ буду ба қавли худаш “ҳақталабӣ” мекард, дар ин ҷо ҳам пешдастиро аз даст надод: -Магазинчӣ дурӯғ мегӯяд. Тасаввур кунед, ҳолати фурӯшандаро.

Рангаш кандаю интизори ҳукми сарвари ҷумҳурӣ пеши по хат мекашиду чашм аз даҳони роҳбари Тоҷикистон намеканд. Мушоҳида мекардам, ки аҳволи роҳбари ноҳия ҳам аз ҳоли мағозачӣ беҳ набуд. -Орди ҳалол нест, рафиқ Расулов. Котиби якум аз паси айнакаш ба мағозачӣ ва сипас ба Ӯроқ Аловиддинов теғ кашида, ба оҳанги савол нигоҳ кард. Дар навбати худ роҳбари ноҳия ба фурӯшанда итоб кард:

-Булбул барин ҷавоб додӣ, ба ин савол ҳам ҷавоб деҳ! Мағозачӣ оби даҳонашро фурӯ бурда, нимғурма:

-Инҳо орди навъи аълоро дар назар доранд,

-гуфта сар поён афканд.

-Ҳа, муаллим, орди виший сорт намеорад,

– боз пешдастӣ кард бобои Солеҳ. -Кадом навъи орд доред ҳоло?- ба фурӯшанда рӯ овард Ҷаббор Расулов. -Орди навъи якумро қариб тақсим карда шудем, як-ду оила монд. Орди дуюму сеюмамон аз моҳи гузашта истодааст. -Намехаранд? -Кам. -Чаро? -Мегирем, рафиқ муаллим, аммо мардум орди виший талаб дорад, -бобои Солеҳ бо дасти маҷруҳи каҷгаштаи аз майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ овардааш дастак зада байни роҳбарон меистод. -Кадоматон рост мегӯед? – котиби аввал ба мағозачӣ рӯ овард. Ҳикматулло Абдуллоев, ки акнун хеле ба худ омада буд, ҷасорат пайдо карду барои халосии худ посух дод: -Бисёр вақт орди навъи сеюмро барои хӯроки чорво мегиранд. Мушоҳида кардам, ки рангу рӯйи Ҷаббор Расулов ҳам канд, айнакашро лаҳзае ба даст гирифта боз ба чашм гузошт ва аз дасти дастакзадаистодаи бобои Солеҳ дошта, ногаҳ ба сӯйи ман рӯ овард: -Писар, ин ҷо биёед. Ба ҳалқаи роҳбарону мӯйсафедон ноилоҷ ворид шудам. Котиби аввал бо дасти дигараш аз оринҷам дошт ва ба ман муроҷиат кард: -Шумо чикора? -Муаллим. -Ба чанд даромадед? -Ба бисту ҳашт. -Шумо чӣ? – ба бобои Салоҳ муроҷиат кард. -Таваллудам соли бисту шаш, дар фронти Украина будам, инвалиди гурӯҳи сеюмам… – Шояд шумо рӯзҳои дароз гурусна ҷанг карда бошед? -Ҳа, ҳатто ҳафтаҳо, – тақвият медод сухани роҳбари ҷумҳуриро бобои Солеҳ, – гӯшти аспи ҳароммурдаро ҳам хӯрдаем…

Ҷаббор Расулов сухани ӯро бурид ва бо овози баланд ба ҳозирон рӯ овард, садояш тамоми бинои калони мағозаро пахш кард: -Агар ана ин муаллим, ки касофати ҷангро надидааст, нонро, ордро ба ҳалолу ҳаром ҷудо мекард, фаҳмидан мумкин буд, зеро ӯ дар замони осоишта, дар замони серию пурӣ мактаб хондаасту ба воя расидааст. Шояд ӯ ҳам норасоие дар рӯзгор дорад. Кӣ камбудӣ дар зиндагӣ надорад? Аммо шумо, ки дар байни оташу тир будед, ҳатто ярадор шудаед, ба гуфти худатон иштирокчии ҷанг ҳастед. Ман он вақтҳо дар Москва кор мекардам, аҳволи таъминоти фронтро бо хӯрок аз дигарони ин ҷо истода бештар медонам. Ӯ сухан мекарду баробари овози баландаш панҷаҳояш дар бозуям фишурда мешуданд ва хаёл кардам, ки нохунҳояш то устухони бозуи дастам фурӯ рафтанд. -Бале, ҷанг буд, ҷанг касофат аст, касофаташ ба ҳама расидааст, аммо намедонам, ки шумо чӣ хел ҷанг кардаеду ба қадри осоиштагии замона намерасед. Ҳайфи умратон, рафиқ ҷанговар!- ӯ чашм боло карда ба ҳозирон рӯ овард: – Ба қадри замони осоишта ва нони фаровон расидан даркор, рафиқон! Ҷаббор Расулов якбора дасти ману бобои Солеҳро сар доду роҳи баромадро пеш гирифт.

lҲозирин ба бобои Салоҳ дарафтода ба коҳишаш сар карданд, аммо мӯйсафед дасти маҷрӯҳашро афшонда аз онҳо дур шуд. Баъди чандин соли ин воқеа, аниқаш соли 1994, ки он вақт дар маркази ноҳия кор мекардам, бобои Солеҳ дар роҳ ҳамроҳам шуд. Ӯ симои пажмурдаю афгор дошт ва барои як халта орд ба идораи ҷамоат мерафт. Изои муъмин ҳаром гуфта чизе нагуфтам, аммо худаш суханро оғоз кард: -Ҳамон вохӯриро дар мағозаи мо, ки Расулов омада буд, ёд доред? -Он сабақе буд, бобоҷон, аз ношукрии мо, ки дар ҳаёт исботашро бо чашми худ дидем. -Ҳа, аз худамон гузашт, рост гуфтед шукрро аз ёд баровардем, ба қадри амонию арзонӣ нарасидем, ана оқибаташ, -бобои Солеҳ бо фаши саллаи нимдошташ оби дидагонашро пок кард. Имрӯз Ҷаббор Расулов, Ӯроқ Аловиддинов, мағозачӣ Абдуллоев Ҳикматулло, бобои Солеҳ аз кулли иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании ҳамсоядеҳаамон дар байни мо нестанд, аммо он воқеа бо дидани нони зерипогаштаю дар партовҷойҳо хобида ҳар замон ба хотирам меояду чун Ҷаббор Расулов бонг задан мехоҳам: -Ба қадри осоиштагии замон ва нони фаровон бирасед, азизон!

Султонмуроди ОДИНА, нависанда

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …