Главная / Маданият ва санъат / ПАНДҲОИ ПАЙҒАМБАРИ ИСЛОМ МУҲАММАД АЛАЙҲИ-С-САЛОМ

ПАНДҲОИ ПАЙҒАМБАРИ ИСЛОМ МУҲАММАД АЛАЙҲИ-С-САЛОМ

  1. Бидонед: бинотарин чашм он аст, ки дар роҳи хайр боз шавад.
  2. Бидонед: тиҳидастӣ балост ва баъдтар аз тиҳидастӣ ранҷурии ҷисм аст ва баъдтар аз марказӣ бемории халқ /рўз/ аст.
  3. Бидонед: касе, ки намедонад, набояд аз омўхта шарм кунад, ки қиммати ҳар кас ба қадри маълумоти ўст.
  4. Шароб сари ҷамъи гуноҳон аст.
  5. Ҳаё сар то по хайр аст.
  6. Офати Сухан дурўғ аст.
  7. Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигарон панд гирад.
  8. Ҳар коре неке садақа аст. Олимон дар миёни халқ мисли амонатдори худоянд.
  9. Биҳишт зери қадами модарон аст.
  10. Мўъмин касест, ки молу ҷони мардум аз ў дар Амон бошад.
  11. Олим ва толиби илм дар хайр шариканд.
  12. Ҳар ки илм талаб кунад, ризқашро кафолат кунад.
  13. Талаби илм барои ҳар марду зани мусулмон фарз аст.
  14. Беҳтарини шумо касест, ки шуморо ба кори хайр даъват кунад.
  15. Бар аҳли хона, то баракати хона зиёд гардад.
  16. Ҳар бандае, ки ҳамсояаш аз шарри ў эмин набошад, рўи биҳишт набинад.
  17. Аз гаҳвора то гўр дониш биҷўй.
  18. Ғайбати мусулмононро накунед ва дар ҷустуҷўи айби онҳо набошед.
  19. Беҳтарини ҷавонони шумо он аст, ки худро шабеҳи пирон кунад ва бадтарини пирон касест, ки худро шабеҳи ҷавонон кунад.
  20. Ҳеҷ падаре беҳтар аз одоб ба фарзанд надода.
  21. Адаби мард беҳтар аз тиллои ўст.
  22. Бо бадон некӣ кун, то онҳоро аз бадӣ кардан боздорӣ.
  23. Некӣ ба падару модарон хайрест, ки пеш фиристода мешавад.
  24. Баракати умр дар кори нек аст.
  25. Беҳтарин рафиқ он аст, ки ба кори хайр роҳбарӣ кунад.
  26. Беҳтарин занон он аст, ки бачаовар ва меҳрубон бошад.
  27. Зевари ботин аз зинати зоҳир беҳтар аст.
  28. Кофири саховатманд аз мўъмини бахил ба биҳишт наздиктар аст.
  29. Маҷлиси бузургворон ҷои омўхтани суханони не каст.
  30. Инсон бо ростӣ бар қуллаи бузургон мерасад.
  31. Ахлоқи хуш гуноҳро об мекунад, чунон ки об яхро.
  32. Ҳар ки бомдод падару модар аз ў розӣ бошанд, ду дар аз биҳишт ба рўяш боз аст, ки ҳамчунин ҳангоми аср. Ва агар яке аз онҳо аз вай розӣ
  33. бошанд, як дар ба рўяш боз аст. Ва ҳар фарзанде, ки бомдод ё пешин падару модар аз ў хашмгин бошанд, ду дар аз ҷаҳаннам ба рўяш боз аст ва агар нафаре норозӣ бошад, як дар.
  34. Кассе, ки ба яке ошиқ шаваду ниҳон дорад ва бо он ишқ бимирад ба
  35. биҳишт равад.
  36. Он чиз рафоқату дўстиро холису беороиш кунад: айби рафиқро ба вай
  37. гуфтан, пушти сар обрўяшро ҳифз кардан, кўмак ба ҳангоми сахтӣ.
  38. Чаҳор чиз саодати шахс аст: зани шоиста, фарзандони хайрманд, рафиқони хуб, ризқу рўзӣ дар фатан.
  39. Чаҳор чиз рўза ва ҳар коре хайреро фосид кунад: ғайрат, дурўғ, суханчинӣ ва ниҳон ба номаҳрам.

 

Супориш ва саволҳо

  1. Пандҳои ҳазрати Муҳаммадба аҳли оилаатон хонед.
  2. Пандҳоро аз 1д кунед.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

bolisht

Туҳфа ба модаркалон (Болиштча)

Ба наздикӣ рўзи таваллуди модаркалонам. Ман бояд ба ў тўҳфаи махсусро интихоб карда, ба зодрўзаш …