Главная / Гуногун / Панд бар писарон

Панд бар писарон

Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омўзед, ки мулки давлати дунёро эътиқод нашояд ва симу зар дар сафар-бар маҳаллихатар аст: ё дузд ба як бор бибарад, ё хоҷа ба тафорик бихўрад. Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма ҷуяду сахти бинад!
85Сахт аст, пас аз чоҳ таҳаккум бурдан,
Хў карда ба ноз, ҷаври мардум бурдан.

***
Вақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гушае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд
Ба вазирии подшоҳ рафтанд,
Писарони вазири ноқисақл
Ба гадои ба русто рафтанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …