Главная / Илм / Пайвасткунӣ ва ҷўркунии системаҳо

Пайвасткунӣ ва ҷўркунии системаҳо

Пайвасткунии компютери фардӣ ба манбаи ҷараён бо иҷро намудани амалиётҳои зерин иҷро карда мешавад:

  1. Пайвасти монитор;
  2. Пайвасти системаи акустикӣ;
  3. Пайвасти дастгоҳҳое, ки ба блоки системавӣ васл карда шудаанд (принтер, сканер, проектор, модеми беруна ва ғайраҳо);
  4. Пайвасти блоки системавӣ;

Баъди иҷро намудани қадамҳои 1-4 дар экрани монитор мизи корӣ пайдо мегардад, ки аз нишонаҳои зерин иборат аст¹

  • Тугмачаи «ПУСК»;

Ин тугмачаро диспечери барномаҳо низ меноманд. Дар вақти пахш намудани тугмачаи «ПУСК» дар экран менюи асосӣ пайдо мешавад ва мо метавонем ба воситаи он бо барномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар кор кунем.

  • Панели вазифавӣ;

Расми мизи корӣ

knopka-pusk

Дар ин панел тугмачаҳои ҳамаи барномаҳои истифодабурда ва панели асбобҳо барои иҷро намудани масъалаҳои гуногун инъикос карда мешавад.

  • Панели системавӣ;

Ин панел қисми панели вазифавӣ буда, дар он соат, танзимгари овоз ва нишонаҳои барномаҳои хизматӣ инъикос карда мешаванд.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …