Главная / Биология / ПАЙДОИШИ ҲАЁТ БО ТАСАВВУРОТИ ҲОЗИРАИ ОДАМОН

ПАЙДОИШИ ҲАЁТ БО ТАСАВВУРОТИ ҲОЗИРАИ ОДАМОН

Маълум аст, ки нишонаҳои асосӣ ё хосиятҳои ҳаёт муайян набошанд, масъалаи пайдоиши ҳаётро ҳал кардан мумкин нест. Агар мо дар бораи таркиб, сохт ва равандҳое, ки дар организми зинда мегузаранд, маълумоти кофӣ дошта бошем, пас бечуну чаро оиди он даврае, ки ҳаёт метавонист пайдо шавад ва омилҳое, ки ба пайдоиши он оварда мерасонданд, тасаввурот ҳосил карда метавонем.

hayot

Бешубҳа, ин масъалаи мушкилтарини биологияи замони ҳозира мебошад, махсусан, агар ба назар гирем, ки пайдоиши ҳаёт аз давраҳои муайяни таърихи Замин ибтидо гирифта, омўзиши он душвор аст.

Дар раванди инкишофи олами моддӣ метавон эволютсияи биологиро чунин тасаввур кард. Барои фаҳмидани ин моро зарур аст, ки роҳҳои табдилёбии моддаро аз ибтидои ҳосилшавии моддаи ғайриорганикӣ дар фазои кайҳон то ташкилёбии системаи сайёраҳо мушоҳида бисозем.

Эволютсияи элементҳои химиявӣ дар фазои кайҳон Фазои байни ситораҳо гуфта чиро мегўянд? Кадом равандҳо дар он мегузаранд? Ҷавоб ба ин ва саволҳои дигари ба инҳо монандро дар ҳамбастагии ду фан – химия ва нуҷум (астрономия) ҷустуҷўй кардан лозим аст.

Спектроскопия нуқтаи муҳимтарини алоқамандии нуҷум ва химия мебошад. Таҳлили рўшноии ситораҳои нурпоши кайҳон дар бораи таркиби химиявии онҳо маълумоти ғанӣ медиҳад. Аз таҳқиқи тайфҳо (спектрҳо) нафақат элементҳои химиявиро муайян кардан мумкин аст, балки маълумотҳои дигар, масалан, дар бораи ҳароратро низ ба даст овардан имкон дорад. Шиддати хати элементро муқоиса карда, ҳарорати манбаъро чен кардан мумкин аст. Дар натиҷаи чен кардани шиддатнокии нисбии хатҳои асосии тайфӣ бошад, мавҷудияти ҳар як элементи химиявиро метавон муайян намуд.

Аз охири асри XIX инҷониб олимон дар кайҳон зиёда аз 2 млн. тайф (спектр)-и 15 ҳазор ситора ва офтобро ба қайд гирифтанд. Онҳо дар асоси нурпошии ситораҳо ба хулосае омаданд, ки дар ҳама ҷои кайҳон элементҳои химиявӣ баробар вуҷуд дошта, қонунҳои ягонаи физикавӣ амал мекунанд.

Гидроген дар кайҳон элементи аз ҳама зиёд паҳншуда мебошад. Атоми он аз як протон ва аз як электрон иборат аст.

Агар моддаи нахустини коинот фақат аз гидроген иборат мебуд, пас имрўз нафақат мавҷудият, балки паҳншавии элементҳои дигари химиявиро низ муайян кардан имкон медошт.

Дар кайҳони аввалин, ки аз гидрогени тоза иборат буд, ситораҳо ҳосил шудаанд. Ситораҳо аз массаи бузурги дорои қувваи ҷозиба ва бо ҳамдигар алоқаманд иборат буда, ҳангомиба вуҷуд омадани онҳо ҳарорат ба дараҷае баланд мегашт, ки реаксияи ҳастаӣ (ядроӣ) рух медод. Реаксияи ҳастаӣ асоси якҷояшавии ядрои атомҳои гидроген мебошад.

Массаи ҳастаи атоми гелий, ки аз ду протон ва ду нейтрон иборат аст, 4,0026 воҳиди массаи атомро ташкил мекунад. Зери фишор ва ҳарорати баланд реаксияи омехташавии атомҳои гидроген оғоз ёфта, чор атоми гидроген ба як атоми гелий омехта мешаванд. Аммо массаи як атоми гидроген ба 1,0079 вазни массаи атомӣ баробар аст. Пас, чор атоми он 4,0316 вазни массаи атомӣ дорад. Фарқи байни массаи чор атоми гидроген ва массаи як атоми гелий ба 0,029 вазни массаи атомӣ баробар мебошад.

Мавҷудияти баъзе элементҳои химиявӣ дар кайҳон Ин миқдори зиёд нест, аммо маҳз он кайҳонро ба ҳаракат медарорад. Мутобиқи қонуни нигоҳдории масса ва энергия ин фарқияти масса ба энергияи нурпошӣ табдил меёбад.

Мувофиқи муодилаи (баробарии) Эйнштейн, энергия ба ҳосили зарби масса ба квадрати суръати рўшноӣ баробар аст. Табдилёбии гидроген ба гелий талафи ночизи массаро (0,7% ба ҳар як атоми гелий) ҳамроҳӣ карда, миқдори хеле зиёди энергия хориҷ мешавад.

Таъсири ҳамдигарии минбаъдаи элементҳо ба пайдоиши элементҳои дигар оварда мерасонад. Эҳтимол, реаксияи элементҳо байни худ дар ҳосилшудани молекулаҳои мураккабтар ва маҷмўи онҳо – заррачаҳои гарду чанг ифода меёбад.

Газҳо ва заррачаҳои гарду чанг дар фазои кайҳон ҷамъ гаштани материяи газу чангро таъмин мекунанд.

Мисоли ин гуна ҷамъоӣ ғубор (абр)-и азим дар галаситораҳои (бурҷи) Орион мебошад. Ин ғуборнокиро дар мавзеи «шамшер»-и Орион тавассути дурбин дидан мумкин аст.

Қутри (диаметри) галаситораҳои Орион 15 соли рўшноӣ буда, ҳамон қадар газу чангро дар бар мегиранд, ки онҳо барои ҳосил гаштани 100000 ситораҳои ҳаҷмашон баробари Офтоб кифояанд. Яке аз чунин ғуборнокиҳои зиёд дар галактикаи мо – Роҳи Каҳкашон буда, қутри он 100000 соли рўшноиро дарбар мегирад.

Реаксияи синтези ҳастаиро дар мисоли омехташавии атомҳои гидроген дидан мумкин аст, ки дар натиҷа атоми гелий пайдо мешавад.  Ғуборнокии Орион аз Замин дар масофаи 1500 соли рўшноӣ ҷойгир аст ва ғуборнокии наздиктарин ба сайёраи мо мебошад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …