Главная / Биология / Паҳншавии бактерияҳо дар ҳаво, об ва хок

Паҳншавии бактерияҳо дар ҳаво, об ва хок

Дар рӯи Замин қариб ҷое нест, ки дар он ҷо бактерияҳо ё микроорганизмҳо набошанд. Онҳо дар пиряхҳои Антарктида дар ҳарорати – 83°С хунукӣ ва дар чашмаҳои сӯзони ҳарораташон + 85 метавонанд зиндагӣ кунанд. Хусусан, миқдори зиёду гуногуншакли бактерияҳо дар муҳити хок сукунат доранд.

bakteriyaПаҳншавии бактерияҳо дар ҳаво. Дар ҳаво паҳншавии бактерияҳо якхела нест. Дар ҳавои қуллакӯҳҳои сарбаланд, баҳру уқёнусҳо, марзҳои арктикӣ миқдори бактерияҳо ниҳоят каманд. Масалан, дар 20 метри мукааби (қутбии) ҳавои Арктика ҳамагӣ 2-3 адад бактерия мавҷуд асту бас. Инчунин, дар ҳавои ҷангалҳои сӯзанбарг миқдори бактерияҳо хеле каманд.

Баръакс, бактерияҳо дар ҳавои шаҳрҳои калони саноатӣ, ки саршумори аҳолиашон хеле зиёд аст, бисёранд. Дар ҳавои деҳоту қишлоқҷойҳо миқдори бактерияҳо кам мебошад.

Паҳншавии бактерияҳо инчунин ба баландшавии амудии қабати ҳаво низ вобастагӣ дорад. Ҳар қадаре, ки мо ба боло бароем ҳамон қадар миқдори бактерияҳо кам мешаванд. Чунончи, дар ҳавои шаҳри Москва дар баландии 500 метр, дар як литри ҳаво 2-3 бактерия, дар баландии 2000 м бошад, ҳамагӣ як бактерия мушоҳида карда шудааст. Бактерияҳо дар ҳаво ҳатто то баландиҳои 20 км вомехӯранд.

Вобаста ба мавсими сол миқдори бактерияхо дар ҳаво тағйир ёфта меистад. Микдори аз ҳама зиёди бактерияҳо дар ҳаво ба фасли тобистон рост меояд. Дар фасли зимистон бошад, миқдори бактерияҳо дар ҳаво хеле кам аст.

Умуман, ҳаво барои сабзиши бактерия муҳити доимии зист ҳисоб намеёбад. Вай ба туфайли шамолу гарду чанг ба ҳаво бардошта шуда, муддати муайян дар он ҷо сокин шуда, сипас ҳамроҳи гарду чанг боз ба замин тагнишин мешавад. Инчунин, ҳаво барои бактерияҳо муҳити басо нокулай ба ҳисоб меравад. Хусусан, набудани ҳарорати мӯътадил (тағйирёбии тези харорат), таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб, хушкшавӣ ва ғайра ба зуд нобудшавии бактерияҳо оварда мерасонад.

Паҳншавии бактерияҳо дар муҳити об. Баръакси мухити ҳавоӣ муҳити обӣ барои сабзишу паҳншавии аксари бактерияҳо басо мувофиқ мебошад.

Оби дарёҳо, ҳавзҳо, кӯлҳо ва баҳрҳо барои бактерияҳо ҳамчун муҳити табиии зист хизмат мекунанд.

Дар ҳар хел об дар баробари моддаҳои маъданӣ ба миқдори кам ё зиёд албатта моддаҳои органикӣ мавҷуданд. Ҳар қадар дар об миқдори моддаҳои органикӣ зиёд бошад, ҳамон қадар миқдори бактерияҳо низ зиёданд. Онҳо хусусан дар обҳои норавон, кӯлмакҳо хеле зиёданд.

Дарёе, ки аз байни шаҳрҳои калони саноатӣ ва аҳолиашон зиёд мегузарад, нисбати он дарёҳое, ки аз ҷои аҳолинишин дуранд, садҳо маротиба зиёдтар бактерияҳо дорад. Лекин дар ин дарёҳо ҳамин, ки онҳо аз ҳудуди шаҳр чандин километрхо дур раванд, микдори бактерияҳо хеле кам мешавад. Зеро бактерияҳои зиёди оби дарё моддаҳои органикии даронбударо бо тезӣ таҷзия карда, истеъмол мекунанд ва аз нарасидани моддаҳои ғизоӣ миқдори зиёди онҳо нобуд мешаванд. Дар чунин шароит афзоиши онҳо низ беҳад суст мегузарад. Ин ҳодисаро худтозашавии об меноманд. Масалан, дар оби дарёи Урал, пас аз минтакаи аҳолинишин гузаштанаш дар як мл (миллилитри) обаш 400 ҳазор бактерия дорад, ҳол он ки дар оби ҳамин дарё, ки ба ҳудуди (нуқтаи) аҳолинишин ҳоло нарасидааст, ҳамагӣ ҳазор бактерия дида мешаваду бас.

Одатан, микдори зиёди бактерияҳо дар сатҳи болоии об набуда, балки дар чуқурии қабати муайяни он вомехӯранд. Масалан, дар сатҳи болоии оби кӯл (300 м дуртар аз соҳили он) дар як мл об – 38 бактерия, дар чуқурии 5 м — 79 бактерия ва дар чуқурии 20 м ҳамагӣ 7 бактерия ёфт шудааст.

Хусусан, пас аз бориши борон миқдори бактерияҳо дар об ниҳоят зиёд мешаванд. Агар то боридани борон дар 1 мл об 8-то бактерия бошад, пас аз боридани борон адади бактерияҳо дар он ба 1223 мерасад.

Паҳншавии бактерияҳо дар хок. Хок барои зиндагӣ ва ғизогирии аксари намудхои организмҳои андозаашон микроскопӣ, аз он ҷумла бактерияхо муҳити басо қулай ба ҳисоб меравад.

Чӣ тавре ки маълум аст, хок худ маҳсули фаъолияти ҳаётии набототи дараҷаи олӣ, ҳайвонот ва организмҳои дараҷаи паст мебошад.

Дар натиҷаи фаъолияти хаётии растаниҳои сабз микдори зиёди моддаҳои органикӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Ин моддаҳо дар якҷоягӣ бо боқимондаҳои растанӣ ба хок меафтанд. Бактерияҳо аз ин моддаҳо ғизо гирифта, онро таҷзия карда, ба моддаҳои маъданӣ табдил медиҳанд. Дар натиҷаи гардиши моддаҳо ин моддаҳои ғайриорганикии хосилшударо аз сари нав худи растаниҳо истифода мебаранд. Ҳар қадаре, ки дар хок моддахои органикӣ бисёр бошад, миқдори бактерияҳо низ зиёд мешавад. Чунончи, дар як грамм сиёҳхоки аз моддаҳои органикӣ бой, тақрибан 5-6 миллиард бактерияҳо (микроорганизмҳо) вомехӯранд. Дар як грамм хоки хокистарранги аз моддаҳои органикӣ нисбатан камбағал, ҳамагӣ 2 миллиард ва дар як грамм қум (реги нарм) ниммиллиард бактерияҳо мавчуданд.

Хок барои бактерияҳо на танҳо муҳити сергизо ба ҳисоб меравад, инчунин барои сукунат ва зиндагии онҳо басо мусоиду мувофиқ аст. Зеро хок на танҳо бактерияҳоро бо намӣ ва ҳаво (оксиген) таъмин мекунад, вай инчунин онҳоро аз нурҳои марговари Офтоб муҳофизат мекунад.

  1. Паҳншавии бактерияҳо дар ҳаво чӣ гуна аст?
  2. Барои чӣ ҳаво барои бактерияҳо муҳити ноқулай ба ҳисоб меравад?
  3. Кадом омилҳо ба миқдори бактерияҳо дар об мусоидат мекунад?
  4. Худтозашавии обро чӣ тавр мефаҳмед?
  5. Барои чӣ дар хок миқдори бактерияҳо нисбат ба об ва ҳаво зиёд аст?
  6. Дар кадом хели хок миқдори бактерияҳо зиёд аст?

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …