Главная / Ҷамъият / ПАДАР: Иншо

ПАДАР: Иншо

Чи тавре ки зикр кардам, одатан рӯзҳои корӣ падарам шабонарӯзӣ дар ҷои корашон буданд ва фақат охири ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанберо дар хона мегузаронданд. Вале як нисфирӯзии корӣ ногаҳон аз дарвоза даромаданд. Боронӣ рӯи дасти росташон буд. Ман аз омаданашон хурсанд шуда, давида ба пешвозашон рафтам.

Меъроси падар
Меъроси падар

Сари маро навозиш карда, гузашта ба хона даромада нишастанд, вале ҳанӯз ҳам боронӣ рӯи дасташон дар бағалашон буд. Модарам аз пасашон даромада, борониро гирифтанӣ шуда буданд, ки падарам бо дасти чап онро бардошта ба модарам доданд. Дасти росташон докапеч ва хунолуд буд. Модарам якбора ба ваҳшат афтода:

  • Чӣ шуд, дастатона чӣ кор кардед? – гуфта пурсиданд.
  • Ҳеч чиз, каме харош хӯрд, кас фирист, писари Усто Те- мура даъват кунад, – ҷавоб доданд падарам. Даврон – писари Усто Темури Самарқандӣ, донишҷӯи Донишгоҳи пизишкии Душанбе, он замон дар таътили тобистонӣ дар деҳа буд. Дар Панҷрӯд як оилаи самарқандиасл зиндагӣ мекард, ки оилаи ҳамин Усто Темур буд. Намедонам кай ва чигуна онҳо ба ин ҷо кӯчида омадаанд.
  • Харошхӯрдая докапеч намекунанд, боз дока хунолуд! – ба фиғон идома медоданд модар. Ба берун баромада, касеро барои Даврон фиристоданд ва баргашта, парвонавор дар атрофи па- дарам чарх мезаданд ва оҳу воҳ мекарданд. Падарам ба саволу фиғони модар эътиное накарда, маро навозиш ва бо ман бозӣ мекарданд.

Даврон ҳамроҳи амакам омад. Модарам бо хоҳиши падар аз ҷайби боронӣ як қуттиро гирифта ба назди падарам гузоштанд ва қайчиву тағораву матоъи суфи сафед ҳам оварда, ба Даврон доданд. Ба саволҳои амакаму Даврон, падарам:

  • Дастгоҳ нарангуштамро каме харошид, духтури корхона гуфт, ки ба хона расӣ, духтурро даъват кун, як бор докаро ку- шода, дору молида, аз нав бандад, – гуфта ҷавоб доданд.

Маро, ки то ҳол дар канори падарам ба зонуяшон такя карда менишастам, модарам аз дастам гирифта ба даҳлез бароварда, таъкид карданд, ки халал нарасонам. Ман аз роғи дар тамошо мекардам. Даврон ба кушодани дока сар кард, падар бошанд дар ҳоле, ки дасти росташон дар ихтиёри ӯ буд, аз амакам ҳолу аҳволи аҳли авлодро мепурсиданд ва саргарми суҳбат буданд. Даврон эҳтиёткорона, қабат – қабат докаи хунолуди шахшударо мекушод. Вақте ки докаро кушода тамом кард, хун қатра-қатра чакидан гирифт ва оҳу воҳи модарам дучанд шуд. Амакам бо чашмони ашколуд нимхез шуда:

  • Ангушт аз бех нест-ку?! – гуфта буданд, ки оҳу фиғони модарам якбора боло гирифт. Дастгоҳи пармаи замин, ки за- миншиносон бо он дар қаъри замин маъдан мекобанд, наран- гушти дасти рости падарамро аз бех бурида буд. Падарам бо норозигӣ ба модарам нигоҳ карданд ва модар ҳиқ-ҳиқ гирякунон аз хона баромаданд. Даврон аз шишача доруи зарди обакиеро, ки аз қуттӣ гирифта буд, ба ангушти падарам мемолид, вале хун таровида бо дору ба тағора мерехт. Ӯ даступо хӯрда, чӣ кор карданашро намедонист.

Падарам:  Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар (мавзӯи иншо)

  • Биё ман ангуштамро боло мекунам, доруро гузору зуд банд, – гуфта, ба ӯ ёрӣ доданд. Қабатҳои аввали дока шилтаи хун мешуданд, вале қабатҳои болоӣ сурх гарданд ҳам, тарови- дани хунро нигоҳ доштанд. Даврон дар зери обу арақ монда буд. Падарам оромона аз ӯ миннатдорӣ карда, барои пагоҳ қарор гузоштанд. Дар як дам хона пур аз хешовандон шуд. Занҳо ҳама бо чашмони ашколуд, мардҳо бо қиёфаҳои пурдард сар меҷунбонданду изҳори афсӯсу ҳамдардӣ мекарданд. Ягона касе, ки лабханд мезаду ангор, дардеро эҳсос намекард, ҳамин падарам буданд.

Эссе дар бораи фарзанди нағз боғи падар (қарзи фарзандӣ)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …