Главная / Гуногун / Паҳлавӣ ва Аршакидиҳо

Паҳлавӣ ва Аршакидиҳо

Ё шояд гуфтаи асосгузори мактаби шарқшиносии Русия дар асри 19 Борис Александрович Тураев дуруст аст, ки ў мегўяд: «Ин халқ аз саҳнаи таърих рафта»,  ватани ўро қабилаҳои бегона гирифтаанд?

Ҷавоб: Ин гуфтаҳо шояд аз ҷонсўзӣ бошад?!

Ин халқ пас аз эҳёи дини мубини Ислом ҳам дар ҳамаи соҳаҳо; чи дин, чи фалсафа, чи илмҳои табиатшиносӣ ҳазорон нобиғаҳои ҷаҳониро офарид, ки номҳои онҳо аз лавҳи таърих ҳанўз ҳам нарафтаанд.

Барои инъикоси ҳақиқӣ ва пурраи даврони Паҳлавӣ беҳтарин матолиби таърихӣ ин навиштаҷоти муаррихону нависандагони замони Паҳлавӣ ё ҳеҷ набошад, даврони ба Паҳлавӣ наздик мебошад. Вале сарфи назар аз он ки Шарқ гаҳвораи тамаддуни башар аст, ба солноманависон муносибатҳои сулолавӣ, қабилавӣ ва эътиқоди диниашон имконият надодаанд то таърихи халқи худро ба таври ҳаққонӣ баён кунанд. Ба ҷои ҳақиқати таърихӣ муносибати мутлақо субъективӣ ва муҳобот ҳукмрон гардидааст. Ва ин яктарафагӣ ба инкори таърих оварда расонидааст. Муҳаққиқи машҳури рус, шарқшиноси охири асри XIX А. Кримский чунин мегўяд: «Нависандаҳои шарқӣ ба мо дар бораи Паҳлавӣ ва Аршакидиҳо маълумоти хеле кам медиҳанд».

Манбаи форсию сосонӣ – ин нусхаи аслии ба мо нарасидаи китоби давлатии «Худойнома» аст, ки дар аҳди хилофат аз забони паҳлавӣ ба забони арабӣ Ибни Муқаффаи тоҷик тарҷума карда буд ва ба шакли хубаш аз рўи навиштаҳои таърихшиноси араб Табарӣ (ваф. 923) ба мо расид. Онро Фирдавсӣ (934-1021) бо унвони «Шоҳнома» дар шакли шеър бо забони форсии нав – тоҷикӣ эъҷод кардааст. Ин манбаъ назар ба тарҷумаи замони Паҳлавӣ бештар боваринок аст.

Дар пеши назари эрониёни даврони сосонӣ, ки «Худойнома» дар аҳди онҳо пайдо шудааст, замони Паҳлавиҳо дар Эрон ба мисли тасарруфи пештараи юнониҳои селевкӣ, давраи ғасбкунии аҷнабиён зикр шудааст, сарфи назар аз он ки Паҳлавиҳо худро бевосита аҷдодон ва ворисони қонунии Куруши Кабир ва Доро ҳисоб мекарданд. Ашрофони сулолаи сосонӣ ва таърихшиносони онҳо ҳукмронии панҷсадсолаи Паҳлавиро дар Шарқ ҳамчун interim-и ғайриқонунӣ, аҷнабӣ кардаанд. Фосилаи ба миён омадаи байни шоҳигарии қадимаи форсии Ҳахоманишҳо ва шоҳигарии форсии эҳёшудаи Сосониёнро гўё аз ҳаёти миллии Эрон сокит кардаанд.

Аз ин рў, «Худойнома» дар бораи шоҳигарии Паҳлавӣ хеле кам нақл мекунад (Ҳамаи шоҳони Паҳлавӣ якҷоя, ҳангоми ҳисобкунии умумии рақами шоҳон, ҳамчун якто N қабул карда мешаванд) ва худи фосилаи вақти байни ҳахоманиши охирин Доро ва сосонии нахустин Ардашер дар таърихшиносии расмии сосонӣ хеле маҳдуд карда шудааст: он 266 сол (ба ҷойи 558 сол) қабул карда шудааст. Маълумоти мухтассари дар бораи Паҳлавӣ овардаи китоби номбурда маълумоти ғайритаърихии ба ким-кадом ривоятҳои гандаи афсонавӣ асосёфта будаанд. Барои он ки ноустуворӣ ва нопуррагии манбаи форсии сосониро аниқ кунед, таъқид мекунем, ки шоҳони бештар барўманди Паҳлавӣ, ҳатто шоҳони аз болои ҳокимони ҷаҳон – римиҳо зафар намуда ва ба мо аз манбаъҳои юнонию римӣ маълум буда, на ҳамаашон дар ин китоб номбар карда шудаанд, аз онҳо ҳатто номи Меҳрдод ва Ород ҳам нест». (Кримский А. 1905.)

Файласуфи суриягӣ Посейдони Родоссӣ соли 130 ба дунё омада, соли 45 пеш аз милод аз олам гузаштааст. Муаррихони баъдина чи Трога, чи Страбон доир ба таърихи Паҳлавӣ ба ин файласуфи равияи стоикҳо муроҷиат кардаанд. Ситсерон аз мактаби ҳамин мутаффакир гузаштааст. Посейдони Родоссӣ дар илми таърих пайрави Полибей буд. Ў доир ба таърих 52 китоб навиштааст, ки аз соли 145 пеш аз милод то замони Меҳрдоди Паҳлавиро дар бар мегиранд. Ў дўстдори фанни ҷуғрофия ва этнография будааст. Ба шарофати пайравони ў, аз қабили Трога, Страбон ва дигарон гуфтаҳои ў дар бораи таърих ва ҷуғрофияи Паҳлавӣ то замони мо омада расидаанд, вале асарҳои худи ин мутафаккир аз байн рафтаанд.

*   *   *

Страбонро муаллифи асарҳои ҷуғрофии умумиҷаҳонӣ меноманд. Ў соли 60 пеш аз милод ба дунё омада, соли 20 милодӣ аз олам гузаштааст. Гуфтаҳои ин муаррихи забардаст дар бораи Паҳлавиҳо маҳз ба шарофати ба таври васеъ иқтибос кардани Юстин то ба замони мо омада расидаанд. Худи Страбон бошад маҳз аз муаррихони гузашта Посейдон, Аполлодар, Артемидор дар бораи Паҳлавиҳо истинод кардааст.

*   *   *

Плутарх муаррихи дунёи қадими юнонӣ буда, соли 46 ба дунё омада, то соли 126 милодӣ умр ба сар бурдааст. Китобҳои ў асарҳои тарҷимаҳолӣ буданд. Агар ў дар бораи подшоҳи ягон мамлакат бинависад ҳатман доир ба ягон шахс ва ё давлате, ки бо қаҳрамони ў замоне иртибот доштааст, дар бораи ў маълумоти басанда медиҳад. Ҳатто дар бораи баъзе воқеаҳои чандон ба мавзўи ў вобастагӣ надошта ҳам ба таври муфассал накл кардааст. Хусусан дар бораи шахси дуюми Рим Красс, ки бо сарлашкари паҳлавиҳо Сурён ҷанг карда, дар як рўз 20 ҳазор лашкарро талаф дод ва худ кушта шуд, ба таври хеле муфассал навиштааст. Ин лаҳзаҳо дар замони Ороди бузурги Паҳлавӣ, солҳои 40 пеш аз милод рух дода буданд. Плутарх ин воқеаро ба мисли асари бадеӣ тасвир кардааст.

*   *   *

Дар байни муаррихони Рим ва Юнони қадим дар ибтидои солшумории нави милодӣ чунин анъана паҳн шуда буд,  ки таърихи халқи худро навишта истода, дар бораи вокеаҳои ҷолиби диққат, қаҳрамониҳо ва ё ягон ҳодисаи дигари ҳаёти паҳлавиҳо низ нақл менамуданд. Ҳол он ки рўйдодҳои ҳаёти паҳлавиҳо ба он чи ки онҳо менавиштанд, ягон дахле надоштанд.

  Масалан, нависанда ва муаррихи дарбории Сезар Иосиф Флавий (37-95),  муаррих, олими табиатшинос Плинии Калонӣ (23-79) қомуси ҷуғрофӣ – космографиро бо унвони «Naturalis historioe libri XXXVII” таълиф намуданд, ки дар он аз хусуси давлатдории паҳлавиҳо нақл карда мешуд. Онҳо ин маълумотро аз муаллифҳои пешина, ки номҳояшон ҳатто аз лавҳи таърих афтода буданд, гирифта буданд.

*   *   *

Муаллифи асари 80 ҷилдаи таърихи Рим Дион Кассий (155-230) китоби Арриан «Паҳлавӣ»– ро истифода кардааст, ки ин китоб то замони мо омада нарасидааст. Дар ин китоб дар бораи ҷанги Трояна бо паҳлавиҳо сухан рафтааст. Аз рўи гуфтаи муаллиф ин ҷанг гўё дар дохили давлати Паҳлавӣ рўй додааст. Вале «ҷанги Трояна дар дохили давлати Паҳлавӣ» рўй дод гуфтан ин маънои онро надорад, ки императори Рим (98-117) ба Осиёи Миёна наздик шуда бошад. Ў умуман мақсади ба шарқ даромадан надошт. Ҳанўз мувофиқи қарордоди паҳлавиҳо бо намояндаи олии Рим Сулла сарҳади байни ду давлати бузурги ҷаҳонӣ дарёи Даҷла карор дода шуда буд. Пойтахти давлати Паҳлавӣ шаҳри Мадоин (Ктесифонт) буд.

Дар ибтидо Трояна ба поёноби дарёи Дунай, қисми ҷанубии Россия, мамлакати Дакийиҳо ҳуҷум кард. Шоҳи Даки Десебал бошад бо шоҳи Паҳлавӣ Пакори II робита дошт. Трояна баробари аз болои Дакиҳо дар Россияи Ҷанубӣ ғалаба ба даст овардан рўҳбаланд гардида соли 105 ба қисми ҷанубӣ ва канори Сурия ҳуҷум кард. Мақсадаш барҳам додани шоҳигарии Набат буд. Вале набатиҳо муқовамати сахт намуданд ва билохира соли 106 таслим шуданд. Шоҳигарии Набат барҳам дода шуда ба музофоти арабии Рим табдил дода шуд. Трояна ба муносибати ин ғалаба тангаҳои махсус баровард. Иштиҳои Трояна дар айёми пирӣ боз шуданд ва акнун аз накшаи пешинааш  гузар карда, ба ҷанг даст зад. Соли 113 ба муқобили паҳлавиҳо ҷанг эълон кард. Ба ин ҷанг бевосита худи император Трояна сарварӣ мекунад. Дар ибтидо ғалабаи ў барқосо буд. Трояна Арманистон  ва Баҳрайннаҳрайнро ба худ тобеъ намуда, онҳоро музофоти Рим эълон кард. Сипас ба пойтахти давлати Паҳлавӣ шаҳри Мадоин (Ктесифонт) ҳуҷум намуда онро ба даст даровард ва ба ғораткунӣ даст зад. Трояниҳо аз рўи гуфти муаррихони қадим «Тахти тиллогини шоҳаншоҳии Паҳлавиро соли 116 дуздида рафтанд». Ин амали императори Рим кўтоҳандешона буд. Аз як тараф заминҷунбии сахт Сурияро хонахароб карда буд, аз тарафи дигар яҳудиҳо шўриш бардошта буданд. Гарнизони Рими дар Сурия монда рафтаи Трояна гирифтори шаттаву шаллоқ шуд. Трояна аз оқибати воқеа андешида, ба Антиоха баргашт, ки дар ин ҷо гарнизони харбии ў қарор дошт. Дар роҳ арабҳои Баҳрайннаҳрайн ба муқобили Трояна ҳуҷум карданд. Дар маркази Ал-Ҳазра, ки шайхи диловари қабилаи арабҳо дар он ҷо қарор дошт, ҷанги сахт рўй дод. Императори солхўрдаи кўтоҳандеши Рим Трояна маҷбур шуд худаш ба даст яроқ гирифта ба ҷанг дарояд, ки ин ҷанги вопасини ў гардид.

Ҳаракати барқосои Трояна ба муқобили давлати Паҳлавӣ на фақат кўтоҳандешона буд, балки пояи мустаҳкам надошт. Писархонди ў Адриан соли 122 бо империяи Паҳлавӣ сулҳ баст. Мувофиқи қарордоди онҳо Арманистон ва Баҳрайннаҳрайн аз нав ба давлати Паҳлавӣ вогузор карда шуданд. Сарҳади империяи Рим ва империяи Паҳлавӣ боз дарёи Даҷла карор гирифт. Мувофиқи аҳдномаи Сулҳ тахти шоҳаншоҳии тиллоӣ, ки Трояна аз пойтахти паҳлавиҳо дуздида бурда буд, бояд баргардонида мешуд. Вале вориси Адриан Антонин Пий (138-161) тахти тиллоиро баргардонидан нахост, ба ҷойи он ба ҷанг ба муқобили давлати Паҳлавӣ тайёрӣ дид. Вале ба мақсадаш нарасида вафот кард. Ба ҷойи ў Марк Аврелии Философ  (161-180) император таъин шуд. Ин дафъа ҷанг 60 сол идама ёфта Римро хонахароб кард ва давлати Рим маҷбур шуд, ки товони ҷангро диҳад.

*   *   *

  Чунон ки дар боло ишора кардем фақат дар натиҷаи сиёсати иғвогарони кўтоҳандешонаи дарбориёни Сосонӣ империяи бузурги Паҳлавӣ ва ҳукмронии нимҳазорсолаи он аз лавҳи таърих дур андохта шуд. Ин хусумат ва ин кўтоҳандешӣ дар тамоми рафти таърихи Шарқ нақши манфӣ бозидааст.

Мо подшоҳҳои Сосониро ба гунаҳкор кардан мутлақо ҳуқуқ надорем. Агар онҳо зидди паҳлавиҳо мебуданд ҳеҷ гоҳ сиёсати онҳоро идома намедоданд. Он чи ки давлатро гирифтанд, ин қонунӣ аст.

Маҳз ба шарофати омўзиши таърихи Рими қадим олимони аврўпоӣ дар асри XIX милодӣ ба таърихи Паҳлавӣ рў оварданд. Ва кори беҳамто бузурги таърихиро ба сомон расониданд, ки ин сазовори тақдир аст.

*   *   *

Ф. Момсен ҷилди панҷуми китоби худро бо унвони «Таърихи Рим» соли 1885 ба табъ расонид, ки боби IX он пурра ба таърихи паҳлавиҳо бахшида шудааст. Дар ин боб муборизаи доимии байни давлатҳои Рим ва Паҳлавӣ, пас аз ҳукмронии Ороди Аввал ба давлати дуюмини бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтани давлати Паҳлавӣ, боз аз сари нав ба вуҷуд омадани империяи бузурги Паҳлавӣ инъикос ёфтааст.

*   *   *

Альфред фон Гутшмид соли 1888 дар Тюбинген пеш аз марги худ китоберо бо унвони «Geschichte Irans und seiner Nachbarlander von Alexander dem Grossen bis zun Untergang der Arsaciden» ба табъ расонид, ки ин яке аз беҳтарин маъхазҳои илмӣ доир ба таърихи давлати Паҳлавӣ ё ба гуфтаи худи муаллиф Аршакидиҳо мебошад.

Олими забардасти дунявӣ Т. Нёльдеке дар бораи китоби Гутшмид мегўяд: «Ман боварӣ дорам, ки ин китоб арзиши бардавоме хоҳад дошт… ва дертар наслҳои оянда бо эҳтироми бузург гуфтаҳои онро сармашқи кори худ қарор хоҳанд дод»

*   *   *

Дар асри XX чи аз тарафи олимони Ғарб ва чи Шарқ зиёда аз 300 кори илмӣ дарҷ гардидааст, ки ба ин ё он тарафи замони Паҳлавӣ даст задаанд. Вале ҳеҷ кадоме аз ин муаллифҳо таърихи Паҳлавиро, ҳамчун империяи бузург дар арзи нимҳазор сол, мавриди тадқиқ қадор надодаанд. Ин муаррихҳо бештар дар бораи Сосониён андеша ронда, гоҳ-гоҳе ба забон ва адабиёти давраи Паҳлавӣ дахл кардаанд.

Мо дар ин мусоҳиба асосан ба хонанда гуфтаҳои бузургони ҷаҳониро дар бораи Империяи Бузурги Паҳлавӣ муарифӣ намудем. Дар бораи корномаҳои паҳлавиҳо, муборизаҳои диловарони онҳо – ба муқобили юнониёну мақдуниҳо ва римиҳо ғалабаҳои барқосои эшон ва дар замони паҳлавиҳо осудаву хуррам гардидани халқҳои дар тасарруфи онҳо буда – аз Осиёи Миёна то Мисру Иерусалим дар китобҳои «История цивилизации арийцев» Д., 2006., аз саҳ. 391 то 438.  «ARYANS” ва «Таърихи тамаддуни ориён» ба таври муфассал нақл намудем.

Мо аз ин гуфтаҳои олиму муаррихони авруноӣ огоҳ гардидем, ки дар таърих, дар ҳаққи Империяи Бузурги Паҳлавӣ аз тарафи дарбориёни сосонӣ хиёнат карда шудааст. Вале чизи дигар моро ба ҳайрат меорад, ки чаро олиму муаррихони муосири тоҷик аз ибрози ҳақиқат дар бораи гузаштагони халқи худ канорагирӣ мекунанд?

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …