Главная / Илм / ПӮСТИ ОДАМ – ЭҲСОСИ МУҲИТИ ЗИСТ ТАВАССУТИ ПӮСТ

ПӮСТИ ОДАМ – ЭҲСОСИ МУҲИТИ ЗИСТ ТАВАССУТИ ПӮСТ

Одам тавассути пӯст гармӣ, хунукй, дардро ҳис мекунад. Пӯсте, ки бадани одамро мепушонад, 1/20 қисми вазни умумиро ташкил медиҳад. Иртиботи аз ҳама кало ни организми одам бо муҳити зист тавассути пӯст сурат мегирад.

Дар пӯст, махсусан дар ангуштони дастон, кафҳо, лабҳо ва кафи пойҳо теъдоди зиёди нӯги торҳои асабӣ мавҷуд мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо ҳама ҳассос мебошанд.

inson

Ба пӯст чаҳор навъи эҳсос хос мебошанд: эҳсоси дард, эҳсоси тамос, эҳсоси хунукию гармӣ. Азбаски дар пӯст бисёр рангҳои хунгард, ғадудҳои арақин ҳастанд, вай нақши бузургеро дар танзими ҳарорат мебозад.

Аз ҳисоби шуъои гармй ва бухоршавии арақ 80% гармидиҳӣ тавассути пӯст сурат мегирад. Худи пӯст гармиро начандон хуб интиқол медиҳад. Вай гармиро аз хуни ба он ҷоришаванда, мегирад. Гармидиҳӣ бо тағйир ёфтани суръати гардиши хун, ки тавассути фишурдашавӣ ва тавсиаи рагҳо муайян мешаванд, танзим меёбанд.

Дар қисматҳои гуногуни бадан ҳарорат гуногун мешавад.

Таври мисол,

Кафҳои даст – 32,2°С,

Пешонӣ – 33,4° С,

Қисмати болоии қафаси сина – 39,8°С,

Шикам – 31,1 °C,

Гардан – 34° С,

Зери бағал – 36,7°С,

Кафи пой- 30,2°С.

Дарорати бадани одамро дар зери бағалҳо месанҷанд. Аз ин рӯ, ҳарорати муътадил 36,7°С шуморида мешавад. Яке аз хусусиятҳои асосии пӯсти кӯдакон ва наврасон ин бештар будани сатҳи нисбии пӯсти онҳо нисбат ба сатҳи нисбии пӯсти одами болиғ ба шумор меравад. Ба 1 кг вазни одам чунин майдони сатҳи пӯст баро­бар меояд:

Кӯдаки навзод – 704 см2

Кӯдаки 1-сола – 528 см2

Кӯдаки б-сола – 456 см2

Кӯдаки 10-сола – 423 см2

Навраси 15-сола – 378 см2

Одами болит – 221 см2

Аз ин рӯ, дар муқоиса бо гармидиҳии одамони болит, гармидиҳии кӯдакон нисбатан бештар мебошад. Ғадудҳои арақӣ арақ ихроҷ мекунанд. Шумораи ғадудҳои арақӣ то ба 2-3,5 миллион расида, миқдори он барои ҳар як одам гуногун мебошад. Арақкунии организм ба миқдори ғадудҳои арақӣ вобаста аст. Ғадудҳои арақй дар ба­дан яксон қарор надоранд. Онҳо дар кафҳо, зери бағал ва кафи поҳо бисёр буда, дар пушт, соку зонуҳо кам мебошанд.

Якҷо бо арақ, аз организми одам маводҳои сершумор, намак ва ҳамчунин карба­мид, яъне партови мубодилаи сафеда дар организми одам ва бисёр ҳайвонҳо, хориҷ мешаванд. Аз одами миёнасол дар як шабонарӯз 400-600 мл арақ , ҳамчунин 40 г намак, 10 г азот хориҷ мекунад. Пӯст вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд. Вай организмро аз таъсироти механикӣ( фишор, молиш, харош ва ҷароҳатҳо) муҳофизат менамояд. Дангоми ҳарорати муътадил +18°С – +20°С тавассути пуст ба организм 1,5% кислород ворид мешавад. Ҳангоми кори ҷисмонй ва ҳаракат воридшавии кис­лород ба организм 45 баробар зиёд мешавад. Дамчунин пӯст организми инсонро аз шуъоҳои ултрабунафши офтоб ҳифз менамояд.

Таҳти таъсири шуъоҳои ултрабунафш витамини Д пайдо мешавад, ки он аз бемории рахит муҳофизат мекунад. Пӯсти тозаи ҷароҳатнадида монеаи ворид шудани маводҳои кимиёвӣ ба организм мегардад.

Тоза нигоҳ доштани пӯст фаъолияти муътадили организмро таъмин мекунад.

Ифлосӣ дар пӯст бинобар аз ҳад зиёд шудани равғани пӯст ва қабати болоии пӯст ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид, сӯрохиҳои пӯст баста шуда, зуд ярачаҳо пай­до мешаванд. Ҳангоми ифлосшавй хориши пӯст ва шароит барои ворид шудани инфексия ба организм пайдо мегардад. Ҳатто тавассути дастони ношуста метавон ба бемориҳои сершумори сироятй мубтало шуд. Пӯст ҳангоми шустан бо собун бо оби хунук тоза намешавад.

Собун пӯстро мулоим карда, барои раҳоӣ аз хуҷайраҳои мурда кӯмак мекунад.

Риоя кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҳангоми нигоҳубини пӯст барои пешги- рии бемориҳои пӯст кӯмак мерасонад.

Супориш

Вобаста ба синну соли хуц ва вазн сатҳи нисбии пӯсти бадани худро муайян кун. Таври мисол, агар ту 10-сола ҳастӣ ва вазни ту 30 кг аст, пас ту метавонӣ сатҳи нисбии пӯсти бадани худро бадин тавр муайян карда бошӣ : 423 -ЗОкг = 12690 см2.

Пурсишҳо

  1. Чанд навъ эҳсос дар пӯст мавчуд мебошад?
  2. Пӯсти одам чанд ҳиссаи вазнашро ташкил медихад?
  3. Пӯстдар зиндагии мо чй аҳамият дорад?
  4. Тавассути пӯст чй ихроҷ мешавад?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …