Главная / Гуногун / ОЗОД ШУДАНИ АБДУЛҲАКИМ АЗ ГАРАВГОН

ОЗОД ШУДАНИ АБДУЛҲАКИМ АЗ ГАРАВГОН

Аз хастагиву бемадорӣ рӯи нимтахти офис сахт хобам бурдааст. Аз садои тақ-тақи дар бедор шудам. Дарро кушода будам, ки Исмоил аз ҳаяҷон бо садои баланд:

– Абдулҳакимро милисаҳо оварданд, – гуфт.

– Кай? – фикр мекардам, хоб мебинам. Мағзам ҳанӯз бедор нашуда буд. Намефаҳмидам, ин ҳақиқат аст? Ё хоб?

Исмоил ба шаст аз зинаҳо поён рафт, бечора аз хурсандӣ ҷаҳида-ҷаҳида мерафт. Саросема давида, ба кӯча баромадам. Ӯ мошинашро мегардонд. Ман ба мошини худам нишастам, пасу пеш бо суръат ба ҳавлӣ шитофтем. Дасту поям меларзид. Мағзамро гӯё туман фаро гирифта буд. Фикре ғайр аз «овар- данд, оварданд» дар сарам набуд. Гоҳ гарм мешудам, гоҳ сард, гоҳ арақ мекардам, гоҳ хунук мехӯрдам. Вақте назди ҳавлӣ мошинро нигоҳ доштам, мадор надоштам поин шавам. Мағзам оҳиста-оҳиста бедор мешуд.

Якбора барқвор фикре ба сарам зад – амният! Онҳо аз паси ман назорат доштанд! Ман ҷойро барояшон муайян кардам, онҳо кори худашонро карданд. Амалиёт гузаронданд, чи тавре ки дар филмҳо нишон медиҳанд. Амалиёт! Накунад, ӯро захмӣ карда бошанд?

Ин фикр тамоми қувватамро баргардонд. Барқвор аз мошин фуромада, давида аз байни дӯстону ҳамкорон гузашта, ба хона даромадам. Абдулҳаким аз хона баромада бо фиғон худашро ба гарданам андохт. Оғӯш гирифтам ва зуд аз худ дур карда, дар андомаш осори хунро ҷустам. Осоре набуд.

Сӯи Исмоил баргаштам:

  • Куҷоянд милисаҳо? Ӯ ба дари утоқ ишора кард. Худро ба даст гирифта, ба утоқ даромадам. Ду нафар сари дастархон нишаста буданд. Салом карда нишастам.
  • Аз куҷо овардед? Кӣ озод кард, КГБ? – савол додам ба милисаҳо.
  • Не, аз ҳафтум километр, аз пост, – гуфт яке аз милисаҳо тааҷҷубомез.
  • Амалиёт чӣ шуд, чаро худашон наоварданд? – намефаҳ- мидам ман. Қиёфаам мантиқӣ набуд магар, ки яке аз милисаҳо, «Хайр, мо меравем» гуфта, аз ҷояш хест. Ба онҳо шодиёна дода, то дами дар гусел карда, ба утоқи кунҷакӣ назди Абдулҳаким даромадам. Вақте ки дарро кушодам, ӯ сарашро хам карда рӯяшро ба девор гардонд.
  • Кӣ туро озод кард? – пурсидам ман.

Садои маро шунида, сарашро ҳамон тур хам ба сӯи ман гардонд ва якбора бархеста, худашро ба оғӯшам партофт ва:

  • Маро аз ин ҷо бар, ҳамин ҳозир бар! Рафтем, рафтем! – гуфта, бо садои ашколуду тарсу ҳаяҷон маро сӯи дар тела медод.
  • Майлаш, майлаш, меравем. Куҷо мехоҳӣ барам? – телба шудам ман.
  • Куҷое барӣ, бар! Фақат аз ин ҷо бар! – сахт тарс дошт ӯ.

Бале, бояд равем, пеши падару модар, ба Панҷрӯд меравем, қарор кардам ба худам.

Ба даҳлез баромадам ва:

  • Меравем! – гуфтам. Ҳама ба берун баромадем. Аз хона, ки баромадем, Абдулҳаким аз дастам сахт дошта, дуқат шуда сарашро хам карда мерафт. Якбора хун ба сарам зад. Баччаи бечора, ки ин ҳама рӯз бандӣ буд, ҳанӯз ҳам бо он одату тарс ҳаракат мекард. Оғӯш карда:
  • Натарс, дигар ҳеч кас ба ту осеб расонда наметавонад. Ту озодӣ! – гуфтам.

Ӯ боз ҳам:

  • Рафтем, рафтем! – гуфта аз дастам мекашид.

Пеши мошин расида будем, ки даррав ба нишастгоҳи ақиби мошин даромада, дари даромадаашро қуфл карда сарашро хам карда нишаст. Хоҳарам ҳам ба мошин назди ӯ нишаст.

  • Баччаҳо, Исмоил, Зокир аз паси ман ҳай кунед, ҳама савор шаванд, – фармон дода, ба мошин нишастам ва ҳай кардам.

То аз шаҳр баромадан Абдулҳаким ба саволҳо ҷавоб на- медод. Фақат:

  • Зудтар, зудтар ҳай кун, – мегуфт.

Вақте ки ба дараи Варзоб даромадем, ӯ қадре оромиш пайдо кард. Ва ба саволҳо ҷавоб додан сар кард.

  • Кӣ туро озод кард? – ҳеч наметавонистам ин муамморо ҳал кунам.
  • Ман гурехтам! – ҷавоб дод ӯ.

Ман лол шудам. Аз ӯ ман ин қаҳрамониро ҳаргиз интизор надоштам. Ӯ, ки бародари хурдии ман буд, ҳанӯз ҳам дар на- зари ман тифл метофт. Пай набурда будам, ки ӯ ҷавонмарди комил шудааст!

Ва сар кард ба ҳикоят кардан. Ҳикоятҳояш паҳну парешон ва беназм буданд. Ҷойҳои ноқисашро ман савол дода, дақиқ мекардам.

Аз нақлаш бармеомад, ки ӯро се нафар аз мошин берун кашида, бо дастаи туфанг ба сараш зада, ба нишастгоҳи ақиби мошин тиққонда, ба болояш нишаста, бо суръат рондаанд. Баъд аз муддате дар ҳавлие истода, ба сараш латтаеро печонда, аз мошин фароварда, ба як хона дароварда, аз дасташ ба лӯлаи оҳанӣ бо дастбанд баста мондаанд. Рӯзи дигар боз ба ҳамон минвол ба мошин бор карда, роҳи дуру дарозеро тай карда, ба ҷое расонда, ба як гурӯҳи дигар супурдаанд. Байни худашон суҳбат мекардаанд, ки гӯё ӯро ба Шаҳртус мебаранд. Гурӯҳи нав боз бо ҳамин минвол муддати дароз мошин ронда, ба як ҷое оварда, дар як сохтмони пампи об дароварда, аз пояш бо занҷири як-якунимметра ба оҳани дар девор насбшуда баста мондаанд. Рӯзе се бор даромада, хабар мегирифтаанд ва хӯрок медодаанд. Пеш аз даромадан дарро зада, фармон медодаанд то рӯболо хобида, чашмонашро баста, сарашро ба сӯи девор гар- донад. Сабабҳои ҳаракоти ғайриодии ӯ дар ҳавлӣ ба ман ошкор мешуд. Пас аз баромадан садо дода, кушодани чашмонашро иҷозат медодаанд. Фақат шабона, он ҳам бо чашмони баста, сарашро хам карда, барои қазои ҳоҷат ба берун мебаровардаанд.

Рӯзи дувум як нафар даромада, лат кардааст, ки акаат хап намешинад, такудав дорад, ба мақомот арз кардаву кофтуков мекунад. Он рӯз он нафар дар бораи кору бори ширкати мо саволҳои зиёд додааст. Ба гуфти Абдулҳаким, ӯ худаш дар бораи кору бори мо огоҳии комил доштааст, фақат барои мутмаин шудан саволҳо медодааст, зеро «Дар он ноҳия бо кӣ кор меку- нед?», «Аз он хоҷагӣ чӣ қадр пахта мегиред?» ва ғайра гуфта мепурсидааст.

Вале такрор ба такрор ба ӯ мегуфтаанд, ки ба зудӣ акаат туро халос мекунад. Ҳатто шӯхӣ мекардаанд, ки аз хӯрданӣ ҳарчӣ хоҳӣ, барот меорем, пулаша акат медиҳад. Ҳатто, вақте ӯ китоб хостааст, барояш китоби «Горячий снег»-и Юрий Бон- даревро овардаанд.

Рӯзи севум боз ҳам он нафар даромада, баъди саволу ҷавоби аввалӣ пурсидааст, ки «намоз мехонӣ?» Вақте Абдулҳаким гуф- тааст, ки намоз намехонад, як зарбаи сахте ба шонааш задааст, ки мегуфт дардашро ҳанӯз ҳам ҳис мекунад. Ва гуфтааст, ки бояд намозхониро сар кунад. Абдулҳаким ба ӯ ҷавоб додааст, ки намозхонӣ бояд бо эътиқод сурат гирад, на бо дастур. Ав- вал бояд худоро шинохт, баъд ба ӯ саҷда кард. Агар худованд бинад, ки ман зери фишор ба намозхонӣ шурӯъ кардам, шояд ибодати маро қабул накунад. Ман он вақт намоз мехонам, ки худам эътиқод кунам.

Наузанбиллоҳ! Дузду ғоратгар тарғибкунандаи дину имон!

Абдулҳаким нақл кард, пас аз он, ки каме ором гирифтам, ба фикр афтодам. Фикр кардам, ки чӣ кор кунам. Ҳарфашонро гӯш кунам, мунтазир шавам, озодам мекунанд. Фикр мекардам, ки Абдухалил ба амният муроҷиат кардааст, маро озод карда метавониста бошад? Агар ман ҳам ба ҷои ӯ будам, ба мақомот арз мекардам. Якбора фикре ба сарам зад, ки агар ӯ ба ҷои ман буд, чӣ кор мекард? Ӯ ором наменишаст. Бале, коре мекард. Чӣ кор мекард?

Даст ба сӯи занҷири пой бурдам, дидам, ки каме кушод буд, саъй кардам, берун наомад. Рӯи косаи хомшӯрбо равған ях баста буд. Онро гирифта пойро чарб кардам, занҷир поямро харошида баромад. Аз ҷой хеста, саройро аз назар гузарондам. Девори семетрӣ дар қисми болояш қаблан равзанҳое доштааст, ки ҳоло бо лой баста шуда буд. Дар гӯшае як тӯда чигити пахта мехобид. Тахти оҳании шикастае дар замин буд. Онро ба девор рост карда, баромада дидам, ки он лой хушк ва сахт аст. Об! Онро бо об тар карда, нарм кардан лозим. Об нест!

Фуромада, тахтро ҷои худаш гузошта, бандро ба поям да- роварда, мунтазир шудам. Вақте нигаҳбон омад ва пурсид, ки чӣ мехоҳам, хомшӯрбо ва оби якунимлитра хоҳиш кардам ва барои шубҳа эҷод накардан китоб ҳам пурсидам. «Ин қадар хомшӯрбо дӯст медорӣ?» гуфту рафта овард. Ман дигар ҳам об доштаму ҳам чарб.

Шабҳо кор мекардам. Поямро чарб карда, занҷирро меба- ровардаму боло рафта, обро ба лой мерехтам, мулоим мешуд, мекандам. Лойҳои кандаамро ба варақҳои китоб печонда ба кисаам меандохтам ва вақте ки поён меомадам, онҳоро дар зери тӯдаи чигит пинҳон мекардам.

Оҳиста-оҳиста кор мекардам, то садое набарорам. Аз лой порае дуруст карда будам ва ҳар вақт ки поён меомадам, ҷои кандаамро бо он пора ноаён карда пӯшида мемондам. Чароғ дар даромадгоҳ буд ва равзанае, ки ман барои кандан интихоб кар- дам, дар он қисмати девор буд, ки чароғ онро хуб равшан наме- кард. Шаби чорум каме дарз пайдо шуд, ки рӯшании чароғҳои берун метофт. Фаҳмидам, ки агар эҳтиёт накунам ва як каме фишор биёрам, афтидани як кулӯх метавонад нақшаҳоямро ошкор кунад, зеро шабонарӯзӣ дар атрофи сарой нигаҳбон мегашт ва ман ҳамеша шарфаи пояшро мешунидам.

Шаби чорум баромада, оҳиста як тарафи кулӯхро канда бу- дам, ки боқияш якбора канда шуд. Бо як ҳаракати даст кулӯхи афтидаистодаро доштам ва нигоҳ кардам, ки нигоҳбон каме дуртар пушт ба ман истодааст. Нафаскаширо қатъ кардам. Бе- садо сару дастро дарун кашидам. Шах шудам, интизор шудам, шарфаи пои нигаҳбон ором-ором дур шуд, ба сӯи дигар гузашт. Равзанаро хеле эҳтиёткорона пӯшида монда, фаромадам. Кори равзана тамом шуд, имшаб дер аст, худо хоҳад, пагоҳ мегурезам.

Абдулҳаким гуфт, рӯзи панҷум боз ҳамон нафар, ки доим лату кӯб мекард, омада аз худову расул ва он дунё амри маъ- руф кардааст. Вақте ки онҳо ба назди ман медаромаданд, ба ман фармон медоданд, ки чашмонамро баста рӯболо бихобам. Онҳо аслиҳаи худро дар рӯи бадани ман мегузоштанд ва бо ман суҳбат мекарданд. Шояд озмудан мехостанд, ки ман кӯшиши гирифтан ва истифодаи силоҳро мекунам ё не. Он рӯз ду нафар даромада буданд ва ҳамон нафаре, ки доим пурсупос мекард, туфангашро рӯи шиками ман монда буд. Вақти берун раф- тан онро нагирифта рафт. Ман туфангро ҳис мекардам. Вақте онҳо дарро мебастанд, ман фикр мекардам, ки оё онҳо махсус туфангро гузоштанд, ё фаромӯш карданд? Туфанг тир дорад ё на? Маро месанҷанд? Агар туфанг тир дошта бошад, имкони бо истифодаи он халос шудани ман чи қадр аст? Нақшаи аз равзана гурехтан беҳтар аст ё бо истифода аз туфанг? Ин ҳама дар як лаҳза аз дилам гузашт.

Ман, – гуфт Абдулҳаким – зуд тасмим гирифтам, ки бо тирпарронӣ аз дасти инҳо халос шудан имкон надорад. Инҳо чандин нафаранд, ҳама мусаллаҳ бо Калашников. Ман бо як туфанг шонс надорам. Ҳамон нақшаи равзана хуб аст. Ва садо додам: «Ака, пистолетата фаромӯш кардӣ!» Ӯ дарро ҳанӯз на- баста буд, давида баргашт ва «Ту хеле баччаи хубӣ» гуфта, маро таъриф кард ва аз хурсандӣ ҳатто «Намоз нахонӣ ҳам, ҳеч гап нест», гуфта фатво дод. Туфангашро гирифта, пурсид, ки пагоҳ бароям чӣ биёрад? Ман ба ӯ гуфтам, ки монда шудаам ва хо- бидан мехоҳам. Пагоҳ агар мумкин бошад, дертар биёяд. Ӯ аз ман ончунон розӣ буд, ки иҷозат дод бихобам, пагоҳ субҳи зуд маро бедор намекунанд. Ман ба фирор омода будам.

Шаҳртус. То Душанбе қариб дусад километр роҳ аст, то куҷо мегурезам? Дастгир мекунанд. Милисахона равам? Магар зӯри милиса ба инҳо мерасад? Таваккал ба худо! Аз ин ҷо, ки баромадам, баъд давомашро мебинам.

Дишаб, вақте торик шуд, аз пироҳанам ду порча дарронда, кафшҳои сарпоиямро, ки барои давидан мувофиқ набуданд, ба пойҳоям бастам. Чанд пора нонро ба кисаам ҷой кардам. Оҳиста баромада, лойпораро гирифта фароварда, ба замин гузоштам, баромада аз равзана ба берун нигоҳ кардам, касе набуд. Балан- дии девор тақрибан се метр буд. Агар аз ин баландӣ худамро партоям, ҳатман садои афтиданамро шунидани нигаҳбон мум- кин буд ва ғайр аз ин, пойҳоям метавонистанд осеб бинанд.

Аз равзана бояд ё бо сар берун мехазидам ё бо пой. Фикр кардам, ки ҳатман бо сар бояд берун хазам, то ки атрофро зери назорат дошта бошам. Бо оҳани дастаи тахт як ҳалқаи занҷирро тоб дода, кушода тайёр карда будам. Оҳани дастаи тахтро дар дохили равзана устувор карда, занҷирро ба он баста, аз равзана берун овезон кардам ва бо сар берун хазида, аз занҷир дошта, пойҳоямро аз равзана берун кашида, овезон шудам ва худамро оҳиста ба замин партофтам. Нимхез ба даруни алафҳо даро- мадам ва дуқат шуда, бесадо аз он ҷо дур шудам. То дуртар мерафтам, суръат меафзудам. Давидаравон, якбора ба роҳи мошин баромадам. Фикр накарда, ба тарафи рост давидам, вале баъд аз лаҳзае дидам, ки роҳ боло меравад. Ман бояд ба поён равам, на ба боло, фикр мекардам ман, вале ҳанӯз ҳам медавидам. Ин вақт нишони роҳнамоеро дидам, ки Чиртак на- вишта шуда буд. Аслан намефаҳмидам, ки дар куҷостам. Чиртак номеро намедонистам. Вале, баргашта аз канори роҳ ба поён давидам. Давида-давида, ба нишонаи дигари роҳ расидам, ки Кофарниҳон навишта шуда буд.

Ман дар Шаҳртус набудам! Дар Орҷоникидзеобод будам!

Акнун, фаҳмидам, ки дар куҷоям. Бояд ҳамагӣ 18-20 кило- метрро тай мекардам, то ба Душанбе расам. Шаб аз ним гузаш- та буд. Ҳамагӣ 4-5 соат вақт доштам. Баъд, гурехтанам ошкор мешуд. Албатта, онҳо пайгирӣ мекунанд!

Давидам. Ҳама имкониятро баррасӣ мекардам. Дар сари пули Кофарниҳон посгоҳи милиса буд. Бо роҳи мошин набояд рафт. Дастгир мекунанд. Баргашта, бо соҳили дарё ба поён да- видам ва ба пули роҳи оҳан расида, аз рӯи он гузаштам. Қарор кардам, ки рӯ-рӯи роҳи оҳан равам, бехатар аст. Роҳи мошин хатарноктар аст. Аз рӯи чӯбҳои роҳи оҳан давидан душвор буд. Аз канори роҳ медавидам, вале канори роҳ пур аз кӯлмакҳо буд, ки ҳар лаҳза ба онҳо меғӯтидам. Сагҳои мардум аз паси деворҳои симтӯрӣ ба ман ҳамла мекарданд. Ман ба онҳо нон партофта ором мекардам. Баъзеяш хеле хашмин буданд, хуш- бахтона, тӯри симин онҳоро нигоҳ медошт.

То даромадгоҳи Душанбе расам, хонаи хешамон – акаи Абдусалим даромада пинҳон мешавам. Латтаҳои кафшҳоям канда шуданд. Кафшҳоро ба дастам гирифтам. Пойҳоям хуншор шуданд, вале дардро эҳсос намекардам. Медавидам.

Ба дари хонаи Абдусалим расида, оҳиста тақ-тақ кардам. Аз баланд кӯфтани дар метарсидам, умуман аз ҳар садое якқад мепаридам, фикр мекардам, ки маро таъқиб мекунанд. Пушти дар садои хиш-хишро шунида, овоз додам:

– Акои Абдусалим, ман Абдулҳаким, аз дасти боевикҳо гу- рехтам, зудтар дарро кушоед, маро панаҳ кунед.

Садои пасти суҳбат аз паси дар шунида мешуд, ду нафар баҳс мекарданд, шояд ба хулосае омаданд, ки ба ман паноҳ додан ба ҷони худашон хатар меорад. Чанд бори дигар садо дода бошам ҳам, дигар дар он сӯи дар хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Дари ҳамсояи рӯбарӯро кӯфтам, садое наомад. Лаҳзае ноумед нишастам. Ман инҷо зиёд вақт талаф карда наметавонистам. Ҳар лаҳза таъқибгарон метавонистанд бирасанд. Медавам, то ҳавлӣ, – қарор кардам ба худам.

Субҳи козиб буд. Ба километри ҳафтуми роҳи Душанбе- Ваҳдат расидам. Девор пеши роҳамро гирифт. Ночор ба роҳи мошин баромадам. Аз дур дидам, ки ду милиса дар посгоҳ ис- тодаанд. Аз канори роҳ хам шуда мерафтам, ки чашми онҳоро хато кунам. Якеш ба сӯи ман гашт. Худамро ба ҷӯйбори канори роҳ партофта, руст шудам, вале ӯ маро дида будааст, ки ба болои сарам омада, «бархез» гуфт. Хестам, «аз куҷо омадӣ?

Ягон ҷоро дуздӣ кардӣ?» гуфта пурсид. «Ман аз дасти боевикҳо гурехтам, ҳозир меоянд» гӯям, бовар накарда, «сафсатта нагӯй, росташа гӯй, кампирро ту куштӣ?» гуфта исрор мекард. Ва «пеш даро, ҳозир туро бурда месупорем, ҳамааш маълум ме- шавад» гуфта, бо мили автомати ҳамоил дар гарданаш ба ман амр карда, пеши ҳамраҳаш овард. Ҳамраҳаш «киро қапидӣ?» гуфта пурсид ва баъди «дуздак» гуфтани ӯ, сар то пои маро аз назар гузаронида «э, ман инро мешиносам, акааша ҳам меши- носам, – ва сӯи ман: – гуфта, пурсид. Ман ҳодисаро кӯтоҳ гуфтам. Ба ҳамраҳаш:

Ту ин чо чи кор мекуни ? сару руят пури хоку хун

  • Ман инҳоро мешиносам, инҳо дузд нестанд, – гуфт.
  • Рафтем, хонаашон мебарем, соати корӣ ҳам тамом шуд, – гуфта сӯи мошинаш рафт. Ман зуд ба нишастгоҳи ақиби моши- наш даромада нишастам. Мошинаш гирон нашуд. Хоҳиш кард, ки фуромада онро, ҳамроҳи милисаи дувум тела диҳам. Ман фуромадан намехостам. Фазои баста бароям амнтар менамуд. Вале ӯ таҳдид кард, ки агар ёрӣ надиҳам, ҳеч ҷой намеравем. Ман зуд фуромада, ёрӣ кардам, мошинро дукаса тела додем даргирифт ва онҳо манро ба хона оварданд.

Ману наздикон дар он шаш рӯз азоби маҳшарро дар пӯсти худ ҳис кардем. Хусусан, хоҳари бузургам аз ҷиҳати равонӣ са- дамаи сахт дид. Ман аз сабаби он ки ба кофтуков машғул будам, фикрам доим машғул буд, вале ӯ дар хона шаш рӯз интизорӣ кашид, интизорие, ки маълум нест ба чӣ меанҷомад. Ҳамин аст, ки ҳанӯз ҳам аз камтарин иттифоқ ба тарсу изтироб меафтад. Ба наздикӣ филми коргардон Родриго Кортес «Зиндабагӯр»-ро дидам, ки тамоми даҳшати он рӯзҳоро дар ёдам зинда кард. Ин азоби тоқатфарсоро худованд ба ҳеч кас насиб нагардонад!

Зимни ин ҳама нақл, гоҳ хандидаву гоҳ гириста, ба хизмати падару модари азиз расидем. Онҳо, ки ҳанӯз ҳам хавотирӣ мека- шиданд, давида ба пешвоз баромаданд ва маро сиҳату саломат дида, боварашон намеомад ва гаштаву баргашта мепурсиданд, ки оё воқеан сиҳату саломатам ва агар сиҳату саломатам, чаро ин ҳама овозаву дарвоза дар даҳони мардум аст?

Ман дигар ниёзе ба пинҳон доштани асли воқеа надида, ба онҳо асли ҳолро гуфта додам. Дарзамон, онҳо ҳузури маро фаромӯш карда, ба Абдулҳаким часпиданд, ки муддаои дили ман буд, зеро ба танҳоӣ ва осудагӣ ниёз доштам.

Бо Ҷон тамос гирифта, Абдулҳакимро, ки ҳатто дар ин ҷо хеле изтироб дошт, бо баҳонаи хондан дар мактаби пахтаи Мемфис (Cotton School) ба Амрико фиристодам. Аҳли оиларо ба Панҷрӯд ба назди падару модар, дуртар аз бало фиристода, бо милиса қарордод баста, Исмоилро ҳамчун ҷондор мусаллаҳ кардам, худам низ расман иҷозаи силоҳ гардондан гирифта, ба навъе ба ҳамлаҳои баъдӣ омодагӣ гирифтам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …