Главная / Гуногун / ОЗИМИ ОЯНДА (Мақола)

ОЗИМИ ОЯНДА (Мақола)

Бод мевазад.
Боди табдил аст он.
Ин бод боди шурта нест.

Ин бод боди шадид, боди шикаст, боди гардиш, боди тағиротҳои куллист. Онро боздошта намешавад ва ба муқобили он ҳаракат кардан ҳам хатарнок аст. Бале, замони дигаргуниҳои бузург фаро расид.

Рўз шаб мешавад, шаб рўз, моҳ сол мешаваду сол қарн. Бо мурури вақт кўҳна худро ба нав медиҳад. Ва агар ҷиҳати муҳими раванди имрўзаро бо як калима ифода карданӣ бошем, мўъҷизтар калимае ба ҷуз навсозӣ нест.

duxtaroni-tojik-53Навсозӣ!

Мушкил?

Бале!

Аммо зиндагӣ кардан шарт. Танҳо ҳаминро фаромўш набояд кард, ки  чархи зиндагӣ ба қафо намегардад, пешрў меравад, пешрў. Ва набояд ғофил монд. Навсозӣ бозори иқтисодиро пеш овард. Ва барои сохтани ин иморати бузургу пуршукўҳ Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Хишти аввалро ба ин иморат ки гузошт? Ин хишт рост ё каҷ? Ин басо муҳим аст. Зеро «хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ». Дар Кумита фирмаи «Азиз»–ро (собиқ мағозаи «Газворҳо») ном бурданд. Дарҳол гуфтугўи чанд рўз қабл рухдода ба ёдам омад. Бо як шиносам ба мағозае ворид гаштем.

– Оҳо, худи хориҷа барин–ку, – гуфтам ба ў.

– Ин чӣ, – табассум карда гуфт ў. – Ту ба фирмаи «Азиз», собиқ мағозаи «Газворҳо» даро. Хориҷӣ ҳақиқиро он ҷо  мебинӣ. Ман ба ў шубҳаомез назар афкандам. Зеро ман ба ин мағоза замони карахтӣ чанд бор даромада будам. Торику бенур буд он. Дар рафҳо газворҳои ба касе  нолозим зери чанг хоб мекарданд.

Харидор қариб ки набуд. Фурўшандаҳо ё ғанаб мекарданд ё пашша киш мегуфтанд. Ба ғайр аз «лавҳаи харидор»–и холӣ дигар ягон эълон ба назар намерасид. Ба мағоза ворид мешудед, ягон фурўшанда аз ҷояш намехест ё  аққалан «Шумо–кӣ? Чӣ хизмат?” – гўён намепурсид. Агар рафту нархи ягон маторо мепурсидед фурўшанда ба ғазаб меомад. Ва бо тундӣ мегуфт, ки «курӣ намебинӣ, навиштагӣ!» Дар Кумитаи давлатии идораи амвол чизе нагуфтанд: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Хулоса, ба тарафи мағоза роҳ гирифтам.

Ана ба ҳамон мағозаи «Газворҳо» омадам. «Ҳамон мағозаи «Газворҳо» гуфтанам хато шуд. Зеро хоҳ бовар кунед, хоҳ не фарқи мағозаи ҳозира аз мағозаи пештара бемуболиға аз замин то осмон аст. Бино аз берун либоси мармарин ба бар карда. Дари даромад қарор надошт. Одамон – зану мард, пиру ҷавон медаромаданду мебаромаданд. Ҳеҷ кас дасти холӣ намебаромад. Онҳо хурсанд баромада, дар зери лаб ким–кадом оҳангеро зам–зама мекарданд. Майдони назди мағоза ободу зебо. Гулзор гўем дуруст мешавад. Насими ҳаловатбахше   вазида гулҳоро хаму рост мекард. Онҳо гўё «Хуш омадед, боз биёед!» – мегуфтанд.

Дар мағоза диққати маро хусусан як чиз ба худ ҷалб кард, ки дар ин ҷо ҳама чиз нав аст. Сохт–нав, ороиш–нав, молҳо–нав ва ҳатто муомила ҳам нав. Духтараки зебои сафедпусти чашмкабуд то лаби пуртабассум пешвоз гирифт.

– Хуш омадед! Марҳамат! Хизмат?

Ман лаҳзае худро гум карда мондам. Аҷабо! Навсозӣ онҳоро дигар кардааст. Пеш онҳо дағалӣ мекарданд, ханда ва ҳазлу шўхӣ намекарданд. Акнун онҳо меҳрубон, зиндадил, базлагў ва зариф шудаанд.

Вақте ки мудири мағозаро пурсидам, духтарак каме дасту по хўрд ва бо овози каме ларзон гуфт, ки нестанд.

– Нестанд? – аз ноомади кор хиҷил шудам.

Дар ин вақт сўи мо марде омад ва духтарак безобита гашт. Гоҳ ба ман ва гоҳ ба он мард менигарист. Мард бошад табассум менамуд.

– Аз афташ шуморо «шербача» гумон карда «эҳтиёт ними ҳаёт»–ро сармашқи кори худ қарор додааст.

– Рост, – иқрор шуд духтарак, – тарсидам. Охир, моргазида аз банди ало метарсад.

– Чӣ, ба мағозаи шумо ҳам «шербача»–ҳо ташриф меоваранд?

Вай фурсате хомўширо авло медонад. Сипас бо гирифтахотирӣ мегўяд, ки аз  ҷониби ҷавонон гоҳо корҳои ношоям содир мешавад, ки боиси ташвиш аст. Тартиботи табъи дилро ба вуҷуд наоварда инкишофи иқтисодиёт ва  ислоҳоти иқтисодиро таъмин кардан ғайри имкон аст. Тартиб ва риояи қонун имрўз чун обу ҳаво зарур аст.

Рости гап ўро тамоман дигар хел, яъне як ҷавонмарди хомфарбеҳи пуркибру ғурур ва ҳавобаланд, бо кару фарри махсус тасаввур мекардам. Охир, корманди савдо сармоядор. Баробари зиёд шудани сармоя одамон тағйир меёбанд, инсон буданашонро фаромўш мекунанд. Сирати инсонӣ ва ахлоқи ҳамидаро аз даст медиҳанд. Аммо вақти вохўрӣ бо ў аз гумонҳои худ хиҷил шудам. Зеро Аъзамқул Ҳотамов, роҳбари фирмаи «Азиз» як марди пуртамкин, ҳалиму меҳрубон ва басо хоксор будааст. Диле доштааст бузург ва  дардошно. Вай мардест миёнқад ва хурдҷусса. Чашмони бахудҷалбкунандаи бачагонае дорад, ки рўяшро бисёр дилкаш менамояд. Саросема нашуда, бо тамкин ва оромона ба пурсишҳои ҳамсўҳбаташ ҷавоб медиҳад. Ҳангоми сўҳбат аз ў таровати доноию соҳибақлӣ, хушмуомилагӣ ва фазилати табии ҳувайдо мегашт. Пасон фаҳмидам, ки хислатҳои наҷиби ин мард аз беҳад дўст доштани касби интихобкардааш, аз дарки ҷовидон будани некӣ ҳувайдоанд.

– Чунон ки Максим Горкий гуфта буд, «Истеъдод аз эҳсосоти меҳр ба касбу кор эҳё мешавад». Ман ҳамин гунна муҳаббатро аз падари коргарам мерос гирифтам, –  гуфт ў.

Бале, падараш коргари оддӣ буд. Вале ҳамчун сарбони оила, тарбиятгари фарзандон намунаи ибрат буд. Дар ҳама мавридҳо инсофу андозаро нигоҳ медошт.

– Бе ин, – мегуфт ў, – дунёё арзиш надорад.

Вай одами бад, хислати нораво ва корҳои носазоро намеписандид.

Вақте ки одам ба касе ё чизе меҳр мебандад, ин ҳиссиёти наҷиб як умр аз дилаш намеравад. Акаи Аъзамқул ба кори савдо ана ҳамин тавр меҳр бастааст. Аз он рўзе ки худро мешиносад ин меҳр бо ўст. Дар мактаб аъло мехонд. Махсусан математикаву адабиётро дўст  медошт. Ба қавли худаш барои ин ду  фан мемурд. Рўзе дар мавзўи «Кӣ шудан мехоҳам» иншо навиштанд. Қариб аксарияти бачаҳо муаллим ва духтур шудан мехостанд. Танҳо як ў савдогар. Бачаҳо хандиданд, ғалоғула бардоштанд. Муаллими адабиёт хеле одами хуб буд. Лоғарандому баландқад. Чашмонаш мисли уқоб кўчактарин ҳаракатро, ҳатто аз мизҳои охир медид. Вай сабаб пурсид.

– О, ў аъло мехонад, – гуфт яке.

– Шеъру ҳисобро чун об медонад, – илова намуд дигаре.

Муаллим дасташро бардошт. Синф сокит шуд. Вай гуфт:

– Бале, корманди савдо бояд шеъру ҳисобро чун об бидонад. Зеро ў на танҳо бо мол, балки бо одамон сару кор дорад.

Ва ҳангоме ки Аъзамқул номаи камол гирифту ба техникуми савдо дохил шудани шуд, гумон дошт, ки падараш пешаи ўро намеписандад. Ва шояд сарзанишу коҳиш хоҳад кард. Вале падар пешаи ўро писандид ва насиҳатомез гуфт:

– Писарам, ба моли дунё дил набояд баст, дил ба одам бояд баст ва ҳалолиро пеша кард. Ба ёд  гир, ки як гапи кажпаҳлў, як рўйи турш, як  табассуми заҳромез бас аст, ки асаби одам хароб гардад.

Вай имрўз худ падар – падар чӣ!? – бобост! – вале ин ҳарфҳои падар бо  ўст!

– Солҳои таҳсил, – мегўяд ў, – боиси беморӣ чанд бор маҷбур будам, ки қариб техникумро тарк кунам. Бале падарам, ки қиммати одамро аз номуси баланди вай муайян мекард, бори гарони зиндагиро ба дўши худ гирифта, маро талқин менамуд, ки таҳсилро давом диҳам. «Мард  аз роҳаш намегардад» – мегуфт ў. Бо ҳидоят ва дастгирии падарам на танҳо техникум, балки донишкадаи кооперативии Самарқандро низ хатм намудам.

Вай «мулк»–и худро ба ман тамошо дода, гарму ҷўшон гуфт:

– Агар ман пули бисёр медоштам, ошёнаи дуюму сеюмро харида донишкадаи савдо мекушодам. Корманди савдо бояд ҳама чизро донад, ҳама чизро!

Пас аз  каме андеша оромона афзуданд:

– Тиҷорат асрори зиёде дорад, ки то ҳанўз пурра кашф нашудааст, бояд онро омўхт ва дар мактабаш сабақ гирифт. Тиҷоратро таълим бояд дод. Ин калидест барои тадбиқи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ.

Фурўшанда Мавлуда Муаззамова, ки зиёда аз даҳ сол боз бо акаи Аъзамқул бар ба бар кор мекунад, чунин гуфт:

– Устод маданияти баланд ва  мукаммале дорад. Бо дағалтарин миҷоз забон меёбад. Тамоми мол ва нархномаҳоро аз ёд медонад. Ў касби худро ба маънои томи сухан азбар кардааст. Ман боре пурсидам, ки ў чӣ тавр ин қадар молу нархномаро дар хотир нигоҳ медорад. Вай лабханд карда посух дод, ки: «Чунки савдоро дўст медорам». Ба ақидаи ман ҳар як одам касбу кори худро бояд ана ҳамин тарз, аз дилу ҷон дўст дорад.

Тифоқии ин коллективи 25 нафара маро тамоман мафтун кард. Зеро:

          Ҳама кас ба як хўю як хост нест,

          Даҳ ангушти мардум ба ҳам рост нест!

Бале, ҳар яке хўи худ, нозу нузи худро дорад.

Зани зебоандом – Адолат Халилова бо табассуми беандоза ширин ва самимона гуфт:

– Ў гений. Ҳама кор аз дасташ меояд. Зеро ў дўст медорад. Дўст дошта тавонистанд – ҳар корро карда тавонистан аст.

Бисёр хуб гуфт.

Ҳамаи 25  нафар сарварашонро дўст медоранд, қадр мекунанд ва иззату икромашро ба ҷо меоранд.

– Меҳр – аз ду тараф, – мегўяд акаи Аъзамқул.

Бале, оё аз як даст садо мебарояд?!

Вай дар бораи худ кам,  бемайлу ҳавас гап мезанад. Вай ғами дигаронро мехўрад. Вай ба ин заҳмату ташвишҳо ҳамаи қувваи умри ҷавонашро бахшид. Вай моҳияти меҳнатро хеле чуқур ва ҳаматарафа ҳис кардааст. Ин ҳисси ў дар чизҳои майда– чуйдаи ҳамарўзаи рўзгораш ифода меёбад. Бо чӣ ғамхории диққатангезе, бо чӣ сабру тоқати хайратангезе зердастонашро тарбия мекунад.

Яке аз шогирдони ў – Шамсия Юсуфова бо ифтихор чунин нақл намуд:

– Боре як мизоҷи шилқин ҷонамро ба лаб оварду як– ду гапи обдор задам. Устод насиҳат карда гуфт:

– Сухан шамшер нест, ки онро  дар майдони ҷанг ва корзор ба шасту ғазаб аз ғилоф баркашӣ. Он ёри андешаест, ки тамкини заминро аз ту чашмдор аст.

Ҷавони навчаи хушсимо – Тоҳир Боқиев, ки як сол пеш ба ин мағоза омадааст, чунин гуфт:

– Рўзҳои нахустини кор буд. Ҷавонӣ карда як  миҷозро фиреб кардам. Устод чӣ хел фаҳмиданд, то ҳол ҳайронам. Ҷеғ зада гуфтанд: «Акнун роҳи кисаро фаромўш кун, роҳи дилро дарёб!»

Акаи Аъзамқул дар муошират ба эҳсосоти нолозиму дурушт роҳ намедиҳад. Орому ботамкин буда саросема намешавад. Ҳаракат мекунад, ки норозигӣ, ранҷиш, асабонӣ шудани худро, ки дар кору зиндагӣ ба амал меояд, маълум накунад.

– Бе ҳурмат – боварӣ нест, бе боварӣ серталабӣ ҳам шуда наметавонад, –   мегўяд ў. – Агар ман нисбати ҳамкорон (ў калимаи «зердастон»– ро бад мебинад) ба дуруштию дағалӣ роҳ диҳам, онҳо бо миҷози ҳамчунин мекунанд, ки ин  оқибати хуб надорад.

Андаке хаёл карда, бо овози паст ва мулоим илова намуд:

– Чӣ андоза ҷумҳуриамон обод мешуд, агар ҳар як кас кори аз  дасташ меомадагиро мекард.

Диққати маро шахсе ба худ кашид, ки тўй доштаасту лавозимоти лозимиро фармоиш медод.

– Чӣ, оё  шумо фармоиш ҳам қабул мекунед? – ҳайрон шудам ман.

– Бале! Касе ки чизе ки хоҳад!

Ҳамон рўз ба мағоза  миҷози хориҷӣ омад.

– Курпача доред? – пурсид ў аз Мавлуда.

– Не, надорем, – бо табассум посух дод Мавлуда.

– Мешавад? – боз пурсид миҷоз.

– Не, намешавад. Зеро ягон фабрика кор намекунад, – гунаҳкорона ҷавоб дод Мавлуда.

– Оббо… – гуфта монд меҳмон.

Мавлуда дар хиҷолат монд. Суп– сурх шуда рафт. Арақ кард. Аз он ки ҳоҷати меҳмонро набаровард табъаш хира буд. Ин ҳолати ўро дида, акаи Аъзамқул ҳазломез пурсид:

– Кору бор читу?

– Кор–ку бад не, вале бор – бад, – посух дод ў ва воқеаро нақл кард.

Акаи Аъзамқул ҳам ғамгин шуду ҳам хурсанд. Ғамгин аз он ки миҷоз – боз хориҷӣ! – норизо рафтааст. Хурсанд аз  он ки Мавлуда аз ин озурда шудааст. Яъне заҳматҳояш барабас нарафтаанд. Ҳарчанд фалак гардиши худро тағйир додаву зиндагӣ ғайриинтизор дигаргун шудааст Мавлуда инсофу андозаро аз даст надодааст. Охир, кам нестанд ашхосе, ки нобасомониҳои солҳои охирро баҳона пеш оварда, даст ба оби хунук намезананд, дар ягон ҷой кор намекунанду ба ҳеҷ чиз дилашон намесўзад. Як қабилашон роҳи осони зиндагиро ёфтанду бо фиребу найранг, қаллобиву ҷаллобӣ рўз мегузаронанд. Ҳамкорони ў бошад кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки талаботи харидоронро қонеъ гардонанд. Вале на ҳамеша ин ба онҳо даст медиҳад. Ҳодисаи имрўза ба ин гувоҳ. Вай рўзи дароз побанди ин андеша буд. Шабро ҳам хеле нороҳат гузаронд. Гоҳ ба ин паҳлу чарх мезад, гоҳ ба он паҳлў. Субҳ ба ёдаш омад, ки дар маҳаллаашон кўрпадўзе ҳаст. Вай пеш дар ким– кадом фабрика кор мекард. Ҳоло бошад бекор. Ба наздаш рафт.

– Э, кани читу сатину пахта, – оҳи сард кашида ғамгинона гуфт ў. – Баъд харидор–ку?

– Читу сатину пахта ва харидорро ман меёбам. Шумо дўхта диҳед, шуд.

– Кошкӣ. – хурсанд шуд ў. – Бо  дилу ҷон.

Ва ў чанд курпача дўхта дод. Онҳо тез ба фурўш рафтанд.

– Ана ҳамин хел кофта – кофта занҳои хонашину ҳунармандро ёфтем, – гуфт акаи Аъзамқул. – Мо аз мизоҷон фармоиш гирифта ба онҳо мерасонем. Онҳо сари вақт ва бо сифати баланд иҷро мекунанд. Ҳам ба онҳо фоида, ҳам ба мизоҷон ва ҳам ба  мо. Бо як тир се нишон!

Ба утоқи кори акаи Аъзамқул ворид гаштем. Он хурд ва ба ҷуз аппарати телефон ва як мизу чанд курсӣ дигар чизе надошт. Рў ба рў нишаста муддате сокит мондем. Чанд бор ў ба сўям саволомезу хаёломез назар афанд.

– Бисёриҳо гумон мекунанд, ки иқтисоди бозорӣ бо хоҳиши ҳукумати ҷумҳурӣ бошад. Айбе нест, агар ин ташаббуси онҳо бошад. Вале ин талаби замон аст. Чун дар табиат зимистонро  баҳор иваз мекунаду баҳорро тобистон, таърихи ҷамъият ҳам аз ҷараёни тағйирёбии доимӣ дар канор нест. Моро илоҷи дигар, роҳи дигар нест. Роҳи ягона – иқтисодӣ бозорӣ! Ва ин ибтидои ҷамъияти нав аст. Ин як дарёфти миллист. Ва   мо бояд ин мавриди мусоидро осон аз даст надиҳем, ки ношукрӣ ва носипосӣ мешавад. Зеро иқтисодӣ бозорӣ иқтисодӣ фаровонӣ, иқтисодӣ тартибу интизом, иқтисодӣ маҳорат ва ўҳдабароӣ, иқтисодӣ ҳақ ва рост мебошад. Мо бояд ба тариқи нав, бо қувваю ғайрати нав кор кунем. Хуллас, замоне шудааст, ки ҷустуҷў, ҷустуҷў ва боз ҷустуҷў лозим аст. Ҷустуҷўи роҳҳои нави хоҷагидорӣ. Ва яке аз ин роҳҳо бешубҳа хусусигардонии моликияти давлатӣ мебошад. Шаклҳои гуногуни моликият калиди ҳалли масоили мураккаби иқтисодиёти рўзгор аст. Вале моликиятхарӣ кори осон ва шўхӣ нест, он масъулияти бузурге дорад.

Ва ногаҳон аз чӣ бошад, ки дар як дам чеҳрааш коҳид, рангаш парид. Зоҳиран аз чизе ба ғазаб омад. Муддате сокиту хомўш ба нуқтае чашм дўхта монд. Сипас канда– канда, гўё чизе роҳи гулўяшро банд карда бошад, чанд бор сулфид. Ва оҳиста лаб ба сухан во намуд:

– Сад афсўс, ки баъзеҳо моҳияти хусусигардониро нафаҳмидаанд. Гумон мебаранд, ки хусусигардонӣ аз харидани амвол иборат асту бас. Не, ин хатост. Андешаи сарсарист. Рўҳи онҳоро ҳавою ҳавас болу пар бахшидааст. Ва мо манзараи ногувореро мебинем: бисёр иншоотҳо  нообод, хароб ё ба дарашон қулф овезон. Тасаввур мекунед?

Ва ман ин манзараро тасаввур мекунаму дар дил ба эҳсосоти  ў шарик мешавам.

– Кӣ гунаҳкор аст? – боз ба ман рў меоварад ў. Ва худаш ҷавоб медиҳад:

– Пеш аз ҳама номукаммалии қонун. Дар натиҷа моликият ба дасти одамони тасодуфӣ, белаёқат, ноўҳдабаро меафтад. Боре дидам, ки яке олоту асбобро бераҳмона истисмор менамуд. Дилам сўхту гуфтам, ки о ин хел куни чор рўз пас корхонаат фурў меравад. «Корат чӣ?! – дўғ зад ў. – Мол моли худам, чӣ коре ки хоҳам мекунам!» Ба ин хел зотҳо чӣ ҷавоб медиҳед? Онҳо лаёқате қудрате надоранд, ки ба фардою пасфардо лоақал бо гўшаи чашм як назар андозанд. Барои онҳо хушии якрўзаи зиндагии  худ авлотар аз ояндаи мулку мамлакат аст. Вале он рўз ман паст наомадам. Яке ман мегуфтам, яке ў. Ҳеҷ тан намедод. Ва паст ҳам намеомад. То он даме ки ин мисраҳо бигуфтам:

     Аблаҳе, к–ў рўзи рўшан шамъи кофурӣ ниҳад,

     Зуд бин, к–аш то ба шаб рўған набошад дар чароғ.

Ў ба ман як чашм партофт, рўяшро бо дасташ молида, ифодаи қаҳру ғазабро аз он рўфта партофт. Аз сари нав дар чеҳраи ў як чизе кўдаконае падид омад.

– Чӣ гуфтед? – пурсид ў.

– Хусусигардонӣ – ин чист?

– Хусусигардонӣ? Ин инқилоб! – бо оҳанги боварии қатъи гуфт ў. – Ҳа, ҳа, инқилоб дар иқтисодиёти ҷумҳуриамон. Охир, мо аз як намуди моликият ба дигар намуди моликият мегузарем. Оё ин инқилоб нест?

– Бале! Ва яъне ки шумо нахустин шуда ба ин инқилоб бархостед?

– Бале, аввалин шуда, –   посух дод ў  ва лаҳзае ба андеша рафт. Сипас оҳиста лаб ба сухан во намуд:

– Ба паррандагон ҳасад мебарам. Ҳама чиз дар ҳокимияти онҳост. Ба куҷо хоҳанд парвоз мекунанд, дардеву ғаме надоранд дар дил. Мо чӣ? Ҳама чизро ба тақдир ҳавола мекунем. Ким– чиро интизор шуда меистем. Ҳамин тавр нест?! Ба ақидаи ман, зиндагӣ ин майдони талошҳост. Мубориза бурдан даркор аст! Ҳамту не?!

Вай ин гуфт ва соли 1991 дари хотираашро куфтанд, ки қонуни хусусигардонӣ қабул шуд. «Бояд харид! – Қарор дод ў. – Амвол соҳиби худро ёбад, ҳама гунна нақшаи нек рўи об баромада метавонад». Ва ба тагопў афтод. Осон набудааст ин кор. Вале қафо нагашт. Байти «Гар зи по афтам, нахоҳам монд аз роҳи талаб, дар суроғаш то маро даст аст, доман мекашам» шиораш буд. Ва оқибат 21  сентябри соли 1991 мағоза ба моликияти коллективӣ табдил дода шуд. Нархи боқимондаи мағоза 50, 4 ҳазор сўм буд, вале онро ба онҳо бо нархи баҳоии як миллиону сесаду бистуҳашт ҳазор сўм фурўхтанд.

– Албатта ин кори мо, – гуфт ў, – кори басо масъулиятнок буд, вале мо ба таҷрибаи худ, дурустии роҳи интихобкарда боварӣ доштем.

– Валло, ки ин ҷасорат аст.

Ў бо камоли эътиқод сар ҷунбонда бо оҳанги буро гуфт:

– Дар мавриди худ кор фармудани ҷасорат ҳам хислати бебаҳост.

– Ҳо, набошад, чӣ! – бо майли том ба гапаш розӣ шудам ман ва боз савол додам:

– Гуфтед, ки нархи мағоза 1328 ҳазор сўмро ташкил кард. Ин пули кам нест. Онро кӣ дод?

– Тамоми коллектив аз ҳисоби пасандозҳои худ. Вале он камӣ кард. Аз ин рў маҷбур шудем, ки аз бонк қарз бигирем.

– Қарзи бефоиз?

– Хестӣ, ки хобатон, –  хандид ў. – Бо даҳ фоиз. Мо онро ба мўҳлати ду сол гирифта будем, вале дар як сол бо бонк ҳисобӣ кардем.

– Дар ҳашт соли ислоҳоти иқтисодӣ ҳамагӣ 30 фоизи моликияти давлатӣ хусусӣ гардонида шудааст. Сабаб чӣ бошад?

– Сабабҳо бисёранд. Вале сабабҳои аз ҳама асосӣ сахтҷонии психологияи кўҳна, андешаи дубора баргаштан ба низоми иқтисодиёти пештара. Вале ин ҳама хобу хаёлест. Тавассути фармонфармоӣ иқтисодиёт инкишоф намеёбад. Аз факти таърих ҷои гурез нест. Мо бояд эътироф кунем, ки ба ин ҳолати ногувор зиёда аз 70 сол муросо кардем, бехабар аз он ки оқибатҳои он ба куҷоҳо хоҳанд овард. Бемуболиға бисёр роҳбарон ҳам муқобили ислоҳоти иқтисодӣ мебошанд. Намехоҳанд, ки корхонаҳо ба коргарон тааллуқ дошта бошанд. Оиди манфиати, меҳнаткашон дилсўзона гап мезананд, хусусигардониро кашол медиҳанд. Чунки корхонаҳои давлатӣ ба онҳо чун обу ҳаво зарур аст, зеро барои бо роҳҳои ғайриқонуни ҷамъ овардани сармоя имконияти васеъ медиҳад. Ба ҳамин ваҷҳ зарур аст, ки ҷараёни хусусигардониро тезонида, тамоми молу мулкро ба ҳама тақсим карда диҳем!

– Шояд ба ин таҷрибаи дигар кишварҳо мусоидат кунад?

– Шояд. «Ақл равнақ гирад аз ақли дигар» – гуфтаанд. Вале мо набояд нусхабардорӣ кунем. Дуруст аст, ки бисёр мамлакатҳо таҷрибаи бой доранд. Вале табиати мардум ва хусусиятҳои миллии иқтисодии Тоҷикистон тамоман дигар аст. Бинобар ин «обе ки уштурро то зонуст, сангпуштро аз сар мегузарад». Мо набояд ба ягон мамлакат тақлид кунем. Вагарна ба ҳар сў тоб хўрда, сар ба сад дар зада ба ҷое нарасиданамон мумкин аст.

– Ҳоло дар байни мардум ду ибора: «замони рукуд» ва «замони бозсозӣ» мавҷуд ҳаст. Шумо ҳарду замонро дидед. Кадомаш хуб аст?

– Бешубҳа замони бозсозӣ. Замони рукуд даҳонбаста, дастбаста, побаста будем. Ба қавли шоир:

       Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ,

       Боз мегўӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош.

Ҳоло озод ҳастем. Ва натиҷаи кори мо гувоҳи ин аст. Соли гузашта гардиши мол зиёда аз 200  миллион рублро ташкил дод. Ба буҷаи давлат зиёда аз 40 миллион рубл маблағ ворид гашт. Вале ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки мо талаботи харидоронро бо  молҳои хушсифат қонеъ мегардонем. Аз тарафи дигар имконият пайдо кардем, ки ба ташкилотҳо ва оилаҳои камбизоат кўмак расонем.

Тавре, ки шайх Аттор мефармояд:

              Хотири айтомро дарёб низ,

              То туро пайваста ҳақ дорад азиз.

– Саховат беҳтар аст ё шуҷоат?

Фавран бо ҳарфи Саъдӣ посух дод:

           Навишта аст бар гўри Баҳроми гўр,

           Ки дасти карам беҳ зи бозуи зўр.

– Дар зиндагӣ чӣ мехоҳед?

– Мехоҳам, ки меҳру муҳаббат, иззату ҳурмат, қадршиносӣ ва ихлос ба ҳамдигар пойдор бошад. Чунончӣ, Мавлавии Балх фармудаанд:

             Биё, то қадри якдигар бидонем,

             Ки то ногаҳ зи ҳамдигар намонем.

             Ғаразҳо тира доранд дўстиро,

             Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?

– Ба коркунони соҳаи савдо чӣ гуфтаниед?

– Мо ба қадри ҳаёт намерасем, кўшиш мекунем, ки ҳама корро бо тезӣ ба сомон расонем. Барои ғун доштани мол талош мекунем, бехабар аз он ки зиндагӣ ба одам як бор меояд. Одам набояд ба моли дунё дил бандад. Доро шудан осон. Аммо ақл муфлис мешавад, меҳри некбинаш заиф ва нотавон. Ҳаргиз гуруснаи пулу мол нашавед. Гуруснаи пулу мол ҳеҷ гоҳ сер нест ва намешавад. Ба гуфтаи Саъдии бузург:

             Чашми танги марди дунёдорро

             Ё қаноат пур кунад ё хоки гўр.

Мехоҳам, ки одамон адои шукр кунанд. Шукр беҳтарин зиннати қалб буда, ҳамеша чун оина дилро сайқал медиҳад.

Ба толори мағоза мебароем. Он тозаву озода ва равшан. Рафҳо чашму асабҳои тарангро нарм карда, ба дилҳо оромӣ мебахшанд, дил мерабояд. Харидорон зиёданд. Бо яке шинос мешавем.

– Ман Шарофат Ҳасанова, – мегўяд ҷавонзане. – Дар  бинои рў ба рў зиндагӣ мекунам. Доим ба ҳамин мағоза меоям. Чизе ки ба ман лозим аст аз ҳамин ҷо дастрас мекунам.

– Шумо ҳам дар наздики зиндагӣ мекунед? – ба дигаре рў меорем.

– Не, – мегўяд ў. – Ман дар наздики кор мекунам. Ва мизоҷи доимӣ мебошад. Зеро дар ин ҷо ҳама чиз ҳаст. Боз муҳимаш он  ки босифат

Акаи Аъзамқул дар куртааш намеғунҷад, ки мағозаашон писанди мизоҷон аст.

– Дидед, чӣ тағиротҳо рўй додаст! Ана ҳамин аст манбаи илҳом, шодиву хурсандии ман, ана ҳамин аст бахти ман!

Ман танҳо як иншоотро мисол овардам, зеро, ба фикрам, чуноне, ки дар як қатра як ҷаҳон акс меёбад, дар тақдири ин иншоот ҳам дидан мумкин аст, ки навсозӣ, чӣ табадулоте ба миён овардааст.

Вале он бо осони ба даст наомада!

Мушкил?

Бале!

Вале вақт чораю тадбир талаб мекунад.

Сусти мекунӣ? Мунтазир мешавӣ? Худдорӣ  мекунӣ?

Роҳро холӣ кун?

Ба озимони оянда!

Онҳо созанда, фотеҳу пояндаанд!

17 маи соли 1998

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …