Главная / Без рубрики / Озах чист ва чи хел табобат кард?

Озах чист ва чи хел табобат кард?

ОЗАХ (Verruca), бемории вирусии пӯст. Ба он бештар кӯдакон ва наврасон гирифтор мешаванд. Ангезандаи О. бевосита ҳангоми алоқа бо бемор ва ба воситаи ашёи рӯзгор мегузарад. Ҷароҳати ночизи пӯст, серарақӣ ва ғ. ба пайдоиши О. мусоидат мекунанд.

Озах
О. муқаррарӣ, ҳамвор ва пошнагӣ мешавад. О.-ҳои муқаррарӣ гиреҳчаҳои сахт (аксаран чандто) буда, хокистарранг ё ҳамранги пӯст мебошанд; қутрашон 3 – 10 мм, сатҳашон шахшӯл, дар рӯи пӯст пайдо мешаванд. Онҳо, одатан, дар пушти панҷаи даст ва ангуштон мебароянд.
О.-ҳои ҳамвор (наврасӣ) аз гиреҳчаҳои мусаттаҳ иборат мебошанд; қутрашон 0,5 – 3 мм, шаклашон гирд, ҳамранги пӯст ё зарди маллатобанд. Бештар дар рӯй ва пушти панҷаи даст, баъзан дар соид падид меоянд; ба одами солим мегузаранд. Гоҳо баъди чанд моҳ худ аз худ нест мешаванд.
О.-ҳои пошнагӣ дар он ҷойҳои пой, ки пойафзор бештар тазйиқ медиҳад, ба вуҷуд омада, зоҳиран обиларо мемонанд. Баъзан калон шуда, шаклан ба тоҷи хурӯс ё сараки гулкарам монанд мешаванд. Онҳо аз обила бо пистонакҳои сурхчаранге, ки дар марказ воқеъ гаштаанд, фарқ мекунанд. О.-ҳои пошнагӣ дарднок буда, роҳгардиро душвор мегардонанд.
О.-и пиронсолӣ баъзан дар одамони куҳансол пайдо мешавад. Шаклаш лӯнда, тухммонанд ва гуногун аст. Андозаи он баробари наск буда, бештар дар сари сина, тахтапушт ва рӯй мебарояд. Рангаш зарди хокистаргун ё қаҳвагист.
Баъзан дар пӯст киратомаҳо пайдо мешаванд, ки зоҳиран ба О.-и пиронсолӣ монанд мебошанд. Аз таъсири ангезаҳои гуногун (физикӣ, механикӣ ва химиявӣ) онҳо метавонанд ба омоси саратонӣ табдил ёбанд. Бинобар ин ҳангоми дар пӯст пайдо шудани чизҳои озахмонанд ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Табобатро духтур таъин мекунад. Табобати худсарона, хусусан татбиқи воситаҳои сӯзонанда (кислотаҳо ва ишқорҳо) метавонад боиси илтиҳоби бофтаҳои атрофи О., пайдоиши фасод ва ҷароҳат гардад. Барои пешгирии пайдоиши О. қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда (доимо шустани даст, истифодаи сачоқи шахсӣ ва ғ.), баробари осеб ёфтани пӯст ҷои захмро бо маҳлулҳои гандзудо шустан лозим аст. Пешгирии серарақӣ низ ба пайдоиши О. монеъ мешавад.
О.-ҳои тоқаро бо роҳи диатермокоагулятсия, криодеструксия (ҷарроҳӣ бо хунукӣ), истифодаи ферезол, резорсин ва ғ. табобат менамоянд.
Ҳ. Ҷ. Усмонова

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …