Главная / Гуногун / Хондани оёти фавқ ба ҳангоми сафар дар субҳу шом

Хондани оёти фавқ ба ҳангоми сафар дар субҳу шом

Аз Абӯнуайм ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) моро ба сарияе[1] фиристод ва ба мо гуфт:

Ҳар субҳу шом оёти зеринро бихонед. Он оёт ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

А фа ҳасибтум аннамо халақнокум абаса-в-ва аннакум илайно ло турҷаъун. Фа таъолаллоҳу-л-Малику-л-Ҳаққу, ло илоҳа илло Ҳува Раббу-л-Арши-л-Карим. Ва ма-й-ядъу мааллоҳи илоҳан охара ло бурҳоналаҳу биҳи фа иннамо ҳисобуҳу инда Раббиҳи, иннаҳу ло юфлиҳу-л-кофирун. Ва қур-Рабби-ғфир ва-рҳам ва Анта Хайру-р-роҳимин.[2]

duo-sayohat

Тарҷума: Оё пиндоштед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва он ки шумо ба сӯи Мо бозгардонида намешавед?» Пас, Бартар аст Худо – Подшоҳи Барҳақ, ғайри Ӯ ҳеҷ худое нест, Парвардгори Арши гиромиқадр аст! Ҳар кӣ бо Худо Худои дигарро бихонад, ки вайро бар он ҳеҷ ҳуҷҷате нест, пас, ҷуз ин нест, ки ҳисоби ӯ назди Парвардгораш аст, ба дурустӣ ки кофирон растагор намешаванд. Ва бигӯ: «Эй Парвардгори ман, биомурзу бибахшой; ва Ту Беҳтарини бахшояндагонӣ!»

Чунончи ин оётро тибқи дастури Расулуллоҳ (с) ба таври мураттаб мехондем, ки дар натиҷа бо моли ғанимати фаровоне баргаштем.

 [1] Сария – дастае аз лашкар, гурӯҳе аз сипоҳиён. Дар таърихи ислом «Сария» ғазавотеро гуфтаанд, ки Ҳазрати Расулуллоҳ (с) шахсан дар он ширкат надошта ва яке аз асҳобро ба саркардагии сипоҳ таъин намудаанд.

[2] Сураи Муъминун, оятҳои 115-118.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …