Главная / Биология / Дуои наҷот аз оташи дузах

Дуои наҷот аз оташи дузах

Ҳар кас баъд аз намозҳои бомдод ва шом дар ҷойи намозхондааш нишаста, бо касе сухан накарда, ин дуоро даҳ бор бихонад, дар он шабонарӯз аз васвоси шайтон маҳфузу эмин хоҳад монд. Ва хонандаи ин дуоро ба ивази ҳар калимае даҳ аъмоли нек дар номаи аъмол навишта мешавад ва даҳ бадӣ аз зиммаи ӯ маҳв шуда, даҳ дараҷа аз дарҷоти ӯро баланд карда мешавад.[1]

shaiton

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Лo илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лaҳy Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду юҳйӣ ва ямуту ва Ҳува Ҳайюн лоямуту би ядиҳи-л-хайру ва Ҳува ало кулли шайъин қадир.

Тарҷума: Нест маъбуде ба ҷуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Ӯст ва ҷамеъи ҳамду сано барои Ӯст. Ҳам ӯ зиндакунанда асту маргдиҳанда. Хайру хубӣ дар қабзаи Ӯст ва Ӯ ба ҳар чиз Қодир аст.

Ва ҳамчунин дар ҳадиси дигаре Ҳазрати Абӯайюб (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар кас субҳ даҳ бор ин калимот (Лo илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лaҳy Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду юҳйӣ ва ямуту ва Ҳува Ҳайюн лоямуту би ядиҳи-л-хайру ва Ҳува ало кулли шайъин қадир)-ро бихонад, пас ба сабаби ин калимот даҳ некӣ навишта мешавад ва даҳ гуноҳ омурзида мешавад ва даҳ дараҷа баланд карда мешавад ва ба андозаи озод кардани чаҳор ғулом савоб мерасад ва ин калимот то ҳангоми шом василаи муҳофизати ӯ аз шайтон мешавад. Ва ҳар кас ин калимотро баъд аз намози шом бихонад, то ҳангоми субҳ ҳамаи ин аҷру подош ба ӯ мерасад».[2]

[1] Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст.

[2] Ибни Ҳиббон.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …