Главная / Ҷамъият / Осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо

Осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 688; ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим карда, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванлонро ҷиҳати баҳрабардорӣ аз ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва ҳифз менамояд.

осорхона

Боби 1.  Муқарароти умумӣ 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

осорхона – муассисаи ғайритиҷоратии фарҳангӣ, ки бо мақсади дарёфт, бақайдгирӣ, нурӯҳбандӣ, барқароркунӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва намоиши оммавии ашё ва коллексияҳои таърихию фарҳангӣ таъсис дода мешвад;

сарвати таърихию фарҳангӣ –ашёи осорхонавие, ки дорои аҳамияти умумибашарӣ,таърихӣ, илмию бадеӣ ва фарҳангӣ буда, дар осорхонаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва коллексияҳои шахсӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешавад;

ашёи осорхонавӣ- ашёи арзишманди қадими ё муосир, ки таърих,сифат ё нишонаҳои махсусаш барои ҷомеа ҳифз, омӯзиш ва намоиши оммавии онро зарур месозад;

коллексияи осорхонавӣ- маҷмӯи ашёҳои осорхонавӣ, ки аз рӯи хусусиятҳои умумии пайдоиш, намуд ва дигар нишонаҳо дар фонди осорхона гурӯҳбандӣ шудаанд;

фонди осорхона– маҷмӯи ашёи осорхонавӣ, ва коллексияи осорхонавӣ, ки ба таври доимӣ дар осорхона қарор доранд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода истифода қарор мегиранд;

Феҳристи давлатии Фонди осорҳонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати баҳисобгирие, ки маълумоти заруриро дар бораи ҳар як ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад;

комиссияи харидорӣ – мақоми машваратӣ экспертии осорхона, ки масъалаи интихоб ё харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дорои аҳамияти таърихию фарҳангиро баррасӣ менамояд;

харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонивӣ – яке аз воситаҳои асосии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

экспертизаи иллми ашёи осорхонавӣ – намуд фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ оид ба мавриди таҳқиқот, таҳлил ва арзёбии илм қорор додани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, ки арзиши таърихию фарҳангӣ ва зарурати харидории онҳоро бо хулоса тасдиқ менамояд;

нигоҳдорӣ – яке аз намудҳои асосии фаъолияти осорхона, ки шароити модди ва ҳуқуқии ҳифзи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро таъмин мекунад;

табъу нашри ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ – яке аз шаклҳо асосии фаъолияти осорҳона, ки ҳадафашон бо роҳи таҳия кардан ва ба табъ расонидани маҳсулоти чопӣ, ташкили намоишҳои оммавӣ, интишор дар нашрияҳо ва дигар воситаҳо ба аҳли ҷомеа дастрас намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ мебошад. 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо ба Қонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикстон онҳоро эътироф кардааст иборат мебошад.  

Моддаи 3. Назорати давлатии осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг мебошад.
  2. Мақоми ваколотдори давлатии соҳаи фарҳанг аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Боби 2. Осорхонаҳо дар Ҷумурии Тоҷикистон  

Моддаи 4. Таъсис ва фаъолияти осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби мақаррнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
  2. Барои таъсиси осорхона инҳо заруранд:

– ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавие, ки шумора ва арзиши таърихию фарҳангиашон бо хулосаи экспертизаи илмӣ тасдиқ карда шудааст;

– бинои ҳифзшаванда ва таҷҳизоти барои нигоҳдорӣ ва намоишии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ мувофиқ;

– сарчашмаҳои маблағгузорӣ.

  1. Фаъолияти осорхонаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи онҳо ва қарорҳои муассис (муассисон) сурат гирифта, онҳо метавонанд фаъолияти даромадноки барои мақсадҳои оинномавиашон заруриро амалӣ намоянд. Осорхонаҳо ҳуқуқ доранд бевосита дар бинои осорхона фурӯши расмҳо, суратҳо, китобҳо, тӯҳфаҳо ва дигар ашё бо истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дар онҳо таҷассумёфтаро ба роҳ монанд.(ҚҶТ аз 19.03.2013)
  2. Дар бинои осорхона фаъолияти дигар ташкилотҳо, ба истиснои фаъолияти муваққатии бо осорхона мувофиқшудаи муассисаҳои экспертӣ таҳқиқотӣ ва барқарорсозӣ оид ба экспертиза, таҳқиқ ва барқарорсозии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, манъ аст.

Моддаи 41. Осорхона-мамнӯъгоҳ
1. Осорхона-мамнӯъгоҳ намуди махсуси осорхона мебошад, ки дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ мансуббуда ва манзараҳои табиии ба онҳо алоқаманд таъсис дода мешавад. Дар мавриди зарурӣ дар ҳудуди чунин мамнӯъгоҳ истеҳсолоти анъанавӣ ва дигар намуди фаъолият тибқи оинномаи он амалӣ карда мешавад.
2. Осорхона-мамнӯъгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дастрасии шаҳрвандонро ба онҳо таъмин менамояд, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва тарғиби объектҳои зикршударо ба роҳ мемонад, инчунин барои ҳифзи табиат ва туризм шароит фароҳам меорад. (ҚҶТ аз 19.03.2013 № 957)  

Моддаи 5. Мақсади таъсиси осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зерин таъсис дода мешаванд:

– нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

–  пурагардонии фонди осорхонаҳо бо роҳи харид ва ташкили экспедитсияҳо ва ҳарфиёт;

– омӯзиш ва таҳқиқиашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

– нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

– омӯзиш ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангӣ берун аз осорхона;

– мунтазам ташкил кардани намоишҳои оммавии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

– тарғиби ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ташкили намоиши ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ташкили мунтазами намоиши ашёи касбу ҳунарҳои қадима, малака ва таҷрибаи истеҳсоли ашёи арзиши таърихию фарҳангидоштаи муосир. 

Моддаи 6.Барҳамдиҳии осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
  2. Ҳангоми барҳамдиҳии осорхонаҳои давлатӣ ашёи осорхонавӣва коллексияи осорхонавии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар осорхонаҳои давлатӣ вобаста карда мешавад ва дар ин хусус мақоми ваколатдри давлатии соҳаи фарҳанг қарор қабул менамояд.

Боби 3. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Моддаи 7. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Фонди осорхонаҳоиҶумҳурии Тоҷикистон аз ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ иборат буда, қисми таркибии мероси таърихию фарҳангии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
  2. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Моддаи 8. Шаклҳои моликият ба ашёи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексяи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатӣ ва хусусӣ буда наметавонад.
  2. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумхурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида намашвад. 

Моддаи 9. Тартиби харидории ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ

  1. Ҳаридории ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ тавассути комисияи харидорӣ амалӣ мегардад.
  2. Вазифаи комисияи харилорӣ бо роҳи харидан, таъмини ҳифз нигоҳдорӣ, барқароркунӣ ва ба шаҳрвандон дастрас кардани сарватҳо таърихию фарҳангӣ мебошад.
  3. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар асоси хулосаи экспертизаи илмӣ ва санади комисияи харидорӣ бо имзои ҳамаи аъзои он барои Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мешавнд. Ҳулоса экспертизаи илмӣ бо мӯҳри осорхона ва имзои эксперт тасдиқ карда мешавад.
  4. Воситаҳои молиявие, ки барои харидории ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ пешбинӣ шудаанд, ба дигар мақсадҳо истифода бурда намешаванд. 

Моддаи 10. Дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ дар асоси хулоса экспертизаи илмӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тооҷикистон дохил карда мшаванд.
  2. Тартиби ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ бо Низомномаи Фонди осорхонаҳои умҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, муайян карда мешавад.
  3. Ба молики ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии  Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати соҳаи фарҳанг шаҳодат номаи дахлдор дода мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957) 

Моддаи 11. Ҳориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ дар асоси хулоса экспертизаи илмӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг аз Фони осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешавад.
  2. Тартиби аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавиро Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  3. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи дар Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ба қайд гирифтани маълумот дар бораи хориҷ намудани онҳо хориҷ кардан мешаванд. 

Моддаи 12. Фехристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷкистонро мақоми ваколатдори давлатии соҳои фарҳанг тартиб медиҳад.
  2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумхурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. 

Моддаи 13. Воридот ва содтроти ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон аз ҷониби молик ё шахси ваколатдори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шаҳодатномаи дахлдори мақоми ваколаидори давлатии соҳаи фарҳанг аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд.
  2. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қоннунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешавад.
  3. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷмҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

Боби 4. Қисми давлатии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Моддаи 14. Қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикисион

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавие, ки осорхонаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ,  маблағи муассисон ва динар воситаҳо харидорӣ мекунанд, ба қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
  2. Қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнопазир аст. 

Моддаи 15. Дасигирии давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳури Тоҷикистон

  1. Дасигирии молиявӣ, шароити нигоҳдори ва истифодаи ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг бо мақсади ҳифзи ашёи осорхонавии нодири таърихию фарҳангӣ, беҳдошти фаъолияти осорхонаҳои бузург, ки ашёи осорхонавии муҳимро ҳифзу нигоҳдорӣ мекунанд ва ҷиҳати харидории ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавие, ки аҳамияти сарвати таърихию фарҳангӣ доранд қарорҳои дахлдор қабул карда метавонад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957)

Моддаи 16. Бегона кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда намешавад.
  2. Дар ҳолатҳои нобуд ё гум шудани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар хориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд. 

Моддаи 17. Идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонаваии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идоракунии оперативӣ ба осорхонаҳои давлатӣ ва дигар муасисаҳои давлатӣ вобаста карда мешаванд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба осорхонаҳои давлатӣ ё дигар муасисаҳои давлатӣ додани ҳуқуқи идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор қабул мекунад.
  3. Осорхонаҳои давлатӣ ё дигар муасисаҳои давлатие, ки ба онҳо ҳуқуқи идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд.

– ҳифз ва таъмини бехатарии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

– таҳия ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

– истифодаи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ бо мақасадҳои илмӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва эҷодию истеҳсолӣ.

Моддаи 18. Назорати давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:

– санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллнесияи осорхонавӣ;

– ирсоли дархост ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, ки барои амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. 

Боби 5. Қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Моддаи 19. Қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қисми давлатии он мансуб нестанд, қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. 

Моддаи 20. Дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи молики онҳо ба тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад. 

Моддаи 21. Ҳориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ аз қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳолатҳои нобуд ё гум шудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавии осорхонаи  ғайридвалатӣ мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро аз қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мекунад. 

Моддаи 22. Нигоҳдорӣ ва бақайдгирии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тибқи Низомномаи Фонди осорхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, нигоҳдорӣ карда шаванд. 

Моддаи 23. Назорати давлатии ҳолати нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати давлатии ҳолатҳои нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатиро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин амалӣ менамояд:

– санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

– аз молики ашёи осорхонавӣ ва коллнексияи осорхонавӣ талаб намудани тнғйири макон ё беҳбуди шароити ҳифзу нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

– ирсоли дархостҳо ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллнексияи осорхонавии осорхонаҳои ғайридавлатӣ, ки барои амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷӯмҳурии Тоҷикистон зарур аст. 

Моддаи 24. Дастгирии давлатии осорхонаҳои ғайридавлатӣ ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ метавонад дастгирии давлатии осорхонаҳои ғайридавлатӣ ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ намояд;

– ҷалб намудани муассисаҳои давлатӣ ба барқарорсозии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

– дар ҳолаиҳо зарурӣ дар хазинаҳои давлатӣнигоҳдорӣ намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

– қисман ҷуброн намудани хароҷоти таъмини бехатарии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ. 

Моддаи 25. Аҳдҳо оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳангоми иҷрои аҳдҳо оид ба ихтнёрдорӣ кардани (туҳфа кардан, хариду фурӯш) ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои умҳурии Тоҷикистон тӯҳфагир ё харидор ӯҳдадор аст, киӯҳдадоридар шартнома ё қонун нисбат ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ пешбинишударо ба зимма бигирад. Дар ин маврид давлат ҳуқуқи афзалиятноки харидори дорад. Тибқи ҳуқуқи афзалиятнок харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро аз номи давлат мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд.
  2. Ҳангоми ба мерос гирифтани ашёи осорхонавӣ ва коллексяи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон меросгиранда ӯҳдадор аст, ки тамоми масъулият меросгузоро нисбат ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба зимма гирад. Агар дар васиятнома муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад, баъди ба мерос гирифтани ашё осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ меросгир ҳуқуқ дорад, ки ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намояд. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957)
  3. Агар меросгир ӯҳдадориҳои худро нисбат ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии бамеросгирифтааш иҷро накунад ё ба таври номатлуб иҷро кунад, давлтҳуқуқ дорад, ки тибқи қонунгузории Ҷуҳурии Тоҷикистон ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро харидори намояд.
  4. Аҳдҳо оид ба тӯҳфа кардан, хариду фурӯш ё ба мерос гирифтани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистоназ рӯзи бақайдгирӣ дар Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷуҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

Боби 6. Таъмини дастрасии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Моддаи 26. Дастрасӣ ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ашёи оморхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷмҳурии Тоҷикистон дстрас мебошад.
  2. Тартиби дастрас намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осоррхонавии Фонди Ҷумҳурии Тоҷикисторо Ҳукумати Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 27. Нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавӣ

  1. Ҳуқуқи нашри нахустини маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексяи осорхонавӣ ба осорхонае додо мешавад, ки ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба он вобаста шудаанд.(ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957)
  2. Осорхонаҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию маърифатӣ дар нашри маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексяи осорхонавии худ мустақил ва масъуланд.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ваколлнексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддӣ фароҳам меорад. 

Боби 7. Ҳамкориҳои БайналмилалӢ

Моддаи 29. Ҳамкориҳои Байналмилалӣ

  1. Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаҳои осорхонашиносӣ, таърихнигорӣ, бостоншиносӣ,иттилоотӣ, инчунин дар ҷаласа ва конфиренсияҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти осорхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷӯмҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
  2. Осорхонаҳои Ҷумҳури Тоҷикистон ҳуқуқ доданд, ки ба созмонҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, дар татбиқи барномаҳои марбут ба масъалаҳои соҳа иштирок намоянд. 

Боби 8. Муқарророти ХотимавӢ 

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 31 Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сз 28 феврали соли 2004 «Дар боари осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТОҷикистон, с 2004, №2, мод. 47; с. 2007, №5, мод. 373) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор додо шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ш. Душанбе

3 июли соли 2012

№838

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …