Главная / Гуногун / ОСОРИ  ДАСТРАСИ УСТОД РЎДАКӢ

ОСОРИ  ДАСТРАСИ УСТОД РЎДАКӢ

Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ба шаҳодати аҳли адаб ва таърихнигорон, суханварест, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик беш аз ҳама шеъри дарӣ гуфтааст. Бисёре аз аҳли китоб гувоҳӣ медиҳанд, ки Рўдакӣ шеъри арабиро низ хуб иншо мекардааст. Бинобар ҳамин, қарнҳост, ки аҳли таҳқиқу тадқиқ, пажўҳишгарон, доноён ва адибони ҷаҳон роҷеъ ба эҷодиёти адабӣ, миқдори навиштаҳо ва мақоми волои Устод Рўдакӣ баҳс овардаанд, ки ҳанўз ҳам идома дорад. Аммо дар тамоми давру замонҳо бузургиву устодии Рўдакиро чун маликушшуъаро, султони шоъирон, муқаддами шуъаро, Одамушшуъаро, соҳибқирони шоъирӣ ва амсоли ин эътироф кардаанд.

Яке аз масъалаҳои баҳсноки эҷодиёти Рўдакӣ, ки асрҳо боз мавриди мубоҳисаю музокира қарор гирифтааст, ҳамон масъалаи ҳаҷму миқдори ашъори офаридаи ўст. Агар хато накунам, то вақтҳои ахир муҳаққиқон дар ин бобат, асосан, вобаста ба рубоъии зерини Рашидии Самарқандӣ, ки дар «Лубоб-ул-албоб» оварда мешавад, баҳс кардаанд:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некўшоъирӣ,

Рўдакиро бар сари он шоъирон зебад сарӣ!

Шеъри ўро ман шумурдам: сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар, чунон-к бояд, бишмарӣ!

Тамоми муаллифони китобҳои гуногуне, ки дар тўли асрҳо ашъори Рўдакиро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, санадашон танҳо ҳамин рубоъии Рашидии Самарқандист, ки нахустин бор Авфӣ дар тазкираи худ овардааст. Қабл аз Авфӣ касе аз чунин миқдор будани ашъори Рўдакӣ хабар намедиҳад. Албатта, «ва ашъоруҳу алфа ва салосамоятун алфа байт» («ва ашъори ў ҳазору сесад ҳазор байт аст») гуфтани Наҷотӣ низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Вале дар ахбори Авфӣ ҷумлаи дигаре низ мавҷуд аст: «Ва чунин гўянд, алъуҳдату ъала-р-ровӣ, ки ашъори ў сад дафтар баромадааст». Ин гуфтори Авфиро низ бисёр муаллифони баъдинаи асарҳои таърихӣ ва китобҳои тазкира такрор намудаанд. Масалан, Абдураҳмони Ҷомӣ менависад: « ашъори вай, ва-л-ъуҳдату ъала-р-ровӣ (ҷавобгараш ривояткунанда — А. А.), сад дафтар баромадааст ва дар «Шарҳи Яминӣ» мазкур аст, ки ашъори вай ҳазор ҳазору сесад байт будааст». Чунон ки ба мушоҳида мерасад, сад дафтар баромадани ашъори Рўдакиро Ҷомӣ айнан аз Муҳаммади Авфӣ иқтибос кардааст. Аммо аз баёни Ҷомӣ тасаввуре пайдо мешавад, ки вай 1 300 000 байт ва 100 дафтарро мусовӣ медонад.

Баъзе муҳаққиқон (И. С. Барагинский, Ян Рипка, А. Деҳотӣ) гуфтаи Рашидиро чун ривоят меоранд. Аммо С. Айнӣ ва С. Нафисӣ дурустии қавли Рашидиро тасдиқ мекунанд. Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки мо ҳақ надорем, ки як шоъири бузург, мисли Рашидиро, ба дурўғгўӣ айбдор намоем. С. Нафисӣ имконпазир будани 1 300 000 байт гуфтани Рўдакиро чунин асоснок карданӣ мешавад: агар Рўдакӣ дар давоми чиҳил сол рўзе садбайтӣ навишта бошад, ашъорӣ ў тақрибан як миллиону сесад ҳазор байт мешавад.

Гурўҳи дигари муҳаққиқон (Е. Э. Бертелс, Б. Фурўзонфар, X. Мирзозода) шеъри Рашидиро ба тарзи дигар тавзеҳ дода, бар сари он ақидаанд, ки Рашидӣ шеъри Рўдакиро сездаҳ бор шумурдаасту сад ҳазор байт баромадааст. А. Мирзоев ба онҳо эроди дуруст мегирад, ки мо пурра бо ў ҳамфикрем: «Вале набояд фаромўш кард, ки дар ин сурат алоқаи маънавӣ-мантиқии мазмуни мисраъи сеюми шеъри Рашидӣ бо мазмуни мисраи чоруми он бурида мешавад. Зеро агар мазмуни мисраъи сеюм сездаҳ мартаба шумурдани ашъори Рўдакӣ бошад, Рашидӣ баъд аз ин «ҳам фузун ояд, агар, чунон ки бояд, бишмарӣ» намегуфт… Чунки баъд аз сездаҳ мартаба шумурдан шубҳае дар миқдори таъйиншудаи ашъори санҷидашуда набояд боқӣ монад» («Осори Рўдакӣ», Сталинобод, 1958, саҳ. 8—9). Ниҳоят, ҷамъбасти фикри А. М. Мирзоев касро аз баҳс берун мекашад: «Вале, ба ҳар ҳол, ин тарафи масъала як факти ба куллӣ исботшуда аст, ки — менависад ў — Рўдакӣ осори адабии беандоза бузурге аз худ боқӣ гузошта будааст».

Вақтҳои ахир тавҷеҳи сеюми қавли Рашидӣ ҳам пайдо шуд, ки яке аз муътақидони он А. Т. Тоҳирҷонов буд. Ба фикри А. Т. Тоҳирҷонов, шояд Рашидӣ миқдори ашъори Рўдакиро сездаҳ раҳ даҳ ҳазор («Шеъри ўро ман шумурдам: сездаҳ раҳ даҳ ҳазор») гуфта бошад ва котибе бо сабабе—шояд бо мақсади таърифро аз ҳад гузаронидан ва ё аз рўйи бедиққатӣ, ба ҷойи «даҳ» калимаи «сад»-ро, ки ба вазн ҳам тағйироте намеорад, навишта бошад. Ва танҳо дар асоси ҳамин андешаи торику борики хеш А.Т. Тоҳирҷонов хулоса мебарорад, ки микдори ашъори Рўдакӣ 130 000 байт аст.125 Ба фикри ман, ин тахмин, ки танҳо дар асоси «шояд-шояд»-ҳо ба миён омадааст, пояи мустаҳкаме надорад. Дар ин маврид алҳол фақат ба фикри Р. Ҳодизода шарик шудан мумкин аст, ки мегўяд: «сирри қитъаи Рашидӣ ҳанўз кашф нагардидааст».

Доир ба ҳаҷму миқдори эҷодиёти Рўдакӣ маълумоти Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ, ки аз ҳафтсад ҳазор байт будани ашъори ў шаҳодат медиҳад,126 низ мавҷуд аст, аммо дар радду қабули он касе бевосита баҳс накардааст.

Дар ахбороти Авфӣ ва Ҷомӣ масъалаи маҷҳул ҳамон ҳаҷми як дафтар аст. Аз омўзандагони   эҷодиёти Рўдакӣ, мувофиқи иттилоъе, ки дар даст дорем, танҳо С. Имронов дар ҳалли ин муаммо кўшише кардааст. Ў нахустин касест, ки соли 1967 дар мақолаи худ «Чанд мулоҳиза аз рўи   як далел»   («Садои Шарқ», 1967, № 3, с. 129—135)  як байти шоъиру   луғатсози асри XI Асадии Тўсӣ, ки бо эҷодиёти Рўдакӣ шиносоии тамом дошта, дар луғаташ    аз он шоҳиди зиёд   меорад, таваҷҷўҳ намуда, байтеро аз назари санҷиш гузаронд, ки дар он роҷеъ ба 180 000 байт   будани ашъори    Рўдакӣ фикр ронда мешавад. Асадии Тўсӣ соли 1030 дар «Мунозираи Арабу Аҷам» аз забони аҷамӣ, ки ба араб бартарии нажодии    худро исбот карданӣ    мешавад,    чунин байт меорад:

Шоъир чу гузин Рўдакӣ – он, к-аш бувад ашъор

Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дуру девон.

С. Имронов кўшиш мекунад, ки маҳз ба ҳамин ҳаҷм баробар будани сад дафтарро талқин кунад. Нависандаи ин сатрҳо дар мақолаи «Баҳсе, ки давом дорад» («Садои Шарқ», 1974, с. 121—128) хотирнишон карда буд, ки шаш дафтари «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ 36 000 байт, «Дафтари дилкушо»-и Соҳиб қариб 4500 байт ва дафтари аввали «Силсилат-уз-заҳаб»-и Ҷомӣ бештар аз 7 000 байтро ташкил мекунад. Бинобар ин, сад дафтар ашъор бояд дар ҳудуди 300 000 — 400 000 байт бошад, на 180 000 байт! Дар ин бора як ахбори Ҳаким Муҳаммадшоҳи Қазвинӣ (Маҷолис-ун-нафоис, Теҳрон, 1323, с. 336), ки Рўдакӣ «сесад ҳазор байт ашъори хуб дорад» мегўяд, моро бештар бар он саргарм намуд, ки маҳз ҳамин миқдор шеър доштани Устод Рўдакиро тарафдорӣ кунем.

Дар омади гап қайд кардан лозим аст, ки адабиётшиноси асри XVI Ҳаким Муҳаммадшоҳи Қазвинӣ, ки «Маҷолис-ун-нафоис»-ро солҳои 927—928/1521—1523 дар Истанбул ба тоҷикӣ тарҷума карда буд, ба тазкираи Навоӣ ҳангоми тарҷума фасли наверо илова карда, доир ба шоъирони то асри XV ҳам маълумот медиҳад. Мутолиаи тарҷумаи ў гувоҳӣ медиҳад, ки дар даст ба ғайр аз тазкираҳои Авфӣ, Давлатшоҳ ва «Баҳористон»-и Ҷомӣ, сарчашмаҳои дигар низ доштааст. Шояд маълумоти дар бораи миқдори ашъори Рўдакиро ҳам аз манбаъи қадимтаре гирифта бошад. Ва дар ин бора фикри худро ҷамъбаст намуда, мо навишта будем: «Ба ақидаи мо, аз ҳамаи маълумоти мавҷуда ахбороти ҳамин муаллиф саҳеҳтар аст, зеро агар мо таваллуди Рўдакиро 858, вафоташро 941, муддати умрашро 83 ва тўли эҷодиёти ўро 50 сол пиндорем, ба ҳисоби миёна соле 6000 байт, моҳе 500 байт ва рўзе 16—17 байт гуфтанашро тасдиқ мекунем, ки ба ҳақиқат хеле наздик аст. Барои далел дар 4 моҳ «Лайливу Маҷнун» гуфтани Низомӣ (бештар аз 4000 байт) ва Ҷомӣ (наздик ба 4000 байт)-ро ба хотир овардан кофист, ки ҳар кадоме моҳе 1000 – байтӣ гуфтаанд. Дар таърихи адабиёти ҷаҳон Рўдакӣ яке аз пурмаҳсултарин шоъирон буда, сесад ҳазор байт гуфтани ў наметавонад шубҳае ба миён орад».127 Вале тадқиқоти минбаъда моро ба чунин хулосае овард, ки аз ақидаи собиқи худ истиҳола намоем:

Аввалан, манбаъи дигаре, ки фикри болоро тасдиқ кунад, бо вуҷуди ҷустуҷўҳо, аз ҳеҷ куҷо ба даст надаромад ва мутолиаю санҷиши муқаррарии навиштаи Қазвинӣ гумонеро илқо менамояд, ки он, гўё, дар натиҷаи ихтисори бидуни ихтиёр ва таҳрири озоди ибораи «ҳазор ҳазору сесад», ки дар «Лубоб-ул-албоб» ва «Баҳористон» омадааст, пайдо шудааст. Ин гиреҳ, агар натиҷаи саҳвулқалами котиб бошад, метавонад, ки дар сурати ба даст омадани нусхаҳои дигари тарҷумаи Қазвинӣ кушода гардад.

Баъдан, ба ҷиҳати аз ҳама қадимӣ будани гуфтори Асадии Тўсӣ, ки эҷодиёти Рўдакиро бевосита медонист, алҳол шаҳодати ўро дар ҷои якум бояд гузошту эътироф кард, ки Устод Рўдакӣ беш аз саду ҳаштод ҳазор, вале камтар аз дусад ҳазор байт шеър гуфта будааст. Вале аз ин осори беандоза бузурги Рўдакӣ акнун 1050 байт боқӣ мондаасту бас. Ҳамчунин, соли 1945 олими араб Асъад Талас дар ҷилди бистуми «Маҷаллати Ал-маҷмаъ-ул-ъилм ал-ъарабӣ» (шумораи моҳҳои январ ва феврали соли 1945), ки дар Димишқ чоп мешудааст, аз мавҷуд будани нусхаҳои хаттии китобҳои луғати арабӣ ба форсии «Тоҷ-ул-масодир» ва «Ас-сомӣ фӣ-л-асомӣ» дар китобхонаи ал-Холидияи шаҳри Байтулмуқаддас (Ерусалим), ки ҳар ду ба Рўдакӣ мансуб будаанд, хабар дода будааст (Т. Мардонов. Бори дигар роҷеъ ба осори боқимондаи Устод Рўдакӣ. — «Ахбороти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон. Шўъбаи фанҳои ҷамъиятӣ», 1985, № 1, саҳ. 87—93). Вале, афсўс, ки тақдири минбаъдаи ин нусхаҳои қаламӣ маълум нест ва касе онҳоро бо нигоҳи тадқиқ насанҷидааст.128

Куҷо шуд ин ҳама ашъори Рўдакӣ, ки ҳадди камтарини онро сад ҳазор байт гуфтаанд ва ин миқдор шеър камаш бист ҷилд китоби маъмулии ҳозиразамонро ташкил мекунад? Ба ин савол акнун ҷавоби қатъӣ пайдо кардан муҳол аст. Вале, бо тахминҳову хулосаҳо аз воқеаҳои таърихии асрҳои X—ХШ, қиёсу қаринаҳо ва таҳлили баъзе маълумоти ғайримустақим метавон ба хақиқат наздик шуд. Барои дарёфти матлаб китоби зиндагии Устодро варақ задан лозим аст: Маълум аст, ки Абўабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рўдакӣ соли 858 дар Панҷрўд таваллуд шудааст. Давраи таҳсилу ҷавонӣ ва камолоти ў барои аз байн рафтани осори ў ҳеҷ гуна мадраке намедиҳад. Вале кушодани гиреҳи ин масъала ба муносибати ў бо дарбори  Сомониён  вобастагии  мустақим  дорад.

Чунон ки дар боби «Зиндагиномаи Устод Рўдакӣ» зикр шуд, Одамушшуъаро дар авохири умри худ ба ҳаракати қарматия майл карда, бо ҳамин «айб» ба чашмонаш мил кашида буданд ва ҳанўз дар ҳамон вақт аксари доройӣ    ва мероси фикрии ў талаву тороҷ ва мусодира карда шуда буд. Ин айб ё тўҳмат сабаби он гардида буд, ки муқобилон ва  мухолифони  Устод  ба  несту  нобуд кардан ва аз байн бурдани осори Фақат, бинобар гуфти даҳонии мўҳтарам  Аҳрор Мухторов, донишманди исроилӣ  Михаил Занд  ба  ў хабар додааст, ки  дар тамоми хоки Фаластин аз чунин асару нусхаи хаттии он ному нишоне нест.

Ба фикри мо, қарматӣ дониста шудани Рўдакӣ сабаби асосии аз байн бурдани осори ў гардидааст, зеро сўзондану маҳв гардондани осори қарматиён ва онҳое, ки бо туҳмат ба ин ҷараён нисбат дода мешуданд, дар замони Ғазнавиҳо ва Салҷуқиҳо низ хеле ривоҷ дошт. Сўзонда шудани Китобхонаи Сомониён ва харобкориҳои муғулон низ барои аз байн рафтани осори Рўдакӣ офатҳои дигаре буданд.

Осори Рўдакӣ танҳо дар «китобхонаҳои безарар» — луғатҳо, таърихномаҳо ва китобҳои илми адаб боқӣ мондааст.

Бо вуҷуди ин, порчаҳои мавҷудаи осори Рўдакӣ имкон медиҳад, ки роҷеъ ба маҳорати офаринандагӣ, ҷаҳонбинӣ, афкори иҷтимоӣ, нубуғи шоъирӣ ва қудрати халлоқонаи сухансарои Панҷрўд хулосаҳои муайяне бароварда шавад.

Устодии Рудакӣ дар чист? Пеш аз ҳама, назми Рўдакӣ аз ҷиҳати мундариҷа пурра ва аз лиҳози шакл расо буда,   тамоми   масъалаҳои   иҷтимоии   замони   шоъир   ва орзую омоли халқашро инъикос намуда, дониши он давраро таҷассум менамояд ва бо мазмунҳон наҷиби умумиинсонӣ ороста шудааст. Худи Устод Рўдакӣ дар ин маънӣ мефармояд:

Чу дурпош гардад ба маънӣ забонам,

Расад марҳабо аз замину замонам.

Ба савту навою ба сити маъонӣ

Тараббахши рўҳам,  фараҳзойи ҷонам!

Хирад бар баҳо нақди ҳастӣ фиристад,

Гуҳарҳои рангин чу зояд забонам.

Бар иловаи ин, Рўдакӣ кулли жанрҳо ва навъҳои адабиро ба ҳадди такомул ва шакли ниҳоӣ расонд. Қасида, ғазал, қитъа, рубоъӣ ва маснавӣ аввалин дафъа дар шаклҳои комили худ дар эҷодиёти Рўдакӣ намудор мегарданд. Устод бо ибрати шахсӣ, дастурҳо ва талаботи ҷиддиаш ба дигарон намуна буд. Ў дар ин соҳа муаллиме буд, ки ҳама аз ў пайравӣ мекарданд. Зимнан, пайравӣ аз ў то имрўз давом дорад. Осори боқимондаи Рўдакӣ аз қасида, ғазал, китъа, рубоъӣ ва маснавӣ иборат аст. Дар тамоми асру замонҳои баъди Рўдакӣ аҳли китоб доир ба қудрати бемонанди ў дар назм ва қобилияти фавқулъодаи бадоҳатан шеър  гуфтани вай сухан рондаанд. Ба қавли Давлатшоҳи    Самарқандӣ Рўдакӣ    «аз ақсоми шеър қасоиду маснавиро некў мегўяд».

Ҳамин тариқ, Устод Рўдакӣ аз шоъирони пурмаҳсули форсу тоҷик буда, аз рўйи ҳисоби Саъид Нафисӣ, соҳиби девоне будааст, ки тақрибан бист ҳазор байтро фаро мегирифтааст. «Калилаву Димна»-и ў аз 18 ҳазор байт иборат буд. Ғайр аз ин, шаш маснавии дигари ў, ки ҳар кадом дар ҳудуди ҳафт ё ҳашт ҳазор байтро фаро мегирифтаанд, наздик ба ҳафтод ҳазор байтро ҳовӣ буданд ва, бар замми ин, назми «Ардовирафнома»,  ҷамъан,  рўйиҳамрафта,  наздики  саду  даҳ   ҳазор  байт  ба даст меояд.129

Ба хулосаи дигари Саъид Нафисӣ ҳам, ки Абдулғанӣ Мирзоев низ ҷонибдори он аст, метавон шарик шуд, ки менависад: «Маҷмўъаи ашъори Рўдакӣ, ки зоҳиран дар ҳудуди 550, ки соли таълифи «Чаҳор мақола»-и Низомии Арўзист, ба даст буда, аз он пас дар авосити қарни шашум, ки Рашидии Самарқандӣ будааст, низ дар миён буда, пас аз он дар 618, ки зоҳиран соли таълифи «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммади Авфист, низ мутадовил будааст. Сипас, зоҳиран дар 730, ки Ҳамдуллоҳи Муставфӣ «Таърихи гузида»-ро менавишта, мутадовил набуда, зеро ки менависад: «Андаке аз он машҳур аст». Албатта, агар ашъори Рўдакӣ монда буд аз шоъирӣ бад-он ҳама шуҳрати андаке шеър машҳур намешуд, ҳарчанд ки Давлатшоҳи Самарқандӣ дар боби қасидае, ки бад-он ишора рафт, вонамуд мекунад, ки нусхаи тамомро ба даст дорад. Вале ин далел нест, ки тамоми ашъори Рўдакӣ дар замони ў, яъне дар 892 дар миён буда бошад. Шояд ў тамоми қасидаро надошта ва гуфтаи Низомии Арўзиро чун илми худ қалам додааст ва, шояд, ҳам дар ҳамон замон қасидаи Рўдакӣ комилан ба даст буда, вале сойири ашъори вай мутадовил набудааст. Дар ҳар сурат, аз ин таҳқиқ метавон ҳадс зад, ки шояд ашъори Рўдакӣ дар фитнаҳову масойибе, ки дар авоили қарни ҳафтум дар Эрон ва, махсусан, Мовароуннаҳр, рўй дода, аз миён рафта бошад ва ин ситаме дигар аст, ки аз турктози муғул ба кишвари Эрон рафтааст».

Агар осори Рўдакӣ аз даврони охири зиндагии худи ў сар шуда, ба ҳар ҳол баъзе асарҳои ў то ҳамлаи муғул боқӣ монда бошад ҳам, намунаҳои охири он ҳангоми истилои муғул аз байн рафтаанд. Бинобар ҳамин, адиби қарни XVI мелодӣ Амин Аҳмади Розӣ ҳанўз дар замони ў ноёб будани ашъори Рўдакиро хабар медиҳад. «Он чи дар сафинаҳову тазкираҳо омада, ин абётест, ки қатрае аз он саҳобу чарвае аз он китоб аст» — менависад ў».131

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

jangi-arab

Заифе, ки бо қави диловарӣ кунад, ёри душман аст дар ҳалоки хеш.

Сояпарвардаро чӣ тоқати он, Ки равад бо муборизон ба китол. Сустбозу ба ҷаҳл мефиканад Панҷа …