Главная / Гуногун / ОСМОНИ СИТОРАДОР – КИТОБИ КУШОДИ ТАБИАТ

ОСМОНИ СИТОРАДОР – КИТОБИ КУШОДИ ТАБИАТ

Агар мо ба Олам аз майдони кушод бингарем, ба назар чунин мерасад, ки вай ба ду қисм тақсим шудааст. Дар зери қадамҳои мо кураи замин ва дар болои мо осмони ситорадор қарор дорад. Агар мо амиқ нафас кашем, ҳавои Заминеро, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, эҳсос менамоем.

А Осмон гуфта фазои оламеро меномем, ки аз миёни пардаи Замин -атмос­фера дида мешавад.

Азбаски атмосфера шуъоҳои обй ва кабудеро, ки аз Офтоб ба Замин мерасанд, бештар пош медиҳад, ҳангоми ҳавои рӯшан ва офтобӣ мо осмонро кабуд мебинем.

Дар рӯи Замин истода, дар ҳар фосилаи нишондодапгудаи замонй мо фақат ними осмони ситорадорро мебинем. Ҳодисаҳои барои мо маълуми бисёр одии астрономй дар «осмон» рух медиҳанд. Дар осмон Офтоб ва Моҳ ҳаракат мекунанд. Дар осмони шабона ҳазорҳо ситораҳо намудор мебошанд. Рӯзона мо ситораи ба мо аз ҳама наздик- Офтобро мебинем.

getimage

Ҳамаи ситораҳо гуногун мебошанд. Дар байни онҳо хурду бузург, кабуду норанҷй, яккаву гуруҳӣ ҳастанд. Ситораҳои гуруҳиро галаситораҳо меноманд. Дар қоли ҳозир дар осмони ситорадор 88 галаситора мавҷуд мебошад. Агар ба харитаи осмони ситорадор бингарем, мебинем, ки галаситораҳо дар харитаи осмонӣ дороӣ марзҳои нишондодашуда мебошанд. Ин марзҳои галаситораҳо дар карта бо хати кандапгудаи (-) ифода шудаанд. Ситораҳои тобони ҳар як галаситора бо ҳарфҳои юнонй ишора мешаванд. Аз ҳама дурахшонашон бо ҳарфиа, дигарашон бо кам шудани дурахшандагии хеш бо ҳарфҳои [3, у, § ва ғайра ифода шудаанд. 275 адад ситора мавҷуд мебошад, ки ҳар кадоми он номи худашро дорад.

Шумо дар саҳифаҳои гуногун тавонистед аз болои осмони ситорадори тирамоҳй, зимистонй ва баҳорй назорат карда, дидед, ки онҳо ҳамеша иваз мешаванд. Калимаи дӯстдоштаи толибилмон «таътил» бо ситораи Сириус робита дорад. Ин ситора ос­мони ситорадори зимистонаро ороиш дода, яке аз дурахшонтарин ситораҳои галаситораи Саги Калон ба шумор меравад. Дар Юнони қадим истороҳати тобистонаро ба пайдоиши нахустини Сириус дар пгуъоҳои шафақи саҳарй марбут медонистанд. Римиҳо Сириусро «Ситораи сагҳо» меномиданд, ки дар забони лотинӣ ба маънои «таътил» буд.

Дар нимкураҳои Шимолии осмон аз байни галаситораҳо, галаситораҳое ҳастанд, ки барои тамоми сол дастрас мебошанд. Онҳоро галаситораҳои ғурубнашаванда ме­номанд. Ин галаситораҳои: Дубби Акбар (Ҳафт додарон), Дубби Асгар, Кассиопея, Тсефея, Шуҷоъ, Заррофа, Силовсин мебошанд.

Аз ҳама галаситораи хотирмон, ки аз ҳафт ситора иборат мебошад, кафлезро ба ёд меорад. Онро юнониҳои кадим Дубби Акбар (Ҳафт додарон) меномиданд. Барои он ки вайро дар байни ситораҳои номуназзами осмон пайдо кунед, тахаюли зиёд лозим нест.

«Кафлес»- е ки аз ҳафт ситора иборат аст, ба ҳар як одам маълум аст. Ин гала- ситораро дар Руси Қадим ба таври гуногун меномиданд: Испор, Чарх, Ароба, Дед Кафлес, дар Олтой Шохдавазн

Ситорашиносони араб ба ҳар як ситораи Дубби Акбар чунин номҳо гузошта буданд:

Дубҳа – а, Мерак – [3, Фиқда – у, Мегретс – 5, Алиот – s, Митсар – Бенет- наш – т].

Ситораи Алкур (дар забони арабӣ ба маънои «фаромӯшшуда» ва ё «ночиз») нисбат ба ситораи Митсар (дар забони арабй ба маънои асп) камтар дурахшон буда, барои арабҳо ҳамчун санҷиши биноӣ хидмат мекард. Дар он касе, ки ин ду ситораро бо чашмони одӣ метавонистанд бубинанд, ба балоғатрасида мешумори- данд.

Дар паҳлӯи Дафтдодарон Ситораи Қутб қарор дорад. Одамоне, ки дар ҳудуди Қирғизистон ва Қазокистон зиндагӣ мекунанд, ин галаситораҳоро ба таври худ ном мебурданд. Чун халқҳои дигар, онҳо дарк карданд, Ситораи Қутб ҳамеша дар болои уфуқ дар ҳама шабонарӯз як ҷойи мушаххасро ишғол ишғол мекунад. Азбаски дар зиндагии онҳо доштани сад асп ҳодисаи табиӣ ба шумор мерафт, Ситораи Қутбро Алтын Казык (Золотой Кол) меномиданд. Зеро ки дигар ситораҳои Дубби Асгар, ҳамчунин Дубби Акбар (Дафтдодарон) гӯё, ки ба ин мех баста шуда бошанд, ҳамчун як чизи бутун гирди он давр мезананд.

Онҳо чунин мешумориданд, ки тайи шабонарӯз , ин ситораҳо «роҳи худро» дар гирди ин «мех» тай мекунанд.

Он ки ситораҳо дар гирди Ситораи Қутб давр мезананд, метавон тавассути фото­аппарат муайян кард. Барои ин дар давоми 20-30 дақиқа акси ситораҳоро мегиранд. Дангоми аксбардорӣ ситораҳо бармало ҷой иваз мекунанд ва дар навор нақшеро дар шакли камонҳо, ки маркази умимияшон дар наздикии Ситораи Қутб қарор доранд, боқи мегузоранд (расми 61).

Дафтдодарон самтёбии хубе ҳангоми саёҳатва ҷаҳонгардӣ дар ҷойҳои ноши- нос ба шумор мерафт. Халқи мо дар бораи галаситораҳо ривоятҳои бисёр дорад.

Таври мисол, ниёгони мо Дафтдодаронро галаситораи Дафт роҳзан меноми­данд. Боре аз одаме бо номи Уркер (Плеяда) роҳзанҳо духтари зебояшро бо номи Улпулдек дуздиданд. Падари Улпулдек то ҳол роҳзанҳоро тамоми шаб такид ме­кунад. Доло ин ҳафт роҳзан ба Дубби Асгар оҳиста-оҳиста наздик мешаванд. Дубби Асгарро – Кичи Жетиген меноманд, ки ду cap аспи хуби даванда дорад: Ак сары ат – Аспи сафед ва Кок сары ат – Асри хокистарӣ. Ин аспҳои даванда бо аргамчин баста шуда мечаранд ва як нӯги он ба Ситораи Қутб баста шудааст. Роҳзанҳо мехоҳанд аспҳоро бидузданд ва тамоми шаб онҳоро ттаъқиб мекунанд. Вале бомдод фаро расида, онҳо бе ҳеҷ чиз мераванд.

Галаситораи Дафт додарон ба монанди акрабаки соатҳои бузург дар як соляк маротиба дар гирди Қутби Шимолии олам пурра давр мезанад. Дамин тавр, то ба 15- уми сентябр думи Дафт додарон (дастаи кафлес) соати наздик ба 10-и шаб ба ҷониби поён, ба гарб ва наздикии 15-уми март ба тарафи роста шарқ (дар ин вақт галаситора
рост дар болои мушоҳидакунанда қарор дорад) ва наздикиҳои 15-уми июн ба самти боло ба ҷануб равона аст

Намуди осмони ситорадор дар ҷойҳои гуногуни Замин чй тавр аст?

Таври мисол, мо агар назора кардан ба осмони ситорадори Бишкек одат карда- ем, пас Ситораи Қутбро дар кунҷи 43 градуса аз уфуқ дар қисмати шимолии осмон мушоҳида мекунем. .Агар мо кутби шимол мушоҳида мекардем, пас вай мустақиман болои сари мо медурахшид.

Агар ба олам дар майдони кушод бингарем чунин менамояд, ки ба ду қисм чудо шудааст, Зери по қабати замин ва болои cap ситораҳо. Ситораи Арктури галаситораи Волопасро, ки начандон дуртар аз Дафт додарон қарор дорад, пайдо кунед. Номи пурраи ин ситора дар Юнони қадим чун «посбони хирсҳо» тарчума мешуд. Аз кали- маи «Арктурус» номи Арктика пайдо шудааст. Дар Арктика Қутби Шимоли Замин

қарор дошта, дар тарафи муқобили Арктика-Ан- тарктида Қутби Ҷанубии Замин қарор дорад. Во- жаи «ант» дар забони лотинӣ маънии муқобилро дорад. Хати росте, ки қутбдои Заминро бо дам пайваст мекунад, меҳвари Замин меноманд.

Нуқтадои сатди Замин, ки дар масофаи ба­робар аз дар ду қутб қарор доранд, дудуднокиро ташкил мекунанд. Ин дудуднокй Эквадор номи- да мешавад. Экватор Заминро ба нимкураҳои Шимолӣ ва Ҷанубй тақсим мекунад. Медвари тасаввуршавандаи Замин ба хати росте, ки аз қутбҳо мегузарад, мувофиқ меояд. (расми 62).

Пурсишҳо

  1. Осмон чист?
  2. Шумо чанд адад галаситораҳоро медонед? Онҳоро ном баред.
  3. Ҳар як ситораи галасигораи «Дубби Акбар» (Ҳафт додарон)-ро ном баред
  4. Оё аз ҷойҳои гуиогуни Замин намуди осмони ситорадор якрангу яксон аст?

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …