Главная / Маданият ва санъат / Ошпаз – Таоми тоҷикӣ

Ошпаз – Таоми тоҷикӣ

Таом барои афзоиши қади одам низ лозим аст. Ба таркиби он моддаҳои шифобахши аз растанӣ ва аз ҳайвон истифодашуда сафедаҳо, равған, ангиштобҳо ва боз моддаҳои минералии ба организм зарур об, витаминҳо ва ғ дохил мешавад. Барои он ки таом муфид бошад, бояд режими таомро риоя кард ва миқдорӣ муайяни таомро дар вақти муайян тановул намуд. Дар кабинетҳои технология (духтарона) корҳои таббохӣ дар мизи корӣ бо истифодаи асбобҳои гармкунанда, шустушӯй асбобҳо дар ҷои муайян ба роҳ монда мешавад.oshpaz Ташкили ҷои корӣ ба намуди кор ва интихоби таҳҷизоти муайян вобаста аст. Ба масолеҳи хӯрокворӣ боэҳтиёт ва сарфакорона муносибат кардан лозим аст. Мисол, аз нони боқимонда бисёр таомҳо тайёр мекунад. Ё ақаллан онро маҳин реза карда дар духовка хушк кунед, бо таомҳои дуюм ва ё шакар пошида бо чой истеъмол кардан мумкин аст.

Вазифаи таомпазиро ошпазҳо иҷро мекунанд. Онҳо таоми хунук, якум, дуюм, қаннодӣ, гарнирҳо, нӯшокиҳои гарм, масолеҳи нимтайёр барои таом коркарди аввали сабзавот, гӯшт, моҳӣ, мурғ ва ороиши таомҳои тайёрро иҷро мекунанд.

Барои ҳамаи ин корро тавонистан донистан ин қоидаҳо лозим аст:

Таркиби масолеҳ, таомҳои нимтайёр, меъёр ва вазифаи асосии тайёр кардани таомҳои ҳархела, риояи қоидаҳои режими технология коркард, қисмҳои таҷҳизоте, ки дар истеҳсолот ҳаст ва тарзи истифода бурдани он, малакаи кор бо таҷҳизоти ошхона ва ғ. Агар ҳамаи ин талаботҳоро иҷро намоед касби ошпазиро аз худ мекунед ва таомҳоятон болаззату фоидабахш мегардад.

Касби пешхизмат ҳам ба вазифаҳои таомпазӣ дохил мешавад. Касби пешхизмат ва вазифаҳои он иборат аст: – таомро бо маҳорат ба рўи миз гузошта табъи таомхўрандаро хуш мегардонад. 

Оё шумо медонед?

Сарпўши ошпаз дар Англия пайдо шудааст. Дар соли 1727 подшоҳ Георг II фармон баровардааст, ки ошпазҳо бо сарпўш таом пазанд. Аз ҳама таоме, ки витаминҳои бисёр ва ба организми одам аҳамияти калон дорад ин ҷигар аст.

Ҷигар – аз гўсфанд, гов в а гўсола таоми гуногун бирён ва яхнӣ тайёр мекунанд. Дар таркиби ҷигар витаминҳои А, В, В2, В12, К, РР, Е, калстсий ва ғайра мавҷуд аст.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …