Главная / Гуногун / Қоши аз ҳама дарозро тоҷикбача дар кишвари Русс дорад!

Қоши аз ҳама дарозро тоҷикбача дар кишвари Русс дорад!

Писараке, ки дарозтарин қош дар миёни кӯдакон дорад дар ш. Москва – пойтахти Россия зиндагӣ мекунад.

Вақте ки қошҳои Муинҷон, дар сини 13-солагӣ дарозиаш 4 сантиметрро ташкил кард, ин бачаро ба китоби рекордҳо қайд карданд. Торҳои муйҳои қошаш дарозтарин дар Руссия эътироф карда шудааст. Аммо, аз он вақт инҷониб онҳо боз ҳам дарозтар шуданд, волидайни донишҷӯ итминон медиҳанд, ки!

Қоши аз ҳама дарозроОилаи Бачонаевҳо муҳоҷир ҳастанд. Онҳо соли 2010 ба Русия аз Тоҷикистон  кӯчиданд. Дар маҷмӯъ, Бачонаевҳо чор фарзанд доранд, аммо аз ҳама ғайриоддитарини аз онҳо, албатта, Муинҷон мебошад. Аз вақти таваллуд тамоми оила пай бурданд: вай абрӯвони ғайриоддӣ дорад.

Худи Муин шахси комилан оддӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки мисли тамоми кӯдакон зиндагӣ мекунад. Ӯ ба дастаҳои сермуй одат кардааст ва онҳо ба ӯ ҳеҷ гуна нороҳатӣ намесозанд. Намуди зоҳирии Бачонаев дар ҳақиқат барои бисёриҳо ваҳшӣ аст, аммо ӯ кӯшиш мекунад ба ин чизҳо аҳамият надиҳад. Мисли миллионҳо ҳамсолони худ дар ҷаҳон, Муин футболро дӯст медорад ва орзуи дар оянда футболбози машҳур шуданро мехоҳад.

Пас аз таваллуд Бачонаев, духтурон хавотир шуда ба волидайни ӯ маслиҳат доданд, ки писракро муоина намоянд, то бифаҳмад, ки ин ҳола чӣ гуна намуди хатар метавонад орад. Аммо, ҳама чиз муқаррарӣ шуд: бача комилан солим аст! Ва ҳар чизе, ки ба қошҳои Муинҷон дахл, дорад ба ғайри хусусияти генетекӣ будан ҷуз чизи дигар нест.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …