Главная / Гуногун / Орзу кардан

Орзу кардан

Агар калон шавам ман,
Мисли акоям Бозор,
Касби маъданшиносӣ
Менамоям ихтиёр.

Кони ҳар гуна маъдан
Ҳар теппаю ҷару кӯҳ,
Хоҳӣ биёфт ҳар ҷо
Тиллову нуқраву рӯҳ.

Монанди ӯ бо пурбин
Ман кӯҳҳоро мекобам,
Аз ҳар канори кишвар
Канданиҳо меёбам…

Хазинаи Ватанро,
Пур мекунам аз маъдан,
То Ватан розӣ гардад,
Гӯяд: – Писарҷон, аҳсан!

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

3

БАҲОИ «3» (Шеър)

Эй баҳои «3», Эй ҷӯраи «2», Доим аз пасам Кашолаи ту! Аз ҳама фанҳо, Баҳоям …