Главная / Гуногун / ОРОМИИ НИСБӢ

ОРОМИИ НИСБӢ

Силоҳдорони мухолифон ба самти Ромиту Рашт ақибнишинӣ карданд, ки як-ду моҳи дигар пайгирии онҳо ва ҷанг дар он минтақа идома ёфт. Ниҳоят қувваҳои мухолифон ва аксари мардуми Рашту қаротегиниасли сокини вилояти Қӯрғонтеппа ба Афғонистон паноҳ бурданд. Ҷангиёни онҳо ба марзҳои Тоҷикистон ҳамлаҳо мекарданд ва то солҳои 1997 марзҳои кишвар бо Афғонистон, ки аз сӯи марзбонони рус ҳимоят мешуд, ноором буд.

daq-atavmhi

Бо берун ронда шудани мухолифон дар кишвар оромии нисбӣ ҳукмфармо шуда бошад ҳам, як гурӯҳ ҷангсолороне арзи вуҷуд карданд, ки то аввали солҳои 2000 тохтутоз ва бе- дод мекарданд. Ин гурӯҳҳо қудрат ва нуфуз доштанд ва аз бесалоҳиятии роҳбарони мақомоти қудратӣ истифода карда, кишварро ба минтақаҳои нуфузи худ тақсим карда буданд ва тибқи мақоли «худам шоҳу табъам вазир» амал мекарданд. Дар он маҳалҳо ба тороҷи амволи мардум даст мезаданд, дар роҳҳо ғавчӯб гузошта, даркору нодаркор мардумро тафтиш мекар- данд, озору азият мекарданд, ба занону духтарон дастдарозӣ мекарданд, хулоса, бедодгариро ба авҷ расонда буданд.

Дар Иттиҳоди шӯравӣ, чи тавре ки қаблан қайд кардам, дар байни мардуми тоҷик серфарзандӣ роиҷ буд. Ин серфарзандӣ сабабгори бекории ҷавонон мешуд. Ҷавонони маҳаллӣ, ки қис- ми зиёди аҳолии кишварро ташкил мекарданд, имкони амалӣ кардани потенсиали худро надоштанд ва аз ин сабаб ба гурӯҳҳои ҷиноӣ мегаравиданд. Солҳои ҳафтод – ҳаштодум, дар Душанбе гурӯҳҳои ҷиноии хусусияти маҳалдошта арзи вуҷуд карда бу- данд. Ин гурӯҳҳои ҷиноӣ роҳбарҳои худро дошт, ки аз байни ҷавонони боэътибори он маҳал баргузида мешуданд. Бештар ҷавонони бебоку нотарс ё варзишкорони намоён, мартабаи роҳбариро соҳиб мешуданд.

Дар Иттиҳоди шӯравӣ қонуни нонавиштаи «олами ҷиноӣ» амал мекард, ки ба тафаккури ин ҷавонон таъсир мегузошт ва ҷурму ҷиноят ва хилофкориро тарғиб мекард. Ҳатто собиқаи зиндонӣ доштан низ имтиёз ҳисоб мешуд. Тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои мубориза зидди ҳамдигар аз ҳамин гурӯҳҳои ҷиноӣ истифода карданд ва аксаран роҳбарони ин гурӯҳҳо фармондеҳони тарафҳо шуданд. Вақте ин гурӯҳҳои ҷиноимаслак яку якбора силоҳ ба даст оварданд ва иҷозаи қонунии истифода аз он барояшон дода шуд, табиист, ки ба қатлу куштор ва дуздиву ғорат ва дигар ҷиноятҳо даст меза- данд. Барои мисол, ман дар поён ду ҳикояро дар бораи Ҳикмат ва Шуха меорам, ки ба хонанда тарзи тафаккур ва шахсияти ин тоифаи ҷавонони кишварро каме ҳам бошад, кушода медиҳад.

Ғайр аз ин, дар тӯли тамоми он солҳо дар минтақаҳои кӯ- ҳистони атрофи Душанбе ва дараҳои Ромиту водии Қаротегин дастаҳои мусаллаҳи ғоратгар амал мекарданд. Онҳо низ вазъ- ро ноором мекарданд, ба ҷону моли мардум даст мезаданд. Қувваҳои ҳукуматӣ бо онҳо меҷангиданд. Ҳатто дар канорҳои Душанбе зуд-зуд ин даргириҳо иттифоқ меуфтод.

Боре, охири солҳои навад, раиси як ширкати хориҷӣ, ки мо бояд барояш бор содир мекардем, бо хавотир ба ман занг зада пурсид:

  • Ҳозир дар ахбор дидам, ки дар Душанбе ҷанг аст?

Ман гуфтам:

  • Бале, ин ҳам садояш, – ва гӯшии телефонро назди тире- заи кушода доштам, ки садои тиру тӯпро бишнавад. Он рӯз дар самти шарқии шаҳр амалиёти низомӣ мерафт ва садояш аз офиси мо бармало шунида мешуд. Ӯ садои таркишҳоро шунида, якбора ба таҳлука уфтод. Бечора фикр карда буд, ки пешпардохти фиристодааш сӯхт.
  • Пас, тақдири бор чӣ мешавад? – ноумед пурсид ӯ.
  • Имрӯз равон мекунем, – гуфтам ман.
  • Охир, чӣ тавр? Он ҷо ки ҷанг аст? – нобоварӣ изҳор кард ӯ.
  • Ҷанг дар қисмати шарқии шаҳр аст, истгоҳи боргирӣ дар қисмати ғарбӣ, нигарон набош, бегоҳ асноди вагонҳоро мефиристем, мебинӣ, – гуфтам ман. Баъдҳо ӯ чандин бор аз ин суҳбат ёд карда механдид, ки Тоҷикистон кишвари бемисл аст, ҳар кас ба кори худ машғул, як сӯ ҷанг, сӯи дигар тиҷорат, ба ҳам халал намерасонанд. Албатта, ман барои ором кардани он ҳампаймони хориҷӣ чунин вонамуд карда будам, вале дар асл мардуми кишвар аз оғози ҷанг то аввали солҳои 2000 дар ҳоли муҳосира мезист. Ҷони мардум аз дасти фармондеҳони ҷиноятпеша дар азоб буд. Ин ҷо як латифаи воқеиеро меорам, ки бозгӯи ҳоли мардум буд:

Қувваҳои ҳукуматӣ бо кадом гурӯҳи мухолиф меҷангиданд. Деҳае дар тӯли моҳ чанд бор аз даст ба даст гузашт. Хонаи пи- рамарде дар сари роҳ буд. Ҳар гурӯҳе, ки деҳаро забт кунад, дар хонаи ӯ маскан мегирифт. Сарбоз аз пирамард ба сӯи рафтаи мухолифон ишора карда пурсид:

  • Бобо росташро гӯй, мо нағзем ё онҳо?

Пирамард гуфт:

  • Шумо ҳам нағзед, онҳо ҳам нағзанд, лаънат ба мо, ки дар сари роҳ хона кардаем.

Ин латифа маъруф аст ва бозгӯи ҳоли мардум дар он сол- ҳост. Ҳеч кас аз дасти ин тоифа дар амон набуд. Дар роҳҳо ҳар куҷо, ки хоҳанд, пост мегузоштанд, ба раҳгузарон хурда мегирифтанд, мардумро азият мекарданд.

Пас аз давраҳои зиёди вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо, 27 июни соли 1997 қарордоди сулҳи байни тарафҳо бо миёнҷигарии Ру- сия, Эрон ва Созмони Милали Муттаҳид дар Маскав имзо шуд. Қазоқистон, Туркманистон, Покистон низ дар ин гуфтушунидҳо саҳм доштанд, вале нақши асосиро Русия аз як сӯ ва Эрон аз сӯи дигар, мебозиданд. Тибқи ин қарордод, мухолифин ба кишвар баргаштанд ва сӣ дарсади мансабҳоро дар ҳукумат соҳиб шуданд. Инчунин қувваҳои мусаллаҳи онон ҳамчун як воҳиди низомӣ ворид шуд, ки дар давоми ду-се сол бояд ба сафи қувваҳои кишвар пазируфта мешуд. Фармондеҳони онҳо дар ин муддат, то ба сафи мақомоти қудратӣ ворид шудан, ҳамчунон ба бедодгарӣ ва тохтутоз машғул шуданд, ки рӯзи бе ин ҳам сиёҳи мардумро ба шаби тор табдил доданд. Вале поёни ҳар шаби сиёҳе субҳи сафед аст.

Ин бедодгариҳо то замоне давом кард, ки ин ҷангсолорон он қадр пуррӯй шуданд, ки моҳи феврали соли 2000 мошини раиси Маҷлиси олиро тарконданд ва дар ин таркиш муовини раиси Кумитаи амнияти кишвар ҳалок ва раиси Маҷлиси олӣ захмӣ шуд. Пас аз ин ҳукумат ба тозакунии шаҳр аз ҷангсолорон иқдом карда, дар як ё ду ҳафта дасти онҳоро аз таҷовуз ба но- мусу ҷону моли мардум кӯтоҳ кард. Бо гузашти муддати на чандон зиёд, қисми ин тоифа ё аз дасти ҳамдигар, ё аз муътодӣ нобуд шуданд. Қисми дигар ба муддатҳои тӯлонӣ ба зиндонҳо андохта шуданд, зеро ба қавли Одамушшуаро:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …