Главная / Маданият ва санъат / Тарзҳои ороиши пешдоман

Тарзҳои ороиши пешдоман

Бейка (лаблўлаи тайёр). Бейка аз ду тараф дӯхта шуда якбора қаткарда, онро дарзмол мекунанд якбора бо тарафҳои паҳлӯгӣ. Бейка бо роҳи дӯхтан аз тарафҳои паҳлӯгӣ ба матои асос мепайвандем. Дигар намуди амсиласозии ин дӯхтани кант- лаблӯла, лаблӯларо мувофиқи матои асосӣ интихоб мекунанд.

Куртаи чаканДар вақти интихоби лаблӯла матоҳои силиқро ба эътибор мегиранд. Лаблӯларо дар тарафҳои паҳлӯгии кисса истифода мебаранд онро оро медиҳанд ё ба намуди парпар.

Гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ- Гулдӯзиҳоро аз риштаҳои якранг медўзанд, шаклҳои ҳандасавӣ, шаклҳои гулу барг, ҳайвонот, паррандаҳо дар вақти гулдӯзӣ хомдӯзи, тамбӯрӣ ва ғайра истифода бурда мешавад, инчунин мережкаҳои гуногун.

Апликатсия- (гузоштани матоъ бо роҳи дӯхтан)- аз матоъҳои дӯхта мешавад ё ин ки аз матоҳои зебо ягон шакли расм ё нақши зебо бурида, дӯхта мешавад. Баро он ки гирди матои бурида шуда тит нашавад, аз тарафи чаппаш пешакӣ дар маҳлули крахмал тар мекунанд, баъди хушк шудан онро дарзмол мекунанд ё ин ки ба тарафи чапаи нақши

буридашуда бо роҳи дарзмолкунӣ флизилин мечаспонанд. Нақши буридашудаи тайёрро ба пешдоман бо риштаҳои ба асосиаш мувофиқакунанда медӯзанд дасти ё бо мошинаи дарздӯзӣ дарзи ороишӣ дошта

Бурма пеш аз он ки ба пешдоман бурма диханд, қисми асосии бурмашударо чен карда, баъд тасма, лаблӯлаҳои ороиши (кружева) 1,5 ва 2 баробар зиёд гирифтан лозим барои бурма зебо гардидан.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …