Главная / Гуногун / Ороиши матбах (Ошхона)

Ороиши матбах (Ошхона)

Дар вақти ороиш ва интихоби ранги таҷҳизоту асбобу анҷом на танҳо ба самти матбах ва манбаи равшании табии он бояд диққат дод, балки таъсири нури инъикосшавандаро ба ранги хӯрокворӣ, расм, масолеҳ ва ашёи матбах низ ба назар бояд гирифт, вагарна кор дар матбах касро хаста намуда, ба чашм зарар меорад. Матбахро чунон бояд пардоз дод, ки сари чанд вақт онро бо латтаи тар пок кардан мумкин бошад. Барои ориши девори матбах аз рангҳои равғанӣ, обию эмулсионӣ, гулқоғаз (обой)-ҳои намногузар ё плёнкагӣ, ки махсус барои ошхонаҳо таъин шудаанд, истифода бурдан мумкин аст.

oshxona

Вақтҳои охир масолеҳи ҳозиразамони пластикиро, ки хосияти ба намиву гармӣ тобовар ва муҳимтар аз ин хусусияти гигиенӣ низ доранд, ба таври васеъ дар ороишу рӯйкашкунии девору сақфи матбах ба кор мебаранд.

Қитъаи байни ҷевони рӯи фарш ва ҷевони девориро бо масолеҳи бадошти ба гармию нами тобовар ва таркиби кимёвиаш устувор (кошиҳои сафолин сирандуд) плостикҳою гулқоғазҳои ороишӣ, кошиҳои чӯбу тахтаи сирдор рӯйкаш мекунанд. Деворҳои матбах то 2,5-2,7 м баланд бошад, онҳоро ранг кардан ё бо қоғазҳои девории намногузар ё пластикаҳои ҳозиразамон рӯкаш намудан мумкин аст.

Ба фарши матбах масолеҳи зудтозашаванда ва нолағжону садонишон мечаспонад. Агар барои рӯйкаши фарш кошиҳо ё линолеуми рангаш равшан истифода шуда бошад, мебели матбахро низ бо чунин ранг ороиш медиҳанд, ранги фарш дар ҳама ҳолат баландтар шавад хуб аст. Тирезаи матбахро бештар бо рангҳои нарму гуворо ранг медиҳанд.

а – ҷойгиршавии мебел, яхдон ва мошини ҷомашўй

б – ҷойгиршавии манқали газӣ, барқӣ, ҷойи зарфшўй

в – ҷойгиршавии мизи хўрокхўрӣ ва курсӣ

г – ороиши пардаи хонаи хўрокхўрӣ

д – намудҳои ороиши пардаи хонаи хўрокхўрӣ

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

farishta

Дуое, ки фариштагони осмони чаҳорумро ба харакат дармеоварад

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд: Кунияти яке аз асҳоб Абӯмуаллақ буд ва ӯ ба …