Главная / Гуногун / Ҷон пайванд

Ҷон пайванд

Аввали моҳи июли соли ҷорӣ ҳафтаномаи “Адабиёт в санъат” хабари хуш расонд. Рўйхати адибонеро ки ба Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ мушараф гаштаанд дарҷ гардид ва дар байни онҳо номи Мирзо Шукурзодаро хондам. Аз ин муждаи нек табъам шукуфт. Диламро ҳисси шодмоние фаро гирифт. Албатта, ин сабаб дошт. Чанде пеш Мирзо Шукурзода китоби “Ҷонпайванд”-ро бо соядаст ба ман тўҳфа карда буд: “Эҳдо барои қаламкаши пуркор ва соҳибном, ҷаноби Шералии Мўсо:

         Шералӣ Мўсо ба ҷон пайванд бош,

         Арҷмандӣ, беш аз ин арҷманд бош!

Мирзо Шукурзода – муаллифи “Ҷонпайванд”.

5 апрели соли 2007”.

Ин тўҳфаест бароям бебаҳо!

Ва чунин тўҳфаро инсони дорои дили сафед карда метавонад. Ин аст, ки гуфтаи устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба ёдам омад: “Хислати одам ба дилаш мувофиқ мешудааст. Дил сафед бошад, даст кушод, назар баланд мешудааст. Дигар гап не. Ба халқ ҳар қадар зиёд бахшӣ, ба худат ҳамон қадар зиёдтар мемонад”.

20200120_090649Китобро на танҳо бо шавқу лаззат, балки бо андўҳ ва дарду алам хондам. Ва ҳамзамон фармудаи Президенти кишвар, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёдам омад: “Мо бояд аз таърих шўъла бардорем, на хокистар…”.

Барҳақ, китоби “Ҷонпайванд” шўълаест, ки муаллиф аз андешаҳо, бардоштҳо ва мушоҳидаҳои чандинсола барафрўхтааст. Ва хушбахтона, дар он ормон, иддао ва талабу таманнои худро дарёфтам. Ба фикри ман сири аз тарафи хонандагон хуш пазируфта шудани китоб ҳам дар ҳамин аст.

Ин сатрҳоро менигораму андешаҳоям ба гузашта мераванд. Оре, ҳамеша фикру хаёл инсонро ба олами бекаронаи хотираҳои дуру наздик мебаранд. Ман дер боз бо Мирзо Шукурзода дўстӣ дорам. Чашмони меҳрбор, ситораи гарми ин марди қадбаланди хушчеҳра аз маънии ҳаёти ў шаҳодат медиҳад. Ниҳоят хоксор, хеле камгап ва ботамкин аст. Илова бар ин вай фардест накўкору накўрафтор ва шарики ғаму шодии дўстон. Борҳо аз меҳрубонию маслиҳатҳои ў бархўрдор гаштаам. Мирзо Шукурзода аввал чун рўзноманигор ва очеркнависи ҳақиқатҷўй ва ҳақиқатнигор маълум гашт. Эҷодиёти рангину намакинаш пур аз масоили доғи рўзанд. Аслан вай хеле кам менависад. Бештар дар ҷустуҷўст. Аз ин рў дар ин роҳ ў раҳгум намезанад. Бад-ин минвол қонуни пайвандгарӣ вайрон намешавад. Андешаҳо ҳалқа ба ҳалқа бамаънӣ пайванд мегардад. Адиб дар офариниш худро озод эҳсос мекунад. Зеро такя ба ирода ва рўҳи баланд дорад. Аз маҷмўа ба маҷмўа пеш мерафт, ба барорҳои эҷодӣ соҳиб мегардид, азми қуллаҳои нав мекард. Комёбиҳои ў бошад, мо, дўстонро шоду мамнун менамуд.

Лоиқи зикр аст, ки саҳми Мирзо Шукурзода дар инкишофи жанри як қадар костаи публитсистикаи адабиёти тоҷик кам нест. Гузашта аз ин ў тавонист хеле моҳирона публитсистикаро бо бадеият биёмезад. Ин омезиш забони осорашро рангин ва хотирнишин сохтааст. Очерку эссе ва рисолаҳои Мирзо Шукурзода – “Рўҳи бешикаст”, “Теғи ҷонбахш”, “Сангнавишт”, “Шодие дар дилҳо” далели ин гуфтаҳоянд.

Боиси хушнудист, ки баътар Мирзо Шукурзода ба эҷоди шеър шурўъ намуд. Ҳамзамон ба таҳқиқу пажўҳишҳои илмӣ камар баст. Ва дар ҳамаи ин ҷодаҳо ба комёбиҳои чашмгире даст ёфтааст.

Ў то ки ба қуллаи мақсуд бирасад, ранҷу азоби зиёдеро аз сар мегузаронад, вале ба ҳамаи он тоқат мекунад. Вай медонад, ки бе азоб ба қулла баромада наметавонад ва пайроҳаи осонро намеписандад. Ғизои модиро як сў гузошта, ҳамеша аз паи серии ақл кушидааст.

Соиби Исфаҳонии Табрезӣ:

          “Умрҳо бояд, ки то як кўдаке аз рўи завқ

          Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан”.

“Олим шудан осон, одам шудан мушкил”. Ин зарбулмасали халқӣ фаровон истифода мешавад. Дар саволу ҷавобҳои Нўшервони Одил ва Бузургмеҳр омадааст: “Кадом кас аст, ки ҳар ҷо, ки равад, ўро дўст доранд?”. “Соҳиби илму адаб”.

Ҳамин илму адаб буд, ки ў осори пурбаҳое офарид. Ва ин осораш на танҳо дар диёри мо, балки дар кишварҳои Эрону Покистон низ ба нашр расида, мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифт. Аммо худи ў тағйир наёфт. То кунун бо ман чун дўст ва бародар муносибат мекунад.

Маҷмўаи “Ҷонпайванд” бисту ду мақолаи бузургҳаҷми илмӣ ва пажўҳиширо дар бар дорад. Аввалан, унвони мақолот ва забони онҳо низ зебову шоиронаанд. Сониян, ҳар яке хеле нозук ва мўшикофона таълиф шуда, мантиқи қавӣ доранд. Дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест. Зеро мавзўи таҳқиқи муаллиф таҳриф ва саҳлангориро намепазирад. Наметавонад дурўғ занад, сиёҳро сафед маънидод кунад. Бояд ҳақиқатро навишт ва масъулиятро шинохт.

Вале чӣ мушкил аст ин!

Бале, мушкил агар эътимод набошад. Ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун чӣ ҳақ менависад: “Маҳаки ростини садоқат ба Ватанро танҳо аз мағзи эътимод меёбӣ”.

Бале, дар синаи Мирзо Шукурзода диле саршор аз ишқ ба меҳан метапад!

Ва китоби “Ҷонпайванд”, ки бо амри виҷдон офарида шудааст, нишони садоқатмандию меҳанпарастист. Ман ин китоби пурарзишро на танҳо беҳтарин публитсистикаи тоҷик, балки беҳтарин осори илмӣ дар риштаи робиташиносӣ маҳсуб медонам. Ҳеҷ ягон рўйдоди ин олам берун аз қонуни фалсафа – сабаб ва натиҷа – рух намедиҳад. Нигоштаи муаллиф ҳам бесабаб нест. Ҳам ҳадаф ва ҳам мухотаб дорад.

Миллати тоҷик душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Ба мулки тоҷикон киҳое, ки лашкар накашид – Искандари Мақдунӣ, Арабҳо, Чингизхон, Турку Темур ва бисёр қавмҳои тороҷгару харобкор. Ҳамаи онҳо як мақсад доштанд: куштану сўхтану бурдан ва миллати тоҷикро нобуд кардан. Муаллиф ҳам дар мақолаи “Ман дигарам? Ту дигарӣ?” менависад: “…Дар вазорат ва идораҳо борҳо пурсидаанд, ки банда “форсиро куҷо ёд дорам”. Посух медиҳам, ки: “Ман тоҷикистониям ва забони модарии мо форсист”.

– Оҳ-ҳо, шумо моли мо будед як замоне!

На бародарони фаромўшкор! Мо ба ҳеҷ сурат яке моли дигаре набудем дар дарозои таърих, фақат сарнавишти наҳс баробари мил кашидан ба чашмони Рўдакӣ моро низ бебасорат ва як қалби воҳидро чандин қисмат кард, ки на фақат макони худро аз ёд бурдем, балки номи худро аз ёд бурдем. Теғи Темур ва Чингиз на фақат ҷисми мо, ҳатто ҳофизаи таърихии моро абгор ва захмӣ намуд, ки ҳанўз ҳам ниёз ба дармони онро дорем…”.

Имрўз ҳам ҳастанд чунин сияҳдилон ва бадниятону бадкирдорон. Мухотаби муаллиф ана ҳаминҳоянд. Ва боз онҳое ҳастанд, ки мехоҳанд, ҳамбастагии форсизабононро халалдор кунанд. Миёни онҳо ҳисорҳои оҳанин эҷод намоянд. Ҳадафи ў поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, ҳифзи асолати фарҳангу тамаддуни ориёӣ, гиромидошти осори миллӣ ва муқаддас доштани ватани аҷдодӣ мебошад.

Ин нияти хеле нек аст. Нияти нек ними давлат. Аз ин рў ҳар касе, ки ватани худро, миллати худро, гузаштаву имрўзаву ояндаи худро дўст медорад, бояд ин китобро мутолиа бикунад.

Бале, “Ҷонпайванд” китобест, ки бояд ҳама хонад!

Суханро эъҷоз мегўянд. Рост аст. Вале сеҳри қалами Мирзо Шукурзода ин эҷозро тахти равон мебахшад. Ва ҳар як навиштааш дили хонандаро ба хурўш меорад. Зеро ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ:

            “…Чун ҳақиқат талху ширинам,

            Чун садоқат софу рангинам.

            Чун рафоқат сахту сангинам,

            Ростипарварду бекинам.

            Чун муҳаббат поку ҷаззобам…”.

Ва боз муҳимтар он аст, ки адиб бо хуни дил навишта, фарёди синасўз аз ҷигар кашида, бо забони дилу ҷон сухан меронад. Ва туро дар ту эҳё мекунад. Ва ба худи ту мешиносонад. Туро дар ту ба ҳаракат меорад. Ва ба қуллаи Помир, қуллаи худшиносӣ ва нангу номус мебарад. Бале, мебарад, то ки ту:

Якум – Ба осмону ахтарон дар гуфтўгў бошӣ ва ба ҷаҳон бинигарӣ;

Дуюм – Ба умқи ин мисраҳо бирасӣ:

            “Тоҷику эрониву афғон чаро,

            Мо дар ин дунё, ки аз як модарем?”.

Сеюм – Забони модарии худро, ки забони шеър аст, забони завқ аст, забони дил аст, забони рўҳ аст пок бидорӣ;

Чорум – Бо Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ҳамсафар бишавӣ;

Панҷум – Дўстро аз душман ҷудо карда тавонӣ;

Шашум – Аз дил кинаро дур намуда, синаро аз буғзу ҳасад пок бисозӣ.

Дили Мирзо Шукурзода барои миллат месўзад, ҷони ў барои миллат дард мекашад. Аз ин рўст, ки талошҳои ў дар ин бобат барабас нарафтанд. Ва ҳар як рисолаи китоб арзиши асари адабии ҷудогонаеро молик аст. Шоир дар ин маврид баҷо гуфта:

            “Ба манзил расид он, ки пўянда буд,

            Беҳӣ ёфт он кас, ки ҷўянда буд”.

Бе ягон муҳобот китоби “Ҷонпайванд” пайвандгари ҷонҳои бедор мебошад. Ва талоши муаллиф талоши равшангарӣ, талоши бедоргарӣ ва қудратзост. Ин хеле ва хеле хуб аст. Зеро ба фармудаи худои ғазал ва орифи тавонои порс, бо нерўи иттиҳод ва ҳамбастагӣ метавон ҳама гуна орзу ва мақосиди олиро бароварда кард:

     “Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,

     Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт!”.

Мехоҳам, ки ҳамаи мардуми мо дар ҳаёт низ чунин бошанд ва аз гуфтору пиндор ва рафтори мо ҷаҳониён ибрат гиранд. Ба гуфти Ҳилолии бузург:

          “Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

          Агар хоре бувад, гулдаста гардад”.

15 июли соли 2007

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …