Главная / Гуногун / ҚОМАТИ САБЗИ ИМОН (Ҳикоя)

ҚОМАТИ САБЗИ ИМОН (Ҳикоя)

Сўгу сўз дошт пирамард. Гоҳе ин андўҳ беёдаш мекард. Пайкари лоғараш ноҷунбон, гўё ба нимпайкараи ғам табдил ёфта бошад. Фақат гоҳ-гоҳе оҳ кашида, бо таассуф сар меҷунбонд. Вале аз қуллаи фалакосои кўҳи пешорў чашм намеканад. Гўё ки ин манзараи нотакрори табиатро дар тўли ҳафтод соли умраш бори нахуст мебинад. Рахши вақт чорхез ба пеш – танҳо ба пеш! – метохт. Нури офтоб ба пайкари дардманд ва ҷисму ҷонаш қувваю дармон мебахшид. Насими фараҳбахш вазида, шохи дарахтонро хаму рост менамуд ва хиш-хиши нозуке ба гўш мерасид. Мавҷи серуни насим аз накҳати гулу алафҳои хушбўй муаттар гардида, ба машом мезад. Каме дуртар аз ў ҷўйча шилдир-шилдир овози форами дилнишин бароварда бо нафаси салқини ҳаловатбахшаш рўҳро навозиш менамуд. Вале – ҳайҳот! – ҳеҷ кадоме бори андўҳи пирамардро сабуктар карда наметавонист.

Чаро ба сари ў ин рўзҳо омаданд? Чаро ў ин қадар бадбахт? Бе ин ҳам рўзаш хуб набуд. Боз бадтар гардонд Худо ҳоли ўро. Чӣ, пеш ғам надошт? Дошт. Ку инсони бе ғам. Одами бе ғам «ё инсон нест ё аз ин олам нест». Вале он ғамро аз ин ғам фарқест. Он сўг ёри вафодор набуд. Хиёнат мекард. Ин сўг вафодор. Лаҳзае хиёнатро раво намебинад. Ба он сўг чораву дармоне дошт. Пеши ин сўг заифу оҷиз. Бар он сўг хуҷаин буд. Бар ин сўг ғулом аст. Сўги пеш созанда буд. Ин сўг сўзанда аст. Аз он рўзе ки тоҷик ба худкушӣ оғозид, сўгдор гашт. Эълоне ба сўхта намакоб шуд. Гўё он бар қасди ў чоп мешуд. Тири эълон қалби ҳассосашро маҷрўҳ кард. Зиндагиашро якранг намуда, таровату ҷилояшро рабуд. Зиндагии ў рўзи бе офтоб, соли бе фасл, осмони бе моҳу ситораро мемонд. Бо нолишу оҳу афсўс рўзҳояшро чун коҳ бар бод медод. Ҳеҷ кас ба имдодаш нарасид. Касеро парвои ў набуд. Ғаму аламашро танҳо худаш медонисту Худо. Дил дар хонаи хароби синааш мегирист. Ва билохира ўро ба доми дард овард. Пайкари аз ҷафои зиндагӣ афгораш ба дасти ворисони сазовори Сино афтиду ба по хест. Худо накарда, ба чанголи «табиби нав» меафтид, аз сад ҷон яктояш намераҳид.

– Тўба! – бо нешханди ошкоро гуфт ҳампалатааш ҷавони туршрўи шайтоннамо. – Одам барои эълони орденхарӣ ҳам касал мешудааст-а!

Ин сухан дили бобои Расулро афшурд. Хун ба сараш зад. Қаҳру ғазаб вуҷудашро сўзонд. Хост парида хезад, аммо сараш гирд гашт, чашмонаш сияҳ зад. Чун ба худ омад, ҷавони беандешаро мағрур дарёфт. Бо диққат, гўё бори нахуст медида бошад, ба чеҳраи ҷавон нигарист, сипас бо табассуми малеҳ гуфт:

– Писарам, ту ҷавони хуб будаӣ, ба чанд даромадӣ?

– Ба бист, – ҳавобаландона ҷавоб дод ҷавон. – Чӣ буд?!

– «Чӣ буд?» Ин буд, ки вақте ки ман ба ароба нишаста ҷанг рафтам, аз ту ду сол хурд будам. Дар ботлоқу ҷангалзорҳо, дар зери борони тир, аз дили рўду дарёҳои калон гузашта, заминро аз хуни худ рангин карда, то ба лонаи душман – Берлин расидем. Ин роҳи марг – аз Маскав то Берлин – ду ҳазору шашсад километр буд, ки мо онро дар чор сол тай кардем. Ё як ҳазору чорсаду ҳаждаҳ рўз ё сию чор ҳазор соат. Дар ин роҳ бист миллион фарзандони Ватан ба шаҳодат расиданд. Дар ҳар километр ҳафт ҳазору панҷсад кас шаҳид гашт. Дар ҳар ду метр понздаҳ тан аз олам гузашт. Ҳар рўз чордаҳ ҳазор ва ҳар дақиқа даҳ нафар ҷоми шаҳодат нўшид, – бобои Расул рўй турш карда гапашро ба охир расонд.

Азбаски пирамард бемадор буду бо изтироб сухан кард, каме беҳол гашт. Чакраҳои калон-калони арақ дар пешонаву гарданаш падид омад. Андаке таваққуф кард, нафас рост намуд ва баъд афзуд:

– Ана ҳамин тавр бо қимати ҷон ба гирифтани ин орденҳо мушараф гардидем. Инро бо ҳарду гўшат шунаву аз ёд набарор.

Ҷавон табассуми бедардона карда, гуфт:

– Бобои ман ҳам то Берлин рафтагӣ.

Бобои Расул фаҳмид, ки ҷавон якраву кундзеҳн будааст. Барои тасдиқи ин гумон ў бори дигар ба чеҳраи ҷавон нигариста, ба ҳар эҳтимол кунҷковона пурсид:

– Орден дорад?

– Чӣ? Орден? Кӣ?

Чеҳраи пирамардро ожангҳо фаро гирифтанд.

– Бобоят.

– Бобоям? Орден? – лаб инҷ кард ҷавон ва бепарво афзуд: – Чум!

– Чӣ? – нафаҳмид пирамард.

– Дорад ё надорад, аз куҷо донам?! – иллат кард ҷавон ва соддалавҳона хандид.

Вуҷуди пирамард ларзид. Дар худ бипечид, оҳ кашида, сўи ҷавон бо кароҳат нигарист.

– Ту надонӣ, кӣ медонад?!

Ханда аз лабони ҷавон дур шуда, чеҳрааш каме сурх гардид. Пай бурд, ки рў ба рўяш пирамарди дунёдидаву таҷрибаандўхтае нишастааст, дигар ҳарфе назад. Бобои Расул аввал ба тиреза, сипас ба ҷавон андешаманд дида дўхт. Тунд буд нигоҳаш.

Шўълаҳои офтоб аз тиреза гузашта, рост ба рўи ягона мизи фарсудаи палата мефуромаданд. Як тарафи рўи пирамард аз онҳо равшан гардида, то чинҳои майдатаринаш баръало намоён буд.

Хаёли мўйсафедро ғиҷиррос зада кушода шудани дар гусаст. Парешон ба сўӣ дар чашм давонд. Ба рўи остона писари Аҷик, ки бо лақаби «Бойбача» машҳур буд, намудор гашт. Вай фориғбол қадамзанон ин байтро зери лаб замзама мекард:

Гул бе рухи ёр хуш набошад,

Бе бода баҳор хуш набошад,

«Аз пушташ бўи гаҳвора меояду орзуи бода, рўхи ёр дорад!»

Чун чашми “Бойбача” ба пирамард афтод, истоду бе ягон салому алейк хунсардона дод зад:

– Ҳой, обедба хона биё!

Мурғони сари дарахт рамиданд. Навдаҳо ҷунбон-ҷунбон гўё норозигиашонро баён менамуданд. Оташи қаҳру ғазаб дар дили пирамард аланга зад. Вуҷудашро сўзонд, дар гулўяш дармонд. Бо як азобе худро ба даст гирифт. Дар дил «ота чӣ гуна, бача намуна» гўён, дам назад.

Бача бо писханд сўи ў нигариста, дастакзанон:

– Отам оташа хов дидай. Як гўсфанда куштай, худоӣ мета, – гуфт ва чапасар баромада рафт.

Ғазаби бобои Расул дубора аланга гирифт.

«Авбоши дирўза имрўз Ҳотами Той, – бо нафрат дар дил гуфт пирамард. – Мардум нони хўрдан намеёбанду вай ҳар рўз «отама хоб дидам, очама хоб дидам» гўён, зиёфат дода худнамоӣ мекунад. Аҷаб замонае?! Як сў мотаму як сў сур. Яке кабоб мехўрад, саде зардоб».

Вай на нафъи соя мехосту на файзи ҳамсоя, гўшаи орому хилват айни муддаояш буд. Лек як гўшаи беғам куҷо? Гўё, ин кулба аз ў набуд. Дар хонаи худаш бегона, амонат. Ҷое намеёфт, ки осояд. Хаёлаш ба берун, назараш ба дар. Умед ба он дорад. Даҳшат аст агар ба оянда умед надошта бошӣ. Варо ана ҳамин умед ба оянда зинда медорад. Вале ин умед мисоли шамъи ларзон маҳтали пуфест.

Оҳ, мабод он рўз!

Оҳ, аз барои ғами мо синаи дунё танг аст!

Танг аст, танг!

Ва ў оҳи сард аз дили пурдард кашид. Дуд аз танўри дилаш фаввора зад. Гўё сабзаҳои тар даргирифтанд.

Пирамард тоқат накард, сари дилашро дошта, бархост. Вуҷудашро дарду алам, ғаму андўҳи гароне фишор медод. Вай ҳоло рўзгори гузаштаву имрўзаашро як-як пеши назар меовард ва ҷаҳд мекард, ки дар байни ин ҳама ғалоғула, талошу дору гирҳое ки аз сар гузаронда буд, худро бардаму хушбахт ҳис кунад. То реша дар об ҳаст, умеди самар аст, гуфтаанд. Ҳа, ноумед шайтон. Ҳоло ў зинда, дилаш метапад. Баногоҳ гўшҳояш ҷеғ заданд, баланд ҷеғ заданд. Гўё ба синааш тир расида бошад, пайкараш такон хўрд. Оҳ, кош кўр мешуду онро намедид! Ҳа, аз ҳамин сар шуд ҳамааш…

*       *       *

Оҳ, чӣ рўзи вазнине буд он рўз! Рўзе буд, ки вай нахустин эълонро дид. Диду осоишро аз даст дод, ҳисобаш гум шуд. Умуман пирамард ин ҳафтаномаро намехонд. Бозсозӣ оғоз ёфту нашрияҳо чун замбурўғҳои баъди борон яке паси дигаре «рўиданд». Онҳо аз «нашъаи озодӣ» саргаранг шуда, зери ҳаё ҳую бодободгўиҳо ва бо тунду талхгўиҳои ҳавои ба хоҷагони хеш хуш омада, дар чашми мардум «зоғи ало» гаштанд. Ин нашрия ҳам ба ғайри мақолаҳои пучу иғвоангез ва эълонҳои «мефурўшам»-у «мехарам» дигар ягон чизи хонданбобе надошт. Вале ҳамон рўз чӣ хел онро харид, худ нафаҳмида монд. Чун ҳафтаномаро кушод, он эълон ба чашмаш зад. Зеро он бо ҳарфҳои сиёҳи калон чоп шуда буд. Чашм ба эълон як қад парид. Гўё он море буд, ки ба ў неш зад.

– Наход орденро ҳам фурўшанд? Охир орден бар ивази ҷон омада. Ҷонро фурўхтан оё ба ақл рост меояд?!

Аз сина оҳи бадард кашида хомўш монд. Ва хариду фурўши орденро тасаввур кард. Ҳамаи дастовардҳои ботини наҷиби инсонӣ ҳеҷ шуд, ҳамаи ёдгориҳои фарҳангӣ ба хоку хокистар мубаддал гашт. Ин дам чинҳои ҷабин ва рўяш боз амиқтар ва зиёдтар шуданд. Вай аз ғалаёни ҳиссиёти ба сараш омада гаранг шуд. Гўё фикраш ях баст, аз ҷараён монд. Дар ҳамин вақт дари хона боз шуду писари ҳамсоя Хуршед даромад. Вай дар даст косае дошт. Пас аз салом косаро болои миз гузошта, рафтанӣ буд, ки пирамард ўро боздошт.

Хуршед чашмони шаҳлои зудбоваре дошт. Хароб, чеҳрааш коҳида. Баръало айён буд, ки ғам дорад. Бале, ғам дошт ў. Ғами бепадарӣ. Ҷафои замонаро мекашид. Аз бозе, ки падараш беному нишон гашт, дарахти меҳри хешу табор ва ҳақу ҳамсоя реша бар осмон дошт. Бобои Расул доим сарашро сила намуда, дилбардориаш медод:

– Ғам махўр, пурбардошт бош. Ин мусибат як бар сари ту не, бар сари садҳо бачаҳо омадааст. Бисёр афсўс, аммо чӣ илоҷ?!

Пирамард бо нигоҳи пурмеҳр ба Хуршед нигарист. Сипас ба ў ҳафтаномаро дода илтимос кард:

– Ку, ана инро хон, ҷони бобо.

Ин суханон чунон ширину афсунгарона садо доданд, ки дили Хуршед гум зад. Вай на бибӣ дошту на бобо. Бисёр мехост ақаллан яке аз онҳоро дошта бошад. Бобои Расулро бениҳоят нағз медид. Ў чеҳраю суханони дилнавоз дошт.

– Хуб шудааст, бобоҷон, – боадабона гуфт Хуршед.

Вай эълонро хонду суоломез ба пирамард нигарист.

– Боз як бор баланд хон, ҷони бобо, – сари писаракро силакунон хоҳиш намуд пирамард ва саропо гўшу ҳуш гашт. Писарак аз ин хоҳиши пирамард ҳайрон сўяш нимнигоҳе афканда, эълонро баланд хонд.

– Аҷиб! – гуфт пирамард ба нуқтаи номаълуме чашм дўхта.

– Чӣ аҷиб, бобоҷон?

– Ҳамин эълон, ҷони бобо, – ва монанди он ки чизе баногоҳ ба хотираш расида бошад, пурсид:

– Шояд хато карда бошанд-а?

Ва ҳамзамон дар як гўшаи дили пирамард шўълаяке рахшон гашт.

– Не, рўзнома ҳеҷ гоҳ хато намекунад, – нигоҳи тааҷҷубомези худро аз пирамард наканда, ҷавоб дод Хуршед.

Ин ҷавоб ба сари он шўълаяк оби сард рехт. Пирамард канда-канда:

– Ҳа-а… ҳоли… ҳамту гўй, – гуфт ва дилаш чун таги дег сип-сиёҳ шуд. Табъаш хира, чеҳрааш тира гашт. Хонаро ҳузни пурасрору яъсовар фаро гирифт. Ҳамсояписар аввал мутаҳайирона ба пирамард нигарист ва баъд чеҳрааш маҳзун гашт. Пасон як бетоқатие ба дилаш ҷо шуд. Вале чизе пурсиданро ба худ раво надид. Тарсид, ки пурсиш пирамардро малоли хотир шавад. Ҳамчунин надонист, ки чӣ тадбире бинад, ки бобои ҳалиму азизро аз ин ҳолат вораҳонад. Аз оҷизии худ хиҷолат кашида, ба замин чашм дўхт ва лаҳзае пас сар бардошта, ба чеҳраи афсурдаи пирамард нигарист. Эҳсос кард, ки ўро танҳо гузоштан беҳтар аст. Аз ин рў беҷуръатона даҳон во намуд:

– Бобоҷон, ман равам.

– А… – хаёли пирамард парешон гардид. Ва худро бо азоб аз қайди хаёлоти мағшушаш раҳонида, чашм ба чеҳраи коҳидаи Хуршед дўхт.

– Майлат, ту рав, ҷони бобо, – ниҳоят гуфт пирамард. – Раҳмат, даромада ист, ҷони бобо. Чизе, ки лозим шавад, пурс, шарм надор, ҷони бобо.

– Хуб шудааст, бобоҷон, – боадабона гуфт Хуршед ва ҳафтаномаро оҳистекак рўи миз монд ва пирамардро ба ҳоли худ гузошта аз паи кори худ рафт.

«Худо пушту паноҳат бод!» – аз ақиби ў чашм дўхта, дар дил нидо кард, пирамард. Ва баногоҳ аз ёди умри рафта, аз ёди он айёме ки сари кор буду барои ободии Ватан шабу рўз дар такопў буд, дилаш гум зад.

“Худоё! Ин чӣ ҳолатест дар бунёди ман?!”

Меандешид ва ҳайрон буд. Хост ин ҳайрату изтиробро ба ҳавои кушод барорад. Бошитоб берун баромад. Шамоли сарду саргардони тирамоҳ рўи ўро навозиш карда, гўё мегуфт, ки ором шав мўйсафед. Дар боғчааш давр зад, ҷаҳд дошт, ки аз банди андешаҳои мағшуш халос шавад. Вале ин ба ў даст намедод. Ҳавлӣ ба сараш ғуввос мезад. Пирамард ба осмони абрнок назар афканду оҳ кашид. Дилашро гўё дуди ғализе таъзиқ медод. Гашта ба хона даромад ва ба ҳафтаномаи рўи миз, ончунон бо нафрату хашм нигарист, ки гўё сўхт ҳафтанома. Ончунон бад дид ин ҳафтаномаро, ки ба барорандааш ҳазор лаънат хонд!

Момои Маҳбуба – ҳамсари бобои Расул, пиразани резапайкари камгапу оромтабиат ба хона даромад ва рўи миз ҳафтаномаи пора-пораро дида, дар ҷояш ҳайкалвор истод. Баъд шавҳарашро побанди андеша сархам дид. Гўё аз бемории дуру дароз хеста бошад, ранги рўяш сап-сафед кандагӣ. Ўро бо чунин ҳол дида, нороҳат шуд ва бо тааҷҷубу хавотирӣ пурсид:

– Ба шумо чӣ шуд, ки ранги рўятон кандагӣ? Ҳолатон хуб нест?

Мўйсафед аз ин овози шинос як қад парида, сар бардошту ҳамсарашро дид. Лаҳзае саросема шуда, гўё чизе нафаҳмида, ба рўи ҳамсараш нигарист. Баъд лабханде зўракӣ ба лаб оварду оҳиста гуфт:

– Ҳа, не, хубам.

Баъд оҳи чуқуре кашиду сарашро бо таассуф ҷунбонд ва сипас сукут карда ҳарфе назад. Пиразан муддате бо тааҷҷубу ҳайрат нигоҳаш кард. Ҳис кард, ки абри ғам офтоби рўи ҳамсарашро хира карда. Ба ин қарибиҳо вай чунин ғамангезии шавҳарро надида буд. Вай гоҳ ба шавҳараш менигаристу гоҳ ба пораҳои ҳафтанома. Ҳисси кунҷковӣ безобитааш мекард. Мехост аз рози “оҳ”-и шавҳар воқиф гардад. Ниҳоят ҳисси кунҷковӣ ғолиб омаду сурфаи бардурўғе намуд. Пирамард як қад парид.

– А? Чӣ гуфтӣ?

Пиразан гўиё маҳтали ҳамин суол буд, пурсид:

– Ин рўзнома чӣ гуноҳ кард?

Пирамард бо шитоб миёни ҳарфаш давид ва бо қаҳр гуфт:

– Ин рўзнома не, ғайбатнома.

– Ғайбатнома? Чӣ, шуморо ғайбат кардааст?!

Пирамард гўё ин суханро нашунида бошад, ҳарфе назад. Ин хомўшӣ аломати ризо аст ё рад пиразан нафаҳмид. Дилаш танг шуд.

– Хайр, азоб надиҳед, гўед, ки киро ғайбат кардааст?

– «Ғайбат?!» – ба рўи заҳиру ожангбастаи ҳамсараш теғи нигоҳ кашид пирамард. – Ғайбат… не, гуноҳ кардааст. Ҳа, гуноҳи азим!

Пиразан резапораҳои ҳафтаномаро ғундошта, бо меҳр ва дилсўзӣ ба шавҳараш нигарист.

– Чанд бор гуфтам, ки рўзнома нахонед. Ё хондед ҳам, бепарво бошед.

– Чӣ?! – овози пирамард ранҷишомез баромад. – Бепарво бошам? Одам барои чӣ мехонад? Барои он, ки сабақ гирад, ибрат гирад, чора бинад. Фаҳмидӣ? Хону бепарво бош?! Ин хел хондана ба сарам мезанам?!

Пиразан аз ҳазли кардааш пушаймон шуд. Қиёфааш ҷиддӣ ва чинҳои рўяш зиёдтар гаштанд. Гунаҳкорона сар хам карда, муддате хомўш монд. Сипас узромез пурсид:

– Вай чӣ хел мақола будааст, ки шуморо ба ғазаб овардааст?

– Мақола не, эълон.

Дар рўи пиразан тааҷҷуб нақш баст:

– Эълон? Чӣ хел эълон?

– Эълони орденхарӣ, – гуфту нафаси чуқуре кашид. – Оё ту тасаввур карда метавонӣ, ки чӣ хел орденро мефурўшанд?

– Метавонам, – бо табассум гуфт пиразан ва илова намуд: – Ба хайр будааст-ку.

Ин сухани ў ба дили пирамард чун неш расид. Бо қаҳр аз ҷояш ҷаста хест.

– “Ба хайр будааст!” – вуҷуди пирамард меларзид. – “Ба хайр будааст!” Не, ин ҷаҳолат аст! Ҳа, ҷаҳолат!

Пиразан бачаи гунаҳкор барин музтар монд. Ба ин тавр анҷомидани сўҳбат худро айбдор медонист. Лаҳзае пас пиразан бо сурфаи бардурўғе худро ба даст гирифту тасаллиомез гуфт:

– Э ҳоло орден чӣ, виҷдон, нангу номусро ҳам мефурўшанду мехаранд!

pdfСуханони пиразан ҳақиқат буд, ҳақиқати талх. Гапи ҳақ аз ҳама чизи олам арзандатар аст. Охир ў кўру кар набуд, медиду мешунид. Вале дили пирамард ин ҳақиқатро қабул карда наметавонист.

– Не, ин ҷаҳолат аст! – боз бо нафрату адоват гуфт пирамард. – Оё шахси баору номус метавонад ба ин тоқат кунад? Не! Ҳаргиз не!…  Давомаш (борбардори намоед дар формати PDF)  >>>>>>>

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …