Главная / Гуногун / Ҷолинус ва аблаҳ

Ҷолинус ва аблаҳ

Табиби таърихи бо номи Ҷолинус аблаҳеро дид, даст дар гиребон донишманде зада ва беҳурмати ҳаме кард. Гуфт:
– Агар ин доно будӣ, кори вай бо нодон бад-ин ҷо нарасидӣ.

Ду оқилро набошад кину пайкор,
На донное ситезад бо сабукбор.
Агар нодон ба ваҳшат сахт гўяд,
Хирадмандаш ба нарми дил биҷўяд.
Ду соҳибдил нигаҳ доранд мўе,
Ҳамдедун саркаше в-озарҷмўе.
В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад бигсалонанд.

366400_11_i_007
Якеро зиштхўе дод дашном,
Таҳаммул карду гуфт: «Эй некфарҷом,
Батар з-онам, ки хохи гуфтан, онӣ,
Ки донам, айби ман чун ман надонӣ».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …