Главная / Биология / ОЛАМИ ҲАЙВОНОТИ Тоҷикистон ва Китоби сурх

ОЛАМИ ҲАЙВОНОТИ Тоҷикистон ва Китоби сурх

Ба ҳайвоноти шикорӣ навъҳои бисёри ширхӯрҳо, паррандаҳо, моҳиён тааллуқ доранд. Аз ҳайвонҳои ширхӯр: хуки ёбоӣ, харгӯш, рӯбоҳ, қашқалдок, суғур, гург, савсори кӯҳӣ; аз паррандаҳо: кабк, қоз, мурғобии ҳинди ва дигарҳо аҳамияти шикорӣ доранд ва барои гӯшт ё муина бештар сайд карда мешаванд.

Шикорчиёни ҷумҳурӣ ҳарсол ба маблағи зиёда аз 0.5 миллион сӯм мӯина месупориданд. Бештар шикори бардавому беназорат ба хеле кам шудани шумораи ҳайвоноти пурқимат оварда расонид. Паланг, нахҷир, силовсин, кокум, мири мушон, оҳуи кӯҳӣ, кабки дарӣ, ки пеш аз ин хеле бисёр буданд, ҳоло кам боқӣ монда, онҳоро дар ҷойҳои хеле камодами дастнорас дидан мумкин аст. Оҳувон дар ноҳияхои ҷануби шарқӣ, нахҷир дар қаторкӯхҳои санглох, гӯсфанди кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Қаротоғ боқӣ мондаанду халос. Хирс, харгӯш, хуки ёбоӣ, мурғи дашгӣ камтар во мехӯрдагӣ шуданд. Баъзе ҳайвонҳои камёфг, аз қабили паланг, силовсин, морҳои афъиро шикорчиён махсус фақат барои боғҳои ҳайвонот дошга мегиранд.

Расми 36. Паррандаҳои Тоҷикистон. 1. Бургут. 2. Фароштурук; 3. Еуми гӯшдароз, 4. Филин; 5. Бедона; 6. Уқоби лошахӯр; 7. Кабк; 8. Каргаси ришдор: 9 Зоч; 10. Шоҳин: 11 Мурғи туғдор: 12. Гунчишк. 13. Аккаи ало; 14. Зоғ
Расми 36. Паррандаҳои Тоҷикистон.
1. Бургут. 2. Фароштурук; 3. Еуми гӯшдароз, 4. Филин; 5. Бедона; 6. Уқоби лошахӯр;
7. Кабк; 8. Каргаси ришдор: 9 Зоч; 10. Шоҳин: 11 Мурғи туғдор: 12. Гунчишк. 13. Аккаи ало; 14. Зоғ

Аз морҳои афъӣ мори гурзаро барои грифтани заҳраш медоранд. Заҳри гурзаро баъд аз тоза кардан ба сифати доруи хуннигоҳдоранда (дар Вақти амалиёти ҷарроҳӣ ва муолиҷаи захм) истифода мебаранд. Ҳоло шикори оҳу, нахчир, бузи даштӣ, мурғи даштӣ, мурғи обӣ ва дигар ҳайвонот дар ҳама ҷойҳо манъ карда шудааст. Аз сабаби манъ карда шудани шикор ва дастнорас будан дар Помири Шарқӣ ҳануз бисёр ҳайвонҳо боқӣ мондаанд. Дар ин ҷо нахҷир, бузҳои кӯҳӣ, харгӯшҳо кам нестанд ва баъзан паланг ҳам вомехӯрад. Бо мақсали нигоҳ доштани ҳайвонҳои махсуси пурқимат ва камёфт соли 1939 дар поёноби дарёи Вахш мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» барпо карда шуда буд. Дар мамнӯъгоҳ саршумори гавазни аҷоиби бухороӣ афзуд, ки галаи он, аз рӯйи ҳисоби тахминӣ, қариб ба ҳазор cap мерасад, лар ин чо мурғҳои даштӣ ҳам бисёранд.

Баъзе навъҳои моҳиён зағорамоҳӣ, симмоҳӣ, мӯйлабдароз. Лаққамоҳӣ, шӯртан, маринка, плат ва гулмоҳӣ, ки дар дарёҳои сир. Baхш ва Кофарниҳон дошта мешаванд, аҳамияти шикорӣ доранд. Дар кӯлҳои Помир Яшилкӯл, Булункӯл моҳии маринка бисёр аст. Ҳамаи дарёҳо, кӯлҳо ва обҳавзҳои ҷумҳурӣ соле тақрибан 15-20 ҳазор сентнер моҳӣ дода метавонанд. Обанборҳои дарёи Сир манбаи асосии моҳидорй мебошанд. Дар обанборҳои ноҳияи Куйбишев зағорамоҳӣ, моҳиҳои нуқрагин ва паҳнпешонӣ парвариш ёфта, ба аҳолӣ фурӯхта мешаванд. Дар ноҳияи Кофарниҳон заводи гулмоҳипарварӣ арзи вуҷуд дошт.

Сангпушти точики

Дар муборизаи зидди ҳашароти зараррасони кишоварзӣ усули биологӣ мавқеи муҳим дорад. Барои ин паррандагони ҳашаротхӯр майна, фароштурук, саъба, булбул, кабӯтар, зардак, бум ва ғайраҳоро муҳофизат кардан лозим аст. Масъалаи имконияти истифода бурдани муборизаи биологӣ бар зндди зараррасонандагони пахта татбиқ шуда истодаасг. Паразитологҳо муайян карданд, ки гамбуски стеторус кирми магаси шилдиросӣ, тортанаккаиа ва баъзе дигар ҳашароти зараррасонро нест мекунад.

Моҳичаи майдаи гамбузия кирми пашшаи вараҷаро мехӯрад. Ба туфайли парвариш кардани гамбузия дар кӯлҳои «Бешаи палангон», ки пештар аз пашша пур буданд, ҳоло ин ҳашароти озордиҳанда кам шудааст.

Дар Тоҷикистон навъҳои ҳайвоноти калони шохдору моли майда гов, гӯсфанду буз, қӯтос; аз паррандаҳо — мурғ, мурғобй, мурғи марҷон; ҳайвонҳои боркаш — хар, асп, хачир ва шутур чун ҳайвонҳои хонагӣ аҳамияти калон доранд.

Ҳоло дар Тоҷикистон ба ғайр аз гӯсфандони зоти кӯхистонй, кароқӯлӣ. хисорй боз зотхои маҳинпашм ва ниммахинпашм низ парвариш карда мешаванд.

Марду.ми тоҷик аз даврахои кадим кирмак мепарваранд ва дар диёри мо кирмакпарварӣ тараккӣ кардааст, инчунин дар солхои охир парвариши занбӯри асал торафт вусъат месбад.

Ҳоло ба ғанй кардани олами ҳайвоноти чумҳури ва парвариши зотхои фоиданоктарин диққати калон дода мешавад.

Расми 21. Намудҳои гуногуни хаэандаҳо 1 Тимсоҳи хитоӣ: 2. Саргирдаки қумзор; 3. Сантушти моргардан; 4 Калтакалоси зиндазоӣ; 5. Калтакалоси сабз; 6. Калтэкалсси заҳрдандон: 7 Калтакалоси дарозпоӣ; 8. Тирмор; 9. Мори обӣ; 10. Мори афъӣ; 11 Мори айнакдор; 12. Мори буғма.
Расми 21. Намудҳои гуногуни хаэандаҳо
1 Тимсоҳи хитоӣ: 2. Саргирдаки қумзор; 3. Сантушти моргардан; 4 Калтакалоси зиндазоӣ; 5. Калтакалоси сабз; 6. Калтэкалсси заҳрдандон: 7 Калтакалоси дарозпоӣ;
8. Тирмор; 9. Мори обӣ; 10. Мори афъӣ; 11 Мори айнакдор; 12. Мори буғма.

Пажӯишгоҳи зоология ва паразитологиян АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ҳайвони пурқимати қундузро ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ кунондааст. Ин қундузи ботлоқии Американ Ҷанубӣ аст, ки ба Тоҷикистон аз Озарбойҷон соли 1949 оварда шудааст. Ба соҳили дарёи Оккӯли хурд аз ин ҳайвон 40 адад cap дода буданд. Соли дигар, ки саршумори қундуз панҷ баробар афзуд, дошта гирифтанд ва дар базаи он фермаи қундузпарварии Ҷилликӯл ташкил гардид. Хӯроки асосии қундуз решаҳои най мебошад. Зоологҳо имконияти дар ноҳияхои гуногуни Тоҷикистон ба иқлим одат кунондани ондатра (калламуши обй), енот, самур, санҷоб ва дигар ҳайвонҳои мӯинадорро муайя намудаанд.

Дар ҳавзҳои моҳипарварии Куйбишев, Ҷилликӯл, Вахш, Қайрокқум, Норак ва ғайра ба зиёд кардани хелҳои нави моҳӣ ихтиологҳои Тоҷикистон машғуланд. Ихтиологҳо дар кӯлҳои соҳили обғалти дарёҳо ҷойгир кардани окуни гулмоҳимонанд ва ба дарёҳои кӯҳӣ cap додани навъҳон гулмоҳиро тавсия мекунанд. Азбаски дар кӯлу дарёҳои табиӣ хӯрок кам буда, ҷараёни об тез аст, опҳо каммаҳсул мебошанд, вале ҳавзҳои сунъӣ аз ин ҷиҳат хеле бартарӣ доранд. Дар онҳо чораҳои гуногуни беҳтаркунии захирахои хӯроки моҳиёнро ба амал овардан мумкин аст. Обанборҳои Фарҳод. Қайроққум, Норак, Роғун, дар оянда обанбори Сангтӯда, инчунин обҳавзҳои сершумори ҳоҷагӣ ва кооперативӣ, ки дар ноҳияҳои Тоҷикистон сохта шудаанд, макони моҳипарварӣ хоҳанд гардид.

Ҳамин тавр, дар шароити камборишу минтақавии Тоҷикистон моҳипарварӣ ба вуҷуд омада, тараққӣ карда истодааст.

Гурӯҳхои ҳайвоноти гуногун хеле сершуморанд, ки барои биогеосенозҳо аҳамияти калон доранд. Аксарияти растаниҳои гулдорро ҳашарот гардолуд мекунад. Моҳиҳо, ҳашарот, даррандаҳо бошанд аз ҳисоби ҳамдигар зиндагӣ мекунанд. Дар хок пӯсидани ҷасади ҳашарот ин яз аҳамият холӣ нест.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз сабаби хеле кам шудани шумораи морҳои заҳрдор — айнакдор, гурза ва мори афъии регзор ҳайвоноти муҳофизатшаванда эълон карда шуданд. Шикори нн морҳо ҳатто барои мақсадхои зарурӣ танҳо бо нҷозати махсуси Вазорати муҳофизати табиати Тоҷикистон мумкин аст.

Азбаски дар ҷумхурӣ босуръат заминҳои бекорхобидаи дашту биёбон ва регу қумзорҳо обшор карда мешаванд, гурӯҳи хазандаҳо торафт кам мешаванд. Алҳол 17 намуди он ба «Китоби сурх»-и Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Бо тавсияи олимони ҷумхурӣ ба Китоби сурхи байналхалқӣ ва миллии ҳайвоноти нодир — 33 намуди паррандаҳо ва ширхӯрҳо, ки дар минтакаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мавчуданд, дохил гардиданд. Мурғи ҳилол, саъбаи тибетӣ, қози кӯҳӣ, уқоб, каргас, бабри барфӣ, гавазни бухороӣ, гӯсфанди осиёӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳоанд. Дар ин бобат кори пурмаҳсули Ҷамъияти муҳофизати табиати Тоҷикистон, ки зиёда аз 1 млн. 350 ҳазор аъзо дорад, хеле аҳамиятнок аст.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …