Главная / Илм / ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Ҳайвон чист? Ҳайвонҳо қисми аз ҳама бузурги организмҳои зинда, аз ду гуруҳи асосии мавҷудоти зинда дар ҷаҳон, ба шумор мераванд.

Гуруҳи аввал ин растаниҳо ва гуруҳи дуввум-ҳайвонҳо. Истилоҳи ҳайвон аз калимаи «ҳай», яъне зинда гирифта шудааст.

Ҳайвонот ин мафҳуми умумӣ барои ҳайвонҳои хонагӣ ва ваҳшӣ мебошад. Ҳайвон мафҳуми умумӣ барои ҳамаи ҳайвонҳо, моҳиҳо ва паррандаҳо, ғайр аз инсон мебошад. Зеро ҷомеаи инсонӣ аз решааш аз ҷомеаи биологии ҳайвонҳо тафовут дорад. Ҳарчанд, таври мисол, мӯрча, низ бисёр мураккаб сохта шудааст ва дар вай тақсимоти кор ҳасту он забои дорад.

hayvonot

Авлоди ҳайвонҳое, ки дар хушкӣ зиндагй мекунанд, ҳайвонҳое мебошанд, ки дар баҳр ва оби тоза зиндагй кардаанд. Баъзе аз онҳо дубора ба ҳаёт дар об одат кар- даанд (тимсоҳ, сангпуштҳо). Замбӯруғҳо ва ҳайвонҳо махсулоти тайёри органикиро истеъмол менамоянд. Дамчунин яке аз вижагии муҳими ҳайвонҳо он далел аст, ки дар тани он табодулаи пайвастаи моддаҳо сурат мегирад.

Дар раванди рушди растаниҳо ва ҳайвонот, сохтор ва вазифаи организми онҳо батадриҷ мураккаб шуда, ҳаракат, ҳазми хӯрок, ихроҷ, ҷинс, нафаскашй, гардиши хун ва аъзои ҳис пайдо шудаанд. Онҳо кӯшидаанд, то ба иқлими кураи Замин мутобиқ шуда, дар ҷангал, дар хушкй дар куҳҳо зиндагй кунанд. Дар ин маврид ҳайвонҳо маҷбур буданд, то ранги худ, андоза ва шаклашонро дигар кунанд.

Дайвонҳо аз рӯи сохтори организми хуб ба ду гуруҳтақсим мешаванд: якҳуҷравӣ ва бисёрҳуҷравй.Дар ҳоли ҳозир 16 намуд ватақрибан 1,5 миллион навъҳои ҳайвонот мавҷуд мебошанд.

Дар Қирғизистон танҳо ҳайвоноти муҳрадор беш аз 500 навъро ташкил карда, 3171 навъи ҳашарот ва канаҳо, 49 навъи моҳй, 3 навъи дубаҳраҳо, 25 навъи хазандаҳо, 335 навъ паррандаҳо ва 83 навъи ширхорон мавҷуд мебошанд.

Ҳайвонҳо дар тамоми кураи замин: дар хушкй, дар об, дар кӯлҳо, дар уқёнусҳо ва дар атмосфера зиндагй мекунанд. Муҳити табии зисти ҳайвонот ба: обй, заминй, ҳавоӣ, хокӣ тақсим мешаванд.

Муҳите, ки дар он ҳайвонҳо зиндагй мекунанд дар баъзе мавридқо доимй, дар мавридҳои дигар дар раванди тағйири зоҳирӣ қарор дошта, вобаста ба ҳолати худ ба қайвонҳо таъсири марбута мерасонад.

Омилҳои муҳити ғайризиндаи берунӣ, ки ба ҳаёти ҳайвонҳо таъсир мерасонад, чунин мебошанд: ҳарорат, рутубат, шамол ва ғайра. Дар зери таъсири омилҳои таби- ати ғайризинда тағйироти давравӣ дар ҳаёти ҳайвонҳо сурат мегирад: баъзе барои зимистонгузаронӣ ба хоб мераванд, бархе ранги худро тағйир медиҳанд ва гуруҳи саввум ба диёри гарм мераванд, баъзе нисбат ба олами беруна пинҳонӣ зиндагӣ ме- кунанд ва ё ба муҳит мутобиқ мешаванд. Онҳо аз ниқоб истифода мебаранд. Дигарҳо барои тарсонидани душманони худ, андозаашонро калон мекунанд, саввумиҳо, чун паразитҳо (канаю кайк) ҷисмҳои зиндаро чун муҳити зист истифода мебаранд.

Аҳамияти ҳайвонҳо дар Табиат, азчумла, барои растаниҳо бисёр бузург аст. Ҳайвонҳо растаниҳоро гардолуд карда, нақши муҳимеро дар паҳн намудани тухмии растаниҳо мебозанд. Масалан, кирми борон, мӯрчаҳо ва ғайра; ҳашароти майда дар кураи замин моддаҳои органики тавлид мекунанд. Онҳо ҳамчунин хокро майда на- муда, дар сатҳи замин хоки сиёҳ истеҳсол менамоянд.

Тавассути сӯрохиҳо ва ковокиҳое, ки ҳайвонот мекананд, ба растаниҳо обу ҳаво осонтар дастрас мешаванд.

Дар навбати худ растанӣ ҳаворо бо кислород, ки барои ҳайвонот барои нафаскашӣ зарур мебошад, ғанӣ мегардонад. Агар растанӣ барои ҳайвонҳои алафхӯр ғизо бо- шад, дар навбати худ алафхӯрон ғизо барои ҳайвонҳои гӯштхӯр, яъне даррандаҳо ба шумор мераванд. Бад-ин тартиб, қонунмандии пайдарҳамӣ пайдо мешавад. Ҳайвонҳои алафхӯр, чун ҳайвонҳои гӯштхӯр, бе растанӣ зиндагӣ карда наметаво- нанд. Растаниҳо бе ҳайвонот зиндагӣ карда наметавонанд, чунки аз ҳисоби энергияи офтоб, на аз ҳисоби дигар организмҳо, ғизо мегиранд.

Ҳайвонот дар ҳифзи тозагӣ дар сатҳи замин ва зери об низ нақши калон ме­бозанд. Масалан, ҳайвонҳо боқимондаҳои дигар ҳайвонҳои мурдаро, растаниҳо ва меваҳои пӯсида, баргҳои рехтаро мехӯранд ва як навъ тозакунии санитарӣ ба амал меоваранд. Бисёр ҳайвонҳое, ки дар зери об зиндагӣ мекунанд, дар тозакунии об нақши калон мебозанд. Мисли растаниҳо, ҳайвонот низ организми зинда ба ҳисоб мераванд. Онҳо бисёр умумият доранд.

Ҳайвонот ва растаниҳо аз моддаҳои мураккаби органики: сафедаҳо, рӯғанҳо, углеродҳо иборатанд ва дорой сохтори ҳуҷайраҳо мебошанд. Ин ҳама таъкид бар он медорад, ки растаниҳо ва ҳайвонот пайдоиши ягона доранд.

Дар рӯи замин беш аз миллион навъи ҳайвонот мавчуд мебошанд. Агар онҳоро ба синфҳо тақсим намекарданд, омӯхтани онҳо дар соҳаи илми зоология чандон осон намебуд.

Бисёр олимон дар бахши тақсим намудани ҳайвонот ба гуруҳҳои системй ва клас- сификатсияи онҳо кор кардаанд. Классификатсияи аз ҳама осони олами ҳайвонотро олими шведй Карл Линней (1707-1778) омода кардааст. Ҳангоми классификатсияи ҳайвонҳо Линней намудҳоро интихоб кард. Типҳо( намудқо) гуруҳе мебошанд, ки қобилияти афзоишёбй доранд. Вай ҳайвонҳоро аз як тип ба типи дигар ҷудо кард. Си- 143 пас ҳайвонҳоро ба гуруҳдои нисбатан хурд: синфҳо, синфҳоро ба отрядҳо, отрядҳоро ба оилаҳо тақсим кард.

Таври мисол, ба классификатсияи ҳайвонҳои хордадорон менигарем (тобили 11).

Тоблуи 11

Типҳо Синфҳо Отрядҳо Оилавй Ҷинсҳо Навьҳо
Хорда­дорон, Парран- дагон, Парранда- шаклҳо, Зоғҳо, Аккаҳо, Аккаҳо
Зоғ Зоғ
Шӯрнӯлҳо
  Ширхорон Даррандаҳо Г^рбашаклҳо Гурба Гурбаи ваҳшй
Резачорпо Резачорпо
Гургҳо Гург Саги хонагй
Гург

Ҳайвонҳои як авлод низ ба гуруҳҳои дигари организмҳои зинда тақсим шаванд. Яъне онҳо навъҳои ба худ монандро тавлид мекунанд. Афзоиши ҳайвонҳо ҳодисаи биологӣ ба шумор рафта, ба худ чунин шароитро, чун ҷойи мусоид барои афзоишёбӣ , ҷуфткунии ду ҷинси ба ҳам муқобил, ғамхорӣ ба оянда, ки идомаи наслҳои ин ҳайвонотро таъмин мекунанд, фароҳам месозанд. (сохтани лонаю хона, дастрас кар- дани ғизо барои навзодон) ва ғайра.

Баҳорон моҳиҳое, ки дар дарёҳо ва кӯлҳо зиндагй мекунанд гала туда на дар шохобҳои жарф, балки дар ҷои обаш хуб гармшаванда ва растаниҳои обидошта ҷамъ мешаванд. Дар чунин ҷойҳо модамоҳиҳо тухм мегузоранд ва нармоҳиҳо моеъи тухмӣ мегузоранд. Ҳамин тавр афзоиши моҳиҳо сурат мегирад. Пас аз афзоишёбӣ , баъди гузашти чанд вақт аз тухмҳо кирмакҳои моҳй пайдо мешаванд. Баҳорон акса- ри моҳиҳое, ки дар баҳрҳо зиндагй мекунанд, афзоиш меёбанд.

Баъзе аз онҳо, чун озодмоҳӣ, моҳии мерике, ки таври доимй дар баҳр, баъзан ҳазорҳо километр дур аз соҳил зиндагй мекунанд, ҳангоми давраи афзоишёбй ба дарёҳо баргашта, ҳама монеаҳоро паси cap карда, ба боло мебароянд. Дар садддо моҳиҳо аз об хез зада, дар ҷойҳои камоб пушти худро ба ҳаво карда ҳаракат меку­нанд. Дар болооби дарёҳо моҳиҳо тухм мегузоранд, ки баъдан аксар вақт он тухмдо нобуд мешаванд. Масалан, озодмоҳй, боло ба муқобили ҷараёни дарёи Амур ҳаракат карда, наздик ба 400 км-ро тай мекунад.

Дар рӯзҳои баҳорй калпесаҳо, морҳо, ва сангпуштҳо тухм мегузоранд. Паррандаҳо ба чуфтҳо муттаҳид туда, лона месозанд. Баъзе паррандагон (шӯрнӯлхо, фароштурукҳо, моҳихӯракҳо) ба колонияҳо муттаҳид туда, лона месозанд. Агар дар канораҳои роҳ микдори зиёди тӯсҳо, ки аз якчанд қаторҳо иборатанд, дучор оянд, пас дар онҷо метавон лонаҳои зиёди шӯрнӯлҳоро пайдо кардан мумкин аст. Дар ка- нори болоии соҳили дарёҳои ҷаридор то 200 ва аз он бештар фароштурукҳо лона месозанд.

Ин паррандагон, дар як колония муттаҳид туда, ба осонӣ барои чӯҷаҳояшон ғизо пайдо мекунанд. Дангоми парвариши чӯҷаҳои хурд нақши муҳимеро сохти лонаҳо мебозанд. Дар лонаҳои жарф маъмулан тухмҳо хуб муҳофизат туда, онҳо берун на- меафтанд. Вақте чӯҷаҳо дар лона менишинанд, вай аз ҳар тараф таври баробар гарм мешавад. Дар лона рутубат ва ҳарорати лозим таъмин мегардад. Лонае, ки дар шохаи дарахтон ва ё баланд аз сатҳи замин дар соҳили ҷариҳо қарор доранд, ба модари паррандаҳо, ки тухм мегузоранд ва чӯҷаҳои навзодашон имконият медиҳанд, то аз ҳар навъ ҳайвоноти дарранда худ ва чӯчаҳояшонро ҳифз кунанд.

Таъсири қатьнашавандаи одам ба Табиат (ба вижа ба ҳайвонҳо) боиси кам пгуда- ни микдори як навъ ва аз байн рафтани навъи дигари ҳайвонот мегардад. Вобаста ба ин ҳайвонҳои миранда ва навъҳои нодири он ба рӯйхати Китоби Сурхи Қирғизистон дохил карда туда, таҳти ҳимоя қарор доранд.

Пурсишҳо

  1. Оё мафҳумҳои ҳайвон ва даррандаи ваҳшй ягонаанд?
  2. Кадом ҳайвонҳоро Шумо медонед? Онҳоро дар дафтарҳои худ нависед.
  3. Фарқи ҳайвонҳои хонагй аз ваҳшй аз чй иборат аст? Як саҳифаи дафтарро ба ду сутунча тақсим намуда, дар сутунчаи аввал ҳайвонҳои хонагй ва дар дуввумаш ҳайвонҳои ваҳширо нависед.
  4. Чун қоида, ба табиати зинда одамон, ҳайвонот ва растаниҳоро дохил мекунанд. Ғизои онҳо чист?
  5. Кадом навъи ҳайвонот дар Қирғизистон зиндагй мекунанд: шутур, кенгуру, орангутанг, фил, паланг, гов, говмеш, гӯсфанди куҳӣ, caг, кабӯтар, пингвин, тюлен, шутурмурғ ва ғайра ?
  6. Кадом навъи моҳиҳоро Шумо медонед? Кадом навъи моҳиҳо дар кӯлҳои Иссиқ- Кӯл, Сон-Кӯл ва обанбори Токтогул зиндагй мекунанд?
  7. Шумо дар бораи Китоби Сурхи Қирғизистон чй медонед?

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …