Главная / Гуногун / Ҳокимони Ӯротеппа ва Хуҷанд (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Ҳокимони Ӯротеппа ва Хуҷанд (охири асри XVIII- ибтидои асри XIX)

Соли 1800 аз тарафи лашкари Бухоро Ӯротеппа забт шуд. Бародари Худоёрбий – Бобобий ҳокими ин мулк ва писари ӯ Бекмуродбий ҳокими Хуҷанд таъин шуданд. Бекмуродбеки ҷавон ба суи Ӯротеппа лашкар кашида амак ва падараруси худ Бобобийро ба қатл расонд. Аз ин воқеа истифода намуда, хони Хуқанд Олимхон Хуҷандро ишғол кард. Бекмуродбий барои ба тасарруфи худ баргардонидани Хуҷанд ба боҷаи худ амир Ҳайдар муроҷиат намуда, аз ӯ ёрӣ талабид. Соли 1802 амир фурсатро ғанимат шуморида, бо лашкари худ озими Ӯротеппа гашт. Бекмуродбий ба пешвози ӯ баромад. Амир Ҳайдар Бекмуродбийро дастгир намуда, ба дасти писарони Бобобий супурд. Онҳо ин ҷавони 22-соларо қатл карданд. Ба ҷои ӯ Ирназарбий ҳокими Ӯротеппа таъин шуд. Барои дар итоати худ нигоҳ доштани Ӯротеппа дар ин шаҳр чор ҳазор лашкари Бухоро сокин шуданд.

buxoro

Хони Хуқанд Олимхон соли 1805 ба суи Ӯротеппа лашкар кашида, Мулло Ирназари манғитиро аз ҳокимият маҳрум сохт. Дере нагузашта, Махмудхони Хоҷааҳрорӣ шаҳрро ишғол кард. То соли 1810 ӯ дар тобеияти амир Ҳайдар буд. Баъд Маҳмудхон аз Бухоро рӯй гардонда, бо хони Хуқанд Умархон ҳамзабон гашт. Бо вуҷуди ин хони мазкур ба ӯ боварӣ пайдо накард ва Маҳмудхонро бартараф кард.

Соли 1814 Муҳаммадраҳими атолиқ ё худ Атолиқбек ҳокими Ӯротеппа таъин шуд. Дар замони ҳукмронии ӯ қалъаи Ҷиззах, Ём ва Зомин аз нав тобеи Ӯротеппа гаштанд.

Ҳукмронии ҳокими мазкур дар Ӯротеппа ва дар ҷойҳои номбурда то соли 1828, яъне 12 сол давом кард. Ӯро хони Хуқанд Муҳаммадалихон (1822-1842) аз тахти Ӯротеппа маҳрум гардонд. Муҳаммадраҳим ба Шаҳрисабз омада, хост мулки худро аз дасти хони Хуқанд Шоҳи парвоначӣ баргардонад. Вале нақшааш амалӣ нагашт ва ӯ қатл шуд. Шоҳи парвоначӣ то дар Ӯротеппа ҳоким таъин шуданаш, Хуҷандро идора мекард. Ҳукмронӣ номбурда дар Ӯротеппа то соли 1832 ҳокимият кард. Ӯро Гадойбой парвоначӣ иваз намуда, то соли 1839 тахтнишин гашт.

Амири Бухоро Насрулло соли 1841 ин мулкро забт намуд ва Карамқули додхоҳро ҳокими Ӯротеппа таъин кард.

Баъд аз ғалабаи соли 1841 аз болои Хуқанд амир Насрулло дар бозгашт ба суи Бухоро писари хурдии Нодира Султон Маҳмудро ҳокими Хуҷанд ва Бердиёрро ҳокими Ӯротеппа таъин намуд.

Дере нагузашта, хони Хуқанд Муҳаммадалихон аз ваъдаҳои худ даст кашид. Ин сабаби бори дигар, соли 1842 ба сӯи Хуқанд юриш намудани амири Бухоро гардид. Лашкари Ӯротеппа бо сарварии ҳокими он Бердиёр ҳамроҳи амир вориди Хуқанд гашт. Баъд аз воқеаҳои мазкур номбурда вафот кард. Ба ҷои ӯ амир Насрулло аввал Исобеки манғит ва баъди як сол Исобеки юзро, ки набераи Худоёрбӣ буд, ҳокими Ӯротеппа таъин кард.

Ҳукмронии якуми ӯ аз соли 1843 то соли 1849 давом кард. Дар охири соли 1849 Исобек аз ҳокимият ронда шуда, Абдулғаффорбек ҷои ӯро ишғол намуд. Ӯ ҳам дер напоид ва ҳокимияти ин мулк ба Алашукурбек расид. Исобек бо ёрии лашкари қипчоқия ба мулки Ӯротеппа ҳамла оварда, ғалаба кард. Алашукурбек асир афтода, қатл шуд. Ҳукмронии дуюми Исобек дар Ӯротеппа то соли 1852 давом кард. Дар ин сол Рустамбек ба тахти Ӯротеппа соҳиб гашт. Исобек ба назди хони Хуқанд Худоёрхон баргашт. Хон ӯро ҳокими Андиҷон таъин кард. Дере нагузашта ӯ аз онҷо ба пойтахти хонӣ даъват шуда ба қатл расид.

Ҳукмронии секаратаи ҳокими номии Ӯротеппа – Рустамбек то соли 1858 давом кард. Дар муддати даҳ соли давлатдориаш ӯ дар пойтахти худ корвонсарой, Мадраса, ҳаммом, масҷид ва дигар биноҳои азим бино кард.

Рустамбек соли 1858 баъд аз забти мулки Ӯротеппа аз тарафи амир Насрулло ба қатл расид. Аз соли қатли ӯ то забти мулки Ӯротеппа аз тарафи лашкари Русия дар соли 1866, дар ин мулки якчанд нафар дастпарварони Бухорову Хуқанд ҳукм ронданд – Бозорбий, Баротбек, Абдулғаффорбек ва дигарҳо.

Ҳамаи ҳокимони ба сари кудрат омада ҳаракат кардаанд, ки хазинаи худро аз ҳисоби халқи қашшоқшуда пур кунанд. Як қисми мардум маҷбур шуда буд, ки ба кӯҳистони дурдаст ва вилоятҳои дигар фирор намояд. Бинобар қатлу ғорат ва ба мулки дигар фирор намудан, миқдори аҳолии мулки мазкур зиёд намешуд. Дар нимаи аввали асри XIX дар шаҳри Ӯротеппа ҳамагӣ даҳ ҳазор одам зиндагӣ мекард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …