Главная / Гуногун / Оё рост аст, ки Зардушт пайғамбари Ориён буд?

Оё рост аст, ки Зардушт пайғамбари Ориён буд?

Мутлақо дурўғ аст. Дар таърих ашхоси авомфиреби номдор хеле бисёранд. Одамони соддалавҳи чаласавод ё иддаи сиёсатмадорон барои манфиатҳои худ шуда, ашхоси нобакореро то ба дараҷаи пайғамбарӣ ё сиёсатмадорон баҳри сиёсаташон шуда, шахси нобакорро то ба даҳои инсоният мерасонанд. Чунончӣ Зардушт дар замони мо, академик Лисенко дар  замони Сталин.

Мо дар бораи мавқеи Зардуштро исбот намудан на фақат ба адабиёти Шарқ балки асарҳои таърихии умумиҷаҳониро дастрас намуда, исбот намудем, ки Зардушт нафақат авомфиреб, балки авантуристи ашадӣ ҳам будааст. Дар ин хусус мо дар китобҳои худ ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ матолиби муфассал чоп намудем. Далели раднопазир гуфтаҳои Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аст. (Нигаред «Достонҳои «Шоҳнома» китоби 2. Нигориши Сотим Улуғзода.- Душанбе, 1977. С. 34, 35, 36).

Вале моро як чиз ба ҳайрат меорад, ки ҳам адабиётшиносон, ҳам муаррихон, ҳам файласуфҳо, ҳам баъзе шоирон дар бораи Зардушт чизе намедонанду боз васфи Зардушт мекунанд, шеърҳо менависанд.

Вале дили мо ба бастакорон месўзад, ки ба он шеърҳои пуч оҳанги хуб мебанданду ва чун коргарони телевизион аз ҳақиқат огоҳ мешаванд онро  рад мекунанд. Бастакорон намедонанд, ки баъзе шоирони замони мо аз паси ҳангома рафта, боре ҳам «Шоҳнома»-ро нахондаанд. Боз мо даъво мекунем, ки тоҷикон китоб намехонанд, ба театр намераванд. Чи хел онҳо китоб хонанд, ки мо худ аз ҳақиқати таърихӣ фарсахҳо дурем, чи хел онҳо ба театр раванд, ки образи шахси хунхори ашадӣ Искандари Мақдуниро васф мекунанд. Ҳол он ки ў ба сарзамини муқаддаси таърихии тоҷикон, ки бе сарвару бе давлату бе яроқ монда буд, бо 35 ҳазор лашкари то хокиртак яроқнок 8 сол ҷангида, халқро ба тамом қир карда, шаҳрҳои таърихии онро оташ зада, ҳатто таҳкурсиҳои биноҳои таърихиро ба чор сў партофтааст, ки мабодо наслҳои оянда замоне боз аз нав барқарор накунанд. Вале худ дар ин диёри мукаддас кушта шуд.

Устоди Искандари Мақдуни кӣ буд? Кӣ ўро то ба ин дараҷаи хунхорӣ расонидааст?! Кӣ инсониятро ба ду тақсим карда, мафҳуми «барбарӣ»-ро ҷорӣ кард? Кӣ инсониятро ба ду тақсим карда, куштани қисми дуюмро раво ва ҳатто савоб донист?!

Ин қотил файласуфи маъруфи ҷаҳонӣ – Арасту буд. Ў шахсе гардид, ки на фақат дар ҷодаи фалсафа зидди устоди худ Афлотун баромад кард, балки дар ҳамаи масъалаҳо ҷойи устоди худро гирифтан мехост. «Вале, мегўяд Муҳаммад Рашшод, ба пояи Афлотун расида натавонист».

Пас аз марги Искандар ҳамоно халқаш бар зидди ў қиём кард. Арасту аз тарс ба ҷазираи Эвбея гурехта, пас аз як сол – соли 322 пеш аз милод ба касалии захми меъда гирифтор шуда,  дар бенавоӣ ва сахтиву зорӣ, дур аз ёру дўстон аз олам гузашт.

Мо ба хонандаи ҳушманд дар бораи ваҳшонияти Искандари Мақдунӣ, фаъолияти Арасту китобҳои зерин «История цивилизации арийцев», «Таърихи тамаддуни Ориён» ва «ARYANS» (ба забони англисӣ) – ро тавсия мекунем.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …