Главная / Гуногун / Оё мумкин аст, баромади модҳоро возеҳтар баён кунед?

Оё мумкин аст, баромади модҳоро возеҳтар баён кунед?

Ориён ба сарзамини Эрони муосир аз Осиёи Миёна ҳанўз аз асри 12-10 пеш аз милод дохил шуда буданд. Дар ин сарзамин ҳанўз, системаи давлатдорӣ ба вуҷуд наомада буд. Мардум асосан деҳотӣ буданд. Подшоҳи нахустини модҳо Дейок ном дошт. Ў ҳамчун пири хирадманд тавонист дар асри 8 пеш аз милод ба як давлати муқтадир, дар оянда, асос гузорад.

Дертар модҳо форсҳоро ҳам дар Осиёи Миёна ба тасарруди худ дароварданд. Аз ин лиҳоз то кунун эрониҳо худро бо ифтихор ,,модҳо” мегўянд. Хулоса, Эрони Бостон таърихи пуршарафе дорад, ки чи бузургони мод ва чи форс аз қадимулайём робитаи мустаҳкам доштанд. Масалан, подшоҳи силсилаи охири каёниён дар Бобулистон Навохудоносор домоди модҳо буд, дертар падари Куруши Кабир ҳам боз домоди модҳо гардид, яъне модари Куруши Кабир Мандона духтари подшоҳи модҳо Астиога буда, падараш Камбис дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон, подшоҳӣ мекард. Аз ин лиҳоз, Ҳегел «…таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс оғоз меёбад» гўён ҷойи зисти форсҳоро Суғд ва Бохтар, мобайни ду дарё – Сир ва Ому мегўяд. (Гегель. «Философия истории»).

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …