Главная / Маданият ва санъат / Оинномаи Бонк (Намуна)

Оинномаи Бонк (Намуна)

ОИННОМАИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ  ПӮШИДАИ «БОНКИ  ТОҶИКИСТОН»

«Нусҳаи аслии ҳуҷҷати дохилии музкурро тасдиқ менамоям»

Раиси Шӯрои нозирони Бонк 

_________________ Файзи Рафӣ

Оиннома

Бо Қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорони

ҶСП «Бонки Тоҷикистон»

тасдиқ шудааст.

(Пайнавишти №3 аз 10 январи соли 2015)

Нашри № 1, Таҳрири – 3, Соли 2015

МУНДАРИҶА

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ. 3
  2. АМАЛИЁТҲОИ БОНКӢ. 5
  3. САРМОЯИ ОИННОМАВӢ. 7
  4. САҲМИЯҲОИ БОНК. 9
  5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ САҲМИЯДОРОН. 11
  6. ҶОБАҶОГУЗОРИИ САҲМИЯҲО. 13
  7. ФЕҲРИСТИ (РЕЕСТРИ) САҲМИЯДОРОН ВА        ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ОНҲО. 15
  8. ТАҚСИМОТИ ФОИДА. 15
  9. ТАЪМИНИ МАНФИАТҲОИ МИЗОҶОН. 18
  10. ҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТ. 19
  11. АУДИТИ МУСТАҚИЛ (БЕРУНА). 20
  12. ИДОРАКУНИИ БОНК. 22
  13. ШӮРОИ НОЗИРОНИ  БОНК. 27
  14. МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ БОНК. 30
  15. КУМИТАИ АУДИТ ВА ХАДАМОТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ. 34
  16. ФИЛИАЛҲО ВА НАМОЯНДАГИҲОИ БОНК. 35
  17. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ БОНК. 37
  18. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ. 37

1.   МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.

  • Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки Тоҷикистон», ки минбаъд дар Оиннома «Бонк» номида мешавад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва амал мекунад.
  • Бонк фаъолияти худро дар асоси иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ амалӣ мегардонад. Иҷозатнома аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ, бемуҳлат ва бе ҳуқуқи ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад.
  • Номи пурраи расмии Бонк:
  • Бо забони тоҷикӣ: Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки Тоҷикистон»;
  • Бо забони русӣ: Закрытое акционерное общество «Международный Банк Таджикистана»;
  • Бо забони англисӣ: Closed Joint Stock Company «International Bank of Tajikistan».

Номи мухтасари Бонк:

  • Бо забони тоҷикӣ: ҶСП «Бонки Тоҷикистон»;
  • Бо забони русӣ: ЗАО «Международный Банк Таджикистана»;
  • Бо забони англисӣ: CJSC «International Bank of Tajikistan».

Бонк ҳуқуқи истиснои истифодаи номи фирмавии худро дорад.

  • Маҳалли ҷойгиршавӣ Бонк: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи Раҳмон Набиев, 25.
  • Бонк шахси ҳуқуқӣ буда, ҳамчун ташкилоти қарзӣ бо мақсадҳои пешбурдӣ фаъолияти тиҷоратӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъсис дода шудааст ва уҳдадориҳои ба он вобастаро ба зимма дорад.
  • Бонк дорои муҳри мудаввар буда, дар он номи пурраи расмиаш бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ бо нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқиаш дарҷ гардидааст.

Бонк ҳамчунин дорои штамп, бланкаҳо бо ифодаи номи худ ва суроғаи ҳуқуқӣ, аломат (логотип) ва дигар воситаҳои фарқкунанда мебошад.

  • Бонк ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, бе маҳдудияти муҳлати фаъолият амал намуда, фаъолияти худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», дигар қонунҳои амалкунанда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.
  • Бонк соҳиб, истифодабаранда ва ихтиёрдорикунандаи моликияти худ ва даромади мувофиқи мақсад ба дастовардашудааш мебошад.
  • Ҳайати саҳмиядорон дар феҳристи (реестри) саҳмиядорони Бонк нишон дода мешавад.
  • Саҳмиядорони Бонк дар ҳадди маблағҳои саҳмияҳои харидаашон хавфи дидани зарарро доранд. Бонк аз рӯи уҳдадориҳои саҳмиядорони худ ҷавобгар намебошад ва саҳмиядорон барои уҳдадории Бонк ҷавобгар намебошанд. Бонк аз рӯи уҳдадориҳои давлат ва давлат аз рӯи ухдадориҳои Бонк ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин уҳдадориҳоро қабул карда бошанд.
  • Бонк ҳангоми қабули қарорҳои худ мустақил буда, аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ вобаста намебошад.
  • Бонк молу мулки алоҳида дорад, ки дар тавозуни мустақили он ба ҳисоб гирифта шуда, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсиро ба даст орад, уҳдадориҳо дошта бошад, ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар дар суд баромад кунад.
  • Бонк ҳуқуқи мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои дигари тиҷоратию ғайритиҷоратӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад иштирок намояд. Дар ин ҳолат ҳаҷми маблағи сарфшавандаи худӣ барои харидани саҳмияҳои шахсони ҳуқуқии дигар набояд аз меъёри муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон зиёд бошад.
  • Забони расмие, ки дар фаъолияти Бонк истифода бурда мешавад, забони давлатӣ – тоҷикӣ мебошад. Тамоми навиштаҷот, пайнавиштҳо, ҳисоботу ҳуҷҷатҳо, инчунин коргузорӣ бо забони давлатӣ бурда мешаванд.
  • Оинномаи мазкур бо риояи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон тартиб дода шуда, мутобиқи онҳо маънидод карда мешавад.

2.   АМАЛИЁТҲОИ БОНКӢ.

  • Бонк амалиётҳои бонкии зеринро метавонад иҷро намояд:
  • ҷалби амонат ва пасандозҳо;
  • додани қарзҳо (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла:
    • қарзҳои истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;
    • факторинг;
    • форфейтинг;
  • кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;
  • хариду фурӯши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:
  • воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла: чекҳо, векселҳо, уҳдадориномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандозӣ);
  • асъори хориҷӣ;
  • саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;
  • қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;
  • додани кафолат, баҳисобгирии уҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён;
  • хизматрасонии фосилавии бонкӣ, клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла: кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо, чекҳои сафарӣ, векселҳо ва ғайра);
  • миёнаравӣ дар бозори пулӣ;
  • амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);
  • хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);
  • ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар банди мазкур зикршуда бармеоянд ва дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
  • амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
  • қабул намудан (инкассатсия) ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо.
  • Бонк ғайр аз амалиёти бонкии дар банди 2.01. номбаршуда, ҳуқуқ дорад гузаронидани аҳдҳои зеринро амалӣ гардонад:
  • додани замонат, ки иҷрои уҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;
  • иҷораи молиявӣ (лизинг);
  • амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;
  • хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;
  • хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ.
  • Бонк бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар бонкҳои дохилӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳои муросилотӣ кушояд.
  • Бонк ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бе восита ба фаъолияти суғурта машғул намешавад.

3.   САРМОЯИ ОИННОМАВӢ.

  • Сармояи оинномавии Бонк дар ҳаҷми 84 846 500 (ҳаштоду чор миллиону ҳаштсаду чилу шаш ҳазору панҷсад) сомонӣ эълон карда шуда, миқдори умумии саҳмияҳои баровардашаванда 848 465 (ҳаштсаду чилу ҳашт ҳазору чорсаду шасту панҷ) дона саҳмияҳои одди номиро ташкил медиҳад ва арзиши ҳар як саҳмия 100 (сад) сомонӣ мебошад. Ҳадди ақалли сармояи танзимшавандаро Бонки милли Тоҷикистон муқаррар мекунад.
  • Сармояи оинномавии Бонк бо пули миллӣ аз ҳисоби воситаҳои пулӣ, молу мулкӣ ташаккул меёбад.
  • Андозаи ғайри пулии сармояи оинномавии Бонк аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон зиёд буда наметавонад. Молу мулки ба сармояи оинномавӣ гузошта шуда моликияти Бонк мебошад.

Бонк сармояи худро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, грантҳои аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, инчунин воситаҳои қарзӣ ва ҷалбшуда наметавонад ташкил ва пур намояд.

  • Сармояи оинномавии Бонк метавонад бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад. Қарор дар бораи зиёд намудани сармояи оинномавии Бонкро Маҷлиси умумии саҳмиядорон бо тарафдории аксарияти аз чор се (3/4) ҳиссаи овози саҳмиядорон – соҳибони саҳмияҳои овоздор, ки дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон иштирок намудаанд, қабул менамояд.
  • Сармояи оинномавии Бонк бо роҳи паҳн намудани саҳмияҳои иловагӣ метавонад аз ҳисоби молу мулки Бонк зиёд карда шавад. Сармояи оинномавии Бонк бо роҳи зиёд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо танҳо аз ҳисоби молу мулки Бонк зиёд карда мешавад. Маблағе, ки ба андозаи он сармояи оинномавии Бонк аз ҳисоби молу мулки Бонк зиёд карда мешавад, набояд аз фарқи байни арзиши дороии софи Бонк ва маблағи сармояи оинномавӣ ва сармояи эҳтиётии Бонк бештар бошад.

Саҳмияҳои иловагиро Бонк метавонад танҳо дар доираи миқдори саҳмияҳои эълоншуда, ки Оинномаи Бонк муқаррар намудааст, паҳн кунад.

  • Қарори зиёд кардани сармояи оинномавии Бонк бо роҳи паҳн намудани саҳмияҳои иловагӣ Маҷлиси умумии саҳмиядорон метавонад ҳамзамон бо қабули қарори ба Оиннома ворид кардани муқаррарот оид ба саҳмияҳои эълоншуда, ки мутобиқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули чунин қарор заруранд ё тағйир додани муқаррарот оид ба саҳмияҳои эълоншуда қабул намояд.
  • Дар қарор нисбати зиёд кардани сармояи оинномавии Бонк бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ бояд микдори саҳмияҳои оддии иловагӣ паҳнкардашаванда ва саҳмияҳои имтиёзноки ҳар як навъ дар доираи миқдори саҳмияҳои эълоншудаи ҳамин намуд (навъ), усули паҳн кардан, музди паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ, ки тавассути обуна сурат мегирад ё тартиби муайян намудани он, аз ҷумла нархи паҳн кардан ё тартиби муайян намудани нархи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ ба саҳмиядорони дорои ҳуқуқҳои афзалиятнок барои харидани саҳмияҳои паҳнкардашаванда, шакли пардохти саҳмияҳои иловагии тавассути обуна паҳнкардашаванда, инчунин дигар шартҳои паҳн кардани саҳмия муайян карда шавад.
  • Саҳмдорони Бонк дорои ҳуқуқи афзалиятноки харидани саҳмияҳои паҳншавандаи иловагиро мутаносибан ба миқдори саҳмияҳои аз ҳамин намуд доштаашонро доранд.

Ҳангоми зиёд намудани сармояи оинномавии Бонк аз ҳисоби молу мулки он бо роҳи паҳн намудани саҳмияҳои иловагӣ ин саҳмияҳо дар байни ҳамаи саҳмиядорон тақсим карда мешаванд. Дар ин ҳолат ба ҳар як саҳмиядор мутаносибан баробари теъдоди саҳмияҳояш саҳмияҳои ҳамон намуд (навъ) тақсим карда мешавад.

  • Бонк ҳуқуқ дорад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки сармояи оинномавии худро кам кунад.

Сармояи оинномавии Бонк метавонад бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам кардани миқдори умумии онҳо ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» бо роҳи ба даст овардани қисми саҳмияҳо кам карда шавад.

Агар дар натиҷаи кам кардани сармояи оинномавӣ ҳаҷми он аз ҳаҷми ҳадди ақалли сармояи оинномавии дар Қонун муайянгардида кам шавад, Бонк ҳуқуқ надорад, ки сармояи оинномавиашро кам кунад.

  • Қарори кам кардани сармояи оинномавии Бонк бо роҳи кам намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи харида гирифтани як қисми саҳмияҳо бо мақсади кам кардани микдори умумӣ аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмиядорон қабул карда мешавад.

Бонк, дар давоми 30 рӯзи қабул гардидани қарори кам кардани сармояи оинномавии худ вазифадор аст ба таври хаттӣ кредиторонашро дар хусуси кам кардани сармояи оинномавӣ ва ҳаҷми нави он огоҳ созад, инчунин дар нашрияҳои барои чопи маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ таъингардида дар хусуси қарори қабулшуда маълумот дарҷ намояд.

4.   САҲМИЯҲОИ  БОНК.

  • Ҳамаи саҳмияҳои Бонк аз саҳмияҳои оддии номӣ иборат мебошанд ва дар шакли ғайриҳуҷҷатӣ нашр мешаванд.
  • Саҳмияҳои оддии Бонк дорои арзиши номиналии якхелаи бо сомонӣ ифодаёфта буда, ба саҳмиядорон – соҳибони худ ҳуқуқҳои якхела, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» муайян шудааст, медиҳад.

Ба ҳар як саҳмиядор оиди дороии саҳмия ва миқдори он ҳуҷҷат дода мешавад.

  • Саҳмияҳои Бонк тақсим нашавандаанд.
  • Хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар Бонк бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон ва тарзи зерин сурат мегирад:
  • ҳар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро, яъне 10 ва зиёда аз он фоизи саҳмияҳоро дар Бонк харидорӣ намояд, ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ манзур менамояд.
  • дархост дар бораи хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок бояд инҳоро дар бар гирад:
  • ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷои доимии истиқомат, фаъолияти корӣ ё касбӣ ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок;
  • маълумотнома барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;
  • дар ҳолате ки агар шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси ҳуқуқӣ бошад, нусхаи ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз  аудит гузаштааст;
  • номгӯ ва маҳалли ҷойгиршавии ҳар намуди фаъолияте, ки дар он ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок соҳиби ҳисса мебошад, бо нишон додани андозаи ҳисса;
  • шартҳои харидани ҳиссаи иштироки афзалиятнок;
  • манбаи қонунии маблағҳои пулие, ки барои харидорӣ истифода мешаванд;
  • ҳар гуна нақша ё пешниҳод оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии Бонк;
  • дигар маълумоте, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад талаб кунад.
  • Бонки миллии Тоҷикистон оқибатҳои таъсири ивазшавии моликро ба устувории Бонк ва ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани талабгорони моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 рӯз аз рӯзи гирифтани дархост ба дархосткунанда ё дархосткунандагон ба таври хаттӣ дар бораи розигӣ ё радкунии дархост ҷавоб медиҳад. Ҳангоми радкунӣ асоси он бояд нишон дода шавад.

Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати муқарраршуда оиди қарори худ ба Бонк хабар надиҳад, ин маънои розигии онро барои харидани ҳиссаи афзалиятнок дорад.

  • Ҳар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар Бонк то ба 10, 20, 33, 50 ё 75 фоизи сармоя ё мутаносибан ба ҳамин ҳиссаи саҳмияҳои овоздиҳандаи Бонк ё аз он зиёд намояд, бояд на кам аз 30 рӯз пеш Бонки миллии Тоҷикистонро бо таври хаттӣ огоҳ намояд.
  • Бонк аз пешниҳоди хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниҳоди зиёд кардани ҳиссаи мавҷудаи он хабардор шавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттӣ мефиристад.
  • Бонк дар ҳолати хабардор шуданаш аз он, ки моликони вай аз ҷумла моликони ҳиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ огоҳ мекунад.

5.   ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ САҲМИЯДОРОН.

  • Саҳмиядорони Бонк шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дохилию хориҷӣ шуда метавонанд, ки ақалан як саҳмияро дар натиҷаи тақсими саҳмияҳо дар байни муассисон ва саҳмиядорон соҳиб шудаанд.
  • Саҳмиядорон ҳуқуқҳои зерин доранд:
  • Дар феҳристи саҳмиядорони Бонк дохил карда шаванд;
  • Гирифтани суди саҳмияҳо (дивиденд) аз фаъолияти Бонк;
  • Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани қисми молу Бонк, ки баъд аз барҳамдиҳии он боқӣ мондааст;
  • Саҳмияҳоро дар навбати аввал харидорӣ намоянд;
  • Як қисм ва ё ҳамаи саҳмияҳояшонро ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ васият намоянд;
  • Саҳмияҳо ё як қисме аз онҳоро бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯшанд ё бо роҳи дигар гузашт намоянд;
  • Оиди фаъолияти Бонк ахборот гиранд, аз он ҷумла бо ҳуҷҷатҳои ҳисоботии гуногун ва бо маводҳои ҷаласаи Маҷлиси умумии саҳмиядорон шинос шаванд, нусха ва иқтибосҳои пайнавишту қарорҳои ҷаласаҳои Маҷлиси умумии саҳмиядоронро талаб намоянд;
  • Дар ҷаласаҳои Маҷлиси умумии саҳмиядорон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ мувофиқи ҳиссаи миқдори саҳмияҳояшон дар сармояи Оинномавии Бонк иштирок намоянд. Пешниҳодот, мухолифат ва фаҳмиши худро пешбарӣ намоянд;
  • Гузаронидани тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагидориро аз ҷониби аудитори мустақил талаб намоянд, агар соҳиби 1 (як) ё зиёда аз ин фоиз аз миқдори умумии саҳмияҳои овоздори Бонк бошанд. Дар ин ҳолат тамоми хароҷоти аудит аз ҳисоби саҳмиядоре, ки гузаронидани аудитро талаб менамояд, пардохт карда мешавад;
  • Даъват намудани Маҷлиси умумии ғайринавбатиро талаб намоянд, агар дорои 10 ва ё зиёда аз он фоизи ҳиссаи умумии саҳмияҳои овоздори Бонкро ҳангоми пешниҳоди талаб доро бошанд;
  • Дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон шахсан ё тавассути намояндаи худ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ иштирок намоянд;
  • Ба Раёсат дархост намояд ва талаб намоянд, ки оиди саволҳои ба рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмиядорон дохилшаванда, ахборот дода шавад.
  • Саҳмиядорон уҳдадориҳои зеринро доранд:
  • Ахбороти махфии (конфиденсиалии) фаъолияти Бонкро фош насозанд;
  • Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамин Оиннома, қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмиядорон, Шӯрои нозирон, Раёсат, ҳуҷҷатҳои таъсисию дохилии Бонкро риоя намоянд;
  • Ҳиссаи саҳмияҳояшонро дар вақташ пардохт намоянд;
  • Уҳдадориҳои нисбати Бонк ба зимма гирифтаашонро иҷро намоянд;
  • Барои иҷрои мақсадҳои муқарраршудаи Бонк мусоидат намоянд;
  • Амалҳоеро, ки боиси расонидани зарар ба Бонк мегарданд, иҷро накунанд.
  • Саҳмиядороне, ки арзиши саҳмияҳоро пурра напардохтаанд, дар доираи уҳдадориҳои Бонк оид ба арзиши пардохтнашудаи саҳмияҳояшон дорои масъулияти муштарак мебошанд.

6.   ҶОБАҶОГУЗОРИИ САҲМИЯҲО.

  • Саҳмияҳои Бонк танҳо байни муассисон ё гуруҳи дигари шахсони қаблан муайянгардида тақсим карда мешавад. Бонк наметавонад ба саҳмияҳои баровардааш обунаи кушода доир намояд ё ба тарзи дигар онҳоро барои харид ба гуруҳи номаҳдуди шахсон пешниҳод кунад.
  • Саҳмиядорони Бонк ҳуқуқи ба шахси дигар гузашт намудани саҳмияҳояшонро бо тартиби зерин амалӣ мегардонанд.

Он саҳмиядори Бонк, ки нияти ба шахси сеюм фурӯхтани саҳмияҳояшро дорад, уҳдадор аст ба таври хаттӣ ба саҳмиядорони дигари Бонк ва худи Бонк огоҳнома бо нишондоди нарх ва дигар шартҳои фурӯши саҳмияҳо, бо назардошти маълумоти кофӣ барои шинохтани харидори имконпазири саҳмияҳо фиристад. Огоҳонидани саҳмиядорони Бонк ба воситаи Бонк ва аз ҳисоби саҳмиядоре, ки нияти фурӯхтани саҳмияро дорад, амалӣ карда мешавад.

  • Саҳмиядорони Бонк ҳуқуки афзалиятноки харидани саҳмияҳои аз тарафи саҳмиядор ба шахси сеюм фурӯхташавандаро бо нархи ба шахси сеюм пешниҳодкардашуда, мутаносибан ба миқдори саҳмияҳои ба ҳар як кадомашон таалуқдоштаро доранд. Бонк дар ҳолати аз тарафи саҳмиядорон истифода накардани ҳуқуқи афзалиятноки харидории саҳмияҳо, дорои ҳуқуқи афзалиятноки харидани саҳмияҳои аз тарафи саҳмиядорон ба шахси сеюм фурӯхташаванда мегардад.

Дар ҳолати аз тарафи саҳмиядорон ва Бонк истифода нашудани ҳуқуқи афзалиятноки худ барои хариди ҳамаи саҳмияҳои ба фурӯш бароварда шуда, саҳмияҳо ба шахси сеюм бо нарх ва шартҳое, ки ба Бонк ва саҳмиядорон пешкаш шуда буд фурӯхта мешаванд. Муҳлати истифодаи ҳуқуқи афзалиятноки саҳмиядорони Бонк 30 рӯз аз рӯзи гирифтани огоҳномаи дахлдор мебошад. Муҳлати ҳуқуқи афзалиятноки Бонк 30 рӯзро аз рӯзи гузашти муҳлати ҳуқуқи афзалиятноки харидани саҳмияҳо аз тарафи саҳмиядорон ё аз рӯзи (санаи) даст кашидани ҳамаи саҳмиядорон аз чунин ҳуқуқи афзалиятнок дар бар мегирад. Муҳлати истифодаи ҳуқуқи афзалиятнок дар ҳолате қатъ мегардад, ки агар то ба охир расидани он аз ҳамаи саҳмиядорон ва аз худи Бонк аризаи хаттӣ оиди истифодабарӣ ё даст кашидан аз истифодаи ҳуқуқи афзалиятноки гирифта шавад.

  • Гузашт кардани ҳуқуқи афзалиятнок роҳ дода намешавад.
  • Саҳмиядоре, ки тамоми саҳмияҳояшро фурӯхтааст, аз феҳристи (реестри) саҳмиядорон хориҷ шуда ҳисоб меёбад.
  • Миқдори саҳмиядорони Бонк аз 50 нафар зиёд буда наметавонад. Агар миқдори саҳмиядорон аз 50 нафар зиёд шавад Бонк бояд миқдори саҳмиядоронро то 50 нафар кам кунад, ё дар муддати як сол Бонкро ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил диҳад.
  • Ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти саҳмиядор – шахси ҳуқукӣ ва марги саҳмиядор – шахси воқеӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳояш оиди соҳибияти саҳмияҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

7.   ФЕҲРИСТИ (РЕЕСТРИ) САҲМИЯДОРОН ВА ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ОНҲО.

  • Бақайдгирии саҳмиядорон мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар феҳристи саҳмиядорони Бонк маълумот оиди ҳар кадом шахси бақайдгирифташуда миқдор ва намудҳои (навъҳои) саҳмияҳо, ки ба номи ҳар шахси ба қайд гирифташуда сабт шудааст ва инчунин дигар маълумоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, нишон дода мешаванд.

  • Шахси дар феҳристи саҳмиядорони Бонк ба қайд гирифташуда, вазифадор аст дар муҳлати 5 рӯз ба дорандаи феҳрист оиди ҳамагуна маълумоти тағйирёфта хабар диҳад. Бонк барои зарари дар натиҷаи иҷро накардани ин талабот ба саҳмиядор расонидашуда, ҷавобгар нест.
  • Бақайдгирии саҳмиядор ба воситаи ворид намудани навиштаҷот ба феҳрист амалӣ карда мешавад.
  • Навиштаҷот, инчунин дигар тағйирот ба феҳрист мувофиқи талаби саҳмиядор ё нигоҳдорандаи саҳмия на дертар аз 3 рӯзи корӣ баъди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ, ба расмият дароварда мешавад. Ҳангоми ворид намудани тағйирот ба феҳрист, дорандаи феҳрист дар давоми 5 рӯз ба шахсе, ки ворид намудани тағйиротро талаб кардааст огоҳномаи асоснок ирсол менамояд.
  • Мувофиқи талаби саҳмиядор, дорандаи феҳрист (реестр) бояд ҳуқуқи ӯро ба саҳмияҳо тасдиқ намояд, ба ӯ нусхаи сабтро аз феҳристи саҳмиядорони Бонк диҳад, ки он коғази қиматнок ҳисоб намеёбад, вале шаҳодати он аст, ки дорандааш соҳиби саҳмияҳои Бонк мебошад.

8.   ТАҚСИМОТИ ФОИДА.

  • Бонк дар масъалаҳои тақсими фоида ҳуқуқи томи мустақилияти хоҷагидориро дорад.
  • Фоида ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ муайян карда мешавад. Баъд аз андозбандӣ, фоидаи соф пурра дар интиёри Бонк мебошад.

Фоидаи софи Бонк бо қарори Маҷлиси умумии солонаи саҳмиядорон барои пӯшонидани зарарҳои молиявии солҳои гузашта, ва баъдан барои пардохти суди саҳмия (дивиденд) ба саҳмиядорон ва ташакулдиҳии фондҳои захиравии Бонк дар сармоя, равона карда мешавад.

  • Қарор дар бораи додани суди саҳмия, андозаи он, сана ва шакли пардохти он аз тарафи Маҷлиси умумии саҳмиядорон бо пешниҳоди Шӯрои нозирон қабул карда мешавад.

Руйхати шахсоне, ки барои гирифтани суди саҳмияҳо ҳуқуқ доранд, дар санаи таҳияи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳуқуқ доранд, тартиб дода мешавад. Барои таҳияи руйхати шахсони барои гирифтани суди саҳмияҳо ҳуқуқдошта дорандаи номиналии саҳмияҳо дар мавриди шахсоне, ки ӯ ба манфиати онҳо саҳмияҳоро соҳибӣ мекунад, маълумот пешниҳод менамояд.

Суди саҳмия барои саҳмияҳои баровардашудаи нофурӯхта ва бозпасхаридашудаи худи Бонк дода намешавад.

  • Бонк мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад дар ҳолатҳои зерин оиди пардохти суди саҳмияҳо қарор қабул намояд (эълон намояд):
  • то пурра пардохтани тамоми сармояи оинномавӣ;
  • агар ин гуна амал боиси аз андозаи ҳадди ақал камшавии сармояи танзимшаванда гардад;
  • агар дар рӯзи пардохт Бонк мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди муфлисӣ бошад ё дар натиҷаи пардохт аломатҳои зикршуда дар Бонк пайдо шаванд;
  • агар дар рӯзи пардохт арзиши дороии софи Бонк аз сармояи оинномавӣ ва фонди захиравии он камтар бошад ё ҳаҷми онҳо дар натиҷаи пардохт камтар гардад;
  • дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Бонк ҳуқуқ надорад суди саҳмияҳои эълоншударо дар ҳолатҳои зайл пардозад:
  • агар дар рӯзи пардохт Бонк мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисӣ дорои аломатҳои муфлисӣ бошад ё дар натиҷаи пардохтҳои суди саҳмияҳо аломатҳои зикршуда дар Бонк мушоҳида шаванд;
  • агар дар рӯзи пардохт арзиши дороии софи Бонк аз сармояи оинномавӣ, сармояи танзимшаванда камтар бошад ва арзиши барҳамдиҳии саҳмияҳои имтиёзноки фурӯхташуда аз арзиши номиналии муайяннамудаи оиннома баландтар бошад ё дар натиҷаи пардохти суди саҳмияҳо аз маблағи мазкур камтар гардад;
  • дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо қатъ гардидани ҳолатҳои зикргардида Бонк вазифадор аст дар муҳлати на дертар аз 30 рӯз ба саҳмиядорон суди саҳмияҳои эълоншударо пардозад.

  • Ҳаҷми суди саҳмия бе назардошти андоз муайян карда шуда, он ба саҳмиядорон баъди гирифтани андоз мувофиқи қонунҳои амалкунанда дода мешавад. Ба маблағи суди саҳмияи пардохтнашуда ё гирифтанашуда фоиз ҳисоб карда намешавад.
  • Бонк захира дар намуди фонди захиравӣ барои пӯшонидани зарари дар натиҷаи амалиёти асосӣ ба вуҷуд омада, инчунин барои харидани саҳмияҳо ва дигар мақсадҳо мутобиқи стандартҳои ҳисоботии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда, таъсис медиҳад.

Фонди захиравӣ мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳаҷми минималии он ва дар ҳаҷми на камтар аз сармояи Оинномавӣ аз фоидаи соф ташкил карда мешавад. Андозаи ҳарсолаи ҳиссаҷудокуниро ба фонди захиравӣ Маҷлиси умумии саҳмиядорон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда, то пурра ташкил ёфтани он давом мекунад.

  • Бонк мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои ҳисобот метавонад дигар намуди захираҳоро ташкил намояд.

Захираҳои ташкил намудаи Бонкро танҳо дар доираи мақсади бунёди онҳо сарф кардан мумкин аст.

9.   ТАЪМИНИ МАНФИАТҲОИ МИЗОҶОН.

  • Бонк ҳифзи воситаҳои пулӣ ва дигар дороиҳо (ашёи қиматнок), ки мизоҷон ва муросилон (корреспондентон) ба ӯ бовар кардаанд таъмин менамояд. Кафолати ҳифзи онҳо бо тамоми молу мулки манқул ва ғайриманқул, фондҳои пулӣ ва захираҳои мутобиқи қонунгузорӣ ва ин Оиннома ташкил ёфта, амалӣ карда мешавад.

Бонк инчунин кафолати маблағҳои пулии пасандозгузоронро бо роҳи дохил шудан ба хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таъмин менамояд.

  • Бонк доимо омодагиашро барои сари вақт ва пурра иҷро намудани уҳдадориҳои ба зимма гирифтааш бо роҳи танзими сохтори баланси худаш, мутобиқи меъёрҳои ҳатмии дар қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинишуда, нигоҳ медорад.
  • Ба воситаҳои пулӣ ва дигар молу мулки қиматноки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар ҳисобҳояшон ҳамчун амонат ва ё барои нигоҳдорӣ мавҷуданд, фақат дар ҳолатҳои пешбинишудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳабс гузошта мешавад.
  • Бонк ва тамоми кормандони он уҳдадоранд маълумотро оиди амалиётҳо, суратҳисобҳо ва амонатҳои мизоҷонаш мутобиқи қонунгузории ҷорӣ махфӣ нигоҳ доранд.
  • Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба Бонк ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст, инчунин дигар маълумотҳое, ки дорои сирри бонкианд, бо риояи талаботи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба шахси сеюм дода мешаванд.
  • Тамоми шахсони мансабдор ва кормандони Бонк, саҳмиядорон ва намояндагони онҳо, аудиторон уҳдадоранд сирри махфӣ будани амалиётҳо, суратҳисобҳо ва амонатҳои мизоҷонро, инчунин сирри тиҷоратиро, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба онҳо маълум шудааст, қатъиян таъмин намоянд.

Номгӯи маълумоте, ки сири бонкӣ шуморида мешавад, Раёсати Бонк бо назардошти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

  • Бонк ба мизоҷони худ махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо, инчунин сирри бонкиро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолат медиҳад.

10.   ҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТ.

  • Дар Бонк ҳисобгирии муҳосибавӣ, ҳисоботи молиявӣ ва оморӣ, инчунин дигар маълумоту ахборот дар асоси қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
  • Бонк дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ ахбороти заруриро барои андозбандӣ ва бурдани системаи умумидавлатии ҷамъкунӣ ва коркарди ахбори иқтисодӣ пешниҳод менамояд.
  • Ҷамъбасти фаъолияти Бонк дар тавозуни моҳона, чорякӣ ва солона, дар ҳисоботи фоида ва зарар, инчунин дар ҳисоботи солонаи ба Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи он пешниҳодшаванда, инъикос мегардад.
  • Бонк ҳисоботи молиявии солонаи худ, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро, ки аз аудит гузаштааст, дар муҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар на камтар аз ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ нашр менамояд.
  • Соли молиявӣ аз 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.
  • Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва андозӣ, Бонк ҳуҷҷатҳоро мутобиқи тартиби пешбинишудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз намуда ва бо тартиби лозимӣ нигоҳдорӣ ва истифодабарии (бо дархости шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ додани маълумот) онҳоро таъмин менамояд. Ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии Бонкро бо тарзи муайянгардида ба нигоҳдории давлат месупорад.

Нобудсозии ҳуҷҷатҳо танҳо баъди тафтиши гузаштани муҳлати нигоҳдории онҳо ва дар асоси санадҳои соқитсозии бо тарзи лозимӣ тартибдодашуда, амалӣ гардонида мешаванд.

  • Намуди ҳуҷҷатҳо ва муҳлати нигоҳдории онҳо мутобиқи номгӯи муқарраргардида (номенклатура) муайян карда мешавад.

11.   АУДИТИ МУСТАҚИЛ (БЕРУНА).

  • Санҷиши амалиёти Бонк аз ҷониби ташкилоти аудиторие, ки дорои иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилоти қарзӣ буда, дар рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон ворид карда шуда, аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида метавонанд.
  • Ташкилоти аудиторӣ ё корманди он бояд молик, корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи Бонк набошад. Шахсе, ки дар Бонк манфиат надорад, ба истиснои ҳолатҳои доштани амонат дар Бонк метавонад аудитори он таъин гардад.

Агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит соҳиби ин гуна манфиат  дар Бонк гардад, пас Бонк хизматрасонии аудитории вайро қатъ намуда, ташкилоти аудитории дигарро таъин мекунад.

  • Ташкилоти аудиторӣ ба Бонк хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии Бонк алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ намебошанд.
  • Бонк наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро ба муҳлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд.
  • Мутобиқи стандартҳои аудит ташкилоти аудиторӣ аудити Бонк дар асоси назорати маҷмӯӣ анҷом медиҳад ва:
  • изҳор мекунад, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди ташкилоти аудиторӣ дар Бонк ягон манфиат надорад ва талаботи дар банди 11.03. дарҷ гардида иҷро мекунад;
  • дар риоя ва нигоҳдории қоидаҳои ташкили низоми дурусти ҳисобгирӣ ба Бонк кӯмак мерасонад;
  • дар нигоҳдории низоми дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо ба Бонк мадад мерасонад;
  • бо дархости Кумитаи аудити Бонк дар маҷлисҳои он иштирок менамояд;
  • дар муҳлати 3 моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ дар бораи мукаммалӣ, холисӣ ва дурустии ҳисоботи молиявӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии Бонк мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаолияти бонкӣ» ба Шӯрои нозирони Бонк маълумоти муфассал пешниҳод мекунад;
  • ба Шӯрои нозирони Бонк ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи низоми таснифи қарзҳо ва таъминнокии дороиҳои (аз ҷумла, қарзҳои) шубҳанок тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон, бо нишон додани камбудиҳо назари ташкилоти аудиториро пешниҳод мекунад;
  • ба ҳар як узви Шӯрои нозирони Бонк ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як амали корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи Бонк, ки аз нигоҳи он вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ё ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад хабар медиҳад;
  • ба ҳар як узви Шӯрои нозирони Бонк ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як норасоӣ ё камбудии дар идоракунӣ ё амалиёти Бонк ошкоршуда, хабар медиҳад.
  • Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ инҳо бояд ба назар гирифта шаванд:
  • қаноатбахш будани баёнот ва иттилооте, ки аз корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи Бонк ҳангоми аудит талаб шудааст;
  • дараҷаи воқеан ҷавобгӯй будани Бонк ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва ҳисобдорӣ;
  • усуле, ки Бонк барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиёт, ки барои мониторинг ва аудити дохилию берунӣ зарур аст, истифода мебарад;
  • қобилияти кордонӣ ва ба талабот мувофиқ будани роҳбарияти Бонк;
  • камбудиҳои ҷойдошта, эродҳо ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани эродҳои солҳои гузашта;
  • дараҷаи дақиқ будани ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва мувофиқати онҳо ба мазмуни сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, низоми ҳисобдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳамин ҳуҷҷатҳо.
  • Бонк дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ нусхаи онро ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол мекунад.
  • Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз ташкилоти аудиторӣ маълумоти иловагиро вобаста ба хулосаи он талаб намояд.

12.   ИДОРАКУНИИ БОНК.

  • Мақомоти идоракунии Бонк:
  • Мақоми олӣ – Маҷлиси умумии саҳмиядорон;
  • Мақоми идора – Шӯрои нозирон, ки аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмиядорон таъсис дода мешавад;
  • Мақоми иҷроия – Раёсат ва Раиси Бонк, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
  • Ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмиядорон масъалаҳои зерин, ки қарор бо тарафдории аз чор се ҳиссаи овози соҳибони саҳмияҳои овоздиҳандаи дар маҷлис ҳузур дошта қабул карда мешавад, дохил мешаванд:
  • ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Бонк ва тасдиқи Оиннома дар таҳрири нав;
  • қабули қарорҳо оиди маъқул донистани аҳдҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»;
  • қабули қарори азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳӣ, тасдиқи комиссияи барҳамдиҳӣ, тасдиқ намудани тавозуни (баланси) фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;
  • қабули қарор оиди зиёд намудани сармояи оинномавӣ бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ва ё паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;
  • қабули қарор оиди кам кардани сармояи оинномавӣ бо роҳи паст кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ва ё хариди қисми саҳмияҳо ба мақсади кам намудани миқдори умумиашон, инчунин пардохти саҳмияҳои харидашуда бо тартиби муқаррарӣ;
  • қабули қарор оиди тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилӣ, ки амалиёти мақоми идоракунандаро ба танзим медароранд.
  • Масъалаҳои зерин салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии саҳмиядорон буда, қарор оиди ин масъалаҳо бо тарафдории аксарияти саҳмиядорони дорои саҳмияҳои овоздори дар маҷлис ҳузурдошта қабул карда мешавад:
  • Муайян намудани шумораи аъзои Шӯрои нозирон ва интихоби аъзоёни Шӯрои нозирони Бонк ва пеш аз муҳлат қатъ намудани салоҳияти онҳо;
  • Маъқул донистани аҳдҳое, ки иҷро намудани онҳо ба манфиати Бонк мебошад;
  • Қабули қарор оиди додани суди саҳмияҳо (дивиденд) аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи кори семоҳа, нимсола ва нуҳмоҳаи соли молиявӣ, тартиби додани онҳо аз рӯи пешниҳоди Шӯрои нозирон;
  • Тасдиқ намудани аудитори мустақил ва андозаи маблағи ҳаққи хизмати он барои санҷиши амалиёти Бонк;
  • Тасдиқи ҳисоботҳои солона, ҳисоботи солонаи бухгалтерӣ, аз он ҷумла ҳисоботи фоида ва зарар, инчунин тақсимоти фоида (аз он ҷумла додани дивидендҳо, ба ҷуз фоидаи чун дивиденд аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи якум, нимсола ва нуҳмоҳаи соли молиявӣ) ва зарар аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ дар асоси пешниҳоди Шӯрои нозирон;
  • Аз тарафи Бонк харидани саҳмияҳои паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»;
  • Қабул намудани қарор оиди иштироки Бонк дар ширкатҳои холдингӣ, гуруҳҳои молиявӣ-саноатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ бо тарзи додани як ё якчанд қисми дороиҳо, ки қимати онҳо 25 ё зиёда аз ин фоизи ҳамаи дороиҳои Бонкро ташкил менамоянд;
  • Ташкили фондҳои Бонк;
  • Муайян намудани подоши меҳнат ва ҷубронпулии аъзоёни Шӯрои нозирон ҳангоми иҷрои вазифаашон;
  • Ҳалли масъалаҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмиядорон Бонк мебошад.

Масъалаҳои марбут ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмиядорон наметавонанд ҷиҳати ҳал ба мақоми иҷроияи Бонк ирсол гарданд.

Маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳуқуқ надорад масъалаҳои тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» таҳти салоҳияташ қарорнадоштаро баррасӣ намояд ва вобаста ба онҳо қарор қабул кунад.

  • Маҷлиси умумии саҳмиядорон метавонад навбатӣ ва ғайринавбатӣ бошад. Маҷлиси умумии навбатии саҳмиядорон бояд на пештар аз 2 моҳ ва на дертар аз 6 моҳ баъди соли ҳисоботӣ гузаронида шавад.

Раиси Шӯрои нозирон Бонк Маҷлиси умумиро кушода онро раисӣ мекунад.

  • Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмиядорон бо қарори Шӯрои нозирон бо ташаббуси Шӯрои нозирон, Раёсат, ва ё бо талаботи хаттии саҳмиядорони, ки дорои на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздори Бонк дар санаи пешниҳоди талабот мебошанд бо нишондоди зарурияти даъват намудан ва рӯзномаю вақти гузаронидани маҷлис, даъват карда мешавад.
  • Огоҳонидани саҳмиядорон оиди баргузоршавии Маҷлиси умумии саҳмиядорон дар муҳлати на камтар аз 20 рӯз то санаи баргузоршавии Маҷлиси умумии саҳмиядорон бо нишондоди сана, вақт, макон ва рӯзномаи маҷлис, бо яке аз тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  • бо факс;
  • бо телекс;
  • бо телеграф;
  • бо почтаи электронӣ;
  • бо мактубе, ки бо хаткашон равона карда мешавад;
  • бо мактуби фармоишӣ.

Иттилоот дар бораи гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмиядорон, ки рӯзномаи он дорои масъалаи азнавташкилдиҳии Бонк мебошад, дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯз то санаи гузаронидани он пешниҳод карда мешавад.

  • Маҷлиси умумии саҳмиядорон наметавонад оиди масъалаҳое, ки дар рӯзномаи маҷлис дохилу тасдиқ нашудаанд, қарор қабул намояд.
  • Саҳмиядорон дар овоздиҳӣ метавонанд шахсан ё ба воситаи шахсони ваколатдори худ бо ваколатномае, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, иштирок намоянд. Дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон шахсони даъватшуда метавонанд ҳузур дошта бошанд.
  • Маҷлиси умумии саҳмиядорон дар сурате босалоҳият аст (дорои кворум мебошад), ки дар он саҳмиядорони дар маҷмӯъ дорои беш аз нисфи овозҳои саҳмияҳои овоздори паҳнкардашудаи Бонк, иштирок намоянд.
  • Саҳмиядорон ё намояндагони онҳо, ки ба рӯйхати саҳмиядорон дохил карда шудаанд, ба шарте иштироккунандаи Маҷлиси умумии саҳмиядорон эътироф мегарданд, ки ҷиҳати иштирок дар он ба қайд гирифта шуда бошанд. Дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон, ки дар шакли овоздиҳии ғоибона мегузарад, саҳмиядороне иштирокдошта эътироф мегарданд, ки бюллетенҳояшон то санаи анҷоми қабули бюлетенҳо, дастрас шудаанд.

Агар рӯзномаи Маҷлиси умумии саҳмиядорон масъалаҳоеро дар бар гирад, ки аз рӯи онҳо ҳайати мухталифи овоздиҳандаҳо овоз медиҳанд бошанд кворум барои қабули қарори ин масъалаҳо алоҳида муайян карда мешавад. Ҳамзамон мавҷуд набудани кворум барои қабули қарори масъалаҳое, ки овоздиҳӣ аз рӯи онҳо бо як ҳайати овоздиҳандаҳо сурат мегирад, ба қабули қарори масъалаҳое, ки овоздиҳӣ бо ҳайати дигари овоздиҳандагон сурат гирифта, барои қабули он кворум вуҷуд дорад, монеа намебошад.

Ҳангоми мавҷуд набудани кворум барои гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмиядорон бояд Маҷлиси умумии саҳмиядорон бо ҳамон рӯзнома такроран гузаронида шавад.

Ҳангоми мавҷуд набудани кворум барои гузаронидани Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмиядорон метавонад Маҷлиси умумии такрории саҳмиядорон бо ҳамон рӯзнома гузаронида шавад.

  • Маҷлиси такрории умумии саҳмиядорон ба шарте салоҳиятдор (дорои кворум) ҳисобида мешавад, ки дар он саҳмиядорони дар маҷмӯъ дорои на камтар аз 30 фоизи овозҳои саҳмияҳои паҳнкардашудаи овоздори Бонк иштирок дошта бошанд. Иттилоот дар мавриди гузаронидани Маҷлиси умумии такрории саҳмиядорон мутобиқи талаботи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» сурат мегирад. Ҳамзамон муқаррароти банди сеюми қисми 1 моддаи 48 ҳамин қонуни номбаршуда татбиқ намегардад. Бюллетенҳои овоздиҳӣ ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии такрории саҳмиядорон мутобиқи талаботи моддаи 59-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» супорида, ирсол ё нашр карда мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани Маҷлиси умумии такрории саҳмиядорон дар муҳлати 5 рӯзи баъди Маҷлиси умумии доирнашудаи саҳмиядорон, шахсони дорои ҳуқуқи иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон мутобиқи рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии доирнашудаи саҳмиядорон ҳуқуқ доштанд, муайян мегардад.

  • Дар ҷаласаи Маҷлиси умумии саҳмиядорон Раиси Шӯрои нозирон раисӣ мекунад; пайнавиштҳо бояд аз тарафи раисикунанда ва котиби маҷлис имзо карда шаванд.

13.   ШӮРОИ  НОЗИРОНИ  БОНК.

  • Дар фосилаи байни Маҷлисҳои умумии саҳмиядорон мақоми идоракунанда Шӯрои нозирон мебошад. Шӯрои нозирон роҳбарии умумии фаъолияти Бонкро амалӣ менамояд, метавонад ҳамагуна масъалаҳоро ба истиснои масъалаҳое, ки ба ваколати Маҷлиси умумии саҳмиядорон тааллуқ доранд, баррасӣ намояд.
  • Ба салоҳияти Шӯро масъалаҳои зерин дохил мешаванд:
  • Муайян намудани ҳадафҳои фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва дурнамои он;
  • Муқаррар намудани стандартҳои идоракунии хавфҳо ва ҳадди ақалли меъёрҳои мақбули дохилӣ;
  • Ошкор намудани хавфҳои асосие, ки Бонк дучори онҳо мегардад ва муқаррар кардани ҳадди ҷоизи ин хавфҳо;
  • Назорати тадбирҳое, ки мақоми иҷроияи Бонк барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешад;
  • Нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахшии низоми назорати дохилии аз тарафи мақоми иҷроияи Бонк амалишаванда;
  • Муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ;
  • Маъқул донистани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат ва кормандони роҳбарикунандаи Бонк бо пешниҳоди Раиси Бонк ё раиси Раёсат, ба истиснои роҳбар ва сармуҳосиби филиали Бонк;
  • Тасдиқи сохтори ташкилӣ ва таъини роҳбари сохтори аудити дохилии (сараудитори) Бонк;
  • Муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати раис, муовинони ӯ ва сараудитори Бонк;
  • Таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳои Бонк;
  • Баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷиши дохилию берунӣ;
  • Дигар масъалаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба салоҳияти Шӯрои нозирон пешбинӣ шудаанд.

 Масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои нозирон дохил мешаванд, барои ҳал кардан ба Раиси Бонк ё Раёсати Бонк додан мумкин нест.

  • Ҳайати Шӯрои нозирон аз 5 нафар иборат мебошад. Аъзои Шӯрои нозирон ба муҳлати 4 сол дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон интихоб карда мешавад. Аъзои Шӯрои нозирон метавонанд дар давраҳои минбаъдаи муҳлаташон баробар аз нав интихоб шаванд. Шӯрои нозирон метавонад аз ҳисоби саҳмиядорон, аз ҷумла муассисон ва мутахассисон-коршиносони даъватшудае, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд, интихоб гардад. Шӯрои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шӯроро интихоб мекунад.
  • Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:
  • дар ягон ташкилоти қарзии дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста кор кунанд;
  • аъзои оилаи узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ бошанд;
  • аъзои Шӯрои нозирон ё саҳмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти қарзӣ бошанд;
  • раис ё узви Раёсати ташкилоти қарзӣ бошанд;
  • хизматчии давлатӣ бошанд;
  • синнашон аз сӣ кам бошад.

На камтар аз чор як ҳиссаи аъзои Шӯрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ таҷрибаи кории зиёда аз се сол дошта бошанд.

  • Додани ҳуқуқи овоздиҳӣ ба аъзои дигари Шӯрои нозирон ё шахси сеюм манъ аст.
  • Шӯрои нозирон наметавонад ба амалиёти ҷории (оперативии) Раёсат мудохила намояд.
  • Шӯрои нозирон метавонад бо ҳисоботҳои молиявӣ, хулосаи Кумитаи аудит, маърӯзаҳо ва ҳисоботи ҳарсола то ба Маҷлиси умумии саҳмиядорон пешниҳод шуданашон, шинос шавад.

Шӯрои нозирон метавонад пешниҳод намудани ҳамагуна ҳисоботро оиди амалиёти Раёсат талаб намояд.

Шӯрои нозирон метавонад барои гузаронидани ташхиси холиси  лоиҳаҳои муҳим, барномаҳою масъалаҳои стратегӣ, гуруҳи экспертӣ таъсис намояд.

Шӯрои нозирон барои ҳалли проблемаҳои ба амал омада метавонад аз аъзоёни Шӯрои нозирон ва шахсони даъватшуда аз ҷумлаи саҳмиядорон, комиссияи корӣ таъсис намояд.

Кворум барои гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон набояд аз нисфи шумораи интихобгардидаи Шӯрои нозирон  кам бошад.

  • Фаъолияти Шӯрои нозиронро Раиси Шӯрои нозирон роҳбарӣ менамояд.
  • Раиси Шӯро ҳуқуқ дорад:
  • Пайнавиштҳо, қарорҳо ва супоришномаҳои ба фаъолияти Шӯрои нозирон дахлдорро имзо намояд;
  • Ҷаласаи Шӯрои нозиронро даъват намояд;
  • Тавсияҳо ба Раёсати Бонк диҳад.
  • Раиси Шӯрои нозирон ҷаласаи Шӯрои нозиронро дар ҳолати зарурӣ ва на кам аз як маротиба дар чоряк (квартал) мегузаронад ва он ҳангоми иштироки на камтар аз нисфи шумораи аъзои Шӯро комилҳуқуқ ҳисоб меёбад.

Ҳуқуқу вазифаҳои аъзои Шӯрои нозирон, инчунин масъалаҳои ташкили кори Шӯрои нозирон, тартиби тайёр намудану гузаронидани маҷлиси Шӯрои нозирон ва дигар масъалаҳое, ки дар Оиннома ҳалли худро наёфтаанд дар Низомномаи Шӯрои нозирон, ки он бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон тасдиқ карда мешавад ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилӣ танзим мегарданд.

  • Қарори Шӯрои нозирон бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи Шӯрои нозирон иштирок дошта қабул мегардад. Ҳар як аъзои Шӯрои нозирон як овоз дорад. Ҳангоми баробарии овозҳо овози Раиси Шӯрои нозирон ҳалкунанда мебошад.
  • Раиси Шӯрои нозирон бурдани пайнавишти ҷаласаи Шӯрои нозиронро таъмин менамояд.
  • Дар набудани Раиси Шӯрои нозирон вазифаҳои ӯро бо қарори Шӯрои нозирон яке аз аъзои Шӯрои нозирон иҷро мекунанд.
  • Раис ва аъзоёни Раёсати Бонк наметавонанд аъзои Шӯрои нозирон интихоб гарданд.
  • Корманди роҳбарикунандаи Бонк ҳангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд ҳар сол бояд бо таври хаттӣ ба Шӯрои нозирон оид ба ҳар гуна манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ ва аҳли оилааш маълумот диҳад.
  • Агар масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Шӯрои нозирон ё дигар кумита ё гуруҳи кории Бонк, ки ҳуқуқи қабули қарорро доранд, гузошта шавад, корманди роҳбарикунанда, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онҳоро ифшо карда, дигар дар муҳокима иштирок намекунад. Ҳангоми аз ҷониби Шӯрои нозирони Бонк ё мақоми дигари ваколатдори он баррасӣ гардидани масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявии корманди роҳбарикунанда ӯ ҳуқуқ дорад дар чунин баррасӣ иштирок намояд. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин корманди роҳбарикунанда ба ҳисоб гирифта намешавад.

14.   МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ БОНК.

  • Роҳбарии бевоситаи фаъолияти ҷории Бонкро мақоми иҷроияи он – Раёсат ва Раиси Бонк амалӣ мегардонанд. Раиси Бонк вазифаҳои Раиси Раёсатро иҷро мекунад.

Маъқул донистани интихоб ва таъин намудани Раиси Раёсат ва аъзоёни Раёсати Бонк, бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз тарафи Шӯрои нозирон ба мудати 4 сол  муқаррар карда мешавад.

Аъзои Раёсат дар як вақт аъзои Шӯрои нозирон шуда наметавонанд. Аъзои Раёсат бояд мутахассисони дорои малакаи касбӣ, таҷрибаю дониш дар масъалаҳои молиявӣ ва бонкию ҳуқуқӣ бошанд. Кормандони Бонк метавонанд аъзои Раёсат интихоб шаванд.

Мақоми иҷроия фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамин Оиннома, қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмиядорону Шӯрои нозирон ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилӣ амалӣ менамояд.

  • Ба салоҳияти мақоми иҷроия ҳамаи масъалаҳои роҳбарии фаъолияти ҷорӣ ба истиснои масъалаҳое, ки салоҳияти истиснои Маҷлиси умумии саҳмиядорон ва ё Шӯрои нозирон ҳисоб меёбанд, дохил мешаванд.

Раёсати Бонк дорои салоҳияти ҳалли масъалаҳои зерин мебошад:

  • Идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи Бонк ва иҷрои қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмиядорон ва Шӯрои нозирон;
  • Татбиқи самтҳои асосии фаъолияти Бонк;
  • Таъмини риояи меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва талаботи идоракунии хавфҳо дар Бонк;
  • Таъмини сатҳи зарурии низоми идоракунии Бонк, ки масъулият, ваколат ва муносибатҳои байниҳамдигарии сохторҳои дохилӣ, шахсони мансабдор ва кормандони дигари Бонкро муқаррар менамояд;
  • Ташкили низоми назорати дохилии Бонк, мониторинги мутобиқат ва самаранокии он;
  • Таҳия намудани нақшаи кории солонаи Бонк ва тағйироту иловаҳои асоснок ворид намудан ба он;
  • Таҳия намудани нақшаҳои молиявию истеҳсолии сохторҳо, ки дар асоси нақшаи истеҳсолию молиявии Бонк тартиб дода мешавад, ташкил намуда онҳоро тасдиқ менамояд;
  • Омода намудани нақшаи корӣ, ҳуҷҷатҳои ҳисоботи молиявӣ, тавозунҳои муҳосибавӣ, ҳисобҳои фоидаҳою зарарҳо, нақшаҳои тақсимоти даромадҳо ва зарарҳоро барои пешниҳод ба Маҷлиси умумии саҳмиядорон ва Шӯрои нозирон;
  • Тайёр намудани лоиҳаи қарорҳои Шӯрои нозирон оиди масъалаҳое, ки бо ташабуси мақомоти иҷроия барои баррасӣ пешниҳод карда мешаванд;
  • Таҳия намудан ва барои тасдиқ ба Маҷлиси умумии саҳмиядорон ва ё Шӯрои нозирон аз рӯи тобеият пешниҳод намудани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дохилие, ки амалиёти сохторҳои Бонкро ба танзим медароранд;
  • Тасдиқ намудани сохтор, ҳайати кормандон, тағйир намудани шумораю вазифаҳои кормандон;
  • Тасдиқ намудани сардорони сохторҳо, қатъ намудани фаолияти онҳо;
  • Қабули қарор оиди харидорӣ намудан ё фурӯхтани молу мулк, ки қиматаш на зиёда аз 30 фоизи нархи тавозунии дороиҳои дахлдори Бонкро ҳангоми бастани шартнома ташкил медиҳад;
  • Ҳалли масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кормандон;
  • Ҳалли масъалаи музди меҳнат ва ҳавасманд намудани кормандон;
  • Ҳалли тамоми масъалаҳои дигаре, ки ба фаолияти ҷории Бонк вобаста асту ба ваколати Маҷлиси саҳмиядорон ва Шӯрои нозирон намедароянд.
  • Ҷаласаи Раёсат дар ҳолатҳои зарурӣ вале на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронида мешавад.
  • Фаъолияти Раёсат аз тарафи Раиси Раёсат, ки онро Шӯрои нозирон, интихоб кардааст, роҳбарӣ карда мешавад. Раиси Раёсат метавонад дар ҷаласаҳои Шӯрои нозирон бо овози машваратӣ иштирок намояд.
  • Раиси Бонк ҳуқуқ дорад:
  • Роҳбарии фаврии фаъолияти молиявию хоҷагидориро амалӣ гардонад;
  • Бе боваринома аз номи Бонк манфиатҳои онро дар тамоми мақомотҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва инчунин дар дигар муассисаю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва ҷойгиршавӣ, дар дохил ва берун аз кишвар ҳимоя намояд;
  • Аз номи Бонк аҳдҳо, шартномаҳо, қарордодҳо ва созишномаҳо бандад, миқдори кормандон ва мансабҳоро муайян намояд, ҷадвали мансаб ва маошро тасдиқ намояд, фармону супоришҳо барорад, ки иҷроиши онҳо барои ҳамаи кормандон ҳатмист, маош ва андозаи мукофотпулии кормандонро тасдиқ намояд;
  • Рӯйхати мансабҳоро дар ҳаҷми музди меҳнати муқарраршуда тасдиқ намояд;
  • Чорабиниҳоро оиди баланд бардоштани ҷиҳати тахассусӣ, маънавию ҳавасмандкунии кормандон, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат ва татбиқ намудани ҷазои интизомию меҳнатӣ, муайян намояд;
  • Кормандонро мутобиқи рӯйхати мансабҳо ба кор қабул намояд, ба кори доимӣ ва ё муваққатии дигар гузаронад, инчунин аз кор озод намояд, созишномаи меҳнатӣ ва қарордодҳоро бо кормандон имзо намояд;
  • Кормандони роҳбарикунандаро (муовинони Раис, сармуҳосиби Бонк, роҳбарон ва сармуҳосибони филиалҳо) дар мувофиқа бо Шӯрои нозирон баъди гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон, ба вазифа таъин мекунад;
  • Барои баррасӣ ба Шӯрои нозирон ва Маҷлиси умумии саҳмиядорон пешниҳод оиди масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешавад, ирсол намояд;
  • Раиси Бонк (Раиси Раёсат) бо мақсади ҷалби мизоҷон, метавонад мустақилона меъёри фоизи амонату пасандоз ва ҳаққи хизматрасониҳои тарофавиро муқаррар намояд;
  • Амалҳои дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур мухолиф нестанд ва барои иҷрои мақсадҳои Бонк заруранд, иҷро намояд.
  • Раёсат ҳангоми иштироки аз се ду ҳиссаи аъзоёнаш комилҳуқуқ ҳисоб меёбад.

Қарор бо аксари овозҳо қабул мешавад ва ҳангоми баробарии овозҳо овози Раиси Раёсат ҳалкунанда мебошад. Пайнавиштҳои ҷаласаи Раёсат аз тарафи котиби Раёсат бурда шуда, аз тарафи котиб ва Раиси Раёсат ё шахси ивазкунандаи он, имзо карда мешаванд.

  • Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунада:
  • Бонк дар бораи аз кор озод кардани кормандони роҳбарикунанда бо зикри сабабҳои он дар давоми се рӯзи корӣ аз санаи озодкунии онҳо Бонки миллии Тоҷикистонро огоҳ мекунанд;
  • корманди роҳбарикунанда, ки мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо талаби Бонки миллии Тоҷикистон аз вазифа барканор шудааст, наметавонад минбаъд узви Шӯрои нозирон, корманди роҳбарикунандаи бонки дигар интихоб ва таъин шавад.

15.    КУМИТАИ АУДИТ ВА ХАДАМОТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ.

  • Бо мақсади ба таври дахлдор амалӣ гардонидани вазифаҳои назоратӣ дар Бонк дар назди Шӯрои нозирон Кумитаи аудит таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории амалкунанда дорои ваколату уҳдадориҳо мегардад.
  • Аъзои Кумита ва Раиси он аз ҷониби Шӯрои нозирон ба муҳлати 4 сол интихоб карда мешаванд.
  • Раиси Шӯрои нозирон, Раиси Раёсат ё аъзои Раёсат, аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд.
  • Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта қабул мешаванд. Ҳангоми баробар будани миқдори овозҳо, овози Раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.
  • Дар Бонк ҳадамоти аудити дохилӣ амал менамояд, ки ба он сараудитори дохилӣ роҳбари менамояд.
  • Сараудитори дохилии Бонк бояд ба талаботи қисми 5 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ҷавобгӯ бошад. Сараудитор аз ҷониби Шӯрои нозирон таъин карда мешавад.
  • Хадамоти аудити дохилӣ дар асоси Оинномаи Бонк ва Низомнома «Дар бораи Хадамоти аудити дохилӣ», ки бо қарори Шӯрои нозирон тасдиқ шудааст, амал мекунад.

Хадамоти аудити дохилӣ доимоамалкунанда буда, кормандони Хадамоти аудити дохилӣ кормандони доимии Бонк мебошанд. Сохтор ва шумораи ҳайати Хадамоти аудити дохилӣ дар асоси пешниҳоди Кумиати аудит, аз ҷониби Шӯрои нозирони Бонк муайян мегардад.

Сараудитори дохилӣ бо қарори Шӯрои нозирони Бонк таъин гардида, аз вазифа озод карда мешавад.

Шахсоне, ки ба вазифаҳо дар Хадамоти аудити дохилӣ таъин мешаванд, ҳуқуқи иҷро кардани дигар вазифаҳоро дар Бонк надоранд.

16.   ФИЛИАЛҲО ВА НАМОЯНДАГИҲОИ БОНК.

  • Бонк ҳуқуқ дорад бо риояи қонунгузории амалкунандаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон филиалҳо, намояндагиҳо таъсис диҳад. Бонк ва филиалҳои он метавонанд берун аз маҳалли воқеъгардидаи худ воҳидҳои дигари сохториро бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон таъсис диҳад.
  • Воҳидҳои сохтории мазкур аз номи Бонк амлиёти алоҳидаи бонкиеро иҷро мекунанд, ки номгуи онҳо бо санадҳои меъёри ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  • Таъсис додани филиалҳо ва кушодани намояндагиҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории давлати хориҷии маҳалли ҷойгиршавии филиал ё намояндагӣ анҷом дода мешавад, агар дар шартномаи байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  • Филиал ва намояндагӣ шахси ҳуқуқӣ набуда дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Шӯрои нозирони Бонк амал мекунад. Филиал ё намояндагӣ бо молу мулк таъмин мегардад, ки он ҳам дар тавозуни алоҳидаи онҳо ва ҳам дар тавозуни  Бонк ба ҳисоб гирифта мешавад. Роҳбари филиал ва намояндагиҳо аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк бо риояи талаботи  қонунгузории амалкунанда ба вазифа таъин ва аз вазифа озод  карда мешаванд.
  • Филиал ва намояндагӣ фаъолиятро аз Бонк дар асоси низомнома ва ваколатномаи аз ҷониби раиси Раёсати ё Раиси Бонк додашуда амалӣ мекунанд. Бонк аз рӯи  ӯҳдадориҳои филиал ва намояндагӣ масъул мебошад.
  • Филиал ва намояндагиҳои Бонк дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ (ҳисобгирӣ дар феҳрист) гирифта мешаванд.
  • Бонк мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ агар дар шартномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, субъектҳои саҳомии фаръӣ ва вобастаи дорои шахси ҳуқуқиро бо иштироки ҳиссаи афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он, мутобиқи шартномаҳо, ё ба тариқи дигар имконияти муайян намудани қарорҳои аз ҷониби чунин субъектҳо қабулшавандаро дошта бошад. Субъекти фаръӣ аз рӯи уҳдадориҳои Бонк масъулият надорад.
  • Ба ҳайати Бонк филиалҳои зерин дохил мешаванд:
  1. Филиали Бонк дар ноҳияи Синои шахри Душанбе (шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, хиёбони С. Шерозӣ, 19),
  2. Филиали Бонк дар маҳалаи Зарафшони ноҳияи Синои шахри Душанбе (шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кучаи Нусратулло Махсум, 14),
  3. Филиали Бонк дар шаҳри Хуҷанд (вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кучаи Камоли Хуҷанди, 181),
  4. Филиали Бонк дар шаҳри Кӯлоб (вилояти Хатлон, шаҳри Кулоб, кучаи Сангак Сафаров, 4),
  5. Филиали Бонк дар шаҳри Бохтар (вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Мирзоқодирова, 23).

17.   АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ БОНК.

  • Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) Бонк танҳо бо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
  • Расмиёти барҳамдиҳии фаъолияти Бонк дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» дар шакли барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ гузаронида мешавад.
  • Аз лаҳзаи ба феҳрасти давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ворид намудани қайди дахлдор барҳамдиҳии Бонк ба итмом расида ва фаъолияти Бонк қатъгардида ҳисобида мешавад.

18.   МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ.

  • Мақомоти идоракунии Бонк фаъолияти худро дар асоси тартибот ва қоидаҳои дар Кодекси идоракунии корпоративӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилие, ки бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорони Бонк бо мақсади мушаххас кардани бандҳои алоҳидаи Оинномаи мазкур тасдиқ шудааст, ташкил мекунад.
  • Барои ҳалли як қатор масъалаҳое, ки ба фикри Раёсати Бонк дар асоси хулосаи мутахассисони баландихтисос қабул кардани қарори машваратӣ зарур аст, дар Бонк Кумитаҳо, Комиссияҳо ва Гурӯҳҳои корӣ ташкил кардан мумкин аст. Ҳайати шахсӣ ва миқдорӣ, ҳудудҳои салоҳият, муҳлати фаъолият ва тобеъияти онҳо тавассути қарорҳои Раёсат ё фармони Раиси Бонк муқаррар карда мешавад.
  • Тағйироту иловаҳо ба Оинномаи мазкур бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорони Бонк тасдиқ карда мешаванд.
  • Дар бораи тағйироту иловаҳои дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон қабулгардида, дар муддати на дертар аз як моҳ аз рӯзи қабул кардани қарори дахлдор ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода мешавад ва инчунин, дар ҳолатҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда ба мақомоти бақайдгиранда, ки бақайдгирии шахсони ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, ахборот медиҳад.
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

libos

Тартиб-Қоидаи либоси занон таҳия шуд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон”-ро пешниҳод намудааст. Вазорати фарҳанг …