Главная / Ҷамъият / Оинномаи ташкилот (Намуна)

Оинномаи ташкилот (Намуна)

“Тасдиқ карда шудааст”   бо Қарори Муассис №12 аз «01» ию2и cоли 2018 

О И Н Н О М А И ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ  «Суғуртаи комил» 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди суғуртавии «Суғуртаи комил» (минбаъд «Ҷамъият») дар асоси Пайнавишти маҷлиси саҳомони ҶСК “Инвест Компани” таҳти №12 аз 01.07.2018 сол мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъяти дорои масъулияти маҳдуд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шудааст.

1.2. Муассиси Ҷамъият ҶСП «Инвест компани», ки дар нозироти андози ноҳияи И. Шоҳмансури ш. Душанбе таҳти РЯМ0310040200 ба қайд гирифта шудааст, дар оянда «Иштирокчӣ», ном бурда мешавад.

1.3. Мувофиқи моддаи 96 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати таъсисии Ҷамъият ин Оинномаи Ҷамъият мебошад. Дар мавриди зиёд шудани иштирокчиёни Ҷамъият ҳуҷҷатҳои таъсисии он Шартномаи таъсисӣ ва Оиннома мегарданд.

1.4. Ҷамъият шахси ҳуқуқӣ буда, дар ихтиёри худ моликият, аз рӯи уҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулки ва шахсии ғайри молумулкиро ба даст оварда татбиқ намояд, уҳдадорӣ қабул намояд, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Ҷамъият дар моликият амволи алоҳида дорад, ки дар баланси мустақили он ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҷамъият дорои муҳр, бланкаҳои фирмавӣ ва аломати молӣ мебошад.

1.5. Ҷамъият аз рӯзи бақайдгирии давлатии он таъсисшуда ба ҳисобрафта, дар фаъолияти худ аз рӯи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Иштирокчӣ ва Оинномаи мазкур амал менамояд.

1.6. Номгӯи расмии Ҷамъият:

– бо забони тоҷикӣ: Ҷамъияти дорои масъулияти махдуди «Суғуртаи комил»;

– бо забони русӣ: Общество с ограниченной ответственностью «Сугуртаи комил»;

1.7. Номгӯи мухтасари Ҷамъият:

– бо забони тоҷикӣ: ЧДММ «Суғуртаи комил»;

– бо забони русӣ: ООО «Сугуртаи комил»;

1.8. Маҳалли ҷойгиршавӣ ва суроғаи Ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Р. Набиев.

  1. МАҚСАД ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪИЯТ

2.1. Ҷамъият бо мақсади ба даст овардани фоида таъсис дода шудааст.

2.2. Бо мақсади мазкур Ҷамъият фаъолиятхои зеринро ба амал мебарорад:

– суғуртакунӣ, аз нав суғуртакунӣ, маблағгузорӣ;

– суғуртаи молу мулк ва ҳифзи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд;

– захираҳои суғуртавиро ташкил намуда, пардохт намудани уҳдадориҳои  суғуртавиро  таъмин менамояд;

– кор карда баромадани хизматрасониҳои мавҷудбуда ва ҷори намудани намудҳои навъи суғуртаро амалӣ менамояд;

– ба мустаҳкам намудани вазъи молиявии шахсони суғурташаванда саҳм мегузорад, бо воситаи суғуртакунӣ талаботҳои иҷтимоӣ – иқтисодии онҳоро таъмин мекунад ва инчунин зарарҳои имконпазирро руйпуш менамояд;

– Шартномаҳои суғуртакунӣ ва азнавсуғуртакуниро ба имзо мерасонад, амалиётҳои ҳисоббаробаркуниро бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ба ҷо меорад;

– Қоидаҳо ва шартҳои суғуртавиро кор карда мебарояд, меъёрҳои тарифҳоро барои намудҳои мухталифи суғурта тасдиқ менамояд;

– Инчунин Ҷамъият ҳуқуқ дорад фаъолияти агентӣ (миёнаравӣ) ба амал барорад;

2.3. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъият  ҳуқуқӣ бо фаъолияти дигар машғул шуданро дорад.

2.4. Ҷамъият ҷиҳати амали намудани фаъолияте, ки барои машғул шудан ба он гирифтани иҷозатномаи махсус (литсензия) зарур аст, агар дар қонунҳо тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, танҳо аз лаҳзаи гирифтани чунин иҷозатномаи махсус (литсензия) ҳуқуқи амали намудани чунин фаъолиятро доро мегардад ва бо гузаштани мўҳлат амали он, қатъ мегардад.

  1. ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИ ХОРИҶИ

3.1. Ҷамъият дар доираи мақсадҳо ва вазифаҳо мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти хориҷии иқтисодиро мустақилона ба амал барорад.

3.2. Барои татбиқи мақсадҳои оинномавӣ, ширкат ҳуқуқи амали намудани фаъолияти муштарак бо Мақомоти кадрӣ ва ширкатҳои воқеъ дар хориҷа дорад.

3.3. Даромади арзии Ҷамъият баъд аз пардохт намудани андоз ба буҷаи маҳалли ва ҷумҳуриявӣ аз тарафи Ҷамъият дар мувофиқат бо Иштирокчӣ мустақилона истифода бурда мешавад ва онро мусодира кардан манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст.

  1. ҲОЛАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАМЪИЯТ

4.1. Ҷамъият фаъолияти худро дар асоси Қарорҳои Иштирокчӣ ба амал мебарорад.

4.2. Ҷамъият дар асоси шартномаҳои тиҷоратӣ ҳуқуқи истифодабарии қарзҳои бонкиро доро аст.

4.3. Ҷамъият аз рӯи тартиботи муайяннамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқ дорад дорои амволи манқул ва ғайриманқул бошад.

4.4. Бо Қарори Иштирокчӣ Ҷамъият метавонад ба ҳайати иттиҳодияҳо, иттифоқҳо, ассотсиатсияҳои хоҷагидор дохил шавад ва аз онҳо барояд.

4.5. Ҷамъият система, шакл ва ҳаҷми моҳонаи коргарони худро дар доираи маблағҳои худ, ки дар ихтиёри Ҷамъият мемонад мустакилона муайян менамояд.

4.6. Ҷамъият бо тартибе, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, метавонад дар худуди ҷумҳурӣ ва берун аз он филиалҳо ва намояндагиҳои худро бо қарори Иштирокчӣ таъсис дихад.

4.7. Ҷамъият дорои дигар гуна ҳуқуқҳо мебошад, ки бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ муайян карда шудааст, ба ғайр аз ваколатҳои Иштирокчӣ, ки дар Оинномаи мазкур пешбинӣ гардидааст.

4.8. Ҷамъият аз рӯи уҳдадориҳои худ ба моликияте, ки дар баланси мустақили худ дорад, ҷавобгар мебошад. Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои Иштирокчӣ ҷавобгар намебошад.

4.9. Ҳамаи маълумотҳое, ки мувофиқи рӯйхати Директори генералии Ҷамъият ҳамчун маълумотҳои махфӣ муайян карда мешаванд, танҳо бо тартиби махсусе, ки қонунгузории амалкунанда муайян менамояд, пешниҳод карда мешаванд.

  1. САРМОЯИ ОИННОМАВИИ ҶАМЪИЯТ

5.1. Сармояи Оинномавии Ҷамъият аз арзиши ҳиссаҳои Иштирокчӣ созмон меёбад.

Сармояи Оинномавӣ дар ҳаҷми 100 000 (Сад ҳазор) сомонӣ муайян карда шуда, аз як ҳисса иборат мебошад.

5.2. Сармояи оинномавӣ, андозаи ҳадди ақали амволи Ҷамъиятро муайян мекунад, ки манфиати кредиторони онро кафолат медиҳад.

5.3. Агар баъди анҷоми соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши активҳои софи Ҷамъият нисбат ба Сармояи оинномавӣ камтар гардад, Ҷамъият ӯҳдадор аст, ки дар хусуси кам кардани Сармояи оинномавии худ эълон дошта, камшавии онро мувофиқи тартиби мукарраргардида аз қайд гузаронад. Агар арзиши ин активҳои Ҷамъият аз андозаи ҳадди ақали дар қонун муайяншудаи сармояи оинномавӣ камтар гардад, Ҷамъият бояд барҳам дода шавад.

5.4. Кам кардани Сармояи Ҷамъият танҳо пас аз огоҳ сохтани тамоми кредиторони он иҷозат дода мешавад.  Дар ин ҳолат кредиторон ҳуқуқ доранд, ки қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳои дахлдор ва ҷуброни зиёнашонро талаб намоянд.

5.5. Зиёд кардани Сармояи оинномавии Ҷамъият пас аз саҳмгузории пурраи Иштирокчии он иҷозат дода мешавад.

  1. ГУЗАРИШИ ҲИССАИ (ҚИСМИ ҲИССАИ) ИШТИРОКЧИИ ҶАМЪИЯТ

БА ИШТИРОКЧИЁНИ ДИГАР ВА ШАХСОНИ СЕЮМ

6.1. Иштирокчии Ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳиссаи худро ё қисми онро аз сармояи оинномавии Ҷамъият ба як иштирокчӣ ё якчанд иштирокчии ҳамин Ҷамъият, ё ба шахсони сеюм бо тартиби муқарраркардаи Оинномаи Ҷамъият фурӯшад ё ба тариқи дигар диҳад.

6.2. Ҳиссаи иштирокчии Ҷамъият мумкин аст, то пардохти пурраи он танҳо дар ҳамон қисме, ки аллакай он пардохта шудааст, бегона карда шавад.

6.3. Иштирокчиёни Ҷамъият ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчиёни Ҷамъиятро бо нархи ба шахси сеюм пешниҳодшуда мутаносибан ба ҳаҷми ҳиссахои худ истифода мебаранд.

6.4. Гузашти ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии Ҷамъият бояд дар шакли одии хаттӣ сурат гирад. Риоя накардани шакли аҳд оиди гузашти ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии Ҷамъият, ки банди мазкур ё оинномаи Ҷамъият муқаррар кардааст, боиси беэътибории он мегардад.

  1. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ИШТИРОКЧИИ ҶАМЪИЯТ 

7.1. Иштирокчии Ҷамъият ҳуқуқдорад, ки:

– дар идораи корҳои Ҷамъият иштирок намояд;

– мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои таъсиси дар бораи фаъолияти Ҷамъият маълумот гирифта, бо дафтарҳои муҳосибавию асноди дигари он шинос шавад;

– дар тақсимоти фоида иштирок намояд;

– дар сурати барҳам хурдани Ҷамъият қисми амволи пас аз ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторони боқимонда ё арзиши онро гирад;

7.2. Иштирокчии Ҷамъият инчунин метавонад, дигар ҳуқуқҳои дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди ҳуқуқӣ ва Оинномаи мазкур пешбинигардидаро дошта бошад.

7.3. Иштирокчии Ҷамъият ӯҳдадор аст, ки;

– бо тартиби пешбиникардаи Қонун ва Оинномаи Ҷамъият ҳиссаи худро аз сармояи оинномавии Ҷамъият фурӯшад ё ба тарзи дигар як қисми онро ба як ё якчанд иштирокчии ин Ҷамъият диҳад;

– маълумоти махфиро дар хусуси фаъолияти Ҷамъият фош накунад.

7.4. Иштирокчии Ҷамъият дигар ӯҳдадориҳое, ки дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди ҳуқуқӣ ва Оинномаи мазкур пешбинӣ гардидааст бар дӯш дорад.

7.5. Иштирокчии Ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷамъият масъулият надорад ва зиёни таваккали марбут бо фаъолияти Ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштааш ба ӯҳда дорад.

7.6. Иштирокчии Ҷамъият, сарфи назар аз ҳолат ва хоҳиши мақомоти иҷроияи Ҷамъият ҳуқуқи барҳам додани фаъолияти Ҷамъиятро дорад.

7.7. Дар мавриди зиёд гаштани Иштирокчиён, агар яке аз иштирокчиёни Ҷамъият Оинномаи Ҷамъиятро дағалона вайрон карда, бо ҳамин ба манфиати Ҷамъият зиён оварда бошад, мумкин аст бо қарори Маҷлиси умумии иштирокчиёни Ҷамъият, ки бо аксарияти овози аз се ду ҳиссаи иштирокчиёнаш қабул шудааст,  Иштирокчии Ҷамъият хориҷ карда шавад.

7.8. Нисбати Қарори маҷлиси умумӣ дар бораи аз Ҷамъият хориҷ кардани иштирокчӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

7.9. Тартиби ба шахси дигар гузаронидани ҳиссаи Сармояи оинномавии Ҷамъият,  рӯёнидани маблағ аз ҳисоби ҳиссаи амволи иштирокчии Ҷамъият ва  хисоббаробаркунӣ ҳангоми аз Ҷамъият хориҷ гардидани иштирокчӣ, бо Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

  1. АЗ ҶАМЪИЯТ БАРОМАДАНИ ИШТИРОКЧИИ ҶАМЪИЯТ

8.1. Иштирокчии Ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳар вақт новобаста аз розогии дигар иштирокчиёни он аз Ҷамъият барояд.

Дар сурати аз Ҷамъият баромадани иштирокчии Ҷамъият ҳиссаи ӯ аз вақти додани ариза дар бораи баромадан аз Ҷамъият ба Ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид Ҷамъият ӯҳдадор аст ба иштирокчии Ҷамъият, ки дар бораи баромадан аз Ҷамъият ариза додааст, арзиши ҳақиқии ҳиссаи ӯро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии Ҷамъият дар давоми як соле, ки ариза дар бораи баромадан аз Ҷамъият дода шудааст, муайян карда мешавад ё бо розигии иштирокчии Ҷамъият ба ў амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл ва дар холати пурра пардохт нашудани амонати ў дар сармояи оинномавии Ҷамъият арзиши ҳақиқии як қисми ҳиссаи ўро, ки ба кисми пардохташудаи амонати мутаносиб аст, диҳад.

8.2. Аз  Ҷамъият  баромадани  иштирокчии Ҷамъият ўро аз ўхдадори дар назди Ҷамъият оиди гузоштани амонат ба амволи Ҷамъият, ки то додани аризаи баромадан аз Ҷамъият пайдо шудааст, озод намекунад.

  1. МОЛИКИЯТ ВА ВОСИТАҲОИ АСОСИ 

9.1. Манбаҳои ташкил ёфтани молу мулки Ҷамъият:

–   пардохти пули ва моддии Иштирокчи;

–   даромадҳое, ки аз фаъолияти хочаги ба даст омадаанд;

–   кредити бонкҳо ва дигар маблағгузори.

9.2. Ба ғайр аз воситаҳои асосие, ки Иштирокчи гузаронидааст, Ҷамъият ҳуқуқ дорад, ки дар асосхои қонун аз дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи воситаҳои асосиро аз худ намояд.

9.3. Аз фоидае,  ки дар ихтиёри Ҷамъият мондааст, чунин фондҳо ташкил  мешаванд:

– фонди ягонаи тараққиёти истеҳсоли ва иҷтимои;

– фонди захирави;

– фонди музди кор ва ҳавасмандкуни;

– фонди суғуртаи иҷтимои.

9.4. Фарқият байни маблағҳои пулии дохилшаванда аз маҳсулот (хизматрасони) ва маблағҳои хориҷшаванда, хамчунин маблағҳои пулии ба он баробаркардашуда, фонди молиявии Ҷамъиятро ташкил медихад.

9.5. Ҷамъият  дар  назди  Мақомотхои давлати мустақилона хисобот медихад, аз он чумла дар супоридани андозҳо, омор ва ғ.

9.6. Ҷамъият воситаҳои пулии худро дар ҳисобҳои муассисаҳои бонки нигоҳ медорад ва ҳама гуна фаъолиятҳои бонкиро мувофиқи қонунгузорӣ ба амал мебарорад.

  1. МАҚОМОТҲОИ ИДОРАКУНИИ ҶАМЪИЯТ 

10.1. Мақоми олии идоракунии Ҷамъият Иштирокчии он мебошад.

10.2. Ба салохияти истиснои Мақоми Олии Ҷамъият, ҳалли чунин масъалаҳо дохил мешаванд:

– муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Ҷамъият ва қабули қарор дар бораи иштирок дар ассотсиатсияҳо ва дигар гуна иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷорати;

– таъсис додани Мақомоти иҷроияи Ҷамъият ва пеш аз мўхлат катъ намудани ваколатҳои он;

– қабул кардани қарор дар бораи азнавташкилдиҳи ё барҳамдиҳии Ҷамъият, таъин кардани комиссияи барҳамдиҳи ва тасдиқи балансҳои барҳамдиҳи;

– тасдиқ намудани Оинномаи  Ҷамъият,  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо ва андозаи сармояи оинномавии Ҷамъият;

– интихоб ва пеш аз мўхлат қатъ гардонидани ваколатҳои комиссияи тафтишотии Ҷамъият, таъин кардани тафтиши аудиторӣ, тасдиқи аудитор ва муайян кардани ҳаҷми пардохти хизмати аудитор;

– муайян намудани накшаҳои фаъолияти хоҷагидори;

– тасдиқ кардани ҳисоботи солона ва баланси муҳосибавии  Ҷамъият бо тақсимоти фоидаю зарари он;

– тасдиқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти  дохилии Ҷамъият (ҳуҷҷатҳои  дохилии  Ҷамъият);

– қабули қарор оиди вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки эмиссиониро паҳн кардани Ҷамъият;

10.3. Ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти истисноии Мақоми олии Ҷамъият мансубро вай ба Мақоми иҷроияи Ҷамъият супурда наметавонад.

10.4. Идоракунии фаъолияти ҷории Ҷамъият аз тарафи Маъмурият ба амал бароварда мешавад, ки онро Директор  роҳбари менамояд.

10.5. Директор аз рўи ташкили кори Ҷамъият, бадастдарории фоида ва мувофиқи қонун будани фаъолият,  ҷавобгарии шахсиро ба ўхда дорад.

10.6. Директори Ҷамъият масъалахои зеринро мустақилона ҳал менамояд:

– аз номи Ҷамъият бидуни ваколтанома амал намояд, аз ҷумла аз манфиатҳои он намояндаги ва аҳдҳоро амали намояд;

– барои ҳуқуқӣ намояндаги аз номи Ҷамъият ваколатномаи дорои ҳуқуқӣ бовари медиҳад;

– дар бораи ба кор қабул кардан, ба кори дигар гузаронидан, аз кор хориҷ намудани коргарон фармон мебарорад, инчунин ҳавасмандгардони ва пешбини кардани ҷазои интизомӣ ба коргарони Ҷамъият;

– муайян кардани шумора ва ҳайати штатии Ҷамъият;

– аз рўи ваколатҳои худ бо воситаҳои моли ва моликияти Ҷамъият ихтиёрдори намудан;

– имзо кардани шартномаҳо ва аҳдҳо.

10.7. Мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи фаъолияти молиявии Ҷамъият комиссияи тафтишоти назорат мебарад.

10.8. Ҷиҳати тафтиш ва тасдики дурустии ҳисоботи солонаи молияви, Ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳар сол аудитори касбии бо Ҷамъият ё иштирокчиёни он манфиати амволи надошта (аудитори беруна)-ро ҷалб намояд. Ҳисоботи солонаи молияви, инчунин метавонад бо талаботи ҳар яке аз  иштирокчиёни он тафтиши аудитори карда шавад.

10.9. Комиссияи тафишотии Ҷамъият хукуқ дорад ҳар вакт фаъолияти молиявии Ҷамъиятро тафтиш намояд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба фаъолияти Ҷамъият дастраси он бошад.

Комиссияи тафтишотии Ҷамъият бо тартиби ҳатми тафтиши ҳисоботи солона ва тавозуни муҳосибавиро то онҳоро тасдиқкардани Мақоми олии идоракунии Ҷамъият, мегузаронанд. Мақоми олии идоракунии Ҷамъият ҳуқуқ надорад ҳисоботи солона ва тавозуни муҳосибавии Ҷамъиятро дар сурати набудани хулосаи комиссияи тафтишотии Ҷамъият тасдиқ кунад.

  1. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КОРМАНДОНИ ҶАМЪИЯТ 

11.1. Кормандони Ҷамъият метавонанд дорои ҳуқуқҳое, ки мутобики Кодекси мехнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва хамин Оиннома пешбини шудааст, бошанд.

11.2. Кормандони Ҷамъият вазифадоранд,  ки маълумотҳои махфии Ҷамъиятро фош накунанд.

11.3. Кормандони Ҷамъият метавонанд дигар ўҳдадориҳое, ки Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадхои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамин Оиннома пешбини кардааст, дошта бошанд.

11.4. Кормандони Ҷамъият аз рўи ўхдадорихои Ҷамъият чавобгар шуда наметавонад.

11.5. Кормандони Ҷамъият ҳуқуқ доранд, ҳар вакт аз Ҷамъият озод шаванд.

11.6. Кормандони Ҷамъият мумкин аст бо фармони Директор аз кор озод карда шаванд, агар онхо Оинномаи Ҷамъиятро вайрон намуда, бо ин ба манфиатҳои Ҷамъият зарар оваранд.

  1. НИГОХДОРИИ ҲУҶҶАТҲОИ ҶАМЪИЯТ 

12.1. Ҷамъият ўхдадор аст ҳуҷҷатҳои зеринро нигоҳ дорад:

– ҳуҷҷатҳои таъсисии Ҷамъият, инчунин тағийроту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисии Ҷамъият воридгардида, ки бо тартиби мукарраркардаи қонунгузори ба кайд гирифта шудаанд;

– протоколи (протоколхои) маҷлиси Иштирокчиёни Ҷамъият,  ки дорои  карор оиди таъсиси Ҷамъият ва тасдиқи арзиши пулии амонатхои ғайрипули ба сармояи Ҷамъият мебошад,  инчунин дигар қарорҳои вобаста  ба таъсиси Ҷамъият;

– хуҷҷате, ки қайди давлатии Ҷамъиятро тасдиқ мекунад;

– ҳуҷҷатҳое,  ки  ҳуқуқӣ Ҷамъиятро ба амволи дар баланси он буда тасдиқ

  менамоянд;

– ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият;

– низомномаҳо дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои Ҷамъият;

– ҳуҷҷатҳое, ки бо эмиссияи вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои азхои қиматноки

 эмиссионии вобастаанд;

– протоколҳои мачлисхои умумии Иштирокчиёни Ҷамъият;

– рўйхати мансабдории Ҷамъият;

– хулосаи комиссияи тафтишоти (ревизор) Ҷамъият, аудитор, Мақомоти давлати ва махалли назорати молияви;

– дигар  ҳуҷҷатҳо, қонунхо  ва дигар санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Оинномаи Ҷамъият,  ҳуҷҷатҳои дохилии Ҷамъият  ва қарорҳои маҷлиси умумии Иштирокчиёни Ҷамъият.

12.2. Ҷамъият ҳуқуқҳоеро, ки ҳамин банд пешбини кардааст, дар чои воқеъшавии Мақомоти яккасардории иҷроияи он ё чои дигаре, ки ба Иштирокчиёни Ҷамъият маълум ва дастрас аст, нигоҳ медорад.

  1. АЗНАВТАШКИЛДИҲИ ВА БАРҲАМДИҲИИ ҶАМЪИЯТ 

13.1. Азнавташкилдиҳии Ҷамъият (муттаҳид, ҳамрох, тақсим, чудо кардан, табдил додан) бо қарори иштирокчии он ё Мақоме, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсиси дорои чунин ваколат мебошад, ба амал бароварда мешавад.

13.2. Барҳамдиҳии Ҷамъият боиси катъ гардидани он бидуни ба ашхоси дигар ба тариқи вориси ҳуқуқгузаштани ҳуқуқу ўхдадорихояш мегардад.

13.3. Ҷамъият фаъолияти худро дар ҳолатхои зерин  барҳам медихад:

– ба таври систематики вайрон кардани қонунгузории амалкунанда ва  ё Оинномаи мазкур;

– зараровар шудани фаъолияти хочагидории Ҷамъият;

13.4. Барҳамдихии  фаъолияти  Ҷамъият бо Қарори Иштирокчии он ё суд ба амал бароварда мешавад.

13.5. Барҳамдиҳии Ҷамъиятро комиссияи барҳамдихи ба амал мебарорад. Аз вакти таъини комиссияи барҳамдиҳи ҳамаи ҳуқуқ ва  ваколатҳои Ҷамъият ба вай мегузарад.

13.6. Амволи баъди ҳисобу китоби бо кредиторҳо анҷом додашудаи боқимондаи ҷамъияти барҳамхуранда аз ҷониби комисcияи барҳамдиҳӣ дар байни иштирокчиёни ҷамъият бо навбати зерин тақсим карда мешавад:

– дар навбати аввал ба иштирокчии ҷамъият қисми фоидаи тақсимшуда, вале пардохт карданашуда дода мешавад;

– дар навбати дуюм амволи ҷамъияти барҳамхуранда дар байни иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад. 

  1. ҚАБУЛ ВА ТАСДИҚИ ОИННОМАИ ҶАМЪИЯТ 

14.1. Тағйирот ба Оинномаи Ҷамъият бо Қарори маҷлиси умумии иштирокчии Ҷамъият ворид карда мешавад.

14.2.Тағйироти ба Оинномаи Ҷамъият воридгардида, ки маълумот оид ба онҳо дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷуданд, пас аз ворид намудани тағйирот ба ҳамин Феҳрист барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунад.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

maktub-bacha-rasm

МАКТУБ БА МУАЛЛИМАИ МАКТАБ

Муаллимаи меҳрубон,        Мо шогирдони Шумо, ки солҳои  1970-ум дар мактаби миёнаи рақами 26-и ноҳияи …