Главная / Биология / Оилаи хушадорон

Оилаи хушадорон

Дар байии оилаҳои ба синфи растаниҳои якпалла мансуббуда, хӯшадорҳо калонтарин оила ба ҳисоб рафта, тақрибан 8000 намудро дарбар мегиранд. Намояндагони оилаи хӯшадорҳо дар тамоми арзу марзи кураи Замин, хусусан, дар дашту марғзорҳо, доманакӯҳу баландкӯҳҳо васеъ паҳн шудаанд. Аксари намудҳои дар мамлакати мо мавҷудбудаи ин оила гиёҳҳои алафии яксола ва бисёрсолаанд.

Решаи растаниҳои оилаи хӯшадорон патакреша ва пояашон банд-банд пайваст (сербуғум) мешаванд. Дар аксарияти хӯшадорҳо (гандум, ҷав, ҷавдор, арзан) ҷузъи байнибандҳои поя дарунхолӣ аст ва худи бандҳо бошанд, пури сохтори бофтаҳоянд. Чунин пояро хаспоя меноманд, дар баъзе намуди хӯшадорҳо (ҷуворимакка ва найшакар) ҷузъи байнибандҳои поя низ чун худи бандҳо аз бофтаҳо пуранд.

rastanifo-02

Барги хӯшадорҳо борику дароз ва рагрониаш мутавозӣ буда, остинаки дароз дорад. Бехи (асоси) васеъшудаю найчамонанди баргро остинак мегӯянд. Остинак одатан пояро болотар аз банде (байнбуғуме), ки барг аз он ҷо сабзида баромадааст, фаро гирифтааст. Остинаки барги хӯшадорҳо ҳуҷайраҳои нозуки тақсимшавандаеро, ки дар буни байнибандҳои поя ҷойгиранд, муҳофизат мекунад. Аз рӯи ин хусусияташон растаниҳои хӯшадор аз растаниҳои дигар оилаҳо фарқ мекунанд.

Дар он ҷое, ки паҳнаки барг аз остинак дур (ҷудо) мешавад, ҷузъи пардамонанд — забонча ҷой гирифтааст. Забонча саддест (монеаест), ки обро ба байни появу остинак дохил шудан намегузорад.

Гули хӯшадорҳо дар хӯшагули хӯшачадори як, ду ё бисёргулдор ҷойгиранд. Хӯша дар навбати худ се хел мешавад: хӯшаи мураккаб, ҷорӯбаки хӯшамонанд ва ҷорӯбак. Қариб дар ҳамаи хӯшадорҳо дар бехи ҳар кадом хӯшача дутоӣ пулакчаи хӯшагӣ дида мешавад. Хӯшачаи растанихои гуногуни хӯшадор як ё якчандто гул дорад. Дар ҳар кадом гули аксари хӯшадорҳо 2 пулакчаи гул, 2 гулпарда, 3 гардбарг ва 1 тухмдон (ки он 2 гардгираки пашмакдор дорад) мавҷуд аст.

Меваи хӯшадорҳо дон аст. Дон ин меваи яктухма ба ҳисоб раф- та, дар он мевапарда ва пӯсти тухм бо ҳам часпидаанд. Эндоспер- ми тухми онҳо (тақрибан 74 фоизи таркиби тухмро ташкил мекунад) ҷанинро иҳота накардааст, балки ба он аз паҳлӯ пайваст буда, бевосита ба тухмпаллаи ягона, ки сипарча мегӯянд, часпидааст. Тухми растаниҳои хӯшадори киштаро одатан дон ё галладона мегӯянд.

Аҳамияти хӯшадорон дар ҳаёти инсон ниҳоят калон ва гуногун аст. Аз ҷиҳати аҳамияти ғизоӣ дар ҷои аввал гандум, шолӣ, ҷуво- римакка ва ҷавро мегузоранд ва дуруст аст, ки онҳоро растаниҳои асосӣ ва муҳими ғизогии инсон меҳисобанд.

Гандум зироати хеле қадима аст. Ҳоло 20 намуди мазрӯъ ва худрӯи он маълум аст. Дар навбати худ ҳар як намуди он аз Навъҳои гуногун иборат аст.

Дар миқёси ҷаҳон асосан ду намуди гандум — гандуми мулоим ва сахт кишт карда мешаванд. Ҷавдор. Дар ҳар кадом хӯшачаи ҷавдор (хӯшагулаш сараки мураккаб) сетоӣ гул ҳаст, ки дутоаш хуб инкишоф ёфтааст. Гулҳои хӯшачаи ҷавдор дуҷинса буда, тавассути шамол гардолуд мешаванд. Дони ҷавдор борики дароз буда, орди ҷавдор  аз сафеда бой ва рангаш хиратоб аст. Нонаш серғизо ва хуштаъм аст. Ҷавдор низ ба мисли гандум яке аз ғалладонаҳои асосии ғизогӣ ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияҳое, ки гандум ҳосили баланди дилхоҳ дода наметавонад, ҷавдор мекоранд. Дар зироатпарварии умумиҷаҳонӣ аз рӯи миқёси майдони кишташ ҷавдор дар ҷои шашум мебошад.

Шолӣ зироати пурқимат аст. Вайро дар мамлакатҳои тропикӣ ва субтропикӣ дар заминҳои обӣ парвариш мекунанд. Шолӣ зироатӣ яксола буда, онро баҳорон кишт мекунанд. Шолӣ манбаи бойи ангиштоб буда, қариб нисфи одамони ҷаҳон онро истеъмол мекунанд. Дар айни замон якчанд ҳазор навъи шолӣ маълум аст. Шолиро боз барои истеҳсоли нишоиста (крахмал) истифода мебаранд. Аз хаспояи он каллапӯшу (кулоҳ), сабадча мебофанд ва коғаз тайёр мекунанд. Коҳу пахоли (хаспояи) шолӣ хӯроки хуби чорво мебошад.

Ҷуворимакка (макка) гиёҳи яксолаест, ки то 2-5 м қад мекашад. Ҷуворимаккаро соли 1493 аз Америкаи Ҷанубӣ ба Аврупо оварда буданд. Пояи рости ҷуворимакка дарунхолӣ набуда, сербуғум (аз 8 то 20 буғум) мебошад. Решааш то чуқурии 2 м ба дохили хок паҳн мешавад. Аз қисми поёнии поя ре- шаҳои бисёри пурқуввати иловагӣ месабзанд.

Баргҳои дарозу паҳни (ҷадвалшакли) он рагронии мутавозӣ доранд. Ҷуворимакка растании якхонагӣ мебошад. Яъне гулҳои модина ва нарина дар як рас- танианд. Гулҳои модина хӯшагули сӯтаи мураккаб ба вуҷуд меоваранд. Сӯта дар бағали баргҳо инки- шоф меёбад. Рӯи сӯтаро гулпечакҳои сабз, ки шак- ли тағйирёфтаи барг мебошанд, иҳота кардаанд. Гули модина ғӯраи мудаввар дорад, ки он дорои су- тунчаҳои абрешимшакл (“риши” ҷуворимакка) бо гардгираки дуҳиссашуда (дупаррашуда) мебошад. Гулҳои нарина дар хӯшагули сершохи ҷорӯбак» ки дар нӯги поя ҷойгиранд, сарҷамъ омадаанд. Хӯшагули ҷуворимакка аз хӯшачаҳо иборатанд. Ҳар кадом хӯшача дутоӣ гули сегардбаргдор дорад. Гарди гул хеле пештар, то аз сӯтаи ҳамон растанӣ намудор шудани гардгирак, пухта мерасад. Бинобар он, ҳодисаи худгардолудшавии гули ҷуворимакка қариб рӯй намедиҳад. Гарди гул ба гардгираки гули модина тавассути шамол аз растании ҳамшафат оварда мешавад.

Ҷуворимакка зироати рӯшноидӯст ва гармипарвард мебошад. Барои бо равшанӣ хуб таъмин будани растанӣ, ҷуворимаккаро ба таври радда — радда аз ҳамдигар дур мешинонанд. Масофаи байни раддаҳо ё қаторҳо бояд ба талаботҳои агротехникӣ ҷавобгӯ бошад. Ҷуворимакка растании хушкитобовар ба ҳисоб равад ҳам, лек ба намнокӣ (об) эҳтиёҷи калон дорад (барои фаъолияти ҳаётии ҳар як ниҳоли ҷуворимакка дар як шабонарӯз камаш 1 л об лозим аст). Инчунин, ҷуворимакка аз хунукӣ (сармо) сахт зарар мебинад. Дар ҳарорати – 1°С сабзиш ва инкишофи он қатъ мегардад.

Решаи ҷуворимакка ба дохилшавии ҳаво (оксиген) бисёр ҳасос мебошад. Аз ин рӯ, барои хуб дастрас шудани ҳаво пеш аз гузаронидани кишти ҷуворимакка ва дар давоми сабзишу инкишофи он хокро нағз нарм кардан лозим аст.

Ҷуворимакка зироати пурқимати ғалладонагй, озуқавӣ ва хӯро- ки сергизои чорво мебошад. Вай ашёи хоми саноатӣ аст. Аз дони ҷуворимакка орд, му- қашшар, равған, нишо- истаи истеъмолӣ, глю- козаи кристаллӣ ва гайра истеҳсол меку- нанд.

Растании дигари фо- иданоки ин оила ҷав мебошад. Ҷав хӯшагули мураккаби сарак дорад. Дар ҳар кадом хӯшача яктогӣ гул мавҷуд аст. Ҳангоми шукуфтани гул худгардолудшавӣ ба вуқӯъ меояд. Вале дар рӯзҳои

гарми офтобӣ гулҳои ҷав, ба туфайли ҳашарот гардолуд шуда метавонанд. Ҷав зироати зудрасу пешпазак аст. Аз дони ҷав ярмаҳои гуногун тайёр мекунанд.

Сулӣ аз ҷав ва ҷавдор бо хӯшагули ҷорӯбакаш фарқ мекунад. Дар шохчаҳои хӯшагули шохарондааш хӯшачаҳо ҷойгиранд, ки ҳар кадоми онҳо 2-3-тогӣ гул доранд. Гули сулй худгардолудшаванда мебошад. Сулӣ агарчанде растании хӯроки чорво бошад ҳам, лекин аз дони вай талқон, ярма, муқашшар (геркулес) ва дигар маҳсулоти пурарзиши ғизоӣ тайёр мекунанд.

Найшакар растании минтақаҳои тропикӣ мебошад. Аз пояи он шакар истеҳсол мекунанд.

Ба оилаи хӯшадорҳо. ба ҷуз зиро- атҳои муҳими ғалладонагӣ, боз бисёр гиёҳҳои гуногуни худрӯй, аз қабили гандумак, арзанак, чимдк (ковил) ва ғайраҳо дохиланд.

1.  Аломатҳои хоси синфи растаниҳои якпалларо ёдовар шавед.

2.  Хаспоя чист?

3.  Хаспоя чӣ тавр сабзида қад мекашад?

4.  Аломатҳои фарқкунандаи оилаи хӯшадоронро номбар ку- нед.

5.   Кадом зироатҳои ғалладонаро медонед?

6.  Зироатҳои ғалладонаро барои чӣ парвариш мекунанд?

7.  Гардолудшавии ҷуворимакка чӣ тавр ба амал меояд?

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …