Главная / Биология / Оилаи тутҳо

Оилаи тутҳо

Ба ин оила тақрибан 1700 хели растаниҳои шаклашон буттагиву дарахтӣ, лианмонанд (чӯброст), ҳамешасабз ё хазонрез ва баъзе гиёҳҳои яксола ва бисёрсола дохил мешаванд. Аксари онҳо дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии кураи Замин месабзанд. Дар Тоҷикистон аз оилаи тутҳо махсусан навъҳои гуногуни тут ва анҷир васеъ парвариш карда мешаванд.

 Растаниҳои оилаи тутҳо
Расми 19. Растаниҳои оилаи тутҳо

Тана, шох ва барги аксари хелҳои ба ин оила дохилшаванда, ҳангоми харошидан ё ҷароҳатёбй аз худашон шираи ширмонанд хориҷ мекунанд. Ҷойгиршавии баргашон навбатӣ буда, наздбарга низ доранд.

Гулҳо дар хӯшагулҳои гуногуншакл – гӯшворак, хӯша, ҷорӯбак ва ғайраҳо ҷойгир мебошанд. Гулҳо якҷинса буда, гулбарг надоранд, косабарг аз як то ҳашт адад ва миқдори гардбаргҳо тағйирё- банда мебошад. Микдори мевабарг якто буда, як ё дуто гардгирак дорад. Гардолудшавии растаниҳои оилаи тутҳо бо туфайли шамол ва ҳашароти махсус ба амал меояд.

Меваи онҳо ғуҷуммева аст. Дар тухмашон эндосперм доранд. Бисёр растаниҳое, ки ба ин оила дохил мешаванд, растаниҳои фоиданок ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим инҷониб парвариш карда мешаванд. Яке аз маъмултарин намояндаи ин оила тут мебошад. Тут дарахти хазонрез буда, дар мамлакатамон ду намуди он: тути сафед ва сиёҳ (шоҳтут) бештар маъмуланд. Ҳар ду намуди тут дарахти як ё духонагӣ буда, шакли баргҳояшон гуногун мебо- шад. Аз хӯшагули гӯшворакшакли он ғуҷуммева пайдо мешавад.

Дар айни замон, қариб 400 навъи тут ба вуҷуд оварда шудааст. Хусусан, навъҳои тути бедона, балхӣ, марворидак, мавизак, ҷиртут, сафедак ва ғайраҳо дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон аз замонҳои қадим инҷониб парвариш карда мешаванд. Тут растании ба хушкӣ ниҳоят тобовар буда, дар хокҳои нисбатан камғизо метавонад нағз нашъунамо кунад. Тутро асосан тавассути дона (тухм)-аш ва ин- чунин бо роҳи пайвандкунӣ зиёд мекунанд. Дарахти тут 200-300 сол умр мебинад.

Меваи тут ширин буда, дар таркибаш зиёда аз 10% моддаи кандӣ дорад. Онро дар шакли тару тоза ё хушкконидашуда истеъмол мекунанд. Ағар аз тути хушки кӯфташуда талқон тайёр кунанд, аз меваи тару тозаи он ширинӣ мепазанд.

Хусусияти шифобахшии дарахти тут аз қадимулайём маълум аст. Абӯалӣ ибни Сино тути хушконидашударо (меваашро) барои табобати касалиҳои гуногуни меъдаю рӯда тавсия додааст.

Хусусан, тути сафед дорои аҳамияти калони саноатй мебошад. Барги онро ба сифати маводи хӯрока барои парвариши кирми пил- ла (абрешим) истифода мебаранд. Ба ин мақсад, истифода шудани барги тут дар қитъаи Осиё (Хитой) зиёда аз 2500 сол бошад, дар Европа зиёда аз 1000 солро ташкил медиҳад.

Тутанҷир яке аз авлодхои сершумортарини оилаи тутҳо ба ҳисоб рафта, тақрибан 1000 хелро дарбар мегирад. Аксари онхо дар минтақаҳои тропикии намнок васеъ паҳн гардида, дар чунин шаро- ит онҳо дарахтони ҳамешасабз мебошанд.

Меваи анҷирро дар шакли тару тоза, хушконидашуда ва шарбатҳои гуногун истеъмол мекунанд.Дар Тоҷикистон ду намуди анҷир дар шакли худрӯй ва ҳам мазрӯъ парвариш карда мешавад. Дар шароити Тоҷикистон анҷир дарахти начандон калони хазонрез мебошад. Барги он панҷашакли аз 3 то 7 парра аст. Вай растании духонагӣ буда, хӯшагули нок- монанди дарунхолӣ дорад. Гули анҷир махсусияти ба худ хос дошта, танҳо тавассути занбӯре, ки номаш бластофаг аст, гардолуд мешавад. Аз хӯшагули гардолудшуда ғуҷуммева пайдо мешавад, ки шакли мурӯд, лӯнда ё кулчамонанди рангаш зард, сабз, бунафш, ё бӯрмонанд буда, сертухму сергӯшт мешавад. Меваи ан- ҷир серғизо мебошад ва дар таркибаш 12-28% канд, инчунин сафеда, оҳар, витаминҳои гуногун, намакҳои органикӣ ва элементҳои оҳан, фосфор, кал- сий, мис ва магний дорад. Чунин таркиботи бои химиявӣ ва хуштаъмии меваи анҷир гувоҳӣ медиҳад, ки вай хосияти баланди парҳезӣ ва шифобахшӣ дорад.

Анҷир асосан дар мамлакатҳои со- ҳили Баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд, Эрон, Афғонистон, Закавказия ва дар Тоҷикистон бошад, дар ноҳияҳои гарми ҷанубӣ парвариш карда мешавад.

  1. Аломатҳои хоси растаниҳои оилаи тутҳоро номбар кунед.
  2. Кадом намояндаҳои хоси онҳоро медонед? •
  3. Тут ва анҷир дар ҳаёти инсон чӣ аҳамият доранд?
  4. Анҷир тавассути кадом ҳашарот гардолуд мешавад?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

riba-mohi-tajik-2

МОҲИҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар муҳити обҳои Тоҷикистон то ҳол зиёда аз 40 намуди моҳиҳо маълуманд. Аз онҳо баъзеашон …