Главная / Биология / Оилаи тугмачагулҳо

Оилаи тугмачагулҳо

Тугмачагулҳо, ки бо ибораи дигар онҳоро хайригулҳо хам меноманд, 1600 хелро дарбар мегиранд. Онҳо асосан растаниҳои минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ буда, микдори ками хелҳояшон дар мамлакатҳои иқлимашон мӯътадил нашъунамо мекунанд. Тугмачагулҳо растаниҳои яксола, бисёрсола буда, баъзан шаклҳои буттагӣ ва дарахтиашон низ вомехӯранд.

rasПоя ва навдаҳои тугмачагулҳо аз берун бо мӯякчаҳои ситорашакл пӯшида мебошанд. Дар онҳо моддаҳои заҳрнок ва алкалоидҳо дида намешаванд.

Ҷойгиршавии барг дар пояю навда ба таври навбатӣ мебошад. Пахнаки барг панҷашакл ё панҷашакли чукур буридашуда мебошад.

Гулҳо яктогӣ дар бағали барг ё дар баъзе ҳолатхо дар хӯшагули нӯгӣ ҷойгир мебошанд. Гулпӯши дучанда аз 5 косабарги бо хам часпида ва 5 гулбарги озод иборат аст. Дар баъзе намояндагони алохидаи ин оила, бар замми косабарг, боз зеркосабарг низ дида мешавад. Микдори гардбаргхо бисёр буда, онҳо дар асоси гулбаргҳо бо ҳам часпидаанд. Тухмдон аз се ё бисёр мевабаргҳо иборат аст. Сутуичаи гардгирак якто ё бисёр аст. Меваи тугмачагулхо хушки ғӯзамонанд ё чормағзаки яктухмдор мебошад.

Ба ин оила бисёр растанихои қиматбаҳои техникӣ ва равғанди- ҳанда мансубанд.

Пахта асосан растании буттаги ё дарахти бисёрсола буда, дар шароити Тоҷикистон ҳамчун растании яксола парвариш карда ме- шавад.

Гули пахта аз панҷ гулбарги озоди ранги зарддошта иборат буда, растании худгардолудшаванда ҳисоб шавад хам, метавонад тавассути ҳашарот низ гардолуд шавад. Ба ин мавҷудияти шаҳддонҳо дар гул гувохӣ медиҳанд. Аз ин рӯ, пахта растании хуби асаловар мебошад.

Меваи пахта ғӯзаи се ё паиҷлонагӣ асг. Тухмашои бисёр аст. Тухмҳо бо нахҳои дарози аз як ҳучайра иборатбуда пӯшида шудаанд (дар як тухм то 7 хазор нах дида мешавад). Дарозии ҳар як нах тақрибан аз 40 то 50-60 мм мерасад.

Дар миқёси ҷаҳон пах- та растании нахдиҳандаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Вай тақрибан 75%-и нахи барои саноати бофандагӣ беҳад зарурро медиҳад. Аз тухми пахта равган истеҳсол меку.нанд. Аз гулбаргҳои гули пахта ранг ҳосил кардан мумкин аст. Кунҷора ва пӯчоқи чигити пахтаро ҳамчун хӯроки чорво истифода мебаранд.

Дар назди истиқомат- гоҳҳо, канори роҳҳо, киштзору боғҳо, дар бай- ни зироатҳои кишоварзӣ ҳамчун алафи бегона рас- тании гулаш сафеду мева- аш тугмачамонанд во- мехӯрад, ки онро тугмача- гул ё мӯбофак меноманд.

Тугмачагул растании як-ду ва бисёрсола буда, дар Тоҷикис- тон 8 намуди он мерӯяд. Аксари ин намудҳо қариб дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳуриамон вомехӯранд.

Баъзе намудҳои тугмачагулро ҳамчун растании сабзавотӣ барои тайёр кардани самбӯсаи алафӣ ва ҳаргуна хӯришҳо истифода мебаранд. Дар тибби халқӣ онро барои табобати касалиҳои гуногун истифода мебаранд. Инчунин, ҳамаи намудҳои тугмачагул хосияти асаловарӣ доранд ва онҳо хӯроки серғизои чорво ба ҳисоб мераванд.

Гули хайрӣ растании як-ду ва бисёрсола буда, барги содда, яклухт, панҷашакл ва ё пармонанд дорад. Дар гули он, ба ҷуз 5 косабарг ва 5 гулбарг, боз аз 6 то 9 зеркосабарг дида мешавад. Микдори гардбаргҳо бисёр буда, думчаашон 5 – қирра аст.

Гули хайрӣ дорои гулҳои калони рангоранг буда, онро ҳамчун растании ороишӣ дар хиёбону гулгаштҳо, боғҳои истироҳатӣ ва ғайраҳо парвариш мекунанд. Намудҳои худрӯйи гули хайрӣ дар ҷангалу маргзорҳои субалпӣ, бодому пистазор ва нишебиҳои ре- гии кӯҳҳо ва ғайра васеъ паҳн шудаанд.

Намудҳои гуногуни гули хайрӣ аз якдигарашон аз рӯи гуногунии ранги гулбаргашон (сафед, бунафш, бунафши бӯр, сафеди ширчой- монанд), шакли гул ва миқдори зеркосабаргашон фарқ мекунанд.

Гули хайрӣ аҳамияти калон дошта, аз гулбаргҳои он ранг ҳосил мекунанд, ки он барои рангин намудани маводҳои хӯрокӣ, нӯшо- киҳо ва матоъҳо истифода мешавад. Гули хайрӣ растании асаловар буда, реша, мева ва гули онро дар тиб барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд. Дар таркиби тухми онҳо то 20% рав- ған ҳаст, ки дар соҳаи рангубор қимати баланди амалӣ дорад.

Дар байни майдонҳои кишти пахта, ҷуворимакка, юнучқа, раста- ниҳои сабзавотӣ ва инчунин дар сари роҳу канори ҷуйборҳо мо бо растании қадаш баланду камшохаронда, ки баргҳои калони дилшакл ва гулҳои зард дорад, дучор меоем, ки онро мардумони маҳаллӣ нонфарак меноманд.

Нонфарак ғӯзамеваи зарди сиёҳтоб ва тухми гурдашакли хо- кистарранги тира ё сиёҳтоб дорад. Нонфарак растании нах ва рав- ғандиҳанда аст. Аз нахи он арғамчин, канаб, ресмон, ришта ва ғайра тайёр мекунанд. Пояи хушкшудаи нонфарак то 25% нах ва тухмаш то 16-20% равған дорад. Равғани онро дар корхонаҳои собунпазӣ ва истеҳсоли алиф истифода мебаранд.

  1. Аломатҳои умумии оилаи тугмачагулҳоро номбар кунед.
  2. Кадом растаниҳои оилаи тугмачагулҳоро медонед?
  3. Тугмачагулҳо чӣ аҳамият доранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …