Главная / Биология / Оилаи настараниҳо

Оилаи настараниҳо

Ба оилаи настараниҳо зиёда аз 3000 намуди растаниҳои алафӣ, буттагӣ ва дарахтӣ мансуб аст. Дар Тоҷикистон тақрибан 142 намуди растаниҳои худрӯй ва мазрӯии оилаи настараниҳо маълуманд. Сохти баргашон гуногун буда, дар дарахти себ, нок, биҳӣ ва ғайра содда, дар шоҳтути заминӣ ва марминҷон — сечанда, дар настаран – пармонанди мураккаб мебошад. Ҷойгиршавии барг дар растаниҳои ба ин оила тааллуқдошта навбатӣ буда, онҳо наздбарга доранд.

Гули настараниҳо дар алоҳидагӣ (тоқа-тоқа) дар бағали баргу навда ё дар хӯшагулҳои гуногун ҷойгиранд. Гули онҳо дуҷинса буда, ба туфайли ҳашарот гардолуд мешаванд. Гулпӯши онҳо дучанда буда, гул аз 5 косабарг ва 5 гулбарг иборат аст. Дар аксарияти онҳо, ба ғайр аз 5 косабарг, боз 5 зеркосабарг дида мешавад (дар шоҳтути заминӣ, қулфинай ва ғайра). Гулбаргҳо ранги сафед, зард, сурх, гулобӣ доранд. Дар аксарияти намояндагони оилаи иастараниҳо микдори гардбаргҳо зиёд ва озод буда, онҳо дар канори гулбанд ё косача инкишоф меёбанд.

seb

Тухмдони гули настаранихо якто ё бисёр буда, аз мевабаргҳои озод ё пайваст таркиб ёфтааст. Ғӯраи настараниҳо дар миёнҷои гулбанди паҳн (яъне, ғӯра мобайнӣ), барҷаста (яъне, ғӯра болоӣ) ё қадаҳшакл (ғӯра поёнй) ҷой гирифтааст. Формулаи умумии гули настараниҳо чунин аст: К(5)5 Т5 Гу М|(5)

Меваи растанихои ин оила хушки чормағзак, баргаки сершумор ё тармеваи сердона мешавад.

Гулбанди гулҳои он растаниҳои оилаи настаранихо, ки тухмдо- ни бисёр доранд, метавонад баробари пухта расидани мева (маса- лаи дар шоҳтути заминӣ ва настаран) сабзишашро давом дода, серобу сершира гардад.

Гулҳои дигар намояндагони настараниҳо (чунончи, олуболу, олу, шафтолу, зардолу) фақат якто тухмдон доранд ва аз ин рӯ меваи онҳо донакдор аст. Себ, нок, биҳӣ, ғубайро ва дӯлона меваашон ба навъи махсуси “себак” тааллуқ доранд.

Дар баъзе намудҳои алафии настаранихо, чунончи, дар растании панҷаи зоғ бархилофи дигар намояндагони ин оила, гул 4 косабарг ва 4 гулбарг дорад.

Намояндаи нисбатан маъмули дарахтии оилаи настараниҳо, ки дар шакли худрӯй ва мазрӯъ вомехӯрад себ ва нок мебошад.

Себ дарахти начандон калон мебошад. Решаи тиррешаи он то 5 м ба зери замин чуқур меравад. Себ аз 100 (себи богӣ) то 300 сол (себи худрӯи кӯҳӣ) умр мебинад.

Себ танаи рости ба боло қадкашида дошта, аз он миқдори зиёди навдаҳо ба ҳар тараф шоха меронанд. Барги себ содда буда, дар фасли баҳор пеш аз баргбарорӣ дарахт гул мекунад. Гули себ ранги ширчой ё гулобӣ дорад. Гулҳо дар хӯшагул ҷойгир шудаанд. Гул аз 5 косабарг, 5 гулбарг, як тухмдон иборат буда, микдори зиёди гардбаргҳо дорад.

Аз рӯи сохти гул нок ва себ бо ҳам монанд буда, онхо аз рӯи шакли мева ва шохарониашон фарқ мекунанд. Агар навдаҳои себ аз поя ба ҳар самт сабзанд, дар нок навдаҳо одатан ба боло қад мекашанд. Инчунин дар меваи нок хуҷайрачаҳои санггардида (сахтшуда) ҳастанд, ки ҳангоми истеъмол ба осонӣ эҳсос карда мешаванд.

Нокро низ ба монанди себ аз тухмаш зиёд мекунанд ва ба ниҳолҳои бавоярасидаистода навъҳои беҳтарини нокро пайванд мекунанд. Пухтарасии меваи нок чун себ аз моҳи июн шурӯъ шуда, то моҳи октябр давом мекунад.

Дар Тоҷикистон 7 намуди нок вомехӯрад. Чор намуди он худрӯй (ноки анҷирак, каён, мурӯд ва мурӯди хирсак) буда, се намуди дигараш (ноки муқаррарӣ, шакармурӯд, турунҷ) дар ноҳияхои гуногуни ҷумҳуриамон аз қадимулайём парвариш карда мешаванд.

Б иҳӣ дарахти начандон калони (аз 1,5 то 5 м қад мекашад) сершоху барг мебошад. Гулаш калони дуҷинса буда, ранги гулбаргҳояш сафед ё гулобии хушбӯй мебошад. Гулкунии он баъди дар навдаҳо бо пуррагӣ пайдо шудани барг шурӯъ мешавад. Мевааш кулӯла ё нокшакли зард буда, магзи зарди камоб ва хушбӯй дорад.

Тақрибан 400 навъи биҳӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Одатан биҳи- ро тавассути қаламча, бехҷасташ ва тухмаш зиёд мекунанд. Ба туфайли пайванд бошад, навъҳои хушсифату болаззати онро ба вуҷуд меоваранд.

Тобоварии биҳӣ нисбати хунукӣ зиёд буда, дар Тоҷикистон навъҳои маҳаллии он (биҳии чиллагӣ, нокбиҳӣ, миёнапазак, дерпазак) ва навъҳои ба шароити маҳал бештар мутобиқшудаи онро (бихии қизилқӯрғонӣ, фаровонӣ, самарқандии калонмева, туршбиҳии бухороӣ ва биҳии японӣ)-ро ба таври васеъ парвариш мекунанд. Меваи биҳӣ серғизо буда, аз он мармелад, ҷем, шарбатҳои гуно- гун тайёр мекунанд. Табибони халқӣ мева ва тухми онро барои та- бобати касалиҳои гуногун истифода мебаранд.

Зардолу пеш аз баргбарорӣ гул мекунад. Ранги гулҳояш сафед, сурх ё гулобӣ буда, тавассути ҳашарот ва шамол гардолуд мешавад. Меваи зардолу донакдор буда, вобаста ба навъҳояш ранги сафед, зард ё гулобӣ дорад. Донаки зардолу аз равған бой аст. Равғани онро дар тиб истифода мебаранд.

Яке аз намояндагони бутташакли оилаи настараниҳо настаран ё хуч мебошад. Поя, думча ва рагҳои баргаш бо хоракҳои кӯтоҳи нӯгтез пӯшида гардидаанд, ки онҳо настаранро аз ҳайвоноти алафхӯр муҳофизат мекунанд. Барги хуч мураккаб ва канори паҳ- накаш аррашакл мебошад.

Формулаи гули настаран чунин аст: К5 Т5 Г^ М . Ҳамин тавр, гулпӯши гули он аз 5 косабарг ва 5 гулбарги рангини калон иборат аст. Микдори гардбаргу тухмдонаш бисёр мебошад.

Гули настаран гулбанди сергӯшти қадахмонанд дорад. Баъди бордоршавӣ ҳар як тухмдон ба меватухм табдил ёфта, маҷмӯи онҳо дар гулбанди қадаҳмонанди настаран ҷойгир буда, меваи қалбакиро пайдо мекунанд.

Дар Тоҷикистон 18 намуди настаран мерӯяд. Намудҳои гуногуни настаран дар соҳили дарёчаҳои кӯҳӣ, доманакӯҳҳо, дар байни ҷангалзори фарку бодом, арчазору ангатзор ва олучазор, дар баландиҳои 400 – 3600 м аз сатҳи баҳр васеъ паҳн шудаанд.

Настаранро дар корҳои селексионӣ барои ба вуҷуд овардани навъҳои зебою дилорои садбарг истифода мебаранд. Меваи настаран манбаи бойи витамини С мебошад. Аз гулбаргҳои навъҳои гуногуни (ороишии) настаран ва садбарг моддаҳои хушбӯй истеҳсол мекунанд, ки дар соҳаи атриёт мавриди истифода мебошанд.

Садбарг — гули хушбӯй ва дорои рангҳои гуногун (сафед, гулобӣ, сурх, ширчоӣ, сурхи сиёҳчатоб ва ғайраҳо) мебошад. Садбаргро аз давраҳои қадим инҷониб дар Эрон, Ҳиндустон, Хитой ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон парвариш мекунанд. Бисёр шоирон дар васфи зебоии садбарг шеърҳо эҷод кардаанд.

Ҳамин тавр, гули садбарг ба кӯчабоғу гулгаштҳои шаҳру деҳот ҳусни тоза зам мекунад. Инчунин аз гулбаргҳои он равғани пурқимат мегиранд. Дар саноати хӯрокворӣ аз гулбаргҳои он шарбатҳои гуногун ва мураббо тайёр мекунанд.

Марминҷон растании маъмули оилаи настараниҳо аст. Вай дар соҳили дарёчаву канори ҷӯйбору каналҳо, чашмаҳо ва дар ҷойҳои сернам боавҷ нашъунамо карда, баргу пояаш анбӯҳи девори касногузарро ба вуҷуд меоваранд. Меваи марминҷон хуштаъм ва хушбӯй мебошад. Дар таркиби меваи марминҷон глюкоза (2,8- 3,6%), фруктоза (3,1-3,2%), сахароза (0,3-0,6%) ва витамини С (бо миқдори зиёд) дида мешаванд. Марминҷон растании бисёрсолаи нимбуттагӣ буда, тана, думча ва рагҳои марказии барг бо хорчаҳои нӯгтез иҳота гардидаанд. Гулпӯши дучандаи он аз 5 косабарг ва 5 гулбарг иборат аст. Гардбарг ва тухмдони бисёр дорад. Меваи марминҷон мураккаб ва сиёҳи кабудранг мебошад 35 .

  1. Кадом растаниҳои ба шумо маълум ба оилаи настараниҳо дохил мешаванд?
  2. Сохти гули настараниҳо чӣ гунаанд?
  3. Кадом растаниҳои мевадиҳандаи оилаи настараниҳоро медонед?
  4. Аз рӯи сохти гулашон растаниҳои оилаи настараниҳо аз оилаи чилликгулҳо бо чӣ фарқ мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …