Главная / Биология / Мураккабгулҳо ва оилаи онон

Мураккабгулҳо ва оилаи онон

Аз 250 000 намуди растаниҳои гулдори мавҷудбуда тақрибан 25000 хели онҳоро растаниҳои оилаи мураккабгул ташкил медиҳанд. Растаниҳои ба оилаи мураккабгулҳо тааллукдошта аксаран растаниҳои алафии бисёрсола буда, хелҳои растаниҳои яксола, нимбутта, бутта ва дарахтиашон хеле кам вомехӯрад.

Барги онҳо содда, наздбарг надоранд, канорҳои паҳнаки барг яклухт ё ҳиссашуда мебошад. Дар узвҳои нашвии бисёр намояндагони ин оила роҳҳои ширабарор ё зифтхориҷкунанда мавҷуданд.

МуракабгулҳоЯке аз аломатҳои хоси растаниҳои оилаи мураккабгулҳо дар онҳо мавҷуд будани хӯшагули (тӯдагули) сабадак мебошад. Одатан гулҳои майдаи растаниҳои мураккабгул дар сабадак сарҷамъ омадаанд. Инчунин, гулҳои хӯшагулро гулпечак, ки аз баргчахои сабзранг иборат аст, пӯшидааст. Аксар вақт хӯшагули мураккабгулҳоро саҳван ҳамчун як гул мепиндоранд. Чунончи, сабадаки зарди коқу ба назар гӯё як гули калони сергулбаргдор менамояд.

Гули мураккабгулҳо гулпӯши дучанда дорад, лекин косача ё инкишоф наёфтааст ё ин ки аз мӯякчаҳои дурушт иборат аст, ки онҳо тоҷпашмак (яъне тоҷмӯяк)-ро ба вуҷуд меоваранд. Тоҷгул аз 5 гулбарги найчамонанди ба ҳам пайвастшуда иборат аст. 5 гардбарги тоҷгул бо гарддонҳояшон бо ҳам пайваст гардида, найчаи гардбаргро ба вуҷуд овардаанд, ки дар атрофи сутунча ҷой гирифтаанд. Гул Дорои 1 тухмдон буда, аз ғӯраи он мевадонакча инкишоф меёбад. Дар як тарафи нӯги тухми бисёр растаниҳои мураккабгул пашмак (ё “парашютча”) ҳаст. Ин “парашютча” аз тоҷпашмакҳо инкишоф ёфта, хусусияти мутобиқатӣ дорад. Ба туфайли он тухми раста- нихои мураккабгул тавассути шамол паҳн мешавад.

Шаклҳои гули мураккабгулҳо. Вобаста ба сохтитоҷгул (гулбаргҳояш) гули растаниҳои мураккабгул якчанд навъ мешавад.

Гулҳои сабадаки қоқу якхела буда, шакли забонакро гирифтаанд. Гулбарги ҳар як гули қоқу аз поён ба ҳам пайвасту найчашакл буда, нӯгаш ба забончаи дароз монанд аст. Гули чунин сохтдоштаро забончагул мегӯянд. Дар нӯги гулбарги забончамонанд изи панҷ дандонамонанд ҳаст. Ин нишон медиҳад, ки дар давраҳои қадим гулбаргҳои 5-дандонадори қоқу алоҳида-алоҳида буданд.

Вале, бо мурури замон онҳо ба ҳам пайваст шуда, гули забончамонанди 5-дандонадорро ба вуҷуд овардаанд. Гарддони 5 гардбарг низ ба ҳам пайваст шуда, най- чаро ҳосил кардаанд, ки аз байни он сутунчаи гардгиракаш дупарра мегузарад. Аз ғӯраи тухмдон донаи хеле майда, ки як қабза пашмак (“парашютча”) ва думчаи дароз дорад, инкишоф меёбад.

 Хори морак растании алафии бисёрсола аст. Сабадаки он фақат аз найчагулҳо таркиб ёфтааст. Меваи хори морак донаест, ки дар нугаш тоҷпашмак дорад ва ба туфайли шамол

Дар гули чашми гӯсола агар дар мобайни сабадак найчагулҳо мавҷуд бошанд, дар канори он гулҳои қифшакл ҷойгиранд. Гулҳои калони қифшакл на гардбарг доранд, на тухмдон. Бинобар он, вази- фаи онҳо фақат ҷалб кардани ҳашарот мебошад. Аз ғӯраҳои найчагулҳо донаҳо (тухмҳо) инкишоф меёбанд, ки ҳар кадоми онхо тоҷпашмак доранд.

Растании чашми гӯсола асосан дар марғзорҳо, канори роҳу пайроҳаҳо, заминҳои бекорхобида нашъунамо мекунад ва гулҳои саба- дакаш ранги гулобӣ дорад.

Растаниҳои оилаи мураккабгулҳо
Расми 56. Растаниҳои оилаи мураккабгулҳо

Бисёр растаниҳои оилаи мураккабгулҳо растаниҳои зебою дилорои ороишианд (масалан, гули кавкаб, гули довудӣ, қашқаргул, марворид ва ғайраҳо) ва онҳо ба ҳусни боғу гулгаштҳо ҳусн зам мекунанд.

Ба оилаи мураккабгулҳо бисёр растаниҳое, ки хосияти табобати доранд, аз қабили бобуна, ҳамешабаҳор, алафи гармӣ ё хори сагак,
сокала, коснӣ (ширка- Хак), сапали шутур ва ғайраҳо мансубанд. Бобуна (бобунаи давоӣ) гиёҳи яксолаест, ки дорои бӯи баланду тез аст. Дар сабадакаш ду навъи гул ҷойгир аст. Дар мобайни сабадак найчагулҳои зарди тиллоранг ва дар атрофи он забонакгулҳои сафед ҷойгиранд. Мевааш донаи дарозрӯя аст.

Бобунаи доруиро дар ноҳияҳои кӯҳӣ парвариш мекунанд. Лекин вай бештар дар шакли худрӯй, дар заминҳои бекорхобида, партовҷойҳо, назди биноҳои истиқоматӣ ва чун алафи бегона дар байни зироатхои кишоварзӣ мерӯяд.

Хӯшагули сабадаки навраси бобуна бо микдори зиёд равғани эфир дорад ва ҳамчун ашёи хом барои ҳосил кардани дору истифода мешавад.

Агарчанде оилаи мураккабгулҳо микдори зиёди растаниҳои гулдорро дарбар гирад ҳам, лекин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ миқдори ками онҳоро парвариш мекунанд. Муҳимтарини ин растаниҳо инҳоянд: офтобпараст (вартоҷ), ноки заминӣ ё топииамбур, сафлор (маъсар) ва ғайраҳо.

Офтобпараст растании калонҷуссаи яксола аст. Барги калони содда дорад. Дар охири пояи он хӯшагули калони сабадак ҷой гирифтааст. Ҳамаи гулҳои сабадак найчагул буда, гулҳои канори сабадак забонакгул мебошанд. Забонакгулҳои канорӣ гарддон ва гардгирак надоранд. Онҳо танхо ҳашаротро ба худ ҷалб мекунанд. Дар як сабадаки офтобпараст то 1000 гул мавҷуд аст. Аз ғӯраи бордоршудаи он мевадона инкишоф меёбад.

Дар таркиби тухми офтобпараст вобаста ба навъҳояш аз 30-35 фоиз то 50-60 фоиз равған мавҷуд аст. Равғани офтобпараст маҳсулоти пурқимати гизоӣ аст. Онро дар истеҳсолот барои тайёр намудани маргарин, ҳалво, собун ва маводи рангубор (алиф, лак) истифода мебаранд. Партови равғанкашии он (кунҷора) хӯроки серғизои чорво ба ҳисоб меравад. Инчунин аз баргу пояи он барои хӯроки чорво силос тайёр хмекунанд.

Ватани офтобпараст Америкаи Шимолӣ мебошад. Вай дар он ҷо ба таври худрӯй вомехӯрад. Бори аввал офтобпарастро испаниҳо соли 1510 ба Аврупо оварданд. Сипас Пётри I онро аз Голландия ба Россия овард. Дар Россия онро аввал чун растании ороишӣ парвариш мекарданд. Тақрибан баъди дуюним аср хусусияти равғандиҳандагии онро ошкор карданд.

Ба ҷуз офтобпараст, топинамбурро низ ба сифати растании пур- қимати ғизоӣ парвариш мекунанд.

  1. Аломатҳои хоси оилаи мураккабгулҳо кадомҳоянд?
  2. Дар сабадаки мураккабгулҳо чӣ хел гулҳо ҷойгиранд?
  3. Гулҳои забончамонанд аз гулҳои найчагул бо чӣ фарқ мекунанд?
  4. Тухми (дони) растаниҳои мураккабгул чӣ тавр паҳн мешаванд ва барои ин чӣ гуна мутобиқат пайдо кардаанд?
  5. Намояндагони нисбатан маъмули оилаи мураккабгулҳоро номбар кунед.
  6. Аз кадом растании ин оила равған истеҳсол мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …