Главная / Ҷамъият / Оилаи ман хушбахт !

Оилаи ман хушбахт !

Ман 20 декабри соли 1966 ба дунё омадаам. Дар гузашта тоҷикон рӯзи таваллудро ҷашн намегирифтаанд ва аслан ба он хеле аҳаммият ҳам намедодаанд. Фарзанд асосан дар хона таваллуд мешудааст ва шаҳодатномаи таваллудашро ҳар вақт, ки фурсат ёфтанд, мегирифтаанд. Чун, пас аз мудда- те, моҳҳо ё ҳатто солҳо баъд, барои шаҳодатномаи таваллуд ба идораи сабти ном мерафтаанд, табиист, ки рӯзи дақиқи таваллуд дар ёдашон намемондааст, аз ин сабаб, як санаеро тахминан менавиштаанд. Агар насли ман ва бузургтарҳоро таҳқиқ кунед, мебинед, ки рӯзи таваллуди аксарият тахминӣ якум, панҷум, даҳум, бистум ва дигар рӯзҳои давр муқаррар шудааст. Рӯзи таваллуди банда ҳам, ки бистум аст, шояд аз ҳамин силсила бошад.

Оилаи солим ҷомеаи солим мегӯянд

Оилаи мо мисли аксари хонаводаҳои дигари деҳа серфар- занд буд. Ҳукумати Шӯравӣ барои таваллуди ҳар фарзанд пул ва медол медод ва модарони серфарзанд аз имтиёзҳое ҳам бар- хурдор буданд. Тибқи урфу одати дерина, фарзанд барои оила қувваи корӣ ҳисоб мешуд ва падарони серфарзандро «бойу бадавлат» мехонданд. Ин ду омил ба ҳам омада, сабабгори серфарзандии оилаҳо шуда буд.

Сурати оилаи хушбахт
Сурати оилаи хушбахт

Дар оила мо даҳ фарзанд будем. Ду хоҳар ва ҳашт бародар. Як хоҳаркалон дорам ва як хоҳари хурдӣ, се бародари калону чор нафар хурд. Мутаассифона, замоне, ки ман ин сатрҳоро менависам, ду бародари калонам ба раҳмати ҳақ пайвастаанд. Худованд зиндагии боқимондагонро бақо бахшад.

Ман бо хоҳари калониам – Ибодат, бародари як зина аз ман калонӣ – Абдуҳалим(р) ва як зина хурдӣ – Абдулҳаким алоқа ва робитаи бештар доштам. Бародари бузургам Абдунаим(р) 6 сол аз ман бузургтар буда, бештар бо ҳамсолону дӯстони ху- даш алоқа дошт. Абдумаҷид – бародари дигарам, ки ду сол аз ӯ хурдтар аст, касалманд аст. Бародарони дигари хурдиям Абдуҷобир, Абдураҳим ва Абдушофеъ ва хоҳарам Инобат ба сол аз ман хеле хурдтаранд ва ин фосилаи синнусолӣ ба наздикии мо каме асар гузоштааст. Онҳо ба ман ҳамчун бародари бузург бо эҳтироми хоси панҷрӯдӣ муносибат мекунанд ва фосила нигоҳ медоранд. Муносибати байни одамон дар Панҷрӯд ба син- ну сол рабти қавӣ дорад. Касони ба сол аз худ калонро ҳатман эҳтиром мекунанд ва фосила нигоҳ медоранд, калонсолон дар навбати худ вазифадоранд, ки барои аз худ хурдтарҳо намунаи одобу ахлоқи нек бошанд.

Падарам мутахассиси заминшинос (геолог) буданд ва кор- хонаашон дар кӯҳҳои минтақа ба кофтукоби маъданҳои зери- заминӣ машғул буд. Ба фарқ аз дигар мардони деҳа, ки дар колхоз кор мекарданд ё дар мактаби деҳа дарс медоданд, ҷойи кори падарам дур аз хона, дар ноҳияи Айнӣ буд ва аз ин са- баб он кас дар ҳафта панҷ шабонарӯз дар кор буданд ва танҳо рӯзҳои шанбеву якшанбе дар хона ҳузур доштанд. Падарам маоши хуб мегирифтанд ва зиндагиямон хеле хуб буд. Он кас шахси камгап, ҷиддӣ ва босалобат, барои мо фарзандон як намунаи ибрат буданд. Мо ҳама фарзандон, ҳаройина саъй мекардем, ки падар аз мо розӣ бошанд ва ин ангезаи асосии мо барои худдорӣ аз корҳои номатлуб ва саъйу кӯшиш дар корҳои хуб буд. Бадтарин ҷазо барои мо он буд, ки падар аз ягон кори бади мо огоҳ шаванд. Як нигоҳи падар кофӣ буд, ки мо болу пар барорем ё ғарқи обу арақ гардем.

Умуман, нақши шахсияти падар дар оилаи тоҷик, дар тар- бияи фарзанд хеле муҳим аст. Ҷомеаи тоҷик падарсолор буда, фитрати азалияш имкон додааст, ки ин омил барои тарби- яи оилавии фарзанд ба таври шоёни таҳсин истифода шавад. Модари тоҷик аз падар барои фарзандон намуна месозад ва онро чун як абзори тарбиявӣ хеле муассир истифода мебарад. Воқеан, ин омил барои тарбияи насле, ки давлат ниёз дошт, хизмати арзанда кардааст ва аз миллати тоҷик як қувваи хуби тавлидкунандаи ашёи хоми мавриди ниёзи давлат сохтааст. Агар имрӯз, ки тақозои замон дигар шудааст, дар оилаи тоҷик донишмеҳварӣ намуна шавад, ба зудӣ модари тоҷик нобиғаҳо ба дунё хоҳад овард!

Модарам ба истилоҳи онзамона «соҳибхоназан» буданд. Тамоми ташвиши рӯзгор ба дӯши эшон буд. То замоне, ки мо дастёр шудем, амаку тағоҳоям ба кори хона ёрӣ мекардаанд. Вақте мо дастёр шудем, модарам корҳои хонаро бештар ба мо фармуда, худашон роҳбарӣ мекарданд.

Хонаи мо дар Панҷрӯд 3-4 сотих замини наздиҳавлигӣ дошт. Дар як кунҷаш боғи себу зардолу доштем ва қисмати дигарашро барои рӯёндани сабзавоту полезӣ истифода мекардем. Аҷиб он буд, ки агар аз ҳамин 3 сотих замин 1-1,5 сотихаш зери дарахтон бошад, аз он 1,5-2 сотихи дигар мо тамоми зироати мавриди ниёзи оилаамонро барои кулли сол таъмин мекардем.

Поруи чорвои хонагиамонро ҳар сол дар як кунҷи замин анбор карда, ба рӯяш хок кашида мемондем, ки он то соли дигар пӯсида тайёр мешуд. Баҳорон, пеш аз ҳама бо фармони падар ва зери назари модарам мо тамоми заминро порупӯш мекардем. Занбарро аз пору пур карда, дар сартосари замин қатор-қатор мерехтем. Барои ман, ки бачаи камқувват будам, порукашонӣ хеле сахт буд. Занбари вазнин аз дастам меафтид ва борҳо ҳадафи сарзаниш қарор гирифтаам.

Умуман, раванди тарбия дар оилаи тоҷик таврест, ки то синни мактабӣ нози бачаро мекашанд ва ноздона парвариш ме- кунанд. Вале тақрибан, пас аз шаш-ҳафтсолагӣ тамоми корҳои сангинро ба дӯшаш мегузоранд ва аз ӯ ҳамчун як қувваи кории том истифода карда, обутоб медиҳанд. Ин сиёсати хубест, ки ҳам эътимод ба нафси кӯдакро дар хурдӣ намешиканад, ҳам ҳангоми наврасӣ ӯро обутоб дода, ба сахткӯшӣ қарин мегардонад.

Баъд аз порукашонӣ, поруро паҳн намуда, заминро якчанд бор побел мекардем, то ки хок бо пору омехта ва элпа шавад. Дар Панҷрӯд хоки нармро, ки барои кишт омода аст, элпа ме- номанд. Агар ин хокро ба каф бигиред, он ба даст намечаспад. Сипас, палҳо сохтаву ҷӯякҳо кашида, пиёзу сабзӣ, картошкаву лаблабу, бодирингу помидор, райҳону кашнизу шибит ва ди- гар зироати мавриди ниёзи хонадонамонро мекоридем. Аз ин замини хурд мо он қадар ҳосили хуб мегирифтем, ки барои тамоми сол мерасид. Ман ёд надорам, ки боре ҳам барои хона аз бозор пиёзу сабзиву картошка харида бошем.

Ин қитъаи замин дар пеши айвони хонаамон ҷойгир буд. Ҷӯяку палҳо ба тарзи хос тарроҳӣ мешуданд, ки аз диданаш кас лаззат мебурд. Инчунин осон шудани обёриву коркарди баъдӣ низ ба назар гирифта мешуд. Байни палҳо роҳрав гузошта, ка- нораш ҷӯяк кашида, лаблабуву шалғам кошта мешуд, ки ҳам ба пал дастрасӣ бошад ва ҳам аз он чизе рӯёнда шавад.

Модарам гулро хеле дӯст медоранд. Дар назди хона як ҷӯяки дароз мекашидем ва модарам дар он гулу ҷорӯбу лӯбиё меши- нонданд, гулҳои зебову хушбӯй ончунон ҳавлиро оро медод, накҳаташон онқадр хуш буд, ки ҳанӯз ҳам аз машомам нараф- тааст. Ҷорӯбе ҳам, ки модарам мекоштанд, гули зебое дошт ва хеле хушбӯй буд. Қади ин ниҳолҳои ҷорӯб баланд мешуд ва лӯбиёҳои дар бехи ҳар яки ин ҷорӯбҳои хушбӯй шинондашуда ба он печида, ҳамел-ҳамел мева меандохт. Тирамоҳ ниҳолҳои ҷорӯбҳоро даравида, аз онҳо дастаҳои ҷорӯб месохтанд, ки аз ҷорӯбҳои бозор камие надошт ва ҳар рӯз, ки хонаро ҷорӯб меза- данд, бӯи хушаш дармеомад. Аз ҳамон як ҷӯяки дароз модарам ҳам хонаро бо ҷорӯб таъмин мекарданд, ҳам чанд халтаи хурд лӯбиё мечиданд, ки онро хушк карда, дар тӯли сол дар ғизо истифода мекарданд. Мурчу қаланфур, райҳону шибиту каш- низро низ, ки «бӯгзор» меномиданд, ба андозаи кофӣ хушк ва захира карда, дар ӯғурча мекӯфтанд ва дар халтачаҳо гирифта, дар сутуни айвон овехта мемонданд, ки барои хушбӯ кардани ғизо дар тамоми сол истифода мешуд.

Тавре ки зикр шуд, дар замони Шӯравӣ занҳоеро, ки мис- ли модарам, ба кори давлатӣ ва ё корҳои кишоварзии колхоз банд набуданд, «соҳибхоназан», яъне бекор меномиданд. Вале модарам ба истилоҳи худашон барои сархорӣ вақт надоштанд. Шустушӯй, пухтупаз, тоза кардани хонаҳо кори эшон буд. Бо ин ҳама серкорӣ тозагии мо аз назарашон дур намемонд, аз нохуни по то мӯи сар ҳамаро назорат мекарданд, илова бар ин, бегоҳҳо баъзан даъват карда дарсҳои моро ҳам аз назар мегузаронданд. Хеле ҳавсала доштанд!

Албатта, корҳои кишоварзиро мо мекардем, аммо роҳбариву назорат дар набудани падарам аз тарафи модарам анҷом ме- шуд, ки дар ин корҳо низ таҷрибаву малакаи кофӣ доштанд. Воқеан, ба маънои томаш, соҳибхоназан буданд.

Дар Панҷрӯд падару модароне буданд, ки фарзандони худ- ро бо задан тарбия мекарданд. Ба назарам, бачаҳое, ки аз сӯи волидонашон лат мешаванд, бо ҳисси камбуди эътимод ба нафс бузург мешаванд. Ман боре ҳам зарби задани падар ё модарро эҳсос накардаам… На! Фаромӯш кардам, як бор як шаппотӣ аз падарам хӯрдаам. Ин воқеа ин тавр рӯй дода буд: Ман дар хурдӣ хеле нозпарвард, ба лаҳҷаи панҷрӯдӣ «эрка» будам. Падарам раиси бахши корхонаи заминшиносӣ буданд ва мошини хизматии боркаш доштанд. Рӯзҳои охири ҳафта, ки маъмулан, падарам дар хона буданд, ман лаҳзае аз он кас ҷудо намешудам. Ва рӯзи душанбе, вақти ба кор рафтанашон талош мекардам, ки маро ҳамроҳ баранд.

Боре, вақти ба кор рафтанашон ман то назди мошин аз пасашон давида рафтам. Падарам маро бардошта бӯсиданд ва канори роҳ гузошта, ба мошин савор шуданд. Вақте мо- шин равон шуд, ман, ки аз падарам ҷудо шудан намехостам, гирякунон давида ба чархи мошин часпидам. Ронанда фавран мошинро боздошт. Падарам ба шаст аз мошин фаромада, маро аз чарх канда гирифта, як шаппотӣ ба рӯям заданд. Дигар доду фиғони маро ҳадду канор набуд. Падарам ин дафъа маро дар бағалашон то назди дарвозаамон бурда, бӯсида, ором карда монданд ва баргашта рафтанд. Ҷуз ин дигар ҳеч гоҳ падар ё модарам ба ман даст набардоштаанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …