Главная / Биология / Оилаи лубиёиҳо

Оилаи лубиёиҳо

Оилаи лӯбиёиҳо яке аз калонтарин оилаҳои синфи растаниҳои дупалла ба шумор меравад. Ин оила такрибан 12 ҳазор намуди растаниҳои яксола, бисёрсолаи алафию буттагӣ ва дарахтиро дарбар мегирад.

Дар байни онҳо растаниҳои кишоварзӣ (аз қабили мушунг, лӯбиё, лӯбиёи чинӣ (соя), боқило, чормағзи заминӣ, мош, нахӯд ва ғайра), ороишӣ (ақоқиёи зард, гули мӯлкак, ақоқиёи сафед, глисиния, нахӯдаки хушбӯй), хӯроки чорво (юнучка, лупин (тирмис), себарга), доруӣ (асалришқа (говришқа), ширинбия) ва дигар растаниҳои пуркимат мавҷуданд. Аксари растаниҳои лӯбиёӣ аз рӯи намуди зоҳириашон бо ҳам камтар монандӣ дошта, аз рӯи сохти гул ва мева ба ҳамдигар хеле наздиканд.

Лӯбиёиҳо гулпӯши дучанда доранд. Косачаи гул аз 5 косабарги боҳам пайваст, тоҷгул аз 5 гулбарг, ки дутоаш бо ҳамдигар пайваст аст, иборат аст. Ҳар кадом гулбарг номи махсус дорад. Гулбарги болоиро, ки аз дигар гулбаргҳо калонтар аст бодбонак, паҳлуиро белча ва ду гулбарги поёнии баҳам часпидаро заврақча меноманд. Ҳамин тавр, гули лӯбиёиҳо заврақчаеро ба хотир меоварад, ки белча ва бодбон дорад. Тухмдон дар дохили заврақча ҷойгир буда, онро 10 адад гардбарг иҳота кардааст. Дар аксарияти растаниҳои лӯбиёӣ думчаи 9-то гардбарг бо ҳамдигар часпида, фақат якто гардбарг ҷудо аст. Дар гули баъзе дигар намудҳои растаниҳои лӯбиёӣ думчаи ҳамаи гардбаргҳо ё пайваст ё аз ҳамдигар ҷудо-ҷудо мебошанд. Меваи растаниҳои оилаи лӯбиёиҳо кӯсак мебошад.

Формулаи гули аксарияти лубиёиҳоро ин тавр тасвир кардан мумкин аст: К(5) Т1+2+(2) Г(9)+1 М,

Тавассути ҳуҷайраҳои муякреша ба решаи растаниҳои лубиёи бактерияҳои лӯндарешагӣ дохил шуда, дар он ҷо лӯндаҳоро ба вуҷуд меоваранд. Ин бактерияҳо қобилият доранд, ки нитрогени холис ё озоди ҳаворо аз худ карда, ба нитрогени барои растаниҳо дастрас табдил диҳанд. Чунин ҳамзистии (решаи растании лӯбиёӣ + бактерияҳои лӯндарешагӣ) ба ҳамдигар фоиданоки организмхои зиндаро “симбиоз” меноманд. Симбиоз калимаи юнонӣ буда, маъ- нояш “симбиоз” — ҳаётгузаронии якҷоя ё ҳамзистӣ мебошад.

Таркиби узвҳои рӯизаминии лӯбиёиҳо (поя, барг, мева, тухм) низ аз моддаҳои нитрогендор, хусусан, сафедаҳо хеле бой мебошад. Ҳамин тавр, растаниҳои лӯбиёӣ на танҳо ба туфайли бактерияҳои лӯндарешагиашон, инчунин бо узвҳои рӯизаминиашон, ки пас аз фаъолияти ҳаётиашон хушк гардида, ба хок меафтанд, таркиби хокро аз моддаҳои нитрогендор бой гардонда, боиси ҳосилхез шу- дани хок мегарданд.

Сохт ва шакли барги растаниҳои лӯбиёӣ гуногун аст. Чунончи, барги себарга аз се ҳисса (баргча) иборат буда, аз ин рӯ онро себарга мегӯянд. Барги лӯбиёи чинӣ, лӯбиё, мушунг, ақоқиёи зард ва сафед, мошак пармонанд буда, барги лупин (тирмис) панҷашакл мебошад.

Барои растаниҳои лӯбиёӣ тӯдагули шаклаш хӯша (лупин, асалришқа) ва сарак (дар себарга) хос аст.

Мушунги киштшаванда яке аз растаниҳои мазрӯи қадимии лӯбиёиҳо ба ҳисоб меравад. Ватани аслии мушунг кӯҳистони Афғонистон ва шимолу ғарби Ҳиндустон мебошад.

Мушунг растании алафии яксола буда, барги мураккаби пармонандаш бо танобаки шохаронда ба итмом мерасад. Танобак ба ягон такягох часпида пояи борику камқуввати мушунгро устувор нигоҳ медорад.

Дар таркиби меваи сабз ва тухми мушунг ба микдори зиёд ан- гиштоб ва сафеда мавҷуд аст.

Лӯбиё растании гармидӯст аст. Вай зиёда аз 200 намуд дорад, ки аз ин миқдор 20 намудашро дар хоҷагиҳои кишоварзӣ васеъ парвариш мекунанд.

Намудҳои гуногуну зиёди лӯбиё дар минтақаҳои тропикӣ, Осиё, Африқо ва Америка васеъ паҳн шудаанд. Лӯбиё пояи печону қаиш дорад. Баргҳои аввалини (дар қабати поёнӣ) лӯбиё содда, ҷуфт ва баргҳои болоии он мураккаб, сечанда буда, дар думчаи дароз ҷойгир шудаанд. Хӯшагулаш аз 2—4 гул иборат буда, гулҳояш сафед, гулобӣ ва бунафш меша- ванд.

Мушунг

Лӯбиё навьхои зиёд дорад. Навъҳои гуногуни онро ба сифати растании техникӣ, хӯрокӣ ва ороишӣ истифода мебаранд. Дар таркиби тухми он 28—30% сафе- да, 3,6% равған, 42 — 60% оҳар (крахмал) ва инчунин қанд, витаминхои А, В, С мавҷуд аст. Аз баргаш ҷавҳари лимӯ ва доруҳои гуногун ҳосил мекунанд.

Нахӯд растании яксола ва бисёрсола мебошад. Ҳамагӣ 30 намуди нахӯд маълум аст. Дар Тоҷикистон 17 намуди он вомехӯрад. Лекин фақат як намуди нахӯдро кишт мекунанд. Дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон нахӯдро парвариш мекунанд.

Нахӯд пояи рости сершох дорад. Баргаш мураккаби тоқа ва пар- монанд аст. Мевааш кӯсаки байзашаклу дарозрӯя аст, дар дохилаш аз 1 то 3-то тухм дорад.

Тухми нахӯд дар тар- кибаш то 30% сафеда, 7% равған ва дигар моддаҳои барои саломатӣ заруриро дорад. Аз ин рӯ, нахӯдро чун зироати серғизо барои тайёр кардани консерваҳо, макарон, қаҳваи сунъӣ ва маҳсулоти гуногуни қаннодӣ истифода меба- ранд.

Юнучқа растании яксола ва бисёрсолаи алафӣ буда, зиёда аз 100

намудро дарбар мегирад. Дар Тоҷикистон 10 намуди юнучқа мерӯяд. Юнучқа хӯроки серғизои чорво ба ҳисоб рафта, аз он орди алаф, тарбеда, силос ва ғайра тайёр мекунанд. Юнучқа чун дигар растаниҳои лӯбиёӣ хосияти аз моддаҳои нитрогенӣ бой гардондани заминро дорад. Бинобар он, онро барои ҳосилхез гардондани замин дар киштгардон истифода мебаранд. Дар айни замон, дар ҷумҳуриамон навъҳои гуногуну серҳосили юнучқа ба вуҷуд оварда шудаанд, ки дар ноҳияҳои гуногуни ватанамон парвариш карда мешаванд.

  1. Аломатҳои махсуси оилаи лӯбиёиҳоро номбар кунед.
  2. Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳуриамон кадом намуд
Расми 38. Нахӯд
  • ҳои растаниҳои оилаи лубиёиҳоро парвариш мекунанд?
  1. Сохти гули лубиёиҳо чӣ гуна аст?
  2. Аҳамияти растаниҳои лӯбиёӣ дар рӯзғор ва хоҷагии халқ аз чӣ иборат аст?
  3. Симбиоз чист ва онро маънидод кунед?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …