Главная / Биология / Оилаи кукноргулҳо

Оилаи кукноргулҳо

Ба оилаи кӯкноргулҳо тақрибан 600 хели растанихо тааллуқ доранд. Онҳо гиёҳҳои яксола, бисёрсолаи алафӣ, баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони на он қадар калон мебошанд. Пояашон сершоха буда, аз берун бо мӯякчаҳои дурушт пӯшида гардидаанд. Ҷой- гиршавии баргашон дар поя навбатӣ буда, паҳнаки барг пармо- нанди ба ҳиссаҳо ҷудошуда мебошад.

Гули кӯкноргулхо калонандозаи рангин буда, тоқа-тоқа ё дар хӯшагул ҷойгиранд. Гулпӯши гул дучанд аст. Дуто косабарг доранд, ки барвақт меафтанд. Тоҷбаргҳо аз чор гулбарги рангаш сурх, зард ё ширчоймонанд иборатанд. Миқдори гардбаргҳо хеле зиёд буда, тухмдон аз 1-2 ё ин ки аз мевабаргҳои бисёр таркиб ёфтааст.

Растаниҳои оилаи кӯкноргулон
Расми 18. Растаниҳои оилаи кӯкноргулон

Ғӯра яклонагӣ ё қалбак, бисёрлонагӣ мебошад. Меваашон ғӯза- монанди сертухм аст. Дар таркиби тухмашон миқдори равған ва сафеда хеле зиёд аст.

Аксарияти намояндагони оилаи кӯкноргулҳо растаниҳои заҳр- нок ба ҳисоб мераванд. Лекин як қисми муайяни онҳо ба сифати растаниҳои давоӣ, хӯрокӣ (истеъмолӣ) ва ороишӣ мавриди исти- фодаанд. Баъзе хелҳои онҳо чун алафи бегона дар киштзорҳои кишоварзӣ васеъ паҳн гардидаанд.

Лолаарӯсак дар минтақаҳои марғзор, бешазори паҳнбарг, нимбиёбон ва дар боғҳо нашъунамо карда, қариб 110 хели растаниҳоро дарбар мегирад. Аксари онҳо худрӯянд. Хусусан, лолаарӯсак дар байни кишти зироатҳои хӯшадору лӯбиё чун алафи бегона боавҷ гул карда, майдони киштзорро чун қолини сурх гулпӯш мегардонад. Пояи он шохаронда буда, бо мӯякчахо пӯшида мебошад. Гули он калони лоламонанд аст (беҳуда нест, ки дар баъзе ноҳияхои ҷумҳуриамон онро чун “гули лола” низ ном мебаранд) ва рангҳои гуногун дорад. Тухмдон аз микдори зиёди мевабаргхо иборат аст. Гардгирак бошад, бевосита дар болои ғӯра нишаста- аст (яъне тухмдон сутунча надорад). Мевағӯзааш сертухми байзашакл аст.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки давраи рушду нумӯи аксари ин растаниҳо ниҳоят кӯтоҳ мебошад. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ гул карда, тухму мева ҳосил мекунанд. Сипас, аз сабзиш бозмонда, хушк мешаванд. Дар баҳори оянда бошад, аз тухми базаминафтодаи онҳо лолаарӯсакҳои зиёде сабзида мебароянд.

Лолаарӯсак гиёҳи заҳрнок аст. Дар таркиби решаю поя, баргу гул ва ғӯзаи он алкалоидҳои гуногун мавҷуданд. Агар дар давраи гул- шукуфташ онро чорво истеъмол кунад, заҳролуд мешавад. Инчу- нин, ба ин оила чунин гиёҳҳои заҳрнок, аз қабили кӯкноргиёҳ, ло- лаказак ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Кӯкноргиёҳ растаниҳои як, ду ва ё бисёрсоларо дарбар ги- рифта, поя ва баргашон кабуду-сабз мебошад. Гулҳои кӯкноргиёҳ зарди баланд ё зарду сурх буда, дар нӯги навдаҳо пайдо мешаванд. Миқдори гардбаргҳо бисёр буда, тухмдон аз ду мевабарг таркиб ёфтааст. Мевааш ғилофаки ҷадвалмонанди рост ё камоншакл аст. Ҳангоми кушодашавӣ аз боло ба поён, ё аз поён ба боло ба ду палла тақсим мешавад.

Кӯкноргиёҳ дар пастхамиҳои кӯҳсор, соҳили дарё, ҷариҳои зард- хок, заминҳои бекорхобида, дар арчазори пароканда ва дар байни зироатҳо мерӯяд. Кӯкноргиёҳ низ растании заҳрнок буда, дар узвҳои нашвӣ ва мевааш алкалоидҳои гуногун дорад.

Дар байни растаниҳои оилаи кӯкноргулҳо фақат хели кӯкнори хобовар ё хошхош ҳамчун растании мазрӯъ парвариш карда меша- вад (дар майдонҳои махсус ҷудокардашуда ва зери назорати кор- мандони ҳукуматӣ қарордошта барои ба даст овардани доруҳои табобатӣ).

Одамоне, ки ба парвариши ғайриқонунии кӯкнор (барои ба даст овардани маводи нашъамандй) машгуланд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Кӯкнор растании камшохаронда буда, баландии пояаш то 150 см мерасад. Гулаш калон — калон аст. Ранги гулбаргҳояш бунафш, гу- лобӣ, сурх ва сафед мешавад. Мевағӯзааш калони суфта буда, бо мӯякчаҳо пӯшида нашудааст. Тухмаш майда ва гуногунранг (сафед, хокистарранг, сиёҳтоб, ҷигарӣ, зардча ва кабудтоб) аст. Дар тарки- би тухми кӯкнор 55% равған мавҷуд аст, ки онро дар саноати қаннодӣ, нонпазӣ, консервабарорӣ, истеҳсоли рангу лак ва ғайраҳо истифода мебаранд.

Дар узвҳои рӯизаминии кӯкнор шираи сафеди ширмонанд (ки хо- сияти нашъаоварӣ дорад) дида мешавад, ки он аз алкалоидҳо (қариб 20 хел) иборат аст. Аз шира ва алкалоидҳои кӯкнор доруҳои гуногу- ни табобатӣ истеҳсол мекунанд ва дар таҳти назорати қатъии духту- рон барои табобати касалиҳо исТифода мебаранд.

  1. Кадом аломатҳои хоси кӯкноргулҳоро медонед?
  2. Кӯкноргулҳо дар куҷоҳо вомехӯранд?
  3. Намояндаҳои худрӯй ва мазрӯи кӯкноргулҳоро номбар кунед.
  4. Кӯкноргулҳо чӣ аҳамият доранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …