Главная / Биология / Оилаи чилликгулҳо

Оилаи чилликгулҳо

Ба оилаи чилликгулҳо 3200 намуди растаниҳои як ё дусола ва бисёрсола тааллуқ доранд. Аксари онҳо гиёҳҳои алафӣ ба шумор мераванд. Онҳо дар рӯи Замин нобаробар паҳн шуда, миқдори зиёди намояндагонашон дар минтақаҳои нимкураи шимолӣ вомехӯранд. Дар ноҳияҳои тропикӣ ва нимкураи ҷанубӣ бошад, дар кӯхпораҳо паҳн шудаанд.

rasat

Чилликгулҳо дар шароити гуногуни муҳити зист мутобиқати хуб доранд. Аз ин ҷост, ки намояндагони оилаи чилликгулҳо дар минтақаҳои шимолӣ, арктикӣ, биёбону нимбиёбон ва даштҳо, соҳили Дарёҳо ва дар баландкӯҳҳо то баландии 4500-5000 м аз сатҳи баҳр месабзанд. Онҳо инчунин дар зери дарахтони ҷангалӣ, дар байни набототи даштӣ ва дар ҷойҳои сернам ва ҳатто баъзе намояндагони онҳо дар муҳити обӣ нашъунамо мекунанд.

Яке аз хусусиятҳои хоси растаниҳои оилаи чилликгулҳо дар он аст, ки ҳамаи намояндагони ин оила дорои аломатҳои муштарак ё умумианд.

Поя ва барги чилликгулҳо бо пашмакҳои як ё бисёрҳуҷайрагӣ фаро гирифта шудаанд, ки шакли зоҳириашон гуногун аст. Сохти решаи онҳо тирреша ва ё бехмева (тағйирёбии шакли реша) мебошад.

Барги растаниҳои оилаи чилликгулҳо содда ё ин ки бештар паршакл ва барбатшакл буда, дар поя ба таври пайдарҳам ё дар буну ҷафи гарданаки реша ҷойгир шудаанд.

Ҳамаи намояндагони оилаи чилликгулҳо сохти якхела доранд. Гулпӯши гулашон дучандаи озод, яъне ҳам косагул ва тоҷгул доранд. Косагул аз 4 косабарги дар ду давра дутогӣ ҷойгиршуда иборат аст. Тоҷгул аз 4 гулбарги ба таври чилликӣ ҷойгиршуда иборат аст. Мивдори гардбаргҳо 6-то ва дутоаш кӯтоҳу чортоаш дароз аст. Гулҳои (тӯдагулҳои) онҳо хӯшаро ба вуҷуд оварда, онҳо ба туфайли ҳашарот гардолуд мешаванд. Чунки шаҳддонҳои пур аз шаҳд доранд .

Тухмдон якто буда, аз ду мевабарг таркиб ёфтааст. Меваашон ғилофак ё ғилофакча аст. Ғилофак чунин шакли меваест, ки қадаш аз бараш 3-4 маротиба дароз аст. Меваи як гурӯҳи чилликгулҳо ғилофаке мебошад, ки девораи кӯндаланг доранд. Ин намуди ғило- факҳо бархилсгфи ғилофакҳои муқаррарии чилликгулҳои дигар баъ- ди пухтан ба ҳиссаҳои алоҳида ҷудо мешаванд, ки ҳар як ҳисса як- тогӣ тухм дорад.

Формулаи гули оилаи чилликгулҳо чунин аст: К2+2Т4 Г2+4 М(2)[1].

Тухми растаниҳои чилликгул эндосперм надорад. Карам яке аз растаниҳои маъмули оилаи чилликгулҳо буда, растании дусола мебошад. Бисёр тадқиқотчиён чунин ҳисоб мекунанд, ки карами киштшаванда (маданӣ) ва навъҳои он, ки ҳоло мавриди исгифодаанд, аз карами худрӯй ё хасаккарам пайдо шудааст. Дар айни замон зиёда аз 100 навъи карам ба вуҷуд оварда шудааст. Аз ин миқдор бештар аз 10 навъи карам (каллакарами сафед, каллакарами сурх, гулкарам, ғуҷумкарам, карамшалғам, баргкарам, гулкарами брокколӣ ва ғайраҳо) парвариш карда мешавад.

Дар гармхонаҳо аз тухми карам кӯчати (навниҳоли) онро дастрас мекунанд. Сипас, ин навниҳолҳоро дар майдонҳои кушоди кишоварзӣ кӯчат мекунанд. Навниҳоли карами дар замини кушод шинондашуда сараввал дар гарданаки решааш баргҳои калон пайдо

мекунад. Баргҳо бо суръати балаыд сабзида, ба дохил печида каллакарам ҳосил мекунанд. Баргҳои он ба пояи кӯтоҳи карам часпидаанд. Аз ин рӯ, каллаи карамро ҳамчун муғҷаи азимҷусса ҳисобидан мумкин аст. Поя сабзишашро давом дода, дар соли дуюми ҳаёташ хӯшагул пайдо мекунад.

Карам ба об ва хоки серғизо эҳтиёҷи калон дорад. Баъзе навъҳои карам дар давраи боавҷи нашъунамояшон дар як шабонарӯз (як растанӣ) то 10 литр обро истифода мебарад. Таркиби карам вобаста ба навъҳояш гуногун буда, аз моддаҳои ғизоӣ бой аст. Узвҳои истеъмолшавандаи карам витаминҳои А, Вр В,, С, Р, К, РР, намакҳои маъданӣ, хусусан фосфор ва калсий дорад.

Карамро ба таври тару тоза, пухта, дамкардашуда ё очоронида истеъмол мекунанд. Карамро дар тибби халқӣ ва муосир барои табобати касалиҳои зардпарвин, испурч, роҳи нафас, ҷигар, меъдаю рӯда бомуваффақият истифода мебаранд.

Турб растании сабзавотӣ буда, дар соли якуми сабзишаш бехмева ҳосил карда, дар соли дуюм гул ва мева мебандад. Бехмеваи турб сохти гуногун (лӯндашакл, дарозрӯяи сафеду сабзранг) дошта, сермағзу сероб мебошад. Дар баъзе мавридҳо вазни бехмеваи растаниҳои алоҳидааш то 5 кг мерасад. Гули турб дуҷинса буда, гулбаргҳояш сафед, гулобӣ, бунафш мебошанд. Мевааш ғилофаки кушоданашаванда аст. Бехмеваи турб таъми хуб ё каме тунд дошта, онро ба таври тару тоза истеъмол мекунанд.

Вай дар таркибаш витаминҳои гуногун, аминокислотаҳо, равғани эфир, намакҳои калсий, калий, оҳан, магний ва ғайра дорад. Турб сабзавоти парҳезй буда, хусусияти табобатӣ дорад.

Ба ҷуз карам ва турб боз бисёр намояндагони оилаи чилликгулҳо, аз қабили шалғам, шалғамча, турнепс, хардали даштӣ, росан, мавсар (рапс) ва ғайраҳо, ки аҳамияти калони ғизоӣ доранд, ба таври васеъ киштукор карда мешаванд.

Яке аз растаниҳои рангдиҳандаи маъмули оилаи чилликгулҳо ӯсма мебошад. Ӯсма растании яксола буда, ранги гулаш зард, мевааш ғилофакча мебошад. Аз баргу пояи он ранг ҳосил мекунанд, ки барои ранг намудани матоъҳои пашмин истифода бурда мешавад.

Ба оилаи растаниҳои чилликгул бисёр растаниҳои худрӯй ман- субанд ва қисме аз ин растаниҳо ҳамчун алафи бегона дар байни зироатҳои кишоварзӣ нашъунамо карда, меваю тухми зиёде ҳосил мекунанд. Баъзе намудхои онҳо дар давоми тобистон 3-4 мароти- ба тухму мева баста, ба сабзишу инкишофи мӯътадили растаниҳои кишоварзӣ халал мерасонанд.

Алафҳои бегонаи бештар маъмул инҳоянд: турбкоҳак, вазирак, ҷағҷаг, шабушак, гулзард (заргулак), равғанак ва ғайраҳо.

Ҷагҷағ (чақчақ) ё халтаи чӯпон растании яксола буда, резагулҳои сафедаш дар хӯшагул ҷойгир шудаанд. Меваи ҷағҷағ ғилофакчаи секунҷашакл буда, ба халтаи чӯпони давраҳои қадим монанд мебошад. Меваи он тухми майдаандозаи қаҳваранг дорад. Тухми ҷағҷағ қобилияти сабзишашро аз 3 то 6 сол нигоҳ медорад.

Ҷағҷағ дар ҳамаи иоҳияҳои Тоҷикистон (дар баландиҳои 350 — 3800 м аз сатҳи баҳр) паҳн гардидааст. Одатан, дар киштзорҳо, заминҳои нокорам, боғу роғ, канори роху соҳили ҷӯю дарёҳо ва дар назди хонаҳои истиқоматӣ мерӯяд.

Одамон ҷағҷағро чун гиёҳи ғизоӣ ва шифоӣ истифода мебаранд. Аввали баҳор аз баргу пояи наврустаи он самбӯса мепазанд.

Растании чағҷағ хосияти табобатӣ дорад. Дар тиб онро чун доруи хунбанд ва давои дигар касалиҳо (иллати дил, ҷигар, гурда) истифо- да мебаранд.

  1. Аломатҳои барои намояндагони оилаи чилликгулҳо хосро номбар кунед.
  2. Намояндагони маъмули оилаи чилликгулҳоро номбар кунед.
  3. Растаниҳои сабзавотии оилаи чилликгулҳо кадомҳоянд?
  4. Карам растании чандсола аст?
  5. Карамро чӣ тавр парвариш мекунанд?

[1] Шарҳи формулаи гул: К – косабарг (косагул), Т – тоҷгул (гулбарг), Г – гардбарг, М – мевабарг (тухмдон). Рақамҳо миқдори узвҳои гул ва дар ҳар як давра ҷойгиршавии онҳоро нишон медиҳанд. Қавс бо ҳам часпида будани узвҳои гулро мефаҳмонад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …