Главная / Биология / Оилаи чатргулҳо

Оилаи чатргулҳо

Ба оилаи чатргулҳо 3000 намуди растаииҳо мансубанд ва онҳо дар тамоми рӯи Замин васеъ паҳн шудаанд. Миқдори зиёди намояндагони оилаи чатргулҳо дар ноҳияҳои иқлимашон гарму мӯътадил ва минтақаҳои субтропикӣ, тропикӣ вомехӯранд.

Дар Тоҷикистон 170 намуди растаниҳои оилаи чатргулҳо маълуманд. Аксари намудҳои ин оила растаниҳои алафии яксола ва бисёрсола буда, намудҳои буттагӣ ва дарахтиашон камшуморанд.

Пояи растаниҳои чатргул рост ё хобанда (палакмонанд) аст. Дар аксари намудҳои ин оила байнбуғумҳои поя дарунхолӣ буда, онҳо қиранок ё ҷӯякдоранд.

chatrgul

Дар поя ва дигар узвҳои растаниҳои оилаи чатргулхо чӯякҳои ғадудӣ дида мешаванд, ки онхо ба туфайли ин ғадудҳо равғани эфир ва моддаҳои зифтӣ хориҷ карда, боиси бӯи махсуси ин растаниҳо мегарданд.

Ҷойгиршавии барги растаниҳои оилаи чатргул навбатӣ буда, наздбарга надоранд. Паҳнаки баргашон панҷашакл, як, ду ё бисёрҳиссашуда мебошад.

Гули растаниҳои чатргул хурд буда, онҳо дар хӯшагули соябоншакли (чатршакли) содда ё мураккаб ҷойгиранд. Гул-гулпӯши дучанда дорад. Гул аз 5 косабарг, 5 гулбарг ва 5 гардбарг иборат аст. Мевадон ду мевабарг дошта, ғӯра дулонагӣ мебошад. Сохти гули онхоро ба назар гирифта, формулаи онро чунин тартиб додан мумкин аст: К5 Т5 Г5 М(2).

Ранги гулбаргҳои растаниҳои оилаи чатргул одатан сафед, сафеду гулобӣ, зард ва зарди сабзранг мешавад. Хӯшагули (тӯдагули) калони чатргулҳо барои ҳашарот хеле хуб намоён аст ва онҳо тавассути ҳашароти гуногун гардолуд мешаванд. Баъди бордоршавӣ меваи дулонагӣ ҳосил мешавад. Меваи растаниҳои чатргул хушк аст ва баъди пухтан ба ду тухмак тақсим мешавад.

Расми 42. Тутакали
Оилаи чатргулҳо бисёр растаниҳои фоиданоки доругӣ, хӯрокӣ, техникӣ ва асаловарро дарбар мегирад. Гурӯҳи дигари растаниҳои чатргул заҳрнок буда, чун алафи бегонаи хавф- нок дар байни зироатҳои кишоварзӣ вомехӯрад (тутақалӣ, шавка- рон).

Тутакали

Сабзи растании дусолаи хуроки аст. Дар соли якуми нашъунамояш барги наздирешагӣ ва бехмева ҳосил мекунад. Бехмеваи он ранги зард ва норинҷӣ дошта, сергӯшту сероб мебошад. Дар соли дуюми сабзиш аз бехмева пояи ба боло қадафрохта инкишоф меё- бад. Поя бо мӯякчаҳо пӯшида шудааст ЕШ.

Барг ва баргчаҳои рӯйпӯши назди хӯшагул паршакли ба ҳиссаҳо буридашуда мебошад.

Гул ранги сафед дошта, мева бо хорчаҳо пӯшида шудааст.

Сабзӣ растании истеъмолй (барои инсон, чорво) мебошад. Вай аз витаминҳои А, Вр В2, С бой мебошад. Дар айни замон, зи- ёда аз 2000 навъҳои гуногуни сабзӣ ба вуҷуд оварда шудаанд ва вобаста ба шароити маҳал, навъҳои гуногунаш кишт карда мешаванд.

Аксари ин растаниҳо аз замонҳои қадим инҷониб дар тибби халқӣ барои муолиҷаи касалиҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Чунончи, ҷаъфариро барои табобати иллати ҷигар, гурда, обхӯра, узвҳои ҳозима, барҳам задани санги гурда истифода мебаранд. Абӯалӣ ибни Сино бо равгани шибит (тухмаш) дарди асаб, бо ширааш (баргу пояи сабзаш) дарди гӯш ва бо хокистараш захму ҷароҳатҳои гуногунро табобат менамуд.

Барги сабзи шибит хосияти васеъ намудани рагҳои хунгардро дорад ва бо ин сабаб ғалаёни хунро паст мекунад.Ба оилаи чатргулҳо инчунин растаниҳое мансубанд, ки хусусияти хушбӯю хушҳазм кардани хӯрокро доранд (чунончи, ҷаъфарӣ, кашниз, шибит, зира, кравшак ва ғайраҳо). Ин растаниҳоро барои хушбӯй кардани консерваҳо, нону маҳсулоти қаннодӣ, тайёр кардани паниру ҳасиб, истеҳсоли нӯшобаю шарбатҳои гуногун ва дар саноати атриёт истифода мебаранд.

Аксари намудҳои оилаи чатргулҳо хӯроки хубу сергизои чорво мебошанд. Масалан, юған, камол, болдирғон ва ғайраҳо.

Юған ва камол растаниҳои бисёрсола буда, намудҳои зиёд доранд ва дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон васеъ паҳн шудаанд. Камол ва юған дар заминҳои гилу регзор, то баландии 3100-3500 м аз сатҳи баҳр, дар байни растанихои бодому писта, шӯлашу арчазорҳо, вомехӯранд. Баъзан дар таллу теппаю доманакӯҳҳо пӯшиши яклухти камол ва юғанро мушоҳида кардан мумкин аст.

Пояи наврустаи баъзе намудҳои камолро (то давраи шукуфтани гулаш), ки бо иоми касруф, рошак ва ров маълуманд, одамон дар фасли баҳор, истеъмол мекунанд.

Шираи (сафеди) камолро дар тибби халқӣ барои ором намудани асаб ва ҳангоми шамолхӯрӣ истифода мебаранд.

Дар боғу полизу киштзорҳо, канори роҳу ҷӯйборҳо, дарё ва чашмасорон рас-

тании хеле заҳрнок бо номи тутақалӣ мерӯяд. Тутақалӣ растании дусола буда, то 150 см қад мекашад. Пояаш рости дарунхолӣ, мудавваршакл, қисми болоиаш сершох мебошад. Баргаш мураккаби паршакл аст. Хӯшагули чатрмонанди бисёргулдор дорад. Дар таркиби узвҳояш равғани эфир ва алкалоидҳои гуногуни хеле заҳрнок дорад. Бинобар он аз ин растанӣ бисёр эҳтиёт шудан лозим аст.

  1. Кадом растаниҳои оилаи чатргулҳоро медонед?
  2. Аломатҳои хоси оилаи чатргулҳоро номбар кунед.
  3. Намудҳои хушбӯи оилаи чатргулҳоро номбар кунед.
  4. Кадом намудҳои оилаи чатргулҳоро дар тибби халқӣ барои табобати касалиҳо истифода мебаранд?
  5. Растаниҳои заҳрноки оилаи чатргулҳоро номбар кунед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …